Дуои бисту сеюми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia

Дуои бисту сеюми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای بیست و سوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст, ки дар он аз Худо дархости офияту тандурустӣ дар дин, ақл, қалб ва ҷисм кардааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо бар як будани қалбу забон дар шукргузорӣ ва дарёфти ҳидоят таъкид карда ва аз Худо мақоми хашятро талаб мекунад. Дар ин дуо аз шарри шайтон, ҷинниён ва макри дигарон ба Худо паноҳ бурда мешавад.

Дуои бисту сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Ҳазрати Саҷҷод (а) дар дуои бисту сеюми Саҳифаи саҷҷодия, аз Худо офияту саломат дар дин, ақл, қалб ва ҷисмро талаб мекунад.[1] Ба гуфтаи Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ Имом Саҷҷод дар ин дуо, бартараф шудани монеъи қурб дар сайри илаллоҳро аз Худо дархост кардааст.[2] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Дархости тандурустӣ дар тамоми шуъӯни моддӣ ва маънавӣ;
  • Дархости офият дар дину дунё;
  • Дархост зинат ёфтану гиромӣ шудан ва бениёзӣ дар партави офият;
  • Осору баракоти баҳрамандӣ аз офият;
  • Дархости сиҳҳату амнияту саломатӣ дар дин ва бадан;
  • Дархости басират дар қалб ва натиҷабахш будани корҳо;
  • Дархости тавоноӣ барои анҷоми тоати Илоҳӣ ва дурӣ аз гуноҳон;
  • Дархости хашят ва тарс аз Худо;
  • Дархости амният, қотеъият дар умур, нерӯ бар анҷоми воҷибот ва дурӣ аз нофармонии Худо;
  • Дархости ҳаҷҷу умра ва зиёрати қабри Пайғамбар (с) дар тӯли умр;
  • Дархости қабулии ҳаҷҷу умра ва зиёрати қабри Пайғамбар (с) ва захира шудан барои қиёмат;
  • Ҳамоҳангии зоҳиру ботин дар парастиши Худо: ҳамду сипос бо забон ва пазириши ҳидояти дин бо қалб;
  • Дархости ҳамд, шукр, зикр ва ситоиши некуии Ӯ бо забон;
  • Дархости масуният барои худу хонавода аз шарри шайтон
  • Паноҳ бурдан ба Худо аз шарри шайтони рондашуда ва ҷинниён;
  • Дуо барои дафъи анвоъи шарри мухолифону душманон;
  • Дуо барои дар амон будан аз макри дигарон ва тағйири нияти онҳо.[3]

Шарҳҳо

Дуои бисту сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои бисту сеюми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.232
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.372
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.455 - 472; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.372-386
  4. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.455 - 472
  5. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.2 саҳ.372-386
  6. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.383-390
  7. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.5-36
  8. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.309-315
  9. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.301-310
  10. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.599-615
  11. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.53-56
  12. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.132-135

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.