Дуои бисту нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои бисту нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و نهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст, ки ба ҳангоми сахтии маишат ва талаби ризқу рӯзӣ аз Худо мехонд. Имом Зайнулъобидин (а) дар ин дуо ба озмоиши инсонҳо тавассути Худо ба василаи сахтии маишат ишора карда ва онро боиси бархе аз сӯизанҳо дар бораи маишат донистааст. Ҳамчунин дар ин дуо талоши беҷо барои ризқу рӯзиро сарзаниш карда ва аз байн бурдани парешониро бо яқин ба ваъдаи Худо дар таъмини рӯзӣ имконпазир медонад.

Дуои бисту нуҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Мавзуи аслии дуои бисту нуҳуми саҳифа, дуо ба ҳангоми тангдастӣ аст. Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар ин дуо Имом Саҷҷод (а) ба баёни дидгоҳи тавҳидӣ дар таъмини рӯзӣ ишора кардааст.[1] Омӯзаҳои ин дуо дар панҷ фароз[2] ба шарҳи зайл аст:

  • Озмоиши инсонҳо бо орзуҳои тӯлонӣ ва сахтии маишат;
  • Решаи сӯизанн (бадгумонӣ) ва орзуҳои тӯлонӣ ва паёмадҳои он ду;
  • Дил бастан ба соҳибони умри тӯлонӣ, натиҷаи сӯизанн ба раззоқяти Худованд;
  • Сахтии талаби рӯзӣ ба хотири надоштани яқин аст;
  • Дархосту яқину эътимод ба Худованд барои раҳо шудан аз ранҷи расидан ба рӯзӣ;
  • Талошҳои беҷо барои ризқу рӯзӣ;
  • Рӯзии шумо ва он чи ба шумо ваъда дода шуда, дар осмон аст;
  • Аз байн бурдани парешонӣ ва дилмашғӯлӣ барои рӯзӣ бо яқин ба рӯзидиҳанда;
  • Савганди Худо бар расондани рӯзӣ ба бандагон.[3]

Шарҳҳо

Дуои бисту нуҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия, аз ҷумла Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ,[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Ин дуо ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.529
  2. ترجمه و شرح دعای بیست و نهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.529-542
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.529-542
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.487-494
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.311-338
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.373-376
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.381-387
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.89-98
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.65-66
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.158-159

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای بیست و نهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.