Дуои чиҳилуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои чиҳилуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهلم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки ба ҳангоми ёди марг ё шунидани хабари марг касе мехонд. Имом (а) дар ин дуо аз Худо мехоҳад, ки фиреби орзуҳои тӯлониро нахӯрад ва бо анҷоми аъмоли солеҳ омодаи марги хубе бошад. Дар ин дуо дархости унс бо марг ва шавқи расидан ба Худо шудааст.
Дуои чиҳилум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Дуои чиҳилум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия аст, ки ҳангоми ёди марг ё замоне, ки хабари марги касе ба Имом Саҷҷод (а) дода мешуд, онро мехонд. Дар ин дуо имом аз Худо мехоҳад, ки орзуҳои тӯлонӣ муҷиби ғафлати инсон аз ёди марг нашавад ва бо анҷоми аъмоли солеҳ омодаи марг бошад ва бо марг унс дошта бошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз он наҳаросад.[1]
Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Парҳез аз орзӯҳои дуру дароз;
- Дур шудан аз баландорзуӣ бо кирдори росту дуруст;
- Дархости ёди ҳамешагии марг;
- Дархости унс гирифтан ба маргу оромиш дар партави он;
- Дархости дар амон мондан аз фиреби орзуҳои тӯлонӣ;
- Орзуҳои дуру дароз муҳимтарин монеъи камоли инсон;
- Фаромӯшии марг - ситез бо воқеияти ҳастӣ;
- Шавқи расидан ба лиқои Илоҳӣ;
- Дархости тавфиқи анҷоми аъмоли солеҳ барои омодагии марг;
- Дархости марг дар ҳоли ҳидояту итоату тавба;
- Худо зомини подоши некӯкорон ва ислоҳкунандаи амали муфсидон аст;
- Матлубияти хуб мурдан ҳамонанди хуб зистан.[2]
Шарҳҳо
Дуои чиҳилум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои чиҳилуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ дода шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.281
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.281 - 294; شرح فرازهای دعای چهلم, Сайти Ирфон; Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.309 - 316
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.309 - 316
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.279 - 294
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.143 - 153
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.339 - 362
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.461 - 464
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.489 - 492
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.291 - 304
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.76 - 77
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.200 - 201
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای چهلم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.