Дуои шашуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои шашуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای ششم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки дар ҳар субҳу шом хонда мешавад ва ба баёни офариниши шабу рӯз ва осори он бар зиндагии инсон ва ҳамчунин вазоифи муъминон дар тӯли шабонарӯз ишора мекунад. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ҳамчунин ба озмоиши бандагон ба василаи шабу рӯз, ҳаракати махлуқот таҳти қудрати Илоҳӣ, дуо барои анҷоми аъмоли неку тавфиқи шукргузорӣ, гувоҳӣ ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ва талаби омурзиш аз Худо пардохтааст.
Дуои шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи дуои шашуми Саҳифаи саҷҷодия, ки ҳар субҳу шом хонда мешавад, баршумурдани неъматҳои Худо аз ҷумла офариниши шабу рӯз ва назми дақиқи он ду ва фоидҳои он барои зиндагии инсонҳо, ишора ба вазоифу таколифи муъмин дар шабонарӯз, талаби тавфиқи шукргузорӣ аз даргоҳи Илоҳӣ ва дуруд бар ҳазрати Муҳаммад (с) ва оли ӯ аст.[1] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Офариниши шабу рӯз бо қудрати Илоҳӣ ва ишора ба назми онҳо;
- Шабу рӯз василаи рӯзӣ додан ба бандагон ва рушду парвариши онон аст;
- Шаб мояи оромишу осоиш ва сабаби барқарории нишоту нерӯи инсон ва расидан ба лаззат аст;
- Рӯз биноибахши бандагон ҷиҳати дастёбӣ ба фазлу эҳсон, ризқу рӯзӣ ва нафъи доимии охират аст;
- Озмоиши бандагон ба василаи шабу рӯз;
- Ҳамди Илоҳӣ ба хотири вуҷуди шабу рӯз;
- Ҳаракати ҳамаи махлуқот таҳти қудрату тадбири Илоҳӣ;
- Хайр, ҷуз дар он чи Худо бахшида, нест;
- Гувоҳии рӯз бар аъмоли инсон, дуо барои доштани рӯзи хуб ва дуо барои баҳрабардории хуб аз ҳамаи соатҳои он;
- Фариштагон нависандагони амали инсон ҳастанд;
- Дархости ҳидоят ва муҳаббати Илоҳӣ;
- Дуо барои ҳифзи худ аз нофармонии Худо;
- Дуо барои тавфиқи анҷоми умури хайр, дурӣ аз шар, анҷоми амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, посдорӣ аз Ислом, роҳнамоӣ кардани гумроҳ, кумак кардан ба нотавон ва паноҳ додан ба андӯҳгин;
- Ризоят ба қазои Илоҳӣ ва гувоҳӣ ба ваҳдоният ва адолати Худо;
- Гувоҳӣ ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ва хайрхоҳии ӯ нисбат ба умматаш ва дархости бузургтарин подош барои Пайғамбар (с);
- Талаби омурзиш аз Худо.[2]
Шарҳҳо
Дуои шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия шарҳ шудааст. Ин дуо дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Ҳамчунин ин дуо дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.357
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.15 - 101
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.15 - 101
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.357-420
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.319 - 390
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.175 - 300
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.119 - 134
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.103 - 118
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133 - 184
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.30 - 33
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1373ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.