Дуои нуздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои нуздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای نوزدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия ки барои талаби борон пас аз хушксолӣ хонда мешавад. Дар ин дуо, ҳазрати Зайнулъобидин (а) ба фоидаҳои борон барои инсон, вижагиҳои боронҳои судманд ва тамсили боду борон ба унвони намоде аз барангехта шудани мавҷудот дар рӯзи қиёмат мепардозад ва аз нузули борон ба унвони яке аз неъматҳои Илоҳӣ сипосгузорӣ мекунад

Дуои нуздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои нуздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия, дуое аст, ки Имом Саҷҷод (а) ҳангоми дархости борон пас аз хушксолӣ мехонд. Имоми чорум дар ин дуо ба вижагиҳои борони судманд ва ҳамчунин манфиати борон барои инсон ишора мекунад. Омӯзаҳои дуои нуздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия дар ҳафт фароз[1] ба шарҳи зайл аст:

  • Дуо барои борони пуробу фаровон;
  • Вижагиҳои борони судманд;
  • Борон омили зинда шудани замини мурда;
  • Борон фарёдрас ва бартарафкунандаи қаҳтӣ;
  • Борон омили арзонии қиматҳо дар шаҳрҳо;
  • Борон нерӯбахш ва афзункунандаи тавоноӣ;
  • Вижагиҳои бороне, ки мояи азоб аст;
  • Бороне, ки сояи абрҳояш гарм ва сардияш шум аст;
  • Бороне, ки бориданаш азобу обаш шӯр аст;
  • Дархости рӯзӣ аз баракоти осмону замин;
  • Борон аз раҳмати Илоҳӣ;
  • Боду борон намоде аз барангехта шудани мавҷудот дар қиёмат.[2]

Шарҳҳо

Дуои нуздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ дода шудааст.

Дуои нуздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. ترجمه و شرح دعای نوزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
  2. Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.109 - 171; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.178-198
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.109 - 171
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.178-198
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.195-214
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.229-254
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.241-245
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.227-234
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.417-430
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.45-47
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.108-110

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای نوزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.