Дуои чилу нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои чилу нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهل و نهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки барои дафъи кайду макри душманон онро мехонд. Дар ин дуо Худо паноҳгоҳи воқеии инсон дар муқобили душманон ва шайтон муаррифӣ шудааст. Ҳамчунин Имом Саҷҷод бартараф шудани ҳаводиси ногуворро ба дасти Худо донистааст.
Дуои чилу нуҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Дуои чилу нуҳум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия, ки Имом Саҷҷод (а) барои дар амон мондан аз кайду макри душманон онро мехонд.[1]
Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Ҳамду сипоси Худо ба далели айбпӯшии хатоҳо ва бахшиши кажравиҳои бандагон;
- Гуноҳ партгоҳ ба дарраҳои табоҳӣ ва нобудӣ;
- Худо паноҳгоҳи воқеии инсон;
- Наҷот аз азоби Илоҳӣ ба василаи тавҳид;
- Гурехтан аз кайфару азоби Худо ба сӯи раҳматаш;
- Инояти вижаи Худо ба бандагони солеҳ;
- Решакании ноумедӣ дар партави таълимоти Ислом;
- Худо бартарафкунандаи ҳаводиси ногувор;
- Паноҳ бар Худо аз шарри душманоне бо шамшерҳои кашида;
- Огоҳии Худо ба душманиҳои душманон;
- Наҷот аз шарри душманон ва нақшаҳояшон дар сояи раҳмати Худованд;
- Ёрӣ расондани Худо ба муъминон пеш аз дархости аз Ӯ;
- Паноҳ бурдан ба Худо аз риёкорӣ ва чоплусии баъзе аз душманон;
- Гирифтор шудани душманон дар домҳое ки барои муъминон паҳн мекунанд;
- Гирифтории ҳасудон дар андӯҳу ғусса ба хотири душманӣ бо муъминон;
- Дар амон будан аз тарсу ситами дигарон бо қарор гирифтан дар паноҳи раҳмати Худо;
- Таҳаққуқи гумонҳои нек ба Худо ва ҷуброни фақру тангдастӣ аз ҷониби Худо;
- Эътироф ба кӯтоҳӣ дар вазоифи бандагӣ бо фаровонии неъматҳои Илоҳӣ;
- Нофармонии бандагон бо вуҷуди фаровонии бахшишу алтофи Илоҳӣ;
- Сипоси Худо ба хотири шитоб накардан дар азоби бандагон;
- Иқрор ба хато аз намунаҳои адаб дар убудияти Худо;
- Худогоҳӣ омили наҷот аз ҳалокат;
- Маъюс шудан омили бурузи ноҳанҷориҳо;
- Зарурати душманшиносӣ
- Иқрор ба фаровонии неъматҳо ва кӯтоҳӣ кардан дар шукргузорӣ;
- Тақарруб ба Худо ва паноҳи бурдан аз шарри душманон дар партави мақоми ҳазрати Муҳаммад (с) ва вилояти ҳазрати Алӣ (а)
- Дархости роҳи расидан ба хушнӯдии Парвардигор дар партави раҳмату тавфиқ.[2]
Шарҳҳо
Дуои чилу нуҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[3] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[4] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои чилу нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[5] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[6] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[7] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[8] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[9] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[10] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.275
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.275 - 292; شرح فرازهای دعای چهل و نهم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.269 - 292
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.525 - 529
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.243 - 296
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.625 - 635
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.681 - 698
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573 - 591
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.99 - 101
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.278 - 284
Сарчашма
- Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای چهلم و نهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.