Нузули Қуръон

Аз wikishia

Нузули Қуръон фиристода шудани оёти Қуръон аз тариқи ваҳй бар ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Истифода аз вожаи нузул дар маънои моддии онро дар бораи Қуръон саҳеҳ надонистаанд, ба ҳамин далел андешмандони Исломӣ вожаҳои нузули рӯҳонӣ, нузули ҳақиқӣ ва нузули мақомиро дар бораи Қуръон ба кор бурдаанд.

Дар оёти Қуръон аз вожаҳое монанди «анзално», «наззално», «авҳайно», «санулқӣ», «сануқриука», «натлуҳо» ва «ратталноҳу» барои ишора ба нузули Қуръон истифода шудааст. Муффасирон зайли оёте, ки ба масъалаи нузули Қуръон пардохта, мавориде аз ҷумла ғафлатзудоӣ, табйини ҳақ аз ботил, тафаккур, шифобахшӣ, тақво, доварӣ ба ҳақ, ҳокимияти қавонини Худо, барпояи ҷомеаи одилона ва берун бурдани мардум аз торикиҳо ба самти нурро ба унвони аҳдофи нузули Қуръон шиносоӣ кардаанд.

Суъуди малакутии рӯҳи Пайғамбар (с) аз олами зоҳир ба олами ботин ва нузули фариштаи ваҳй аз олами ботин ба олами зоҳир бо табдил ба ҳолати башарӣ, ду навъ иртиботи Пайғамбар (с) бо олами қудси рубубӣ ҷиҳати дарёфти Қуръон аст. Дар бораи ҳамзамонии нузули Қуръон бо беъсати ҳазрати Муҳаммад (с) ё таъхири нузули Қуръон аз ибтидои беъсат чанд дидгоҳ ироа шуда, ки таъхири се солаи нузули Қуръон аз замони беъсат ва ҳамзамонии беъсат ва нузули Қуръон дар моҳи Рамазон аз ҷумлаи ин дидгоҳҳо аст.

Нузули Қуръон дар ду марҳалаи дафъӣ ва тадриҷӣ ё нузули он сирфан ба сурати тадриҷӣ аз мабоҳиси мавриди ихтилоф дар улуми Қуръонӣ аст; муҳаққиқоне ҳамчун Муҳаммадҳодии Маърифат фақат ба нузули тадриҷии Қуръон бовар доранд, вале дар муқобил, афроде чун Аллома Таботабоӣ қоил ба ду нузули тадриҷӣ ва нузули дафъӣ барои Қуръон ҳастанд.

Мафҳумшиносӣ

Нузулро ба маънои фуруд омадани чизе аз боло ба поён таъриф карда ва мурод аз нузули Қуръонро фиристодани оёти Қуръон тавассути ваҳй бар Пайғамбари Ислом (с) донистаанд.

Истифода аз вожаи нузул ба маъонии луғавӣ ё моддии онро дар бораи Қуръон дуруст намедонанд; зеро Қуръон ҷисм нест, ки аз як макони боло ба маконе поёнтар ҳаракат кунад, балки мабдаи нузули он мақоми қудси Рубубӣ аст, ки муназзаҳ аз макону ҷисм аст ва маҳали нузули он ҳам тибқи оёти 194 ва 195 сураи Шуаро, “«نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ *عَلَىٰ قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنذِرِ‌ينَ»”[lower-alpha 1], қалби Пайғамбар будааст. Тибқи ин назар мурод аз нузули Қуръон, зуҳури ваҳй бар Пайғамбар (с) аст ва чун он ҳазрат ваҳйро аз ҷониби Худованд дарёфт мекарда, тибқи урфи аҳли забон ба нузул таъбир шудааст. Ба ҳамин далел бархе аз боби ташбиҳи маъқул ба маҳсус истифода аз вожаи нузул дар бораи Қуръонро ба маънои маҷозии он дурусту саҳеҳ донистаанд.

Нузули рӯҳонӣ, нузули мақомӣ ва нузули ҳақиқӣ таъбирҳое аст, ки андешмандони исломӣ барои ишора ба нузули Қуръон аз онҳо истифода кардаанд. Ҳасани Мустафавӣ дар китоби ат-Таҳқиқ фӣ калимот-ил-Қуръон аз таъбири нузули рӯҳонӣ барои ишора ба нузули Қуръон тавассути Ҷабраил бар қалби Пайғамбар истифода кардааст. Аллома Таботабоӣ бо ишора ба улувви мақоми Худо ва поён будани мақоми бандагон, таъбири нузули мақомиро дар бораи нузули оёти Қуръон ё авомир ва навоҳии Худованд ба сӯи бандагон ба кор мебарад. Мисбоҳи Яздӣ низ дар муқобили ду вожаи нузули моддӣ ва нузули эътиборӣ аз вожаи нузули ҳақиқӣ дар бораи Қуръон истифода мекунад. Тибқи ин назар дар умури ҳақиқии ғайриҳиссие, монанди Қуръон, ки аз мақоми илми Илоҳӣ ба марҳалаи алфоз ва мафоҳими башарӣ таназзул ёфта, истифода аз таъбири нузули ҳақиқӣ муносиб хоҳад буд.

Чигунагии нузули Қуръон

Андешмандони исломӣ дар бораи чигунагӣ ё кайфияти нузули Қуръон бар ҳазрати Муҳаммад (с) (бо тавваҷуҳ ба нузули Қуръон аз олами қудсӣ ва мовароии дорои басотату таҷарруд бар Пайғамбар (с) ки дар ҳаёти моддӣ ҳузур дошт) ва навъи иртиботи он ҳазрат бо олами ғайб ду ҳолат зикр кардаанд: 1. Суъуди малакутии рӯҳи Пайғамбар аз олами зоҳир ба олами ботин; 2. Нузули фиришта аз олами ботин ба олами зоҳир бо табдил ба ҳолати башарӣ.

Муллосадро - файласуфи шиаи қарни ёздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ, дар бораи кайфияти нузули Қуръон дар китоби «Мафотиҳ-ул-ғайб»-и худ бар ин бовар аст, ки вақте рӯҳи Пайғамбар (с) ба олами ваҳйи раббонӣ суъуд мекунад, каломи Худоро ё аз мақоми «қоба қавсайни ав адно» дарёфт мекунад ва ё садои қалам ва илқои каломи малоикаро мешунавад. Ӯ дар бораи навъи дуввуми иртиботи Пайғамбар (с) бо олами ваҳй низ муътақид аст; ҳангоми ваҳй, фариштаи ваҳй чеҳраи маҳсус барои Пайғамбар (с) пайдо мекунад, то тоби таҳаммули мушоҳидаи онро дошта бошад ва фаришта, чеҳрае ғайри чеҳари воқеии худ хоҳад дошт.

Ҳолоти Пайғамбар (с) ҳангоми нузули Қуръон

Ҳангоми нузули Қуръон ҳолатҳои хоссе бар Расули Худо (с) эҷод мешуд, чунончи дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омадааст вақте Қуръон бар Пайғамбар (с) нозил мешуд, агар Ҷабраил восита буд, он ҳазрат мефармуд: «Ин Ҷабраил аст, ки чунин мегӯяд» ва агар ваҳйи мустақим аз сӯи Худо бар он ҳазрат нозил мегашт ба далели сангинии ваҳй, ҳолати беҳушӣ бар Пайғамбар ориз мешуд. Аллома Теҳронӣ мегӯяд: аз оёти Қуръон[lower-alpha 2] метавон фаҳмид, ки: дар бархе аз авқот, оёти Қуръон мустақиман аз ҷониби Худованд ба Расули Акрам (с) ваҳй мешудааст, ва дар бархе аз авқот тавассути рӯҳ, ки аз фариштагон азимтар аст, ва дар бархе тавассути Ҷабраил, ки азимтарин малак аз малоикаи самовӣ (фариштагони осмонӣ) аст; ва дар бархе аз авқот тавассути фариштагони ваҳй, ки бисёр будаанд; ва дар таҳти маъмурияти Ҷабраил мебошанд; ваҳй мешудааст... Ҷабраил малаки муқарраби Худо ва аъзами аз ҳамаи малоика аст, ки илми ҳазрати Ҳақ дар ӯ таҷаллӣ мекунад; ва аз ӯ дар тариқаи ваҳй ба фариштагони поёнтару кучактар, ки теъдодашон бисёр аст, таҷаллӣ ва зуҳур мекунад; ва аз онҳо ба Пайғамбари Акрам (с) зуҳур ва таҷаллӣ менамоянд... Ҳамеша ва пайваста ваҳйе, ки ба Расули Акрам мешуд, аз Худованд ба воситаи Ҷабраил, ба воситаи "сафаратин киромин барара" (фиристодагон ва сафирони гиромию некӯсират) буда ва ҳамааш ваҳйи Худост; чун дар олами вуҷуд ғайр аз Худо чизе нест. Мунтаҳо ин ки гоҳе он ҳазрат чунон ғарқи анвори зоти Аҳадият буд, ки абадан Ҷабраилро, бо он вусъат ва вуҷуди малакутӣ, намедид; то чи расад ба фариштагони "сафаратин киромин барара"! Ва дар ин мавоқеъ Пайғамбари Акрам (с) мадҳушу беҳуш ба рӯи замин меафтоданд ва монанди одаме ки ҷонаш аз баданаш баромада ба шакли мурда, беҳиссу беҳаракат буданд; ранги чеҳраи он ҳазрат тағйир мекард; зарду сафед мешуд. Бадани он ҳазрат сангин мешуд, агар бар рӯи шутур ва ё ноқае буданд, онҳо сангин мешуданд ба ҳадде, ки аз сангинӣ шикамашон ба замин мерасид.

Аҳдофи нузули Қуръон

Муффасирон зери оёти дар бораи нузули Қуръон, ба баррасии аҳдофи Худо аз нузули Қуръон пардохтаанд; Ризоии Исфаҳонӣ дар тафсири Қуръони меҳр, ин аҳдофро дар се бахш тақсим мекунад: 1. Аҳдофи муқаддамотӣ аз ҷумла, ҳушдор ба ҷаҳониён, таъкид бар хирадварзӣ ва бишоратгарӣ; 2. Аҳдофи воситаӣ, аз ҷумлаи барпоии адолат ва шафоат; 3. Ҳадафи ниҳоӣ, ҳаракати мардум аз торикиҳо ба самти нур.

Дар тақсимбандии дигаре Мисбоҳи Яздӣ аҳдофи нузули Қуръонро ба ин наҳв тақсим кардааст: 1. Аҳдоф дар буъди биниш аз ҷумла, ғафлатзудоӣ, ёдоварии фаромӯшшудаҳо, ироаи бинишҳои саҳеҳ, табйини ҳақ аз ботил ва тафаккур; 2. Аҳдоф дар буъди гароиш, монанди панд додан, шифобахшӣ, тақво; 3. Аҳдоф дар буъди амал, ҳамчун шукргузорӣ, доварӣ ба ҳақ, тасбити муъминон, ҳокимияти қавонини Худо, барпоии ҷомеаи одилона ва берун бурдани мардум аз торикиҳо.

Оғоз ва муддати нузули Қуръон

Дар бораи ҳамзамонии нузули Қуръон бо беъсати ҳазрати Муҳаммад (с) ё таъхири нузули Қуръон аз ибтидои беъсат чанд дидгоҳ ироа шудааст:

  • Муҳаммадҳодии Маърифат - пажӯҳишгари улуми қуръонӣ, бо истинод ба ривоёте, аз ҷумла ривояти Имом Содиқ (а) дар китоби Кофӣ, бар ин бовар аст, нузули Қуръон баъд аз фатрате сесола аз ибтидои замони беъсат, шурӯъ шуд ва то охирин соли ҳаёти Пайғамбар (с) идома дошт. Ба назари ӯ дар се соли аввали беъсат, даъвати Пайғамбар ба таври сиррӣ буд ва ҳануз барои Ислом, китобе нозил нашуда буд, то он ки ояти 94 сураи Ҳиҷр ««فَاصْدَعْ بِما تُؤْمَرُ؛»; Пас, он чиро ба он маъмурӣ, ошкор кун!» нозил гардид ва Пайғамбар (с) даъвати алании худро оғоз кард ва нузули Қуръон низ оғоз шуд.
  • Ҳамзамонии беъсат ва нузули Қуръон дар моҳи Рамазон, назари дигаре аст, ки боваркунандагон ба он бо истинод ба ривоёт ва сухани муаррихон мегӯянд дар рӯзи ҳабдаҳум ё шаби Қадр, Ҷабраил бар Пайғамбар (с) нозил шуд, дар ҳоле ки ӯ чиҳилсола буд.
  • Иддае муътақиданд оғози беъсати набавӣ дар қолаби ваҳйи қуръонӣ набудааст ва нузули чанд оят дар моҳи Раҷаб бар Пайғамбар ба мафҳуми нузул Қуръон нест. Бар асоси ин назар Пайғамбар ду беъсат доштааст; беъсати аввал дар моҳи Раҷаб бе ваҳйи қуръонӣ ва беъсати дуввум тавъам бо дастур ба даъвати умумӣ ва нузули оёте аз Қуръон дар шаби Қадр дар моҳи Рамазон.

Нузули дафъӣ ва тадриҷӣ

Навишторҳои аслӣ: Нузули дафъӣ ва нузули тадриҷӣ

Нузули Қуръон дар ду марҳалаи дафъӣ ва тадриҷӣ ё нузули он сирфан ба сурати тадриҷӣ аз мабоҳиси мавриди ихтилоф дар улуми қуръонӣ аст. Дар ин бора чанд назар ироа шудааст:

  • Муффасирон ва андешмандоне, чун Аллома Таботабоӣ, Ибни Арабӣ ва Ҷаводии Омулӣ, бар ин боваранд, ки Қуръон дар ду марҳалаи дафъӣ ва тадриҷӣ нозил шудааст. Бар асоси ин назар, нузули Қуръон ба сурати зоҳирӣ ва дар қолаби алфоз ба воситаи Ҷабраил дар тӯли муддати набуввати Пайғамбар (с) сурат гирифтааст, вале қабл аз ин марҳала ҳақиқат, ботин ва таъвили Қуръон ва ба иборате Уммулкитоб бевосита аз сӯи Худованд бар қалби Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ба бовари Ҷаводии Омулӣ дарёфти ботин ва таъвили Қуръон барои Пайғамбари Худо (с) бидуни тараққӣ ба олами ғайб мумкин нест ва нузули дафъии Қуръон ҷанбаи фавқи нузули тадриҷӣ дорад.
  • Шайх Садуқ аз уламои мутақаддими шиа муътақид аст кулли Қуръон дар шаби Қадр дар Байтулмаъмур ба вадиъа ниҳода шуд ва аз он ҷо дар тӯли муддати набуввати Пайғамбар (с) бар асоси шароити маконию замонӣ ба тадриҷ бар Пайғамбари Ислом (с) нозил гардид. Ба нақли Суютӣ ин назар дар миёни андешмандони мутааддиде аз аҳли суннат, саҳиҳ дониста шуда ва ба бовари онҳо Қуръон дар шаби Қадр ба Байтулмаъмур дар осмони чаҳорум ё Байтулъиззат дар осмони аввал нозил шудааст ва аз он ҷо дар тӯли муддати набуввати Пайғамбар (с) нозил шуд. Бархе муҳаққиқини ҳавзаи улуми Қуръон бо тазъифи мустанадоти ин назар, аз ҷумла санади ривоёт, бар ин боваранд нузули дафъии Қуръон дар шаби Қадр ба Байтулмаъмур комилан сохтаи зеҳни саҳоба аст ва Қуръон чунин нузуле надоштааст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

Ёддошт:

  1. Рӯҳуламин он(Қуръон)-ро нозил кардааст бар қалби (поки) ту, то аз инзоркунандагон бошӣ!
  2. Монанди оёти 11 то 16 сураи Абаса

Сарчашма