Дуои шонздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои шонздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای شانزدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки ҳангоми дархости афву мағфирати Илоҳӣ онро мехонд. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо, Худо ва авсофашро муаррифӣ мекунад ва костиҳои худаш дар баробари Парвардигорро мешуморад. Ҳамчунин ба сабқат гирифтани раҳмати Илоҳӣ бар ғазабаш ва бурдбории Худо дар муохизаи бандагон ишора кардааст. Дар ин дуо ҷаҳл решаи гуноҳ муаррифӣ шуда ва бо тавассул ба асмои Илоҳӣ барои рафъи гирифторӣ ва омурзиши гуноҳон аз Худо дархости ёрӣ мешавад.
Дуои шонздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои шонздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия, дуо барои талаби афву омурзиши гуноҳон аст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо барои ҷалби раҳмати Илоҳӣ, бештар аз фақри зотии банда ва бениёзии мутлақу фазлу карами Худованд сухан мегӯяд.[1] Омӯзаҳои дуои шонздаҳум дар 34 фароз[2] ба шарҳи зайл аст:
- Умедвории гунаҳкорон ба раҳмати Илоҳӣ;
- Тавассул ба исму сифате аз асмои Илоҳӣ, ки мутаносиб барои рафъи гирифторӣ бошад;
- Паноҳи бечорагон ба ёдоварии эҳсони Илоҳӣ;
- Гиряи хатокорон аз бими азоби Илоҳӣ;
- Вусъати раҳмату илми Илоҳӣ бар ҳамаи чиз;
- Саҳму насиби офаридаҳо аз неъматҳои Илоҳӣ;
- Бартарии афви Илоҳӣ бар кайфараш (сабқат гирифтани раҳмат бар ғазабаш);
- Пешӣ гирифтани атои Худо бар маҳрум карданаш;
- Интизори подош надоштани Худо аз бандагон дар ивази неъматҳо;
- Риояти адолат дар кайфарҳои Илоҳӣ;
- Дастури Худо ба дуо ва зарурати пазириши дастурҳои Ӯ;
- Эътироф ба гуноҳон;
- Ҷаҳл решаи исён;
- Дархост кардан бо ниҳояти хузуъ ва ишора ба ниёзмандии инсон;
- Дархост аз Худо барои лутфу раҳмат;
- Меҳру раҳмати Илоҳӣ дар баробари дуову гиря ва таваккули бандагонаш;
- Рафтори Худованд бо тавбакунандагон;
- Тарс аз Худо;
- Шармсорӣ ба даргоҳи Илоҳӣ ба далели бешумор будани айбҳои инсонҳо;
- Таъсири гуноҳон дар маҳрумият аз муноҷоту розу ниёз;
- Эътироф ба пардапӯшӣ ва сатторияти Худованд;
- Шукри Худо ба хотири ҳифзи обрӯ;
- Гароиши инсон ба бадиҳо ва нодонии ӯ нисбат ба салоҳу хайри худ;
- Яқин доштан ба биҳишт ва ҷаҳаннам;
- Эътироф ба гуноҳон дар пешгоҳи Худо;
- Биҳишт саранҷоми даъвати Худо ва дӯзах саранҷоми даъвати шайтон;
- Бурдбории Худо дар муохизаи бандагон;
- Бузург дидани гуноҳон бар даргоҳи Илоҳӣ;
- Бахшиши гуноҳон аз рӯи фазли Илоҳӣ на истеҳқоқи бандагон;
- Дархости чашидани ширинии омурзиш;
- Дархости раҳоӣ аз азоб ва дӯзах бо афви раҳмати Илоҳӣ;
- Таҳорату покӣ ба сабаби тавба;
- Худо ҳарчи бихоҳад анҷом медиҳад.[3]
Шарҳҳо
Дуои шонздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои шонздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.80
- ↑ ترجمه و شرح دعای شانزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.373 - 480; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.80-115
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.373 - 480
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.80-115
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.125-155
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.101-170
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.209-226
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.193-211
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.361 - 388
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.41-43
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.96-102
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای شانزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.