Дуои сеюми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои сеюми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки ба дуруд бар ҳомилони арш ва тамоми фариштагони Илоҳӣ ва баёни вижагиҳо ва аснофи онон пардохтааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо бар хастагинопазирӣ ва суст нашудани фариштагон дар тасбеҳи Худованд, хузуъ ва хушуъи онон дар баробари Худо ва кӯтоҳӣ накардани онон дар анҷоми дастурати Илоҳӣ ишора карда ва ононро ҳомилони ваҳйу дуруд фиристандагон бар биҳиштиён муаррифӣ кардааст.
Дуои сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликина фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои сеюми Саҳифаи саҷҷодия дар баёни вижагиҳои фариштагони Илоҳӣ, ҷойгоҳи онон дар назди Худо, гурӯҳҳои фариштагон ва дуруд бар онҳост. Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Хастагинопазирӣ ва суст нашудани фариштагони ҳомили арш аз тасбеҳ, тақдис ва ибодати Худо;
- Кӯтоҳӣ накардани фариштагон дар иҷрои фармонҳои Худо ва муназзаҳ будан аз ғафлат;
- Бедор шудани мурдагон бо дамидани Исрофил дар сур;
- Ҷойгоҳи волои Микоил дар даргоҳи Илоҳӣ;
- Ҷабраил, амини ваҳй ва аз фариштагони муқарраби Илоҳӣ;
- Рӯҳуламин фармонравои фариштагони пардадори ҳарими иззату кибриёии Худованд;
- Шаҳвату ғафлат надоштани фариштагон;
- Хузуъу хушуъи фариштагон дар баробари азимати Илоҳӣ ва эътирофи онон ба кӯтоҳӣ дар бандагии Худо;
- Фариштагон, ҳомилони ваҳй ба сӯи паёмбарон;
- Дуруд бар фариштагоне, ки ба аҳли биҳишт дуруду салом нисор мекунанд;
- Баёни гурӯҳҳои фариштагон: фариштагони махсуси Худо, фариштагони гумошташуда дар атрофи осмонҳо, хазонадорони борон, ҳаракатдиҳандагони абр, хазонадорони бод, фариштагони кӯҳҳо, фариштагони ҳофизи аъмоли мардум ва нависандаи онҳо, маликулмавту дастёронаш, накиру мункар ва фириштаи озмоишкунандаи мурдагон дар гӯр (румон), тавофкунандагони байтулмаъмур, молику хозинони дӯзах, ризвону хидматгузорони биҳишт, фариштагони маъмур дар дӯзах, фариштагоне ки ном наёвардему кору маъмурияташонро намедонем, фариштагони ҳамроҳи инсон (соиқу шаҳид) ва...
- Дуруди Худованд бар фариштагон, ки мояи таҳорат ва кароматашон шавад.[1]
Шарҳҳо
Дуои сеюми Саҳифаи саҷҷодия дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия монанди Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[2] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[3] Асрори хомӯшон навиштаи Муҳаммадтақии Халаҷӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои сеюми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликина фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва кутуби дигар аз ҷумлаи Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Калимоту вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди китоби Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ,[10] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.19 - 149; Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131 - 235
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.19 - 149
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.289 - 317
- ↑ Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131 - 234
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.205 - 250
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5 - 80
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.83 - 93
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.65 - 82
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69 - 96
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.22 - 26
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1373ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-мулк, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- Халаҷӣ, Муҳаммадтақӣ, Асрори хомӯшон, Қум, Партави хуршед, 1383ҳ.ш.