Дуои ҳаждаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои ҳаждаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای هجدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки ҳангоми бартараф шудани ногуворӣ ё иҷобати хостаҳо, онро мехонд. Дар ин дуо, ҳазрати Зайнулъобидин (а) ба ҳикматҳои нузули бало бар инсон пардохта ва аз Худо ба хотири сарнавишти хубу рафъи балоҳо сипосгузорӣ мекунад.
Дуои ҳаждаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Дуои ҳаждаҳуми Саҳифаи саҷҷодия, дуое аст, ки Имом Саҷҷод (а) ҳангоми бартараф шудани ногувориҳо ё расидан ба хостаҳои худ, онро мехонд. Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ин дуоро нишонаи ин медонад, ки Имом Саҷҷод (а) дар ҳар шароите тавваҷуҳаш ба Худо ва охират аст.[1] Омӯзаҳои дуои ҳаждаҳуми Саҳифаи саҷҷодия дар се фароз[2] ба шарҳи зайл аст:
- Шукр бар сарнавишти хуб;
- Дархости раҳмати Илоҳӣ фаротар аз офияту саломатӣ;
- Зиндагии дунявӣ даромадгоҳи зиндагии ҳақиқӣ (ухравӣ) аст;
- Сипосгузорӣ аз Худованд пас аз бартараф шудани ҳар бало;
- Шинохти Худо ва ҷаҳон, роҳе ба некбахтӣ;
- Ҳикмати нузули бало бар инсон;
- Он чи поёнаш нестист, ночиз хоҳад буд. (Неъматҳои дунявӣ);
- Он чи поёнаш ҷовдонагист, арзишманду қобили тавваҷуҳ аст. (Неъматҳои ухравӣ);
- Офият дар охират аз офият дар дунё беҳтар аст.[3]
Шарҳҳо
Дуои ҳаждаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифа саҷҷодияи асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ дода шудааст.
Дуои ҳаждаҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодияи навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166
- ↑ ترجمه و شرح دعای هجدهم صحیفه سجادیه
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.103 - 104; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.166-176
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.103 - 104
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.166-176
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.187-191
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.219-228
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.239-240
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.225-226
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413-415
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.45
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.107
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای هجدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.