Дуои сию чоруми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои сию чоруми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و چهارم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки ҳангоми гирифторӣ ё мушоҳидаи гирифторон ва расвошудагон дар асари гуноҳ мехонд. Дар ин дуо Худо ба хотири сатторулъуюб будан, ситоиш шудааст ва бар ибрат гирифтан аз пардапӯшии Худо ва тавба аз гуноҳон таъкид шудааст.
Дуои сию чорум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Дуои сию чорум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия, ки Имом Саҷҷод (а) ҳангоми гирифторӣ ё мушоҳидаи ҳоли гирифторону расвошдгон дар асари гуноҳ онро мехонд.[1] Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо, ҳар ҳодисае барои муъмин пандомӯз аст ва мушоҳидаи фарҷоми кори касоне, ки дучори паёмади кирдорҳои зишт шудаанд беш аз ҳар ҳодисаи дигаре ибратомӯз аст; зеро ин ҳаводис ҷилвае аз воқеияти мукофоти амал ва робитаи таквин бо ташреъ ва саҳнае аз қиёматро ба намоиш мегузорад.[2] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Ситоиши махсуси Худованд пӯшонандаи гуноҳон;
- Сатторулъуюб будани Худо мояи устувории ҷомеа;
- Эътироф ба гуноҳи худ ва пардапӯшии Худованд;
- Дархости тавба ва паймудани роҳи сутуда (бо кирдору гуфтори нек);
- Дархости эминӣ аз ғафлату вогузор шудан ба худ;
- Истифодаи баҷо аз сифати айбпӯшӣ аз ҷониби Худо;
- Ибрат гирифтан аз пардапӯшии Худо;
- Тавба аз гуноҳон;
- Шавқ ба Худо ва паноҳ бурдан ба Худо аз ғафлат;
- Дуруди Худо бар нобтарин мардум - Муҳаммад (с) ва Аҳли Байташ;
- Зарурати фармонбардорӣ аз дастуроти Муҳаммад (с) ва Оли Муҳаммад (а).[3]
Шарҳҳо
Дуои сию чорум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои сию чоруми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.425
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.173
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.171 - 179; شرح فرازهای دعای سی و چهارم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.171 - 179
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.81 - 83
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.158 - 173
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.425 - 426
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.449 - 452
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.203 - 208
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.72
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.182 - 183
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای سی و چهارم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.