Дуои ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای هفتم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки ҳангоми сахтиҳо ва нузули балоҳо ва дар замони андӯҳ хонда мешавад ва ба осон шудани душвориҳо ба дасти Худо ва фароҳам омадани асбоби ҳаёт ба воситаи раҳмати Илоҳӣ ишора дорад. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо боз шудани гиреҳҳои зиндагиро аз Худо дархост мекунад. Ҳамчунин Имоми чорум дар дуои ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамаи мавҷудотро тобеъи ирода Худо медонад ва ба заъфи ҳамагон дар баробари иродаи Худо ва набудани ёвар ва носир барои касе ки Худо ӯро залил кардааст, изъон дорад.
Тавсия шудааст, ки ин дуо барои рафъи гирифториҳо бо одоби хоссе аз ҷумла баъд аз намози субҳ ва дар байнуттулуъайн хонда шавад.
Дуои ҳафтум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон, асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликин, навиштаи Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Арзиш ва ҷойгоҳ
Дуои ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия дуое аст, ки ҳазрати Саҷҷод (а) ба ҳангоми душвориҳои тоқатфарсо ё нузули балоҳои сахт ва замони ҳузну андӯҳ, онро барои рафъи андӯҳ ва сахтиҳо мехонд. Имоми чаҳорум дар ин дуо ба таври зимнӣ вазоифи банда дар ҳангоми пешомади балоёро низ гӯшзад кардааст.[1] Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Инқилоби исломии Эрон, низ дар исфанди 1398 ҳиҷрии шамсӣ ба ҳангоми паҳн шудани вируси Ковид-19 дар Эрон ва дигар кишварҳо барои рафъи ин беморӣ хондани ин дуоро супориш кард.[2]
Омӯзаҳо
Омӯзаҳои дуои ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия ба шарҳи зайл аст:
- Худо бозкунандаи гиреҳ ҳар сахтию душворӣ аст;
- Ҳамаи мавҷудот мутеъи иродаи Илоҳианд;
- Фароҳам омадани васоили зиндагӣ ва таъсиргузории асбоби ҳаёт ба воситаи лутфу раҳмати Илоҳӣ;
- Ҷараёни қазову қадар ба қудрати Худо;
- Ҳатмӣ будани иродаи Илоҳӣ;
- Худо паноҳгоҳи инсон дар муқобили балоҳои сахту душвор аст;
- Заъфи ҳамагон дар баробари хости Худо;
- Дархости гушоиши дарҳои фараҷ аз Парвардигор;
- Дархости чашидани ширинии истиҷобати дуо;
- Дуо барои анҷоми воҷибот ва иҳтимом дар мустаҳабот;
- Ҷараёни ҳамаи чиз фақат ба хосту иродаи Худо;
- Касе ки Худо ӯро залил кардааст, ёру ёваре надорад.[3]
Шеваи хондан
Дар бархе аз осор, тариқае барои хатми дуои ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия нақл шудааст: оғози ин хатм рӯзи якшанбе аст ва то сӣ рӯз, дар ҳар рӯз дуои мазкур даҳ маротиба хонда мешавад ва баъд аз поёни дуо, зикри «Ё Раб, Ё Раб» гуфта мешавад, то нафас қатъ шавад, сипас дар саҷда, ҳоҷат аз Худо хоста мешавад. Гуфта шудааст дар хатми ин дуо, қабл аз шурӯи он, даҳ маротиба салавот фиристода шавад ва ҳамчунин қабл ва баъд аз хондани дуо ҳам чил маротиба "Ё АЛЛОҲ" гуфта шавад. Дар хатми дуо, хондани он дар байнуттулуъайн ва баъд аз намози субҳ ва дурӣ аз муҳаррамоту пурхӯрӣ дар муддати 30 рӯз супориш шудааст. Ҳамчунин доштани таҳорат ва рӯ ба тарафи қибла нишастан ва ҳузури қалб низ шарт аст.[4]
Шарҳҳо
Дар шарҳҳое, ки бар Саҳифаи саҷҷодия навишта шудааст, дуои ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия низ шарҳ шуда ва луғатҳои душвори он тавзеҳ дода шудааст. Ин дуо дар китобҳои Диёри ошиқон,[5] Шуҳуд ва шинохт,[6] Риёз-ус-соликин[7] ва Фи зилол-ил-Саҳифат-ис-саҷҷодия[8] шарҳ шудааст ва дар китоби Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-саҷҷодия, асари Файзи Кошонӣ[9] тавзеҳ дода шудааст.
Матн ва тарҷума
“ | یا مَنْ تُحَلُّ بِهِ عُقَدُ الْمَکارِهِ، وَ یا مَنْ یفْثَأُ بِهِ حَدُّ الشَّدَائِدِ، وَ یا مَنْ یلْتَمَسُ مِنْهُ الْمَخْرَجُ إِلَی رَوْحِ الْفَرَجِ ذَلَّتْ لِقُدْرَتِک الصِّعَابُ، وَ تَسَبَّبَتْ بِلُطْفِک الْأَسْبَابُ، وَ جَرَی بِقُدرَتِک الْقَضَاءُ، وَ مَضَتْ عَلَی إِرَادَتِک الْأَشْیاءُ فَهِی بِمَشِیتِک دُونَ قَوْلِک مُؤْتَمِرَةٌ، وَ بِإِرَادَتِک دُونَ نَهْیک مُنْزَجِرَةٌ أَنْتَ الْمَدْعُوُّ لِلْمُهِمَّاتِ، وَ أَنْتَ الْمَفْزَعُ فِی الْمُلِمَّاتِ، لَا ینْدَفِعُ مِنْهَا إِلَّا مَا دَفَعْتَ، وَ لَا ینْکشِفُ مِنْهَا إِلَّا مَا کشَفْتَ وَ قَدْ نَزَلَ بی یا رَبِّ مَا قَدْ تَکأَّدَنِی ثِقْلُهُ، وَ أَلَمَّ بیمَا قَدْ بَهَظَنِی حَمْلُهُ وَ بِقُدْرَتِک أَوْرَدْتَهُ عَلَی وَ بِسُلْطَانِک وَجَّهْتَهُ إِلَی فَلَا مُصْدِرَ لِمَا أَوْرَدْتَ، وَ لَا صَارِفَ لِمَا وَجَّهْتَ، وَ لَا فَاتِحَ لِمَا أَغْلَقْتَ، وَ لَا مُغْلِقَ لِمَا فَتَحْتَ، وَ لَا مُیسِّرَ لِمَا عَسَّرْتَ، وَ لَا نَاصِرَ لِمَنْ خَذَلْتَ فَصَلِّ عَلَی مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ، وَ افْتَحْ لِی یا رَبِّ بَابَ الْفَرَجِ بِطَوْلِک، وَ اکسِرْ عَنِّی سُلْطَانَ الْهَمِّ بِحَوْلِک، وَ أَنِلْنِی حُسْنَ النَّظَرِ فِیمَا شَکوْتُ، وَ أَذِقْنِی حَلَاوَةَ الصُّنْعِ فِیمَا سَأَلْتُ، وَ هَبْ لِی مِنْ لَدُنْک رَحْمَةً وَ فَرَجاً هَنِیئاً، وَ اجْعَلْ لِی مِنْ عِنْدِک مَخْرَجاً وَحِیاً وَ لَا تَشْغَلْنِی بِالاهْتِمَامِ عَنْ تَعَاهُدِ فُرُوضِک، وَ اسْتِعْمَالِ سُنَّتِک فَقَدْ ضِقْتُ لِمَا نَزَلَ بییا رَبِّ ذَرْعاً، وَ امْتَلَأْتُ بِحَمْلِ مَا حَدَثَ عَلَی هَمّاً، وَ أَنْتَ الْقَادِرُ عَلَی کشْفِ مَا مُنِیتُ بِهِ، وَ دَفْعِ مَا وَقَعْتُ فِیهِ، فَافْعَلْ بیذَلِک وَ إِنْ لَمْ أَسْتَوْجِبْهُ مِنْک، یا ذَا الْعَرْشِ الْعَظِیمِ |
” |
Дуои он ҳазрат аст ҳангоме, ки душвории тоқатфарсое барои ӯ рух медод, ё балои сахте бар ӯ нозил мешуд ва замоне, ки ҳузну андӯҳе ба ӯ даст медод.
(1) Эй он касе ки гиреҳҳои умури ранҷовар, ба васила Ӯ кушода мешавад! Ва эй касе ки тундӣ ва тезии сахтиҳо, ба инояти Ӯ фурӯ менишинад; ва эй касе ки ки берун омадан аз тангию фишор ва қарор гирифтан дар роҳатии кушоишу раҳоӣ аз ғаму андӯҳ, аз Ӯ хоста мешавад!.
(2) Душвориҳо дар баробари қудратат осон гардад ва васоили зиндагӣ ва асбоби ҳаёт, ба лутфат фароҳам ояд ва фармону ҳукм ба неруят ҷараён ёбад; ва ҳамаи чиз бар асосу иродаат мегузарад!.
(3) Пас ҳамаи мавҷудот ба хости Ту, бе онки фармони каломӣ диҳӣ, фармон баранд; ва ба иродаат, бе онки бо гуфтор наҳй кунӣ, аз кор боз истанд!.
(4) Танҳо Туро дар душвориҳо мехонанд ва дар балоҳои сахту душвор, танҳо Ту паноҳгоҳӣ. Балоҳои сахту душвор аз инсон дур намешавад, магар ончиро ки Ту дур кунӣ! Ва аз гиреҳҳои ранҷовар, чизе кушода намешавад, магар чизеро ки Ту бикушоӣ!.
(5) Парвардигоро! Балое бар ман нозил шудааст, ки сангиниаш маро ба заҳмату ранҷ андохта ва сахтию мушкилӣ ба дардам овардааст, ки таҳаммулаш маро дар фишор қарор додааст!
(6) Ва Ту онро ба қудратат бар ман ворид кардаӣ, ва ба иқтидорат ба сӯи ман фиристодаӣ.
(7) Пас чизеро ки Ту ворид кардаӣ, баргардонандае барои он нест; ва ончиро Ту фиристодаӣ, дуркунандае барои он вуҷуд надорад!; ва чизеро ки Ту бастаӣ, кушояндае барояш намебошад; ва чизеро ки Ту бикушоӣ, ҳеҷкасе қудрати бастанашро надорад; ва ончиро ки Ту душвор кардаӣ, осонкунандае барояш нест; ва касеро ки Ту бе ёру ёвар гузоштаӣ, ёваре барои ӯ вуҷуд надорад.
(8) Пас бар Муҳаммаду Олаш дуруд фирист, эй Парвардигорам! Ва ба фазлу эҳсонат, дари кушоишу фараҷро ба рӯи ман боз кун ва ба чорасозият, тасаллути ғаму андӯҳро аз ман бишикан ва маро дар мавриде, ки аз он шикоят дорам, ба тааммулу тадаббури нек бирасон; ва дар ончӣ аз Ту дархост мекунам, ширинии иҷобатро бичашон; ва аз ҷониби худат, раҳмату кушоиши гувороеро ба ман бибахш; ва барои ман аз назди худ, роҳи наҷоти сареъе қарор деҳ!.
(9) Ва маро ба хотири ғамгинӣ ва ҳузну андӯҳ, аз риояти воҷиботат ва ба кор гирифтани мустаҳабботат боз мадор!
(10) Парвардигоро! ба сабаби балое ки бар ман нозил шудааст, дармонда шудаам; ва аз таҳаммули ончӣ барои ман пеш омадааст, дилам аз андӯҳу ғусса пур шудааст; ва Ту ба бартараф кардани ончӣ ки ба он гирифтор шудаам ва дур кардани балое, ки дар он афтодаам, тавоноӣ! Бинобарин, қудрату тавоноиятро дар бораи ман ба кор гир; агарчӣ аз ҷониби Ту сазовор он нестам; эй дорои арши бузург![10]
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.425.
- ↑ «دعایی که رهبر انقلاب خواندن آن را در دوران شیوع بیماری توصیه کردند.»
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.103 - 224
- ↑ Акбарии Соваҷӣ, Оби ҳаёт, 1392ҳ.ш., Дастури 186.
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.103 - 224.
- ↑ Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.425 - 435.
- ↑ Ҳусайнии Маданӣ, Риёз-ус-соликин, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.301 - 325.
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1428ҳ.қ., саҳ.135 - 141.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.32 - 33.
- ↑ Тарҷума аз шайх Ҳусайни Ансориён.
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, паёми озодӣ, 1371ҳ.ш.
- Акбарии Соваҷӣ, Муҳаммадҳусайн, Оби ҳаёт, Қум, Қоими оли Муҳаммад (с), 1392ҳ.ш.
- Ҳусайнии Маданӣ, Сайидалихон, Риёз-ус-соликин фи шарҳи Саҳифати Сайидуссоҷидин, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1409ҳ.қ.
- «دعایی که رهبر انقلاب خواندن آن را در دوران شیوع بیماری توصیه کردند.», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, дарҷи матлаб: 13 исфанди 1398ҳ.ш., мушоҳида: 12 озари 1399ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Теҳрон, муассисаи албуҳусут таҳқиқотис-сақофия, 1407ҳ.қ.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Қум, Дорулкитобил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт: тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддимаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.