Jump to content

Дуои бисту шашуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои бисту шашуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و ششم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар ҳаққи ҳамсоягон ва дӯстон аст. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо аз Худо дархости ёрӣ барои риояти ҳаққи ҳамсоягон ва дӯстонро дорад. Ҳамчунин ба фарогирии рафторҳои некӯ, аёдат аз беморон, ёрии ситамдидагон ва рафтор аз сари фурӯтанӣ бо ҳамсоягон таъкид мекунад.

Дуои бисту шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Мавзуи аслии дуои бисту шашуми саҳифа, дуо барои ҳамсоягон ва дӯстон аст. Ин дуо дарбардорандаи ҳуқуқи ҳамсоягон ва дӯстон аст ва навъи бархурд бо ононро баён мекунад ва ба робитаи шахс ва ҷомеа низ ишора дорад.[1] Омӯзаҳои ин дуо, ки дар чор фароз[2] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда, ба шарҳи зайл аст:

  • Дархости ёрӣ аз Худо барои риояти ҳаққи ҳамсоягон;
  • Дуо барои ҳамсоягоне, ки ҳаққи Аҳли Байтро мешиносанд;
  • Дуои дар ҳаққи ҳамсоягон барои барпо доштани суннатҳои Илоҳӣ;
  • Дуои дар ҳаққи ҳамсоягон барои рафторҳои некӯ;
  • Дуои дар ҳаққи ҳамсоягон барои мадад расондан ба нотавонон ва баровардани ниёзи онҳо;
  • Дуо дар ҳаққи ҳамсоягон барои аёдат аз беморон ва ба пешвози мусофирони хеш рафтан;
  • Дуо дар ҳаққи ҳамсоягон барои пинҳон кардан розҳои дигарон;
  • Дуои дар ҳаққи ҳамсоягон барои ёрии ситамдидагон;
  • Дуои дар ҳаққи ҳамсоягон барои дареғ накардан аз бахшиш ба дигарон;
  • Некӣ ба ҳамсоягон ва дӯстон дар баробари бадкирдории онҳо;
  • Рафтор аз сари фурӯтанӣ бо ҳамсоягон;
  • Хушбин будан нисбат ба ҳамсоягон;
  • Некбахт шудани ҳамсоя ба хотири ҳамсоя;
  • Ҳарчи барои худ мехоҳем барои ҳамсоягон ҳам бихоҳем ва аз корҳои (аҳёнан) ношоисти онон чашм бапӯшем.[3]

Шарҳҳо

Дуои бисту шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои бисту шашуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.449
  2. ترجمه و شرح دعای بیست و ششم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.539 - 568; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.449-460
  4. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.539 - 568
  5. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.449-460
  6. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.435-441
  7. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.149-176
  8. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.337-345
  9. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.337-345
  10. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.21-38
  11. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.60-61
  12. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.145-146

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای بیست و ششم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.