Дуои бисту ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои бисту ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و هشتم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст, ки ба ҳангоми розу ниёз ва паноҳ бурдан ба Худо хонда мешавад. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо, ҳоҷат хостан аз ғайрихудоро натиҷаи гумроҳии ақл дониста ва бар дарс гирифтан аз иштибоҳоти дигарон таъкид мекунад. Ҳамчунин бо ишора ба вижагиҳои махсуси Худо аз ҷумла ваҳдоният, дил баридан аз ғайрихудоро барои расидан ба Худо лозим медонад ва Худоро равокунандаи ҳоҷот муаррифӣ мекунад.
Дуои бисту ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои бисту ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия, дуо дар ҳангоми розу ниёз бо Худо ва паноҳ бурдан ба Ӯст.[1] Ин дуо таҷаллигоҳи фурӯтанонатарин иртиботи банда бо Худо дониста шудааст. Ҳамчунин гуфта шуда ин дуо, нишон аз шинохти жарфи Имом Саҷҷод (а) аз Худо ва ҳастӣ дорад ва ба таври ғайримустақим он чиро ки бояд дуокунанда дар заминаи шинохти Худо, ба он ороста бошад, омӯзиш медиҳад.[2] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Холис шудан бо буридан аз ғайр барои расидан ба Худо;
- Рӯй овардан ба Худо бо тамоми вуҷуд;
- Қатъи умед аз касе ки худаш ниёзманд ба дигарӣ аст;
- Ноумедӣ аз эҳсони ғайрихудо;
- Ҳоҷат хостани ниёзманд аз ниёзманд натиҷаи гумроҳии ақл ва сабки раъй;
- Хор шудани касоне ки талаби иззат аз ғайрихудо доранд;
- Фақру ниёзмандӣ натиҷаи дархости сарват аз ғайрихудо;
- Хорӣ ва пастии натиҷаи талаби бузургӣ аз ғайрихудо;
- Зарурати дарс гирифтан аз хатоҳои дигарон;
- Интихоби роҳи дуруст натиҷаи ибрат гирифтан аз рӯйоварандагон ба ғайрихудо;
- Худо равокунандаи ҳоҷати ҳоҷатмандон;
- Умеде ҷуз ба даргоҳи Худованд нест;
- Вижагиҳои махсуси Худо: ваҳдоният, қоим будан ба қудрат, бениёзӣ ва бартарӣ;
- Фаро гирифтани раҳмати Илоҳӣ ҳамаи мавҷудотро;
- Бархе аз тафовутҳои Худованд бо махлуқот;
- Худо болотар аз доштани ҳамонанд.[3]
Шарҳҳо
Дуои бисту ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия, аз ҷумла Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ,[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои бисту ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.77-81
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.513
- ↑ دعای بیست و هشتم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.513-526
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.513-526
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.477-483
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.281-310
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.369-372
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.373-380
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.79-88
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.65
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.156-157
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای بیست و هشتم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.