Дуои сенздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои сенздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سیزدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар бораи ниёзмандии инсон ба Худо ва бениёзии Худованд аст. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо ба неъматҳои бешумори Худо ва тағирнопазир будани ҳикмати Илоҳӣ низ ишора кардааст. Дар ин дуо маҳрумияту ноумедӣ, фарҷоми дархост аз ғайрихудо ва гуноҳ аз омилҳои дурӣ аз даргоҳи Илоҳӣ дониста шудааст. Имом Саҷҷод (а) ҳамчунин дуо кардан дар саҷда ва салавот бар Пайғамбар (с) ва оли ӯро аз роҳҳои истиҷобати дуо муаррифӣ кардааст.
Дуои сенздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои сенздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия баёни ниёзи инсон ба Парвардигор ва ногузир будани ӯ аз бозгашт ба даргоҳи Худост. Дар ин дуо ҳамчунин ба нотавонии махлуқот дар баровардани ҳоҷатҳои худ пардохта сипас хостаҳои худро аз Худо талаб кардааст.[1] Омӯзаҳои дуои сенздаҳум, ки дар 25 фароз[2] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда, ба шарҳи зайл аст:
- Худо ниҳояти дархости дархосткунандагон аст;
- Таслими таквинии ҳамаи мавҷудот дар баробари қудрати Ҳақ;
- Бешумору беминнат будани неъматҳои Худо ба бандагон;
- Ройгон будани неъматҳои Илоҳӣ барои бандагонаш;
- Ниёзмандии махлуқот ба Худо ва бениёзии Худо аз махлуқот;
- Бениёз шудан ба василаи Худованд;
- Хазонаи бениҳояти Илоҳӣ;
- Худо ҳадафу мақсади ҳамаи ҳаракатҳо аст;
- Тағйир накардани ҳикматҳои Илоҳӣ;
- Камоли мутлақи Худованд;
- Ҳалли мушкилот фақат ба дасти Худованд аст;
- Ноумедӣ ва маҳрумият, фарҷоми дархост аз ғайри Худованд аст;
- Фақат аз Худо дархост кардан, ёрӣ хостан ва ба Ӯ хушгумон будан;
- Тавфиқу инояти Илоҳӣ сабаби дурӣ аз лағзишу гумроҳист;
- Умед аз рӯи имон ба Худо;
- Гуноҳ бузургтарин омили дурии инсон аз даргоҳи Илоҳист;
- Дархости фазли Илоҳӣ ба ҷои адли Илоҳӣ;
- Зорӣ ба даргоҳи Илоҳӣ;
- Дуо барои маҳрум нашудан аз лутфу раҳмати Илоҳӣ;
- Супурдани ҳамаи корҳо ба Худо;
- Салавот бар Пайғамбар (с) ва Оли Пайғамбар сабаби бароварда шудани ҳоҷатҳо мешавад;
- Оромиши инсон ба далели бахшишҳои Илоҳӣ;
- Маҳрумияту ноумедӣ, натиҷаи дархост аз бандагон;
- Дархост аз бандагон самараи васвос ва фиреби нафс аст;
- Хаста нашудани Худо аз дуои бандагон;
- Тавфиқи дуо дар сояи тақдири Илоҳӣ;
- Дуо дар саҷда.[3]
Шарҳҳо
Дуои сенздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои сенздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[11]
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.562
- ↑ ترجمه و شرح دعای سیزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.165 - 218; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.562-608
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.165 - 218
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.562-608
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.69-92
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.3-41
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.183-190
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.159 - 169
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317 - 332
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.37 - 38
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای سیزدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.