Дуои чилу сеюми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои чилу сеюми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهل و سوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст, ки ҳангоми дидани ҳилоли моҳ онро мехонд. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо офариниши моҳ ва ҳаракати онро нишонае аз тадбири Худо медонад ва ба муборакии оғози моҳи нав тавба, саломатӣ, эмин будан аз бадиҳо ва ғайраро аз Худо талаб мекунад.
Дуои чилу сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон, китоби Ҳусайни Ансориён ва Шуҳуд ва шинохт, китоби Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китобҳои Риёз-ус-соликин, навиштаи Сайид Алихони Маданӣ ва ал-Ҳадиқат-ул-ҳилолийя, таълифи Шайхи Баҳоӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Таълимот
Дуои чилу сеюм, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия, ки Имом Саҷҷод (а) ҳангоми руяти ҳилол онро мехонд. Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ дар китоби Офоқ-ур-руҳ, нигоҳ кардан ба ҳамаи ҷилваҳои вуҷуд дар олами офариниш, боиси кашфи асрори табиат ва тавваҷуҳи инсон ба ҷойгоҳи худ дар олами имкон мешавад.[1] Ҳамчунин ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Имом Саҷҷод (а) аз ҳар мавқеъияте, аз ҷумла дидани моҳ, барои дуо ва қурби Илоҳӣ истифода мекунад, чароки барои тақарруб ба Худо истифода аз якояки лаҳзаҳо зарурӣ аст.[2]
Таълимоти ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Моҳ офаридае фармонбардор ва тасарруфкунанда дар фалаки тадбир;
- Ҳилоли моҳ нишонае аз фармонравоии Худо;
- Шигифтии тадбири Худо дар хилқат ва ҳаракати моҳ;
- Худо танҳо мудаббири ҷаҳони ҳастӣ;
- Моҳ аз далоили фармонравоии Парвардигор;
- Дуо барои бобаракат будани ҳилоли моҳ;
- Дуо барои хуштолеъ будани ҳилол ва эминӣ аз бадиҳо;
- Талаб барои будан аз хушнудтарин касоне, ки моҳи нав бар онон тулӯъ кардааст;
- Дуо барои тавфиқи тавба;
- Дархости шукри неъмат дар ҳар моҳи нав;
- Баҳрамандӣ аз офият ва масуният аз зиёну бадӣ;
- Дархости комил шудани неъмати Илоҳӣ дар партави комил шудани тоъат;
- Талаби саломату тандурустӣ.[3]
Шарҳҳо
Дуои чилу сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия, аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон, асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт, асари Муҳаммадҳасани Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, асари Сайид Аҳмади Фаҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои чилу сеюми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин, асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилоли-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-руҳ, навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавие монанди Таълиқоти ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, асари Файзи Кошонӣ[11] ва шарҳи ас-Саҳифат-ус-Саҷҷодия, навиштаи Иззуддини Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.
Дуои чилу сеюм ҳамчунин тавассути Шайх Баҳоӣ дар китобе ба номи ал-Ҳадиқат-ул-ҳилолийя ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Шайх Баҳоӣ ибтидо ба маънои луғавии ҳилол ва баҳси истиҷобати дуо ҳангоми руъяти ҳилол пардохта ва пас аз он матни дуоро тавзеҳ додааст. Таҳқиқоти нуҷумии ин китоб мавриди истифодаи дигар шореҳони Саҳифа аз ҷумла Сайид Алихон дар Риёз-ус-соликин қарор гирифтааст. Нукоти адабӣ, ирфонӣ, фиқҳӣ ва ҳадисии мутааддиде дар ин китоб вуҷуд дорад. Китоби ал-Ҳадиқат-ул-ҳилолийя тавассути Сайидалӣ Мусавии Хуросонӣ таҳқиқ шудааст.[13]
Матн ва тарҷумаи дуо
матни арабии дуо | ||
بِسْمِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ (۱) أَيُّهَا الْخَلْقُ الْمُطِيعُ، الدَّائِبُ السَّرِيعُ، الْمُتَرَدِّدُ فِي مَنَازِلِ التَّقْدِيرِ، الْمُتَصَرِّفُ فِي فَلَكِ التَّدْبِيرِ.(۲) آمَنْتُ بِمَنْ نَوَّرَ بِكَ الظُّلَمَ، وَ أَوْضَحَ بِكَ الْبُهَمَ، وَ جَعَلَكَ آيَةً مِنْ آيَاتِ مُلْكِهِ، وَ عَلَامَةً مِنْ عَلَامَاتِ سُلْطَانِهِ، وَ امْتَهَنَكَ بِالزِّيَادَةِ وَ النُّقْصَانِ، وَ الطُّلُوعِ وَ الْأُفُولِ، وَ الْإِنَارَةِ وَ الْكُسُوفِ، فِي كُلِّ ذَلِكَ أَنْتَ لَهُ مُطِيعٌ، وَ إِلَى إِرَادَتِهِ سَرِيعٌ(۳) سُبْحَانَهُ مَا أَعْجَبَ مَا دَبَّرَ فِي أَمْرِكَ! وَ أَلْطَفَ مَا صَنَعَ فِي شَأْنِكَ! جَعَلَكَ مِفْتَاحَ شَهْرٍ حَادِثٍ لِأَمْرٍ حَادِثٍ(۴) فَأَسْأَلُ اللَّهَ رَبِّي وَ رَبَّكَ، وَ خَالِقِي وَ خَالِقَكَ، وَ مُقَدِّرِي وَ مُقَدِّرَكَ، وَ مُصَوِّرِي وَ مُصَوِّرَكَ: أَنْ يُصَلِّيَ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ، وَ أَنْ يَجْعَلَكَ هِلَالَ بَرَكَةٍ لَا تَمْحَقُهَا الْأَيَّامُ، وَ طَهَارَةٍ لَا تُدَنِّسُهَا الْآثَامُ(۵) هِلَالَ أَمْنٍ مِنَ الْآفَاتِ، وَ سَلَامَةٍ مِنَ السَّيِّئَاتِ، هِلَالَ سَعْدٍ لَا نَحْسَ فِيهِ، وَ يُمْنٍ لَا نَكَدَ مَعَهُ، وَ يُسْرٍ لَا يُمَازِجُهُ عُسْرٌ، وَ خَيْرٍ لَا يَشُوبُهُ شَرٌّ، هِلَالَ أَمْنٍ وَ إِيمَانٍ وَ نِعْمَةٍ وَ إِحْسَانٍ وَ سَلَامَةٍ وَ إِسْلَامٍ.(۶) اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ، وَ اجْعَلْنَا مِنْ أَرْضَى مَنْ طَلَعَ عَلَيْهِ، وَ أَزْكَى مَنْ نَظَرَ إِلَيْهِ، وَ أَسْعَدَ مَنْ تَعَبَّدَ لَكَ فِيهِ، وَ وَفِّقْنَا فِيهِ لِلتَّوْبَةِ، وَ اعْصِمْنَا فِيهِ مِنَ الْحَوْبَةِ، وَ احْفَظْنَا فِيهِ مِنْ مُبَاشَرَةِ مَعْصِيَتِكَ(۷) وَ أَوْزِعْنَا فِيهِ شُكْرَ نِعْمَتِكَ، وَ أَلْبِسْنَا فِيهِ جُنَنَ الْعَافِيَةِ، وَ أَتْمِمْ عَلَيْنَا بِاسْتِكْمَالِ طَاعَتِكَ فِيهِ الْمِنَّةَ، إِنَّكَ الْمَنَّانُ الْحَمِيدُ، وَ صَلَّى اللَّهُ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ الطَّيِّبِينَ الطَّاهِرِينَ.
|
Эзоҳ
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-руҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.348 - 349.
- ↑ Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.373.
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.385 - 398; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.373 - 381; شرح فرازهای دعای چهل و سوم از سایت عرفان, Сайти Ирфон.
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.381 - 398.
- ↑ Мамдуҳӣ, китоби Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.371 - 381.
- ↑ Фаҳрӣ, Шарҳ ва тафсири Саҳифаи Саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.205 - 209.
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.499 - 534.
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-Саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.493 - 498.
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.515 - 542.
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-руҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349 - 358.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.80 - 87.
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ ас-Саҳифа ас-Саҷҷодия, 1402, саҳ.213 - 215.
- ↑ Шайх Баҳоӣ, ал-Ҳадиқат-ул-ҳилолийя, 1411ҳ.қ., муқаддимаи муҳаққиқ.
- ↑ Тарҷума аз шайх Ҳусайни Ансориён.
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи Саҳифаи Саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифин фи шарҳи-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликин фи шарҳи Саҳифаи Сайидуссоҷидин, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи Саҷҷодия, муқаддимаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бустони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилоли-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-руҳ, Бейрут, Дорул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Теҳрон, муассисатул-буҳус ват-таҳқиқотил-сақофия, 1407ҳ.қ.
- Фаҳрӣ, Сайидаҳмад, Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи Саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ ас-Саҳифа ас-Саҷҷодия, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1402ҳ.қ.
- Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад, ал-Ҳадиқат-ул-ҳилолийя, таҳқиқи Сайидалӣ Мусавии Хуросонӣ, Қум, муассисаи Олулбайт, 1411ҳ.қ.
- شرح فرازهای دعای چهل و سوم از سایت عرفان, Сайти Ирфон, мушоҳида: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.