Шайтон

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи мафҳуми шайтон ва шаётин мебошад. Барои иттилоъ аз Шайтоне, ки ба Одам саҷда накардааст, ба мадхали Иблис нигаред.

Шайтон (арабӣ: شیطان) номе барои ҳар мавҷуди бад, шар ва саркаш аст. Шайтон ҳамчун номи хос (ё Иблис) номи мавҷудест, ки ба ҳазрати Одам саҷда накард, ва аз даргоҳи Илоҳӣ ронда шуд. Олимон дар бораи чӣ будани шайтон ихтилофи назар доранд, вале бештари муфассирон ӯро аз ҷинси ҷин медонанд.

Калимаи шайтон ва шаётин дар Қуръон 88 маротиба истифода шудааст ва дар бисёр мавридҳо маънои Иблисро дорад. Бар асоси оятҳо шайтон аз фармони Худованд дар бораи саҷда бар Одам сарпечӣ кард ва аз ҷойгоҳе, ки дар он қарор дошт, ронда шуд. Баъд аз ин, шайтон аз Худованд хост, то рӯзи қиёмат ба ӯ мӯҳлат диҳад ва Худованд низ то рӯзи муайян ба ӯ мӯҳлат дод. Худованд дар чанд оят инсонро аз хатари бузурги Шайтон огоҳ сохта, аз ӯ дархост мекунад, эҳтиёт шавад, то васвасаи шайтон ӯро аз роҳи бандагӣ дур накунад.

Дар ривоёт мавзуъҳои гуногуне, аз ҷумла қиссаи Шайтон бо баъзе пайғамбарон ва имомон, роҳҳои дурӣ аз шайтон, сифатҳо ва хислатҳои шайтон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Тибқи таълимоти исломӣ, шайтон танҳо метавонад инсонро ба васваса андохта, ба гуноҳ ташвиқ кунад ва ӯ ҷуз даъват ба гуноҳ бар инсон ҳеҷ фармонравоӣ ва қудрате надорад ва наметавонад инсонро ба гуноҳ маҷбур кунад. Саранҷоми шайтон ва пайравонаш дӯзах аст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Шайтон дар фарҳанги исломӣ, исми ом барои ҳар мавҷуди мунҳарифкунандаю саркаш дар баробари Худованд аст, ки мумкин аст инсон бошад ё ҷин. Шайтон дар Қуръони Карим, душмани доимии инсонҳо муаррифӣ шудааст, ки барои гумроҳии онҳо талош мекунад.[1] Вожаи шайтон 88 бор дар Қуръон омадааст; 70 бор ба сурати муфрад, ва 18 бор ба сурати ҷамъ, яъне шаётин.[2] Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор 177 ривоят аз маъсумин дар иртибот бо шайтон (ё Иблис) нақл кардааст.

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, вуҷуди шайтонро, ки инсонро ба тарафи шарру маъсият даъват мекунад, яке аз аркони ҳастӣ донистааст, ки ҳокӣ аз ихтиёри инсон ва сайри ӯ дар масири камол аст.[3] Қаламрави шайтон, бахши ташреъӣ дониста шудааст, на таквин; чароки тибқи таълимоти исломӣ, шайтон танҳо метавонад инсонро васваса ва ба гуноҳ ташвиқ кунад. Бар ин асос, беш аз даъват кардан ба гуноҳ, султа ва қудрате бар инсон надорад.[4]

Нисбати шайтон бо Иблис

Калимаи шайтон барои Иблис низ ба кор рафтааст, ки дар достони офариниши Одам бар ӯ саҷда накард ва бо шаётини дигар, дар пайи гумроҳ кардани инсонҳост.[5] Вожаи шайтон дар мавориде аз ҷумла дар ояти 36 сураи Бақара, мушаххасан барои Иблис, ва дар мавориди дигаре, аз ҷумла: дар ояти 121 сураи Анъом, барои лашкариён ва пайравони Иблис ба кор рафтааст.[6] Ба гуфтаи Таботабоӣ аз баррасии мавориди корбурди калимаи шайтон дар Қуръон ва гуфтаи муфассирон бармеояд, ки дар ағлаби маворид, мақсуд аз шайтон ё дастикам, мисдоқи боризи он, ҳамон Иблис аст.[7] Баъзеҳо тасреҳ кардаанд, ки шайтон, бештар ба маънои Иблис ба кор[8] рафта ва ба иллати истеъмоли фаровон ба унвони исми алам барои Иблис шинохта шудааст.[9]

Шаётини ҷинӣ ва инсонӣ

Дар матнҳои исломӣ, чи дар Қуръон ва чи дар ҳадис, шайтон моҳияти хоссе надорад. Шайтон ба маънои мавҷуди гумроҳкунанда ҳам аз ҷинси ҷин метавонад бошад, чунонки Иблис ва зуррияи ӯ чунин ҳастанд, ҳам инсонҳо метавонанд чунин хислате дошта бошанд.[Ниёзманди манбаъ]

Хусусиятҳо

Дар оёти гуногуне аз Қуръон шайтон, душман ва душмани ошкори инсони тавсиф шудааст[10] ба равшанӣ инсонро гумроҳ мекунад (музиллун мубин/مُضِلٌ مُبین)[11] ва ӯро дар ҳангоми ниёз раҳо мекунад (хазул/خَذول)[12] ба инсонҳо ваъдаҳои дурӯғ медиҳад ва орзӯҳои онҳоро бармеангезад,[13] ва онҳоро ба дӯзах даъват мекунад.[14] Ҳамчунин дар Қуръон, шайтон ва шаётин кафур (کفور) (носипос),[15] асий (عَصیّ) (исёнгар),[16] морид ва марид (مارد و مَرید) (саркаш),[17] раҷим (رجیم) (рондашуда)[18] ҳамдами бад[19] ва фитнагару фиребкор[20] ҳастанд ва ҷойгоҳи ниҳоии Иблис ва пайравонаш, яъне ҳамаи шаётин, дӯзах ва гирифтор шудан дар хашми Илоҳӣ хоҳад буд.[21]

Равишҳои фиреб ва нуфузи шайтон

Дар Қуръони Карим, шеваҳои шайтон барои гумроҳ кардани инсонҳо баён шудааст; аз ҷумла: эҷоди душманӣ,[22] боздоштан аз ёди Худо ба хусус намоз,[23] ва тарсондан аз фақр ва дигар номулоимоти дунявӣ.[24] Оростани гуноҳ ва зебонамоии афкор ва аъмоли ботил,[25] оростани неъматҳои дунёӣ ва маҳбуб намоёндани занон, фарзандон ва амвол,[26] барангехтани орзӯҳои дуру дароз,[27] густариши фасод ва тарвиҷи фаҳшову мункар,[28] аз дигар равишҳои шайтон барои гумроҳ кардани инсонҳост, ки дар Қуръони Карим омадааст.

Дар оёте аз Қуръони Карим, таъсири шайтон, маҳдуд ва заиф тавсиф шудааст.[29] Онҳо наметавонанд бар оламҳои ғайб ва умури пинҳонӣ огоҳӣ ёбанд ва дар ба даст овардани ахбори осмонӣ нотавонанд.[30] Агар касе дар масири бандагии Худо бошад, шаётин ҳеҷ султае бар ӯ надоранд; ва танҳо тасаллути онҳо бар касоне аст, ки аз шаётин пайравӣ кунанд.[31] Аллома Таботабоӣ ва Макорими Шерозӣ, бар ин боваранд, ки шайтон метавонад ба ҳар шаклу чеҳрае ҷуз чеҳраи пайғамбарон ва авсиё дарояд.[32]

Равишҳои муқобила бо шайтон

Бар асоси ҳадисҳое, ки Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор, аз маъсумон нақл кардааст, зикри Худо ва гуфтани Бисмиллоҳ дар аввали корҳое монанди таом хӯрдан,[33] сафар ва баромадан аз хона,[34] вузӯъ,[35] намоз,[36] ва наздикӣ бо ҳамсар[37] мояи дурии шайтон аст.

Далелҳои офариниш ва тавоноии шайтон

Муфассирони мусулмон, дар бораи ин ки чаро шайтон офарида шудааст ва чаро қудрате дорад, ки бандагонро ба гумроҳӣ бикашад, ҷавобҳое додаанд;[38]

Бар асоси Қуръон, агар манзур аз шайтон Иблис бошад, ӯ баъд аз ронда шудан аз даргоҳи Илоҳӣ ба хотири нофармонӣ аз дастури саҷда бар Одам, аз Худованд хост, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ муҳлат диҳад, вале Худованд то рӯзи муайяне, ки пеш аз рӯзи қиёмат аст, муҳлате ба ӯ дод.[39] Бинобар ин, Худованд шайтонро палид халқ накард, чунонки шаш ҳазор сол Худоро парастиш карда, ҳамнишини фариштагон ва аҳли ибодат будааст, аммо ба хотири такаббур дар баробари Худованд, роҳи туғёнро дар пеш гирифта, аз раҳмати Худованд дур шудааст.[40] Ба эътиқоди Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, вуҷуди Иблис шарри маҳз нест, балки шарри омехта ба хайр аст.[41]

Василаи имтиҳони инсон

Бар асоси Қуръон, офариниши Иблис барои имтиҳони бандагон аст.[42] Худованд ҳамчунин илқооти шайтонро барои бемордилону сангдилон, мояи озмоишу имтиҳон қарор додааст.[43]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Сураи Зухруф, ояти 62; сураи Юсуф, ояти 5; сураи Каҳф, ояти 50; сураи Исро, ояти 53; сураи Бақара, ояти 168.
  2. Асгарӣ, “Маъношиносии навин аз вожаи шайтон”, саҳ.214.
  3. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.38.
  4. و ما کان لی علیکم من سلطان الا ان دعوتکم فاستجبتم لی (сураи Иброҳим, ояти 22).
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.192.
  6. Асгарӣ, “Маъношиносии навин аз вожаи шайтон”, саҳ.214.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.321.
  8. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.202.
  9. Шабистарӣ, Аълом-ул-Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.83.
  10. Сураи Ёсин, ояти 60; сураи Каҳф, ояти 50; сураи Фотир, ояти 6; сураи Бақара, ояти 208 ва 168; сураи Анъом, ояти 142; сураи Юсуф, ояти 5.
  11. Сураи Қасас, ояти 15; сураи Сод, ояти 82.
  12. Сураи Фурқон, ояти 29.
  13. Сураи Нисо, ояти 120.
  14. Сураи Луқмон, ояти 21.
  15. Сураи Исро, ояти 27.
  16. Сураи Марям, ояти 44.
  17. Сураи Соффот, ояти 7; сураи Нисо, ояти 117.
  18. Сураи Таквир, ояти 25; сураи Наҳл, ояти 98.
  19. Сураи Нисо, ояти 38.
  20. Сураи Аъроф, ояти 7 ва 22 ва 27; сураи Тоҳо, ояти 20 ва 120.
  21. Сураи Сод, ояти 84 ва 85; сураи Исро, ояти 63.
  22. إِنَّما یریدُ الشَّیطَانُ أَن یوقِعَ بَینَکم العَدَ وةَ والبَغضَاءَ فِی الخَمرِ والمَیسرِ و یصدَّکُم عَن ذکرِاللهِ و عَن الصَّلوَةِ فَهل أَنتم مُنتهونَ (сураи Моида, ояти 91).
  23. إِنَّما یریدُ الشَّیطَانُ أَن.. یصدَّکُم عَن ذکرِ اللهِ و عَن الصَّلَوةِ (сураи Моида, ояти 91)؛ استَحوذَ عَلیهِمُ الشَّیطَانُ فأَنسَهُم ذِکرَاللهِ أُولَلِکَ حِزبُ الشَّیطَانِ أَلا إِنَّ حِزبَ الشَّیطَانِ همُ الخَسِرونَ (сураи Муҷодала, ояти19)؛ مَا أَنسَنِیهُ إلاَّ الشَّیطَانُ (сураи Каҳф, ояти 63)؛ сураи Юсуф, ояти 42.
  24. الشَّیطَنُ یعدِکُم الفَقَر (сураи Бақара, ояти 268).
  25. قَالَ ربِّ بِما أَغویتَنِی لاَُزَیننَّ لَهم فِی الأَرضِ (сураи Ҳиҷр, ояти 39).
  26. Сураи Оли Имрон, ояти 14.
  27. ولاَُضِلَّنَّهم ولاَُمنِّینَّهم (сураи Нисо, ояти 119 ); Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1411ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.38 - 39; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.381.
  28. و مَن یتَّبِع خُطُوتِ الشَّیطَانِ فإِنّهُ یأمرُ بِالفَحشاءِ والمُنکَرِ (сураи Нур, ояти 21).
  29. إِنَّ کَیدَ الشَّیطَنِ کانَ ضَعیفاً (сураи Нисо, ояти 76).
  30. و حَفظنها مِن کلِّ شیطن رجیم إِلاَّ مَنِ استَرقَ السَّمعَ فَأَتبَعَهُ شِهابٌ مُبِینٌ (сураи Ҳиҷр, ояти 17 ва 18); сураи Соффот, ояти 6 - 10; сураи Малик, ояти 5.
  31. إِنَّ عِبادِی لَیسَ لَکَ عَلیهِم سُلطَنٌ إِلاَّ مَنِ اتَّبَعکَ مِن الغَاوینَ (сураи Ҳиҷр, ояти 42); إِنَّ عِبادی لَیسَ لَکَ عَلیهِم سُلطَنٌ و کَفَی بِربِّکَ وَکِیلا (сураи Исро, ояти 65); сураи Наҳл, ояти 99.
  32. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.62; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.202.
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.60, боби зикру Иблис ва қисасуҳу, саҳ.203, ҳадиси 25 ва 26.
  34. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.60, боби зикру Иблис ва қисасуҳу, саҳ.201 - 202, ҳадиси 21.
  35. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.60, боби зикру Иблис ва қисасуҳу, саҳ.203, ҳадиси 27.
  36. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.60, боби зикру Иблис ва қисасуҳу, саҳ.202, ҳадиси 24.
  37. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.60, боби зикру Иблис ва қисасуҳу, саҳ.201, ҳадиси 19; саҳ.202, ҳадиси 23; саҳ.207, ҳадиси 42.
  38. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.54 - 69.
  39. قَالَ رَبِّ فَأَنظِرنِی إِلَی یومِ یبعثونَ قَالَ فَإِنّکَ مِن المُنظَرینَ الی یوم الوقت المعلوم (сураи Ҳиҷр, ояти 36 ва 37).
  40. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192, саҳ.285 - 286.
  41. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.37.
  42. و مَا کَانَ لهُ عَلیهم مِن سُلطَن إِلاَّ لِنعلمَ مَن یؤمنُ بِالأَخرةِ مِمّن هُوَ مِنها فِی شَکّ (сураи Сабаъ, ояти 21).
  43. لِیجعَلَ مَا یلقِی الشَّیطَنُ فِتنةً لِلَّذینَ فِی قلوبِهم مَرضٌ والقَاسِیةِ قُلوبُهم (сураи Ҳаҷ, ояти 53).

Сарчашма

  • Айнулқузот Ҳамадонӣ, Тамҳидот, бо муқаддимаи тасҳеҳ ва таълиқи Афиф Асирон, чопи ҳафтум, Теҳрон, нашри Манучеҳрӣ, 1386ҳ.ш.
  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1374ҳ.ш.
  • Асгарӣ, Инсия, “Маъношиносии навин аз вожаи шайтон”, дар маҷаллаи Қабасот, шумораи 64, зимистони 1389ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Носириддин, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дор-ул-фикр, бето.
  • Бақлӣ, Рӯзбаҳон, Шарҳи шатаҳиёт, ба тасҳеҳи Ҳанрӣ Курбан, чопи сеюм, забон ва фарҳанги Эрон, Теҳрон, баҳори 1374ҳ.ш.
  • Ғаззолӣ Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмӯаи осори форсии Аҳмади Ғаззолӣ, Теҳрон, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, ‏1376ҳ.ш.
  • Гунободӣ Султонмуҳаммад, тафсири Баён-ус-саъодат фи мақомот-ил-ибодат, чопи дуввум, Бейрут, муассисат-ул-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ Муҳйиддин, Тафсири Ибни Арабӣ, би таҳқиқи Самир Мустафо Рубоб, чопи аввал, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1375ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мебадӣ Рашидуддин, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, ба таҳқиқи Алиасғари Ҳикмат, чопи панҷум, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад, тафсири ал-Қуръон-ул-Карим, ба таҳқиқи Муҳаммади Хоҷуӣ, чопи дуввум, Қум, интишороти Бедор, 1366ҳ.ш.
  • Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-лубнонӣ, 1980м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён ан таъвили ой-ил-Қуръон, ба кӯшиши Ҷамил ал-Аттор Сидқӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир ав Мафотеҳ-ул-ғайб, ҷ.11, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ./1990м.
  • Ҳаллоҷ Ҳусайн ибни Мансур, Тавосин, ба кӯшиши Маҳмуд Беҳрӯзӣ, чопи аввал, интишороти Илм, 1384ҳ.ш.
  • Ҳасанзода Омулӣ Ҳасан, Иттиҳоди оқил ба маъқул, чопи дуввум, Теҳрон, нашри Ҳикмат, 1366ҳ.ш.
  • Ҳасанзода Омулӣ Ҳасан, Ҳазору як калима, ҷ.4, чопи сеюм, нашри Бустони китоб, Қум, 1381ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бето.