Дуои чилу шашуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои чилу шашуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهل و ششم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои Имом Саҷҷод (а) ки пас аз намози иди Фитр ва рӯзи ҷумъа онро мехонд. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба ҳамаи неъматҳои Худо дар ҳаққи бандагон эътироф мекунад ва бо иборатҳои мухталифе дар садади ҷалби раҳмати Худост.

Дуои чилу шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои чилу шашум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия, ки Имом Саҷҷод (а) пас аз намози иди Фитр ва рӯзи ҷумъа онро мехонд. Ин ду рӯз назар ба аноятбахшии Худо ба бандагон, барои мусулмонон аҳамияти зиёдӣ дорад, аз ин рӯ Имом Зайнулъобидин (а) бо таъбирҳои мухталифе дар садади ҷалби муҳаббати Худованд аст.[1]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Меҳри Худованд ба рондашудагону оворагон;
  • Иқрор ба меҳрбонӣ ва раҳми Худо;
  • Ноумед нашудани бандагон аз даргоҳи Илоҳӣ;
  • Ночизии мавҷудот дар баробари вуҷуд бениҳояти Худо;
  • Пазириши инсонҳои бепаноҳ;
  • Ҳақиру кучак шумурда нашудани ниёзмандон ба даргоҳи Илоҳӣ аз сӯи Худо;
  • Пазиришу қадршиносӣ аз корҳои ночизи бандагон аз ҷониби Худо ва додани подоши гаронбаҳо ба онон;
  • Шитоб накардани Худо дар кайфари бандагон;
  • Икроми ниёзмандон;
  • Иҷобати бандагон ва гунаҳкорон;
  • Даъвати бандагони гунаҳкор ба сӯи даргоҳи Илоҳӣ;
  • Ҷаҳон густараи ҳокимияти Худо;
  • Худо парваришдиҳандаи некиҳо ва маҳвкунандаи бадиҳо;
  • Ихтиёри инсон заминасози озмоиши Илоҳӣ ва низоми подошдиҳӣ;
  • Ноумедӣ, хисорат ва тиҳидастӣ натиҷаи раҳо кардани Худо;
  • Боз будани дарҳои раҳмати Илоҳӣ;
  • Умед ба даргоҳи Худо;
  • Муҳлат додан ва мудоро кардани Худо бо гунаҳкорон бар асоси караму эҳсонаш;
  • Кӯчакӣ ва ҳақорати ҳар муддаии бузургию шарофат, дар баробари Худованд;
  • Ҳуҷҷату подшоҳии устувору ҳамешагии Илоҳӣ;
  • Адолат дар муҷозоти Илоҳӣ;
  • Нотавонии инсон аз васфу шукри неъмат;
  • Дуо барои оқибатбахайрӣ;
  • Маҳрумият ва ноумедӣ натиҷаи рӯ овардан ба ғайрихудо;
  • Зиёнкории дархосткунандагон аз ғайрихудо;
  • Боз будани дари раҳмати Илоҳӣ ба рӯи муштоқон;
  • Ҷорӣ будани бахшандагии Худованд барои дархосткунандагон;
  • Эминии истиғфоркунандагон аз шақовату бадбахтӣ дар партави истфғор;
  • Густардагии ризқи Илоҳӣ барои гунаҳкорон;
  • Фарогирии ҳилми Илоҳӣ ҳатто барои худоситезон;
  • Муҳлат додан ба гунаҳкорон ва мутаҷовизони ситамгар суннати Илоҳӣ аст.
  • Зарурати тавба дар аввалин фурсат.[2]

Шарҳҳо

Дуои чилу шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои чилу шашуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.28
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.28 - 46; شرح فرازهای دعای چهل و ششم از سایت عرفان, Сайти Ирфон; Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.503 - 515
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.497 - 515
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.23 - 46
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.345 - 364
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.199 - 202
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.539 - 549
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.575 - 588
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.433 - 462
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.91 - 92
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.236 - 241

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای چهلم و ششم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.