Дуои сию шашуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои сию шашуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و ششم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки ҳангоми дидани абру барқи осмон ва шунидани садои раъд онро мехонд. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо раъду барқро аз нишонаҳои Худо медонад ва дархости борони сӯдманд аз даргоҳи Илоҳӣ дорад. Дар ин дуо ҳамчунин бар зарурати тазарруъу зорӣ барои дурии шарур таъкид мекунад ва инсонро дар баробари қаҳри Илоҳӣ нотавон аз дифоъ мебинад.

Дуои сию шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои сию шашум, аз дуоҳои Имом Саҷҷод (а) дар Саҳифаи саҷҷодия аст, ки ҳангоми нигоҳ ба абр ва мушоҳидаи раъду барқ, онро мехонд. Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ дар китоби Офоқ-ур-рӯҳ ин дуо ба чигунагии нигоҳи инсон ба рухдодҳои табиӣ мепардозад. Ба бовари ӯ ин дуо нишонае аз вижагиҳои рӯҳии ҳазрати Зайнулъобидин (а) аст, ки ҳарчи дар олам астро нишонаи вуҷуди Худо мебинад ва муносибате барои шукргузорӣ ва фурсате барои дуо то неъматҳои Илоҳӣ зиёд ва бадиҳо аз инсон дур шавад.[1] Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо муъмини ҳақиқӣ, низоми ҳастиро дар ҳар лаҳза дар тасхири ирода ва қудрати Худо мебинад ва аз ҳар рухдоде барои тавваҷуҳ ба Худо баҳра мегирад.[2] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Раъду барқ ва абру борон нишонаҳое аз қудрати Худо;
  • Султаи Худо бар низоми табиӣ ва қонунмандии офариниш;
  • Иртиботи танготанги зиндагии инсон бо низоми табиии ҷаҳон;
  • Дархости борони сӯдманд ва безарарии он;
  • Тазаррӯъу зорӣ ба даргоҳи Илоҳӣ барои наҷот аз шарур;
  • Дархост барои вогузор нашудан ба ғайрихудо;
  • Каҷхулқӣ ва бадрафторӣ паёмади фақру хушксолӣ;
  • Тавонгарӣ ва саломати инсон дар партави иноёти Худо;
  • Нотавонии дифоъ дар баробари қаҳри Илоҳӣ;
  • Густараи қудрати мутлақи Илоҳӣ;
  • Шукру сипос дар баробари неъматҳои бепоёни Илоҳӣ;
  • Пазириши ситоиши кам аз сӯи Худо;
  • Бозгашти ҳама ба сӯи Худо.[3]

Шарҳҳо

Дуои сию шашум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сию шашуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ дода шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222 - 223
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.191
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.191 - 206; شرح فرازهای دعای سی و ششم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.191 - 206
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.95 - 98
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.199 - 220
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.431 - 434
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.457 - 462
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.223 - 232
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.73
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.186 - 188

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای سی و ششم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.