Дуои ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای هشتم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки дар он аз корҳои нописанду номлоимоти ахлоқӣ ҳамчун ҳирс, хашм, таассуби беҷо, пофишорӣ бар гуноҳ ва фиреб додани мардум, ки муҷиби ҳалокати инсон мешавад, ба Худо паноҳ бурдааст.

Дуои ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Ҳазрати Саҷҷод (а) дар дуои ҳаштум аз умури ранҷовар, бадии ахлоқ ва корҳои нописанд ба Худо паноҳ мебарад. Дар ин дуо ба 44 масаъла ки ҳар як иллате барои ҳалокату нобудӣ инсон аст, ишора шудааст.[1] Омӯзаҳои ин дуо дар 10 фароз[2] ба шарҳи зайл аст:

  • Туғёни ҳирсу оз;
  • Тундии хашм;
  • Чирагии ҳасад;
  • Сустии сабр (камсабрӣ);
  • Қаноати кам;
  • Бадхулқӣ;
  • Зиёдаравӣ дар шаҳват;
  • Асабияти беҷо;
  • Пайравӣ аз ҳавою ҳавас;
  • Мухолифат бо ҳидоят;
  • Хоби ғафлат;
  • Худро ба сахтӣ андохтан;
  • Баргузидани ботил ва муқаддам доштани он бар ҳақ;
  • Пофишорӣ бар гуноҳ;
  • Кучак шумурдани маъсият ва истикбор дар баробари тоат;
  • Фахру мубоҳоти сарватмандон ва таҳқири тиҳидастон;
  • Кӯтоҳӣ дар ҳаққи зердастон;
  • Носипосӣ дар баробари хубии дигарон;
  • Ёрии ситамгар ва раҳо кардани ситамдида;
  • Талаби чизе, ки ҳаққи инсон нест;
  • Сухан гуфтан аз рӯй нодонӣ;
  • Фиреб додани мардум;
  • Худписандӣ дар рафтору кирдор;
  • Орзӯҳои дуру дароз;
  • Зиштии ботин;
  • Кучак шумурдани гуноҳи сағира;
  • Тасаллути шайтон;
  • Ғанимат надонистани рӯзгор;
  • Ситами подшоҳ;
  • Олӯда шудан ба исроф ва наёфтани рӯзӣ ба андозаи ниёзмандӣ;
  • Сарзаниши душманон;
  • Ниёзмандӣ ба ҳамнавъон;
  • Балои тангдастӣ ва зиндагӣ дар сахтӣ;
  • Марги ногаҳонӣ ва бидуни зоду тӯша (бидуни тақвои ва амали солеҳ);
  • Ҳасрату андӯҳи бузург ва мусибати сутург;
  • Тирабахтӣ ва бадфарҷомӣ;
  • Маҳрумият аз савоб ва фуруд омадан дар азоб;
  • Дархости масуният аз тамоми ин умури нописанд дар партави раҳмати Илоҳӣ.[3]

Шарҳҳо

Дуои ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия шарҳ шудааст. Ин дуо дар китобҳои Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[11]

Эзоҳ

  1. Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.225
  2. ترجمه و شرح دعای هشتم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.225 - 419; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.435 - 450
  4. Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.225 - 419
  5. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.435 - 450
  6. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415 - 495
  7. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325 - 400
  8. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.141 - 153
  9. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.127 - 132
  10. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.199 - 259
  11. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.33 - 34

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1371ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای هشتم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.