Дуои ҳабдаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои ҳабдаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای هفدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар хусуси паноҳ бурдан ба Худо аз шарри шайтон аст. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо ба баёни анвоъи душманиҳо ва найрангҳои шайтон пардохта ва ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз вуруди ӯ ба ҳарими дил ишора мекунад. Хор шудани инсон ба восита бетаваҷҷӯҳӣ ба ибодати Илоҳӣ, дархости мақоми мухласин ҷиҳати наҷот аз васвасаи шайтон ва хайрхоҳӣ барои дигарон аз мавзуъоти матраҳшуда дар ин дуост.
Дуои ҳабдаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои ҳабдаҳуми Саҳифаи саҷҷодия, паноҳ бурдан ба Худо аз шарри васвасаҳои шайтон аст. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо, бо баёни анвоъи душманиҳо ва найрангҳои шайтон ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз вуруди ӯ ба ҳарими дил ва дахолат дар тасмимгириҳои инсон ишора намудааст.[1] Омӯзаҳои дуои ҳабдаҳуми Саҳифаи саҷҷодия дар 16 фароз[2] ба шарҳи зайл аст:
- Паноҳи бурдан ба Худо аз шарри душманиҳо ва найрангҳои шайтон;
- Хор шудани инсон бо хуруҷ аз ибодат ба василаи васвасаҳои шайтон;
- Хуб ҷилва додани умури нописанд ва нафратангез намудани корҳои нек аз роҳҳои нуфузи шайтон аст;
- Дархости мақоми мухласин ҷиҳати наҷот аз васвасаи шайтон;
- Бастани роҳи нуфузи шайтон ба василаи ибодати холисона;
- Дархости ноумед шудани шайтон аз фиреб додани мо;
- Дуо барои хор шудани шайтон ва тавфиқ барои мухолифат бо ӯ;
- Оқибати дӯстӣ бо шайтон ва қабули вилояти ӯ азоби Илоҳист;
- Қалби инсон манзилгоҳи вуруди шайтон;
- Дархости бедорӣ аз хоби ғафлат;
- Дуо ва истионат аз Худо сипари инсон дар муқобили шайтон аст;
- Хайрхоҳӣ барои дигарон (дуо барои ҳифзи аҳли тавҳид аз шарри шайтон)
- Иртиботи салоҳу фасоди шахс ва ҷомеъа;
- Ҳирсу тамаъи шайтон барои гумроҳии инсонҳо;
- Дархост барои қарор гирифтан дар зумраи душманони шайтон ва дурӣ аз дӯстонаш;
- Дархост аз Худо барои ботил кардани барномаҳои шайтон;
- Дуо барои шикасти сипоҳи шайтон (ҷунуди ақлу ҷаҳл).[3]
Шарҳҳо
Дуои ҳабдаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[5] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои ҳабдаҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.120
- ↑ ترجمه و شرح دعای هفدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.21 - 98; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.120-164
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.21 - 98
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.120-164
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.161-185
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171-218
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.227-238
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.213-223
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.387 - 412
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.43-45
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.103-106
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای هفدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.