Дуои чордаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои чордаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهاردهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар ёрӣ хостан аз Худо барои раҳоӣ аз зулми ситамкорон аст. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо ба илми Худо ба саргузашти ситамдидагон ишора карда ва аз Худо барои ғалаба бар кинаву хашм аз душман, ёрӣ металабад. Имом Саҷҷод (а) ҳамчунин аз Худо мақоми ризо ва таслимро дархост мекунад.
Дуои чордаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои чордаҳуми Саҳифаи саҷҷодия дуо барои ситамдидагону талаби ёрӣ аз Худованд дар муқобили золимон аст. Дар ин дуо ҳамчунин аз Худованд хоста шуда, ки инсон аз ситамкорӣ маҳфуз бошад ва бар кинаву хашми худ ғалаба кунад ва аҳамият ба таҳзиби худ аз разоил ахлоқӣ медиҳад.[1] Омӯзаҳои дуои чордаҳум ки дар 16 фароз[2] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда ба шарҳи зайл аст:
- Густараи илми Илоҳӣ - илми Худо ба саргузашти ситамдидагон;
- Худованд беҳтарини гувоҳу шоҳид дар тамом ҳастист;
- Худо ёри мазлумон ва душмани золимон;
- Мадҳи ситамситезӣ ва сарзаниши ситампазирӣ;
- Заъфу забунии золимон;
- Шикоят ба даргоҳи Илоҳӣ аз зулму золимӣ;
- Риояти адаби убудият дар ҳар ҳол;
- Дархост барои маҳфуз мондан аз зулм кардан бар дигарон;
- Дуо барои ғалаба бар кинаву хашм аз душман;
- Талаби раҳмати Илоҳӣ дар изои таҳаммули зулм;
- Худованд танҳо мушкилгушои бандагон;
- Дархости танбеҳи ситамкор ва наҷоти ситамдида;
- Дархости дурӣ аз майлу дархостҳои нописанд ва ҳирс;
- Хушнӯдӣ ба муқаддароти Илоҳӣ бо тасаввур ва идроки қалбии подоши Илоҳӣ ва дидани кайфари душманону ситамгарон;
- Дархости подош аз Худованд;
- Дархости иҷобати дуо;
- Дархости ҳифзи имон;
- Имтиҳони ситамдида бо ситаме, ки мебинад ва ситамкор бо зулме, ки мекунад;
- Дархости озмоиш нашудан бо ноумедӣ аз интиқоми Илоҳӣ аз ситамгарон;
- Дархости мақоми ризо ва таслим (агар хайри мо дар ин аст, ки бозпасгирии ҳаққамон то рӯзи қиёмат ақиб биафтад, аз Худо бихоҳем ба мо сабр ва шикебӣ диҳад.)[3]
Шарҳҳо
Дуои чордаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои чордаҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.34
- ↑ ترجمه و شرح دعای چهاردهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.223 - 290; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.34-53
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.223 - 290
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.34-53
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.97-104
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.43-73
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.191-201
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.171 - 182
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.333 - 350
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.38 - 39
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.90-93
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای چهاردهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.