Дуои бисту дуюми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои бисту дуюми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و دوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки дар замони сахтӣ ва печидагии авзоъ хонда мешавад. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба сахтиҳои таҳзиби нафас ишора карда ва аз Худо дархости раҳмати Илоҳӣ ва рӯзии васеъ мекунад. Дар ин дуо паёмадҳои таваккул ба ғайрихудо ва ҳамчунин вижагиҳои инсони ҳасуд баён шудааст. Имом дар ин дуо, мақоми ризо ва тавфиқи анҷоми воҷиботро аз Худо дархост карда ва бар эътидол дар хушнудию хашм ва низ дӯстию душманӣ таъкид мекунад.
Дуои бисту дуюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Дуои бисту дуюми Саҳифаи саҷҷодия, дуо ба ҳангоми сахтӣ, гирифторӣ ва печидагӣ умур аст. Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар китоби Шуҳуд ва шинохт, фарозҳои дуо намоёнгари ин аст, ки Имом Саҷҷод (а) дар ҳамаи ҳолот (сахтӣ, гирифторӣ, номлоимот ва...) таслими маҳзи Худо буда ва дигаргуниҳои замона дар ҳолоти ӯ тағйире эҷод намекардааст.[1] Омӯзаҳои ин дуои иборатанд аз:
- Душвории таҳзиби нафас;
- Тавфиқи Илоҳӣ лозимаи рушду таъолӣ инсон аст;
- Дархости тавфиқи анҷоми корҳое ки боиси хушнудии Худованд мешавад;
- Қудрати интихоб ва масъулиятпазирӣ аз имтиёзҳои вижаи одамӣ;
- Хушнудии Худо, омили ҳидоят;
- Эътироф ба заъфу нотавонӣ ва ношикебоӣ дар баробари гирифториҳо;
- Сахт будани мусибату тангдастӣ ва дархости ризқи фарох;
- Дархости раҳмати Илоҳӣ;
- Дархости вогузор нашудан ба халқ;
- Паёмадҳои вогузор шудан ба ғайрихудо (маҳҷурият, маҳрумият, миннат ва сарзаниш);
- Дархости бахшиш дар ҳадди бениёзӣ;
- Нотавонӣ аз анҷоми вазифа дар сурати вогузор шудан ба худ;
- Дархости инояти хосси Худованд ба тамоми шуъуни зиндагӣ
- Бениёзӣ дар сояи умед ба фазлу азамати Худо;
- Дархости раҳоӣ аз ҳасад ва боздоштан аз гуноҳон
- Дархости гузашти Худованд аз таклифҳое, ки мавриди ғафлат воқеъ шудаанд;
- Дархости мақоми ризо, неъматҳои гуворо, ҳифзи обрӯ ва саломатӣ;
- Дархости тавфиқ барои анҷоми воҷибот;
- Дархости рағбат барои анҷоми аъмоли холисона;
- Иштиёқ ба амали солеҳ ва нафрат аз корҳои бад;
- Дархости зуҳд дар дунё;
- Дархости баҳрамандӣ аз нур барои зиндагӣ дар миёни мардум ва раҳоӣ аз торикиҳо ва шакку шубҳа;
- Эҳсоси лаззат аз бандагӣ ва хондани дуо дар партави тарс аз азоб ва шавқ ба подош;
- Тарс аз азобу иштиёқ ба подош (нақши майл ба лаззат ва гурез аз талхиҳо дар рушди инсон);
- Дуо барои ислоҳи кори дунё ва охират;
- Сипосгузорӣ аз неъматҳои Худо;
- Хатари ҳасодат ва вижагиҳои ҳасуд: (хурдагирӣ аз низоми Илоҳӣ, ранҷ бурдан аз рифоҳи дигарон);
- Эътидол дар хушнудию хашм ва низ дӯстию душманӣ;
- Дархости дуои холисона ҳангоми рифоҳу роҳатӣ ва гоҳи сахтӣ ва изтирор;
- Дуои холис ва беолоиш.[2]
Шарҳҳо
Дуои бисту дуюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои бисту дуюми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.329
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.391 - 447; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.329-368
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.391 - 447
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.329-368
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.361-378
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.490-535
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.295-308
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.283-300
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.567-598
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.52-53
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.127-131
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.