Дуои сию нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои сию нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و نهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсури нақлшуда аз Имом Саҷҷод (а) дар талаби афву раҳмати Илоҳӣ аст. Дар ин дуо аз Худо дархост шуда, ки решаҳои гуноҳро дар вуҷуд одамӣ бихушконад ва барои бахшиши касоне, ки ба инсон зулм кардаанд, дуо шудааст. Ҳамчунин аз Худо хоста шуда, ки агар ҳаққи касеро поймол карда, ки тавони бозпас гирифтани онро надорад, ӯро аз инсон розӣ кунад ва ҳаққашро адо намоянд. Дар ин дуо офариниши инсон нишонаи қудрати Худо дониста шудааст.
Дуои сию нуҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Имом Саҷҷод (а) дар дуои сию нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия дар садади ҷалби раҳмати Илоҳӣ аст. Имоми чорум дар ин дуо гузашт аз бадиҳои дигарон дар ҳаққи худро дастовези найл ба раҳмати Илоҳӣ қарор медиҳад ва аз Худо мехоҳад бо ӯ аз сари фазл ва на аз сари адл рафтор кунад ва ӯро афв намояд.[1]
Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Дархости дурӣ аз тамаъ дар маъсият;
- Дархости хушкондани решаҳои гуноҳ;
- Дархости дурӣ аз азияту озори муъминон ва мусулмонон;
- Дуо барои бахшиши касоне, ки ба инсон зулм кардаанд;
- Дархости афву раҳмати Илоҳӣ ба сабаби бахшиши дигарон;
- Тақарруб ба Худо бо гузашт аз дигарон;
- Афву гузашт ва нақши он дар таолии рӯҳии инсон;
- Сахтии таҳаммули мукофоти аъмоли бад;
- Дархости иҷро нашудани адолати Худованд дар қиёмат дар бораи инсон;
- Ҳалокати инсон дар сурати маҳрумият аз раҳмати Илоҳӣ;
- Дархости озодӣ аз иҷрои адолати Худованд дар партави эҳсони Ӯ;
- Бахшиш барои Худо сахт нест;
- Офариниши инсон нишонаи қудрати Худо;
- Сангинии бори гуноҳон бар дӯши инсон;
- Ситами инсон бар худ бо анҷоми гуноҳ;
- Дархости намуна шудан барои некбахатон;
- Эътироф ба сазовор будан барои азоб;
- Зарурати риояти эътидол дар хавфу раҷо ва парҳез аз ноумедӣ аз раҳмати Илоҳӣ ва ғурур;
- Сазовории азоби инсонҳо ба хотири анҷоми гуноҳон;
- Ноумедӣ аз худ ба хотири гуноҳони бисёр ва хубиҳои кам;
- Умеди гуноҳкорон ба бахшиши Илоҳӣ;
- Наҳй аз мағрур шудани сиддиқон ва ноумедии муҷримон;
- Танзиҳи Худо аз исмҳое, ки дигарон ба он хонда мешаванд.[2]
Шарҳҳо
Дуои сию нуҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои сию нуҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.263
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.263 - 277; شرح فرازهای دعای سی و نهم, Сайти Ирфон; Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.299 - 303
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.293 - 303
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.259 - 277
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.133 - 139
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.292 - 338
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.449 - 459
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.479 - 488
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273 - 290
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.75 - 76
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.195 - 199
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای سی و نهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.