Дуои нӯҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои нӯҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای نهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар бораи тавба аз гуноҳ аз Худованд аст. Ҳазрати Зайнулъобидин (а) дар ин дуо аз Худо дархост карда, ки ӯро дар дуроҳиҳо кумак намояд, то роҳи дурустро интихоб кунад чароки нафси одамӣ, бадӣ ва ботилро интихоб мекунад. Дар ин дуо ҳамчунин бо ишора ба заъфу сустии инсон, аз Худо барои бастани роҳи гуноҳ дархости кумак мешавад.
Дуои нӯҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои нӯҳуми Саҳифаи саҷҷодия дархости кумак аз Худо барои тавба аз гуноҳ, анҷоми аъмоли неку тарки корҳои ношоиста аст. Омӯзаҳои ин дуо ки дар 7 фароз[1] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда ба шарҳи зайл аст:
- Дархости тавфиқ барои анҷоми корҳои мавриди ризояти Худо ва тарки корҳои мавриди ғазаби Ӯ дар дуроҳии байни интихоби ризоят ё хашми Илоҳӣ;
- Дархости кумак бар интихоби зарари дунё дар дуроҳии интихоби байни зарари дунё ва зарари охират;
- Дархости кумак аз Худо барои тавба;
- Тавба аз гуноҳ маҳбуби Худо ва исрор бар гуноҳ мабғузи Ӯст;
- Нафси одамӣ дар дуроҳии ҳаққу ботил, ботилро интихоб мекунад;
- Асоси офариниши инсон бар заъфу сустӣ ниҳода шудааст;
- Дархости тавфиқот ва таъйидоти Илоҳӣ;
- Дархости кӯрии дидагони дил нисбат ба он чи маҳбуб Худо нест;
- Дархост аз Худо барои бастани роҳҳои маъсияту гуноҳ;
- Дуо барои тавфиқи анҷоми корҳои неку тарки корҳои бад.[2]
Шарҳҳо
Дуои нӯҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия дар китобҳои Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои нӯҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар шарҳҳои арабӣ аз ҷумла дар Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ ترجمه و شرح دعای نهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.21 - 74
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.21 - 74
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.451 - 464
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.499 - 515
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.401 - 423
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.153 - 159
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.133 - 136
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.261 - 273
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.34
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1371ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای نهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.