Дуои чоруми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои чоруми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهارم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки ба дуруд бар пайравони паёмбарони Илоҳӣ ва баёни вижагиҳои саҳобаи Пайғамбар (с) ва низ осори дуруди Илоҳӣ бар бандагонаш пардохтааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ҳамчунин ба раҳбарии аҳли тақво тавассути паёмбарон, таслим будани муъминон дар баробари далел, мавзегирии инсонҳо дар баробари беъсати паёмбарон ва дар амон будани аҳли имон дар баробари фитнаҳо ишора кардааст.

Дуои чорум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Мавзуи аслии дуои чоруми Саҳифаи саҷҷодия дуруд бар пайравони анбиё алайҳимуссалом ва баёни вижагиҳои саҳобаи Расули Худо (с) ва осори дуруди Илоҳӣ бар бандагонаш аст. Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Дуруд бар пайравони расулон ва тасдиқкунандагони онҳо ва имоноварандагон ба олами ғайб;
  • Паёмбарон, раҳбарони ҳидояту пешгомони аҳли тақво ҳастанд;
  • Мавзегирии инсонҳо дар баробари беъсати анбё;
  • Таслими муъминон дар баробари ҳуҷҷату далел;
  • Ризвони Илоҳӣ, подоши аҳли имон (аҷри таҳаммули сахтиҳо дар масири диндорӣ) аст;
  • Дархости омурзиш ва беҳтарин подоши Илоҳӣ барои асҳоби Пайғамбар (с);
  • Дуо барои гузаштагон аз муъминон;
  • Дуруд бар касоне ки аз Пайғамбар (с) пайравӣ мекунанд ва ҳамсарону фарзандонашон;
  • Мақоми амну амон, ҷойгоҳи аҳли тақвост;
  • Дар амон будани аҳли имон аз фитнаҳо;
  • Вижагиҳо ва нишонаҳои асҳоби Пайғамбари Ислом (с): пос доштани шарти ҳамроҳӣ бо Муҳаммад (с), шитофтан бар имон ба даъвати ӯ, дурӣ ҷустан аз ҳамсарону фарзандон дар роҳи эътилои калимаи ҳақ ва ҷангидан бо падарону фарзандони худ барои барқарории Ислом, тиҷорати пурсуди мусулмонон дар имон ба Худо, чашидани маҳрумиятҳо ва тард шудани асҳоби Паёмбар дар масири имон)
  • Осори дуруди Илоҳӣ барои аҳли имон: боз доштани инсон аз гуноҳ, кайди шайтон, гирифториҳо ва тавфиқи амалу эътиқоди некӯ, ва низ бартараф шудани сахтии марг аз аҳли имон ва тавваҷуҳ ба охирату зиндагии абадӣ.[1]

Шарҳҳо

Дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия, дуои чорум дар зимни фарозҳое шарҳ шудааст. Ин дуо дар китобҳои Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[2] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[3] Асрори хомӯшон навиштаи Муҳаммадтақии Халаҷӣ,[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодияи асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои чоруми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[10]

Эзоҳ

  1. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.151 - 346; Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.235 - 298
  2. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.151 - 346
  3. Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.319 - 336
  4. Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.235 - 298
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.257 - 276
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.81 - 136
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.95 - 106
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.83 - 95
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97 - 114
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.27- 29

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1373ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • Халаҷӣ, Муҳаммадтақӣ, Асрори хомӯшон, Қум, Партави хуршед, 1383ҳ.ш.