Дуои бисту якуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои бисту якуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و یکم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои Имом Саҷҷод (а) ки ҳангоми ҳузну андӯҳ хонда мешавад. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба баёни дарсҳое аз тавҳиди афъолӣ мепардозад ва Худоро танҳо муассир дар вуҷуд муаррифӣ мекунад. Ба бовари Имом Саҷҷод (а) танҳо минтақаи амн барои инсон, раҳмати Илоҳист. Ҳамчунин Худо танҳо роҳи расидан ба орзуҳост. Имоми чорум аз инсонҳо мехоҳад, ки ҳангоми таъхир дар истиҷобати дуо аз Худо ноумед нашаванд. Ӯ фармонпазириро роҳи расидан ба дараҷоти қурби Илоҳӣ медонад.
Дуои бисту якум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Дуои бисту якуми Саҳифаи саҷҷодия, дуо ба ҳангоми андӯҳҳои ҳосил аз гирифториҳо ва рухдодҳо ва ҳузни ҳосил аз гуноҳону хатоҳо ва ғафлатҳо аст.[1] Омӯзаҳои ин дуо иборатанд аз:
- Худо бениёзкунандаи шахси нотавон;
- Баёни дарсҳое аз тавҳиди афъолӣ;
- Надоштани амният бидуни Худо, (раҳмати Илоҳӣ танҳо минтақаи амни инсон);
- Надоштани ёвару носир бидуни Худо;
- Нотавонии инсон дар баробари хашми Илоҳӣ;
- Нерӯмандӣ ва тавоноӣ танҳо дар партави ёрии Худованд;
- Ногузирии бозгашт ба сӯи Худо пас аз гурезу фирор аз Ӯ;
- Худо танҳо муассир дар вуҷуд ва ягона Раббу ёвару мутолибакунанда дар ҳастӣ;
- Тасаллути Худованд бар низоми ҳастӣ;
- Тамоми асбобу васоил дар дасти иродаи Худост;
- Худо роҳи расидан ба орзуҳо;
- Қазои Илоҳӣ дар ҳаққи банда айни адолат аст;
- Фармонбардорӣ роҳи расидан ба дараҷоти қурби Илоҳӣ;
- Гувоҳӣ ба нотавонии инсон;
- Ибодат роҳи расидани инсон ба он чи назди Худост;
- Эътироф ба нотавонию бечорагӣ ва хорию ниёзмандӣ;
- Ба даст овардани ризояту муҳаббати Илоҳӣ фақат аз роҳи итоат аз Ӯ;
- Ноумед нашудан аз Худо дар замони таъхири истиҷобати дуо;
- Ғофил нашудан аз ёди Худо ҳангоми бахшишҳои Ӯ;
- Дархости тавфиқи машғулият ба тоату бандагӣ бо рӯҳу бадан;
- Сирри махсуси Худо будани ҳамду ситоиш;
- Дархости холӣ шудани дил барои дӯстӣ бо Худо ва машғул шудан ба зикри Ӯ;
- Дархости тақвияти дил бо рағбату иштиёқ ба Худо;
- Дархости ром шудани дил дар тамоми даврони зиндагӣ дар партави рағбат ба Худо;
- Дархости тавоноӣ барои дастёбӣ ба ризояти Худованд дар тамоми корҳо;
- Дархости ваҳшат аз ашрор ва унс ба Худо ва авлиёи Ӯ;
- Дархости мадҳу ситоиши Илоҳӣ дар тамоми ҳолот;
- Дархости ин ки тақво дар дунё тӯшаи охират бошад;
- Таҳсили ризояти Илоҳӣ ва дурӣ аз хашми Ӯ бо итоати пайваста аз Ӯ;
- Дурӣ аз гуноҳ бо тарс аз Парвардтгор;
- Дархости унс ба Худо ва авлиёаш;
- Дархости оромиши дил ва бениёзӣ аз халқ ба василаи Худо ва некон;
- Дархости неъмати шавқу дилбохтагӣ ба Худованд;
- Дархости ҳамнишинӣ бо Муҳаммад (с) ва Оли Муҳаммад алайҳим салавотуллоҳ.[2]
Шарҳҳо
Дуои бисту якум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои бисту якуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ дода шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодияи навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.289
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.359 - 383; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.289-323
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.359 - 383
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.289-323
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.335-353
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.441-490
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.283-293
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.265-281
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545-566
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.51-52
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.122-126
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.