Дуои бисту ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои бисту ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و هفتم صحیفه سجادیه) ё Дуо барои аҳли суғур (форсӣ: دعا برای اهل ثغور) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар бораи марздорони Ислом аст. Ҳазрати Зайнулъобидин (а) дар ин дуо барои устувории марзҳои мусулмонон дуо карда ва аз Худо барои марздорон огоҳӣ, сабр, ихлос, имон, тақво ва фаровонии шуморашонро талаб мекунад. Ҳамчунин хоҳони мушорикати ҳамаи мардум дар дифоъ аз Ислом бо ёрирасонӣ ба муҷоҳидону марздорону сомондиҳӣ ба хонаводаҳои онон шудааст. Имом Саҷҷод (а) бо таъкид бар нақши имдодҳои ғайбӣ дар пирӯзии мусулмонон дар ҷанги алайҳи мушрикон, нобудии кофаронро заминасози ҷомеъаи тавҳидӣ донистааст.
Ҷаъфар Муртазо Омилӣ дар китоби Сиёсат-ул-ҳарби фи дуои аҳл-ис-суғур ба шарҳи тактикаҳои ҷангии дифоъ аз марзҳои ислом, бо истинод ба дуои бисту ҳафтум пардохтааст. Ин дуо дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи дуои бисту ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия, дуо дар ҳаққи марздорони Ислом дар ҳамаи замонҳо аст ва барои онон, огоҳӣ, сабр, муқовимат, ихлос, кифояти буҷет, улфат, ҳамдилӣ ва фаровонии теъдоди сарбозон аз Худо тақозо намудааст. Ба гуфтаи Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ин дуо ҳамасӯнигар, фарогир, дорои нуктаҳои зарифи тавҳидӣ, ахлоқӣ ва ирфонӣ дар саҳнаи набард аст ва аҳкому одоби ҷангро бо забони дуо омӯзиш медиҳад.[1] Ҷаъфар Субҳонӣ - аз мароҷеъи тақлиди шиа, муътақид аст таъбири «اللَّهُمَّ وَ امْزُجْ مِیاهَهُمْ بِالْوَبَاءِ: Худоё! Обҳои душманонро ба вабо омехта гардон» яке аз муъҷизоти илмии ин дуост; чароки дар он замон касе намедонист бемории вабо аз роҳи об сироят мекунад.[2]
Омӯзаҳои ин дуои иборатанд аз:
- Дуо барои устувории марзҳои мусулмонон;
- Аҳамияти марзбонӣ ва дифоъ аз каёни Ислом (сангинии вазифаи марзбонӣ);
- Дуо барои фаровон шудани теъдоди марздорон ва бурранда шудани силоҳашон;
- Дуо барои барқарории улфату дӯстӣ миёни марздорон;
- Дуо барои тақвияти марздорон бо нусрати Илоҳии сабр;
- Дуо барои афзоиши огоҳӣ ва илми марздорон;
- Зинда кардани ёди охират дар андешаи марздорон ба ҷиҳати пушт накардан ба душман;
- Дуо барои имон ва тақвои марздорон;
- Дуо барои фаромӯшии дунё ҳангоми мувоҷиҳаи муҷоҳидон бо душманон;
- Дуо барои ёди биҳишт ва тавваҷуҳ ба неъматҳояш дар майдони набард;
- Неъматҳои охират бартар аз тасаввур аст;
- Дуои барои сустии душманон ва нотавонии онҳо дар майдони разм;
- Дуо барои ба бор нишастани заҳамоти муҷоҳидон ва ҳокимияти тавҳид дар саросари замин;
- Дуо барои шикасти душманон дар марзҳои исломӣ;
- Дуо барои нобудӣ ва решакан шудани душманони Худованд дар тамоми замин;
- Нақши имдоди ғайбӣ дар ғалаба бар душман;
- Нобудии кофирон, заминасози ҷомеъа тавҳидист;
- Дуо барои тақвияти тадбири мусулмонон;
- Дуо барои тақвияти сипоҳёни Ислом бо малоика;
- Ишора ба кумаки Худо ба мусулмонон дар ҷанги Бадр бо сипоҳе аз фариштагон;
- Дуо барои гирифтории мушрикон ба мушрикон;
- Дуо барои нотавонии бадан ва фикри мушрикон барои муқобила бо мусулмонон;
- Дуои барои баҳрамандии муҷоҳидон аз имдодҳои ғайбӣ ҳамонанди ҷанги Бадр;
- Дуо барои ғафлати душманон;
- Дуои хайр дар ҳаққи размандагони Ислом;
- Баёни шароити размандагони Ислом (дурӣ аз ҳаваси ном ва риё);
- Дуо барои фарҷоми саодатмандона;
- Дуо барои тавфиқи шаҳодат пас аз пирӯзӣ;
- Дархости подош барои сомондиҳандагон ба умури бозмондагони марздорон;
- Арзишманд будани нигаронӣ барои Ислом ва нияти ҷиҳод бо душманон;
- Дархости савоби ҷиҳод барои бозмондагон ва касоне ки аз рафтан ба ҷиҳод маъзуранд;
- Дархости сабт шудани номи бозмондагон ва маъзурҳо дар сафи шаҳидон, солеҳон ва обидон;
- Дархости дуруд бар Муҳаммад (с) ва олаш;
- Фоидаҳо ва арзишҳои кумакрасонии дар ақибгоҳи ҷанг: дахолат додани ҳамаи мардум дар дифоъ аз Ислом, дилгармии размандагон ва пайдоиши рӯҳияи қавӣ ва умедворӣ ба оянда, омодагии рӯҳии мардум барои дифоъ, ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеъаи мусулмонон.[3]
Қироати дуо дар ҷангҳо
Бархе аз шиаён ин дуоро ҳангоми ҳамлаи душманони Ислом ба кишварҳои исломӣ ё мусулмонон мехонанд. Барои намуна дар ҷанги Исроил алайҳи мардуми Навори Ғазза гурӯҳҳое аз мардуми Эрон барои раҳоии мардуми Фаластин ин дуоро ба сурати дастаҷамъӣ мехонданд.[4] Ҳамчунин ҳамзамон бо ҷанги Исроил алайҳи мардуми Ғазза ва Лубнон дар солҳои 2023 ва 2024 ҷустуҷӯи ин дуо дар фазои интернет афзоиш ёфт.[ниёзманди манбаъ]
Шарҳҳо
Дар шарҳи дуои бисту ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия, китобҳоӣ навишта шудааст, аз ҷумла:
- Китоби Сиёсат-ул-ҳарби фи дуои аҳл-ис-суғур асари Ҷаъфар Муртазо Омилӣ дар чордаҳ фасл ба шарҳи тактикаҳои ҷангии дифоъ аз марзҳои Ислом пардохтааст.[5] Ин китоб ба василаи нашриёти ал-Марказ-ул-исломи ли-д-диросот дар соли 1428ҳ.қ. чоп шуд. Ҳамчунин тарҷумаи форсии он тавассути нашриёти Маориф дар соли 1394ҳ.ш. мунташир шудааст.
- Марздорон дар дуои Имом Саҷҷод (а) асари Байтуллоҳ Баёти Занҷонӣ дар 42 фасл тавассути интишороти Меҳри Амиралмуъминин дар соли 1389ҳ.ш. ба чоп расидааст.[6]
Ҳамчунин дуои марздорон дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия низ монанди Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[7] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[8] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[9] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои бисту ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[10] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[11] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[12] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[13] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[14] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[15] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.449
- ↑ Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.407
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.25 - 76; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.469-509
- ↑ «قرائت دعای «اهل ثغور» به نیت رهایی مردم غزه با صدای میثم مطیعی», Хабаргузории Тасним
- ↑ سیاسه الحرب فی دعاء اهل الثغور, Сайти Китобпедия
- ↑ شرحی بر دعای بیست و هفتم, Сайти Гесум
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.25 - 76
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.469-509
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.453-473
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.177-280
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.347-368
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.343-372
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.39-78
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.61-65
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.147-155
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, Қум, Тавҳид, 1395ҳ.ш.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- «قرائت دعای «اهل ثغور» به نیت رهایی مردم غزه با صدای میثم مطیعی», Хабаргузории Тасним, дарҷи матлаб: 18 мурдоди 1393ҳ.ш., боздид: 11 меҳри 1403ҳ.ш.