Дуои ёздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои ёздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای یازدهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар талаби оқибатбахайрӣ дар дунё ва охират аст. Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ин дуо ҳамчунин ба таъсири аъмоли инсон дар аҳволи фариштагон, иҷобати дуоҳо аз сӯи Худо ва дуо барои истифодаи нек аз авқоти фароғат пардохтааст.
Дуои ёздаҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Мавзуи аслии дуои ёздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия талаби оқибатбахайрӣ дар дунё ва охират аст. Омӯзаҳои ин дуо ки дар панҷ фароз[1] аз Имом Саҷҷод (а) содир шуда ба шарҳи зайл аст:
- Ёди Худо мояи сарбаландӣ, шукраш мояи растагорӣ ва тоаташ моя наҷот аст;
- Дуо барои ёди Худованд бо дил (зикри қалбӣ);
- Дуо барои истифодаи нек аз авқоти фароғат;
- Таъсири аъмоли инсон бар аҳволи фариштагон; хушҳолии фариштагони нависандаи хубиҳо аз аъмоли неки инсон;
- Дуо барои оқибатбахайрӣ дар ҳангоми марг;
- Дур мондан аз тавбиху сарзаниши Илоҳӣ дар асари тавба;
- Дуо барои пардапӯшӣ дар қиёмат;
- Иҷобати дуои бандагон аз сӯи Худо.[2]
Шарҳҳо
Дуои ёздаҳуми Саҳифаи саҷҷодия дар китобҳое монанди Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои ёздаҳум ҳамчунин дар шарҳҳои арабӣ аз ҷумла дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳи луғавии Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ тавзеҳ дода шудааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ ترجمه و شرح دعای یازدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.101 - 122; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.485 - 500
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.97-122
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.485 - 500
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.529 - 560
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.441-463
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.165-169
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.141-143
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.285-298
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.35
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای یازدهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, мушоҳида: 23 обонмоҳи 1403ҳ.ш.