Дуои понздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои понздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای پانزدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки ҳангоми мубтало шудан ба беморӣ ё бурузи нороҳатӣ ва гирифторӣ мехонд. Ҳазрати саҷҷод (а) дар ин дуо, Худовандро ба далели неъмати саломатӣ ё ба ҳангоми беморӣ шукр мекунад ва ба осори ухравии беморӣ аз ҷумла пок шудани гуноҳ ишора дорад. Вай ҳамчунин бемориро ҳушдоре барои тавба ва эътимод бар Худоро калиди ҳамаи дарҳои баста медонад.
Дуои понздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои понздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия, дуои ҳангоми пеш омадани бемориҳо, нороҳатиҳо ва гирифториҳост; албатта бештари тавваҷуҳи Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба осори ухравӣ ва маънавии беморӣ, бало ва мусибат аст.[1] Омӯзаҳои дуои понздаҳум, ки дар ҳафт фароз[2] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда, ба шарҳи зайл аст:
- Шукри Худо ҳам бар тандурустӣ ва ҳам барои беморӣ (ҳамсон дидани саломатӣ ва беморӣ дар шукргузорӣ);
- Азамати неъмати саломатӣ ва писандида будани таҳаммули беморӣ;
- Шукр бар нерӯву нишот дар ибодат (истифода аз неъмати офият дар ҷалби хушнӯдии Худо);
- Беморӣ омили сабукии гуноҳон ва монеъи пайдоиши ғафлат аст;
- Пок шудани осори гуноҳ ба сабабҳои тавба ва беморӣ;
- Тавваҷуҳ ба осор ва баракоти беморӣ;
- Беморӣ ҳушдоре барои тавба;
- Дарёфти подош дар муқобили таҳаммули беморӣ ва сабти он тавассути Рақибу Атид;
- Подошҳои Илоҳӣ дар беморӣ бар асоси фазлу эҳсони Ӯст;
- Қадршиносии неъмати саломатӣ ба ҳангоми беморӣ;
- Дархости маҳбуб шудани муқаддароти Илоҳӣ ва осон шудани гирифториҳо;
- Эътимод бар Худо калиди ҳамаи дарҳои баста;
- Неъматҳои Худо бидуни миннат аст.[3]
Шарҳҳо
Дуои понздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои понздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.34
- ↑ ترجمه و شرح دعای پانزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.295 - 363; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.57-74
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.295 - 363
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.57-74
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.109-114
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.75-100
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.203-208
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.183 - 192
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.351 - 360
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.39 - 41
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.94-95
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای پانزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.