Шаби Қадр

Аз wikishia
Тасвире аз маросими шаби Қадр дар ҳарами Имом Ризо (а)

Шаби Қадр ё лайлат-ул-қадр (арабӣ: ليلة القدر) шаби нузули Қуръон ва муқаддар шудани умури яксолаи инсонҳост. Қуръон дар сураҳои Қадр ва Духон аз ин шаб сухан мегӯяд. Бар асоси оёти Қуръон ва ривоёт, арзиши шаби Қадр беш аз ҳазор моҳ аст. Ин шаб, бофазилаттарин шаби сол ва шаби раҳмати ‌‌Илоҳӣ ва бахшида шудани гуноҳон аст ва дар он, фариштагон ба замин меоянд ва тибқи баъзе аз аҳодиси шиа, тақдирҳои соли ояндаи бандагонро бар Имом арза мекунанд.

Замони дақиқи шаби Қадр, маълум нест, вале бар асоси бисёре аз ривоёт, дар моҳи мубораки рамазон воқеъ шуда ва ба эҳтимоли зиёд яке аз шабҳои 19, 21 ва ё 23 ин моҳи муборак аст. Шиаён бар шаби 23 рамазон, вале аҳли суннат бар шаби 27 рамазон таъкиди бештаре доранд.

Шиаён дар ин шабҳо бо улгугирӣ аз маъсумин (а), ба шабзиндадорӣ, хондани Қуръон, дуо, ибодат ва музокираи илмию касби донишу маърифат мепардозанд.

Зарбати шамшер хӯрдан ва шаҳодати Имом Алӣ (а) дар ин шабҳо низ ба аҳамияти он назди шиаён афзудааст ва сӯгворӣ барои он Имом бо оинҳои шаби Қадр ҳамроҳ шудааст.

Номгузорӣ

«Қадр» (قدر) калимаи арабӣ ба маънои андоза, тақдир ва сарнавишт аст.[1] Дар бораи ин ки чаро ин шабро «шаби Қадр» номидаанд, далелҳое зикр шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Аз назари иддае ҳамчун Аллома Таботабоӣ, чун муқаддароти инсонҳо, андоза ва тақдири рӯйдодҳои як сол, дар ин шаб таъин мешавад, онро шаби Қадр меноманд.[2] Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ин назарро ҳамоҳанг бо ривоёт ва маъруфтару беҳтар донистааст.[3]
  • Имом Хумайнӣ дар бораи далели номгузорӣ шаби қадр се эҳтимолро матраҳ кардааст: нахуст, ин ки чун соҳиби шараф ва манзалат аст ва Қуръони соҳиби қадр тавассути малаки соҳиби қадр бар Расули соҳиби қадр ва барои уммати соҳиби қадр нозил шуд, онро лайлат-ул-қадр гӯянд. Дувум, чун дар ин шаби тақдири умур ва арзоқи мардум анҷом мегирад, шаби қадр номида шудааст ва сеюм, ба далели ҳузури теъдоди зиёди малоика, замин танг шавад; ба ҳамин далели онро қадар гӯянд.[4] Имом Хумайнӣ эҳтимоли дувумро авло дониставу гуфтааст шояд «лайлат-ул-қадр» ба хотири он соҳиби «қадр» шудааст ки шаби висоли набии хотам ва шаби вусули ошиқи ҳақиқӣ ба маҳбуби худ аст.[5]
  • Макорими Шерозӣ низ се эҳтимоли соҳиби қадру манзалат будани шабзиндадорони ин шаб, шарофати волои ин шаб ва нузули Қуръон дар онро иллати номгузорӣ ин шаб ба номи қадр зикр кардааст.[6]

Аз шаби Қадр ба номҳои «лайлат-ул-азамат» ва «лайлат-уш-шараф» низ ёд шудааст.[7]

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Шаби Қадр бартарин ва муҳимтарин шаби сол дар фарҳанги исломӣ аст.[8] Тибқи ривояте аз Пайғамбар (с), шаби Қадр аз лутфу неъматҳои Худо бар мусулмонон аст ва ҳеҷ як аз умматҳои пешин аз ин лутфу муҳаббат бархурдор набудаанд.[9] Дар Қуръони Карим, сураи комиле ба тавсиф ва ситоиши шаби Қадр пардохта ва ба ин ном (сураи Қадр) номида шудааст.[10] Дар ин сура, арзиши шаби Қадр бештар аз ҳазор моҳ дониста шудааст.[11] Оёти якум то шашуми сураи Духон низ ба аҳамият ва рухдодҳои шаби Қадр мепардозад.[12]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омадааст, ки беҳтарини моҳ рамазон аст ва қалби моҳи рамазон, шаби Қадр аст.[13] [lower-alpha 1] Ҳамчунин аз Расули Аллоҳ (с) нақл кардаанд, ки шаби Қадр сарвари шабҳост![14] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) Шаби Қадр оғози сол (раъс-ус-санаҳ) муаррифӣ шудааст,[15] ки шояд мурод, оғози соли маънавӣ ва ибодӣ бошад ва шояд ҳам мурод, мушаххас шудани муқаддароти яксолаи инсон бошад.[16] Тибқи манобеи ривоӣ ва фиқҳӣ, рӯзҳои Қадр низ ҳамонанди шабҳои он гаронқадру бофазилатанд.[17] Вуқуъи бархе ҳаводис монанди зарбат хӯрдани Имом Алӣ (а) дар шаби нуздаҳум ва шаҳодати ӯ дар шаби 21 рамазон, бар аҳамияти ин шабҳо, назди шиаён афзудааст ва онон дар ин шабҳо илова бар ин ки ба аъмоли мустаҳаби махсуси ин шабҳо аҳамият медиҳанд, барои он Имом низ азодорӣ мекунанд.[18]

Дар бархе аз ривоёт омадааст, ки ҳазрати Фотима (с) сирри шаби Қадр аст[19] ва ҳар кас ҳазрати Фотима (с)-ро ба таври комил бишиносад, шаби Қадрро дарк мекунад.[20]

Нузули Қуръон

Ояти аввали сураи Қадр ва ояти сеюми сураи Духон, баёнгари нузули Қуръон дар шаби Қадр аст.[21] Бештари муффасирон муътақиданд, дар ин шаб, Қуръон ба таври якбора бар Пайғамбар (с) нозил шуд,[22] ки ба он нузули дафъӣ мегӯянд[23] аммо бархе муътақиданд оғози нузули тадриҷии Қуръон дар моҳи рамазон будааст.[24]

Тақдири умур

Аз Имом Боқир (а) дар тавзеҳи ояти чоруми сураи Духон [lower-alpha 2] нақл шуда ҳарсола дар ин шаб, тақдири соли ояндаи ҳар инсоне навишта мешавад.[25] Бар ҳамин асос дар бархе аз ривоёт, шаби Қадр ба унвони аввали сол дониста шудааст.[26] Аллома Таботабоӣ мегӯяд: «Мурод аз Қадр, тақдиру андозагирӣ аст ва Худованд дар ин шаб, умуре аз қабили зиндагӣ, марг, ризқу рӯзӣ, саодат ва шақовати инсонҳоро мушаххас месозад».[27] Бар асоси бархе аз ривоёт, вилояти Имом Алӣ (а) ва дигар Аҳли Байт (а) низ дар ҳамин шаб, муқаддар ва имзо шудааст.[28]

Бахшида шудани гуноҳон

Бинобар баъзе ривоёт, дар моҳи рамазон Шайтон ба занҷир баста шуда ва дарҳои биҳишт барои муъминон боз мешаванд.[29] Пайғамбар (с) пас аз эроди ин сухан се бор фармуд: дар ин моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст ва маҳруми ҳақиқӣ касе аст, ки аз шаби қадр маҳрум гардад. «Ҳар касе ки шаби Қадрро шабзиндадорӣ кунаду муъмин бошад ва ба рӯзи ҷазо эътиқод дошта бошад, ҳамаи гуноҳонаш бахшида мешавад».[30]

Омадани фариштагон ба замин

Бар асоси оёти сураи Қадр, фариштагон ва рӯҳ дар шаби Қадр бар замин фуруд меоянд.[31] Тибқи бархе ҳадисҳо, барои иблоғи тақдири соли оянда назди имоми маъсум мераванд ва тақдиршудаҳоро ба ӯ мерасонанд.[32] Аз Имом Боқир (а) дар ин бора нақл шудааст: «Дар ин шаб, фариштагон дар гирди мо тавоф мекунанд ва мо ба ин сурат мутаваҷҷеҳи шаби Қадр мешавем!»[33] Дар ривоёти дигаре ба шиаён тавсия шудааст, ки аз ин масъала ба унвони истидлоле барои исботи зарурати имомат ва ҳаққонияти шиа истифода шавад; ба ин сурат ки дар ҳар асре, бояд имоми маъсуме вуҷуд дошта бошад, то фариштагон, муқаддаротро ба ӯ иблоғ кунанд.[34] [lower-alpha 3]

Замон

Дар мавриди ин ки Шаби Қадр кадом шаб аз шабҳои сол аст, дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад.

Дидгоҳи шиа

Ба гуфтаи муффасироне ҳамчун Аллома Таботабоӣ бо истинод ба зоҳири оёти сураи Қадр ва Духон, шаби Қадр хоси шаби нузули Қуръон дар асри Пайғамбар (с) нест ва ҳар сол такрор мешавад.[35] Ривоёти бисёре[36] низ, ки мутавотир шумурда шуда,[37] ин матлабро таъйид мекунад. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, ривоёт иттифоқи назар доранд, ки шаби қадр дар ҳар сол такрор мешавад.[38]

Бар асоси оёти Қуръон шаби Қадр дар моҳи Рамазон қарор дорад;[39] аммо замони дақиқи он дар оёти Қуръон зикр нашудааст.[40] Ривоёти бисёре низ таъкид доранд, ки шаби қадар дар моҳи рамазон воқеъ шудааст.[41]

Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, шаби Қадр аз назари уламои имомия фақат дар яке аз шабҳои 19, 21 ва 23 моҳи рамазон аст ва ривоёт низ дар ин бора фаровон аст.[42] Аз назари Аллома Таботабоӣ, ривоёти Аҳли Байт (а) иттифоқ доранд, ки шаби Қадр яке аз шабҳои 19, 21 ё 23 Рамазон аст.[43] Шайх Садуқ гуфтааст, ки устодони мо иттифоқи назар доранд, ки шаби Қадр, шаби 23 рамазон аст.[44] Ба гуфтаи Муллофатҳуллоҳи Кошонӣ дар китоби “Манҳаҷ-ул-содиқин” низ аз назари бештари уламои имомия, шаби Қадр, шаби 23 рамазон аст.[45] Гуфта шудааст ҳадисҳои гуногуне[46] низ дар таъйини шаби 23 ба унвони шаби Қадр нақл шудааст.[47] Бинобар баъзе ривоёт, шаби нуздаҳум тақдирҳо навишта шуда, дар шаби бисту якум, ибром (қатъӣ) мегардад ва дар шаби бисту сеюм имзои ниҳоӣ мегардад.[48] Шаби 27 рамазон ва шаби нимаи шаъбон ҳам ду эҳтимоли дигар барои шаби Қадр аст.[49]

Шаби бисту сеюми моҳи рамазон ба ҷиҳати ривояте аз Имом Боқир (а) ё Имом Содиқ (а) ба ҳаби ҷуҳанӣ шуҳрат ёфтааст. Зурора нақл кардааст: “Аз он Имом дар бораи шабҳое аз моҳи рамазон, ки ғусл дар онҳо мустаҳаб аст, пурсидам, Имом фармуд: шаби нуздаҳум, шаби бисту якум ва шаби бисту сеюм ва фармуд: шаби бисту сеюм шаби Ҷуҳанно, ки ҳикояташ чунин аст, ки шахсе ба номи Ҷуҳанно (Абдуллоҳ ибни Унайси Ансорӣ) ба Расули Худо (с) гуфт, ки: хонаи ман аз Мадина дур аст, пас шаберо ба ман бифармо, то ба он ҷо биёям. Паёмбар (с) шаби бисту сеюмро ба ӯ тавсия кард.[50] Пас аз ин гуфтугӯ ва мушоҳидаи рафтори Абдуллоҳ Унайси Ансорӣ дар шаби бисту сеюм, ин шаб «шаби Ҷуҳанно» номида шуд ва лайлат-ул-Ҷуҳанно номе барои шаби Қадр гардид,[51] ба гунае, ки асҳоби имомон аз замони шаби Ҷуҳанно мепурсидаанд.[52] Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Маҷлисӣ ба эътибори ривоёте монанди шаби Ҷуҳанно, Шайхи Садуқ ва бештари уламои шиа, шаби 23-ро шаби Қадр медонанд.[53]

Дидгоҳи аҳли суннат

Бештари аҳли суннат ба истиноди ҳадиси набавӣ эътиқод доранд, шаби Қадр яке аз даҳ шаби охири моҳи рамазон аст.[54] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, байни аҳли суннат маъруф ин аст, ки шаби Қадр, шаби 27 рамазон аст.[55] Бархе аз аҳли суннат низ муътақиданд, шаби Қадр танҳо дар замони зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар сола такрор мешуд, аммо пас аз он дигар шаби Қадре нест.[56] Ба гуфтаи баъзеи дигар, шаби Қадр як шаби мушаххас дар сол нест ва дар ҳар сол шабе номаълум аст.[57] Ин идда муътақиданд, шаби Қадр, дар соли беъсат, дар моҳи рамазон буд, вале дар солҳои дигар мумкин аст дар моҳҳои дигар бошад.[58] Бо ин ҳол, ба гуфтаи Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, умуми уламо иттифоқи назар доранд, ки шаби Қадр дар моҳи рамазон қарор дорад.[59]

Тафовути уфуқҳо ва таъини шаби Қадр

Фақат яке аз шабҳои ҳар сол, шаби Қадр аст,[60] аммо мухталиф будани уфуқи кишварҳо сабаб мешавад, ки замони оғози моҳи рамазон дар манотиқи мухталиф, фарқ дошта бошад ва ба табаъи он, замони шабҳои 19, 21 ва 23 моҳи рамазон низ мухталиф бошад.[61] Фуқаҳо дар бораи ин таоруз мегӯянд, тафовути уфуқи кишварҳо далел бар тааддуди шаби Қадр нест ва мардуми ҳар минтақае аз ҷаҳон бояд шаби Қадр ва бақияи замонҳои муқаддас монанди иди Фитр ё иди Қурбонро тибқи уфуқи худашон таъин кунанд.[62] Бар асоси дидгоҳи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, шаб ҳамон сояи ниме аз кураи замин бар нимаи дигари он аст ва ин соя бо гардиши замин дар ҳаракат буда ва як давраи комили он, 24 соат тӯл мекашад. Бинобар ин, мумкин аст шаби Қадр, як даври комил аз ҳаракати вазъии замин ба даври худ бошад; яъне муддати 24 соат, торикие, ки тамоми нуқоти заминро зери пӯшиш қарор медиҳад. Пас, шаби Қадр аз як минтақа шурӯъ мешавад ва то 24 соат идома дорад. Ҳамаи кураи замин шаби Қадрро дарк мекунанд.[63]

Сираи маъсумон

Дар ҳадисе аз Имом Алӣ (а) омадааст, ки Пайғамбари Худо (с) дар даҳаи сеюми моҳи рамазон, ҷои хобашро ҷамъ карда, барои эътикоф ба масҷид мерафт ва бо вуҷуди он ки масҷиди Мадина сақф надошт, ҳатто дар замони борандагӣ низ масҷидро тарк намекард.[64] Ҳамчунин нақл шудааст, ки Расули Аллоҳ (с) дар шабҳои Қадр бедор буд ва ба чеҳраи афроди хоболӯд низ об мепошид.[65]

Равиши ҳазрати Фотима (с) ин буд, ки шаби Қадрро то субҳ ба ибодат мепардохт ва фарзандону хонаводаи худро низ ба бедор мондану ибодат водор мекард ва мушкили хоби онҳоро бо камтар ғизо хӯрдану хобидан дар рӯз бартараф менамуд.[66] Маъсумон (а) дар шабҳои Қадр, ҳузур дар масҷид ва шабзиндадориро тарк намекарданд.[67] Бар асоси ривояте, Имом Содиқ (а) дар яке аз шабҳои Қадр ба шиддат бемор буд, бо ин ҳол аз атрофиёнаш хост ӯро ба масҷид баранд, то дар он ҷо ибодат кунад.[68]

Эҳёи шабҳои Қадр ба музокираи илмӣ

Муҳаддиси бузург Шайхи Садуқ дар маҷлиси 93 аз китоби Амолӣ пас аз баёни нофилаҳои шабҳои моҳи рамазон ва сад ракаат намоз барои ҳар як аз шабҳои бисту якум ва бисту сеюм, мегуяд: «ومن أحيا هاتين الليلتين بمذاكرة العلم فهو أفضل» ҳар кас ин ду шабро бо гуфтугӯи илмӣ эҳё бидорад, беҳтар аст.[69] Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз мароҷеъи тақлид, низ нақл карда ки Соҳиби Ҷавоҳир дар охирин сафҳаи китоби Ҷавоҳир баён мекунад ки худоро шукр дар шаби 23 моҳи рамазон ин китоб тамом шуд; ин масъала ба ин маънист, ки уламои мо дар ин шабҳо ба дунболи савод мерафтанд, аммо гоҳе бархе хиёл мекунанд босавод шудан ва илмомӯзӣ маъсияти кабира аст ва аз он фирор мекунанд.[70] Сайид Муҳсини Амин дар Аъён-уш-шиа аз соҳиби Мифтоҳ-ул-карома нақл карда ки барасоси иҷмоъи уламои имомия машғул шудан ба талаби илм беҳтарин кор дар шаби Қадр аст.[71]

Аъмоли шабҳои Қадр

Аъмоли шабҳои Қадр ду навъ аст:

Аъмоли шабҳои қадр
Аъмоли муштарак
Шаби нуздаҳум
  • Сад бор зикри "Астағфируллоҳа раббӣ ва атубу илайҳ"
  • Сад бор зикри "Аллоҳуммалъан қаталта Амирилмуъминин"
  • Дуои "Аллоҳуммаҷъал фимо тақзӣ ва туқаддир минал амрил маҳтум..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
Шаби бисту якум
  • Хондани дуоҳое ки барои даҳаи охири моҳи рамазон нақл шудааст.
  • Дуои "Ё мулиҷаллайли ваннаҳор..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
Шаби бисту сеюм
  • Хондани дуоҳое ки барои даҳаи охири моҳи рамазон нақл шудааст.
  • Хондани сураҳои Анкабут, Рум ва Духон
  • Ҳазор бор хондани сураи Қадр
  • Хондани дуоҳои Ҷавшани кабир, Макорим-ул-ахлоқ ва Ифтитоҳ
  • Ғусле дар аввали шаб ва ғусле дар охири он
  • Дуои "Аллоҳуммамдуд фи умрӣ ва авсиъ ли ризқӣ..."(Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
  • Дуои "Аллоҳуммаҷъал фимо тақзӣ ва туқаддир минал амрил маҳтум..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
  • Дуои "Ё ботинан фи зуҳуриҳи ва зоҳиран фи бутуниҳи..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
  • Хондани дуои саломатии Имоми Замон (аҷ) (Ниг.: Мафотиҳ-ул-ҷинон)


Оинҳо ва маносик

Шиаён ҳарсола дар маконҳои муқаддасе ҳамчун масҷидҳо, ҳарамҳо ё хонаҳои худ маросим ва аъмоли шаби Қадрро ба ҷо меоваранд ва аз шаб то саҳаргоҳ ба эҳё (шабзиндадорӣ) ва ибодат мепардозанд.[74] Баргузории маҷлиси суханронӣ, иқомаи намози ҷамоат, хондани дуои ифтитоҳ, Абуҳамзаи Сумолӣ, Ҷавшани кабир ва Қуръон ба сар низ аз муҳимтарин аъмоле аст, ки дар ин шабҳо ба сурати умумӣ анҷом мегардад.[75] Ифторӣ додан, саҳарӣ додан, адои назру хайрот барои даргузаштагон, итъоми фақирон ва озод кардани зиндониён низ аз оинҳои ҷонибии ин шаб аст.[76]

Ба хотири вуқуъи шаҳодати Имом Алӣ (а) дар даҳаи сеюми моҳи рамазон, шиаён дар ин шабҳо ба сӯгворӣ мепардозанд.[77] Дар фарҳанги баъзе аз шаҳрҳои Эрон, дар шаби 27 рамазон, ки шаби қисоси қотили Имом Алӣ (а) - Ибни Мулҷами Муродӣ, аст бештари мардуми он шаҳр бар қотили Имом Алӣ (а) лаънат мефиристанд.[78]

Шаби Қадр дар адабиёти форсӣ

Шаби Қадр мавриди тавваҷуҳи шоирон ва адибони форсӣ қарор гирифтааст. Саъдӣ дар китоби “Гулистон” дар бораи шаби Қадр мегӯяд:

«Агар шабҳо ҳама Қадр будӣ,
Шаби Қадр бе қадр будӣ».[79]

Дар китоби “Бустони Саъдӣ” низ байтҳое роҷеъ ба ин шаб зикр шудааст.[80] Ҳофиз,[81] Носир Хисрав,[82] Авҳадӣ[83] ва дигарон низ дар бораи ин шаб, ашъоре суруданд. Ҳофиз мегӯяд:

Дар шаби Қадр ар сабуҳе кардаам, айбам макун,
Сархуш омад ёру ҷоме бар канори тоқ буд.[84]

низ мегӯяд:

Чи муборак саҳаре буду чи фархунда шабе,
Он шаби Қадр, ки он тоза баротам доданд.[85]

Китобшиносӣ

Китобҳои мустақилле дар бораи фазилат, аъмол ва аҳамияти шаби Қадр нигориш ва мунташир шудааст[86] аз ҷумла:

  • Шаби Қадр, Сайид Муҳаммади Биҳиштӣ, Теҳрон, буқъа, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Шабҳои беқарорӣ: гуфторҳое перомуни шабҳои Қадр, Сайидмуҳаммади Баниҳошимӣ, интишороти мунир, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
  • Шаби Қадр: қалби моҳи рамазон, Носир Боқирии Бидҳиндӣ, Қум, Бустони китоб, чопи дувум, 1375ҳ.ш.[87]
  • Пажӯҳише дар бораи шаби Қадр, Сайид Муртазо Ҳусайнӣ, Фарҳанги Қуръон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.


Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шокир, "Шабе бартар аз ҳазор моҳ", саҳ.48.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.ш, ҷ.20, саҳ.31; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1375ҳ.ш, ҷ.27, саҳ.187.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1375ҳ.ш, ҷ.27, саҳ.187.
  4. Имом Хумайнӣ, Одоб-ус-салот, 1394ҳ.ш., саҳ.324
  5. Имом Хумайнӣ, Одоб-ус-салот, 1394ҳ.ш., саҳ.326
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1375ҳ.ш, ҷ.27, саҳ.188.
  7. Маҷидӣ Хомана, "Шабҳои Қадр дар Эрон", саҳ.1.
  8. Турбатӣ, “Ҳамроҳ бо маъсумон дар шаби Қадр”, саҳ.33.
  9. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.570.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., саҳ.178.
  11. Сураи Қадр, ояти 2.
  12. Сураи Духон, ояти 1-6.
  13. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.918.
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.54.
  15. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, чопи Олулбайт, ҷ.10, саҳ.353.
  16. Шаби Қадр мавҳибате Илоҳӣ махсуси мусулмонон/Вижагиҳои қалби моҳи рамазонро бишиносед, Хабаргузории Форс
  17. Шайхи Тӯсӣ, ат-Таҳзиб, 1365ҳ.ш., ҷ.4, ҳадиси 101, саҳ.331.
  18. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.19.
  19. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.479; Кӯфӣ, тафсири Фурот ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.581; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.97.
  20. Кӯфӣ, Тафсири Фуроти ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.581.
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.330; Шокир, “Шабе бартар аз ҳазор моҳ”, саҳ.50.
  22. Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.10, саҳ.384; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.786; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.330; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.182.
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.182.
  24. Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.10, саҳ.384; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.786; Ансорӣ, “Нузули иҷмолии Қуръон”, саҳ.227.
  25. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.160.
  26. Аш-шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, чопи Олулбайт, ҷ.10, саҳ.353.
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.331.
  28. Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.315 ва 316.
  29. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.94, саҳ.17.
  30. Кошонӣ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин, 1340ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.308.
  31. Сураи Қадр, ояти 4.
  32. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.46, саҳ.272.
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.14.
  34. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.71–72.
  35. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.331; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.190.
  36. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, чопи Олулбайт, ҷ.10, саҳ.356.
  37. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.190.
  38. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.334.
  39. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.334; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.188.
  40. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.334.
  41. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.786.
  42. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.381.
  43. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.334.
  44. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., саҳ.519.
  45. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, китобфурӯшии Исломӣ, ҷ.10, саҳ.306.
  46. Барои намуна ниг.: Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160.
  47. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.381.
  48. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.159 ва 160.
  49. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1344ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.274 ба нақл аз Ифтихорӣ, “Дуо ва шаби Қадр аз манзари Мӯсо Садр”, саҳ.17.
  50. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160.
  51. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.3-5
  52. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.156; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160.
  53. Маҷлисӣ, Лавомеъи Соҳибқиронӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.599.
  54. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.571.
  55. Таботабоӣ, тафсири ал-Мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.334.
  56. Қосимӣ, тафсири ал-Қосимӣ, бе то, ҷ.17, саҳ.217.
  57. Ибни ал-Мифтоҳ, Шарҳ-ул-азҳор, бе то, ҷ.1, саҳ.57.
  58. Ибни ал-Мифтоҳ, Шарҳ-ул-азҳор, бе то, ҷ.1, саҳ.57.
  59. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.786.
  60. Шайхи Тӯсӣ, ат-Таҳзиб, 1365ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.85.
  61. Мухторӣ, Руъяти ҳилол, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.2972.
  62. Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.103.
  63. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1375ҳ.ш., саҳ.192.
  64. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.95, саҳ.145, ба нақл аз: Турбатӣ, “Ҳамроҳ бо маъсумон дар шаби Қадр”, саҳ.33.
  65. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.94, саҳ.9–10, ба нақл аз: Шокир, “Шабе бартар аз ҳазор моҳ”, саҳ.52.
  66. Мустадрак-ул-васоил, ҷ.7, саҳ.470, ба нақл аз: Турбатӣ, “Ҳамроҳ бо маъсумон дар шаби Қадр”, саҳ.34.
  67. Турбатӣ, “Ҳамроҳ бо маъсумон дар шаби Қадр”, саҳ.32.
  68. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.4.
  69. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, муассисат-ул-беъса, 1417ҳ.қ., саҳ.747
  70. Мубаллиғон ва муфассирон вазифа доранд ба шубаҳот посухи олимона ва муқтадирона бидиҳанд, сомонаи Исро
  71. Амин, Аъён-уш-шиа, таҳқиқ: Ҳасан Амин, ҷ.4, саҳ.290
  72. Макорими Шерозӣ, Мафотеҳи навин, 1385ҳ.ш., аъмоли моҳҳо, зайли аъмоли муштараки шабҳои Қадр, саҳ.759.
  73. Макорими Шерозӣ, Мафотеҳи навин, 1385ҳ.ш., аъмоли моҳҳо, зайли аъмоли махсуси шабҳои Қадр, саҳ.762.
  74. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.21.
  75. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.22.
  76. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.22.
  77. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.19.
  78. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.21.
  79. Куллиёти Саъдӣ, Гулистон, 1387ҳ.ш., боби ҳаштум дар одоби суҳбат, саҳ.100.
  80. Куллиёти Саъдӣ, 1387ҳ.ш., мавоъиз, ғазали 9, саҳ.604.
  81. Девони Ҳофиз, 1386ҳ.ш., ғазали шумораи 206, саҳ.164.
  82. Девони Носири Хисрав, 1357ҳ.ш., қасоид, саҳ.141.
  83. Девони Авҳадӣ, 1340ҳ.ш., ғазали 231.
  84. Девони Ҳофиз, 1386ҳ.ш., ғазали шумораи 206, саҳ.164.
  85. Девони Ҳофиз, ғазали шумораи 183.
  86. «Китобшиносии шабҳои Қадр», вебгоҳи потуқи китоби фардо; «Китобшносии осори мунташиршуда дар бораи шабҳои Қадр дар як даҳаи ахир дар Қум», хабаргузории китоби Эрон.
  87. Нигоҳ кунед ба: «Китобшиносии шабҳои Қадр», вебгоҳи потуқи китоби фардо; «Ҷустуҷӯи китоб: шаби Қадр», шабакаи ҷомеъи китоби гесум.

Ёддошт

  1. فَغُرة الشهور شهر رمضان، وقلب شهر رمضان لیلة القدر
  2. فِیهَا یُفْرَقُ کُلُّ أَمْرٍ حَکِیمٍ , тарҷума: дар он шаб (шаби мубораки Қадр, шаби нузули Қуръон) ҳар амри устуворе (бо ҳикмат ва тадбири низоми аҳсан) муайян ва мумтоз мегардад.
  3. عن ابی جعفر (ع) أنه قال: یا معشر الشیعة خاصموا بسورة إنا أنزلناه فی لیلة القدر تفلجوا، فوالله إنها لحجة الله تبارک وتعالی علی الخلق بعد رسول الله…, Имом Боқир (а): "эй гуруҳи шиаён! ба василаи сураи Қадр бо мухолифон мунозира кунед, то ғолиб шавед. Ба Худо савганд, он сура баъд аз Пайғамбари Акрам (с) ҳуҷҷати Худованди Таборака ва Таъоло бар бандагон аст ва он бузурги дин (санади дин)-и шумо ва ниҳояти илми мост!"

Сарчашма

  • ‎Қуръони Карим ‎
  • «Китобшиносии осори мунташиршуда дар бораи шабҳои Қадр дар як даҳаи ахир дар Қум», ‎хабаргузории китоби Эрон, таърихи дарҷи матлаб: 4 хурдоди 1398ҳ.ш., санаи боздид: 21 ‎фарвардини 1402ҳ.ш. ‎
  • «Китобшиносии шабҳои Қадр», вебгоҳи потуқи китоби фардо, таърихи дарҷи матлаб: 14 тири ‎‎1394ҳ.ш., таърихи боздид: 21 фарвардини 1402ҳ.ш. ‎
  • «Ҷустуҷӯи китоб: шаби Қадр», шабакаи ҷомеъи китоби гесуам, санаи боздид: 21 фарвардини ‎‎1402ҳ.ш. ‎
  • * Шаби Қадр мавҳибате Илоҳӣ махсуси мусулмонон/ Вижагиҳои қалби моҳи рамазонро бишиносед
  • ‎Авҳадии Мароғаӣ, Девони шеър, ба тасҳеҳи Саиди Нафисӣ, Теҳрон, интишороти Амиркабир, ‎‎1340ҳ.ш. ‎
  • ‎Ал-Қосимӣ, Муҳаммад Ҷамолиддин, тафсири ал-Қосимӣ, Бейрут, бе то. ‎
  • ‎Вафо, Ҷаъфар, «Шаби Қадр аз манзари Қуръон», дар маҷаллаи Ҳаблулматин (зиёфати осмонӣ), ‎№1, тобистони 1391ҳ.ш.‎
  • ‎Ибни ал-Мифтоҳ, Абдуллоҳ, Шарҳ-ул-азҳор, ал-Ҳиҷоз, Қоҳира, бе то. ‎
  • ‎Ифтихорӣ, Сайид Атоуллоҳ, “Дуо ва шаби Қадр аз манзари Мӯсо Садр”, дар маҷаллаи улуми ‎Қуръон ва ҳадис, №3, пойизи 1389ҳ.ш. ‎
  • ‎Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин, Теҳрон, илмӣ, 1340ҳ.ш. ‎
  • ‎Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади ‎Охундӣ, Теҳрон, Дорулкитобилисломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ. ‎
  • ‎Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули кофӣ, тарҷумаи Муҳаммадбоқири Камараӣ, Қум, усва, ‎‎1375ҳ.ш. ‎
  • ‎Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, тафсири Фуроти Кӯфӣ, таҳқиқи Муҳаммади Козим, Теҳрон, ‎Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ. ‎
  • ‎Қадамёрӣ, Карамалӣ, «Шаби Қадри ғазалиёти Ҳофиз», дар маҷаллаи матнпажӯҳии адабӣ, ‎№17, баҳор ва тобистони 1382ҳ.ш. ‎
  • ‎Қубодиёнӣ, Носири Хисрав, Девони шеър, ба тасҳеҳи Муҷтабо Минавӣ, Теҳрон, муассисаи ‎мутолиоти исломӣ, 1357ҳ.ш. ‎
  • ‎Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, Қум, интишороти мадрисаи Алӣ ибни Абитолиб, ‎‎1427ҳ.қ. ‎
  • ‎Макорими Шерозӣ, Носир, Мафотиҳ-ул-ҷанони навин, Қум, нашри мадрисаи Алӣ ибни ‎Абитолиб, 1385ҳ.ш. ‎
  • ‎Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1375ҳ.ш. ‎
  • ‎Масъудӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, «Шаби Қадр», дар маҷаллаи Улуми ҳадис, №35 ва 36, баҳор ‎ва тобистони 1384ҳ.ш. ‎
  • ‎Матлабӣ, Масъуд ва Маҷиди Содиқӣ, «Шаби Қадр дар нигоҳи муффасирон», дар маҷаллаи ‎Улуми Қуръон ва ҳадис, шумораи 39, тобистони 1390ҳ.ш. ‎
  • ‎Маҷидии Хомана, Фарида, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, дар маҷаллаи Гулистони Қуръон, №37, озари 1379ҳ.ш. ‎
  • ‎Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дорул эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ. ‎
  • ‎Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул, Теҳрон, ‎Дорулкутубилисломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ. ‎
  • ‎Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Лавомеъи Соҳибқиронӣ машҳур ба шарҳи фақиҳ, Қум, муассисаи ‎Исмоилиён, чопи дувум, 1404ҳ.қ. ‎
  • ‎Мухторӣ, Ризо ва Муҳсини Содиқӣ, Руъяти ҳилол, Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, ‎‎1426ҳ.қ. ‎
  • ‎Обидинизода, Аҳмад, «Имом ва шаби Қадр», дар маҷаллаи улуми Қуръон ва ҳадис, №‎‎82, тобистони 1389ҳ.ш. ‎
  • ‎Обидинизода, Аҳмад, «Имтиёзот ва одоби шаби Қадр», дар маҷаллаи Фиқҳ ва усул, №131, мурдод ва шаҳривари 1389ҳ.ш. ‎
  • ‎Сайиднажод, Разӣ, «Бозхонӣ ва нигоҳии дубора ба фазоил ва вижагиҳои шаби Қадр», дар ‎маҷаллаи Паём, №118, баҳори 1395ҳ.ш. ‎
  • ‎Саъдӣ, Муслеҳиддин, Куллиёти Саъдӣ, тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Теҳрон, нашри порса, ‎‎1387ҳ.ш. ‎
  • ‎Суютӣ, Ҷалолиддин Абдурраҳмон ибни Абубакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, ‎Бейрут, Дорулфикр, 1420ҳ.қ. ‎
  • ‎Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, ‎‎1372ҳ.ш. ‎
  • ‎Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи ал-‎аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ. ‎
  • ‎Ҳофизи Шерозӣ, Шамсиддин, Девони Ҳофиз, ба иҳтимоми Муҳаммади Қазвинӣ ва доктор ‎Қосим Ғанӣ, Қум, нашри Кӯма, 1386ҳ.ш. ‎
  • ‎Ҳувайзӣ, Алӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, 1415ҳ.қ.‎
  • ‎Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи ‎мударрисин, 1362ҳ.ш. ‎
  • ‎Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари ‎Ғаффорӣ, Қум, интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ. ‎
  • ‎Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, интишороти исломии вобаста ба ‎ҷомеъаи мударрисин, 1379ҳ.ш. ‎
  • ‎Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Таҳзиб, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1365ҳ.ш. ‎
  • ‎Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору ‎эҳёилтуросилъарабӣ, бе то. ‎
  • ‎Шокир, Абулқосим, “Шабе бартар аз ҳазор моҳ”, дар маҷаллаи Мураббиён, №36, ‎тобистони 1389ҳ.ш. ‎