Дуои панҷуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои панҷуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای پنجم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки ба дуо барои худ, хешон ва дӯстон ҷиҳати устуворӣ дар сироти мустақим ва дархости неъмат, ҳидоят, тақарруби Илоҳӣ ва амният пардохтааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ҳамчунин бар шигифтиҳои бепоёни офариниш, осори дил бастан ба раҳмати Илоҳӣ, тавваҷуҳ ба неъматҳои Илоҳӣ ва бениҳоят будани фармонравоии Худо ишора кардааст.
Дуои панҷум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои панҷуми Саҳифаи саҷҷодия дуо барои худ, хешон ва дӯстон ҷиҳати устуворӣ дар сироти мустақим ва бандагии Худованд ва ҳамчунин талаби неъмат, ҳидоят ва амният аст. Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Шигифтиҳои бепоёни офариниш аз нишонаҳои азамати Худованд аст;
- Бениҳоят будани фармонравоии Худо;
- Дуо барои озодӣ аз хории дунёву азоби охират;
- Дархости раҳмат аз Худое, ки раҳматаш фанонопазир аст;
- Дархости тақарруби Илоҳӣ;
- Дархости каромати инсонӣ аз Худованди бузургмартаба;
- Дархости расво нашудан аз Худое, ки ба ҳамаи асрору ботини инсонҳо огоҳ аст;
- Осори дил бастан ба раҳмати Илоҳӣ: (бениёзӣ аз ғайру надоштани тарси гусастан аз дигарон);
- Паноҳ бурдан ба тадбири Худо аз кайди душманон ва дар амон мондан аз ҳаводиси рӯзгор;
- Дархости эминӣ аз шарри домҳои шайтон;
- Дархости неъмати ҳифз ва ҳидояти Илоҳӣ;
- Дархости саломати дил ва осоиши бадан ва гӯёии забон бо ёди Ҳақ ва шукри неъматҳо;
- Паноҳи бурдан ба ёрӣ ва ҳидояти Худо аз шарри ҳар қудрати хоркунандаву гумроҳкунанда;
- Дархости иззату атои Илоҳӣ;
- Тавваҷуҳ ба азамату неъматҳои Илоҳӣ;
- Азамати мақоми даъваткунандагони Илоҳӣ (ин ки даъваткунандагон ба сӯи Худо мехонанд, на хештан).[1]
Шарҳҳо
Дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия, дуои панҷум дар зимни фарозҳое шарҳ дода шудааст. Ин дуо дар китобҳои Диёри ошиқон, асари Ҳусайни Ансориён,[2] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[3] ва Асрори хомӯшон навиштаи Муҳаммадтақии Халаҷӣ[4] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои панҷуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[5] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[6] ва бархе кутуби дигар аз ҷумлаи Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[7] ва Риёз-ус-соликина фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин асари Сайид Алихони Маданӣ[8] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ,[9] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.347 - 565; Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.299 - 536
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.347 - 565
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.337 - 356
- ↑ Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.299 - 536
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.107 - 118
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.97 - 103
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115 - 131
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135 - 173
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.29 - 30
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1373ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-мулк, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Халаҷӣ, Муҳаммадтақӣ, Асрори хомӯшон, Қум, Партави хуршед, 1383ҳ.ш.