Дуои чилу ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ниёиши 48 Саҳифаи саҷҷодия)

Дуои чилу ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهل و هشتم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки дар рӯзи иди Қурбон ва рӯзи ҷумъа онро мехонд. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо гирдиҳамоии мусулмонон дар рӯзҳои идро барои нишон додани азамати Ислом дониста ва аз Худо дархости раҳмату мағфират дар ин рӯзҳоро дорад. Дар ин дуо борҳо бар Пайғамбари Ислом (с) ва Аҳли Байт (а) салавот фиристода шудааст.

Дар ин дуо ҳамчунин раҳбарии ҷомеъаи исломӣ махсуси маъсумон дониста шуда, ки тавассути ҳокимони ҷавр ғасб шудааст. Имоми чорум дар ин дуо дархостҳои гуногуне аз ҷумла таъҷили фараҷ, дар амон мондан аз балоҳо, ризқу рӯзии васеъ ва истиғфор аз гуноҳонро аз Худо дорад.

Дуои чилу ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои чилу ҳаштум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия аст, ки Имом Саҷҷод (а) дар рӯзи иди Қурбон ва рӯзи ҷумъа онро мехонд. Баёни вижагиҳои иди Қурбон ва рӯзи ҷумъа, нузули раҳматҳои хосси Худо дар ин айём аз муҳтавои ин дуост. Ҳамчунин ҳазрати Зайнулъобидин (а) дар ин дуо бо ишора ба ин ки ҳокими ҷомеъаи исломӣ бояд маъсум бошад, аз афтодани ҳукумат ба дасти ноаҳлон ибрози таассуф мекунад.[1] Дар ин дуо борҳо бар Муҳаммад ва оли ӯ салавот фиристода шудааст. Сирри ин такрор, қадрдонӣ аз мақоми Пайғамбар (с) ва аҳли байташ дониста шуда, ки саодати дунё ва охирати инсонҳо мадюни ҳидояти онон аст.[2]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Муборак будани рӯзи ҷумъа ва рӯзи иди Қурбон;
  • Махсуси Худо будани фармонравоии ҷаҳон ба ва ҳамду ситоиши Ӯ;
  • Гирдиҳамои мусулмонон дар рӯзҳои ид барои нишон додани азамати Ислом;
  • Дархости хайр аз Худо ба андозаи ҳамаи хайрҳое ки ба дигар бандагон додааст;
  • Зарурати истифодаи баҷо аз асмо ва сифоти Худо;
  • Баҳрагирии беҳтар аз неъматҳо бо шинохти Худо;
  • Биҳишт ва мақомҳои воло, самараи лутфу раҳмати Худо;
  • Дархости дуруди бениҳоят бар Муҳаммаду олаш;
  • Писандида набудани ёрӣ аз ғайрихудо;
  • Умед доштан ба омурзишу раҳмати Илоҳӣ беш аз умед ба аъмоли хеш;
  • Васеътар будани раҳмати Худо аз гуноҳони бандагон;
  • Умед ба дарёфти подош ва тӯҳфаву ҷоиза аз сӯи Худованд дар ид Қурбон ва рӯзи ҷумъа;
  • Дарёфти ҳар хайр ва дур шудан аз ҳар шар фақат бо анояти Худованд;
  • Умедвор будан ба Худованд барои баҳрамандӣ аз хайри дунё ва охират;
  • Анҷом надодани аъмоли солеҳ ва худбартарбинӣ аз омилҳои мустаҷоб нашудани дуо;
  • Бениёзии Худо аз инсон ва ниёзмандии инсон ба Ӯ;
  • Расидан ба қуллаи маърифат бо истиғфор;
  • Зарурати омодагӣ барои ҳузур дар даргоҳи Илоҳӣ;
  • Умед ба шафоати Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) дар рӯзи ҷумъа;
  • Ҳамрангӣ бо Аҳли Байт шарти бархурдорӣ аз шафоати онон;
  • Иқрор ба гуноҳу бадӣ бар даргоҳи Илоҳӣ;
  • Эътироф бар раҳмату бахшиши густардаи Худо;
  • Махсуси авсё ва баргузидагон будани иқомаи намози иди қурбон ва ҷумъа;
  • Лаънат бар душманони Аҳли Байт (а);
  • Ғасб шудани ҷойгоҳи намози ҷумъа ва ид аз имомон ва ҷонишинони Худо;
  • Дин бозичаи ҳокимони ҷавр;
  • Мушорикат дар зулми золимон бо хушнӯдӣ аз кирдори онон;
  • Дуо барои таъҷили фараҷи Муҳаммаду оли Муҳаммад (а);
  • Дуо барои қарор гирифтан дар зумраи аҳли тавҳиду имон;
  • Наҷот аз хашму азоби Илоҳӣ бо тазарруъ ва зорӣ ба даргоҳи Ӯ;
  • Андӯҳи дурӣ аз раҳмати Худо;
  • Дархости истиҷобати дуо пеш аз марг;
  • Дархости баҳрамандӣ аз офият то поёни умр;
  • Шитоб накардани Худо дар кайфари гуноҳони бандагон;
  • Муназзаҳ будани соҳати Илоҳӣ аз зулм ва иллати он;
  • Дуо барои дар амон мондан аз балоҳои гуногун;
  • Дархости ҳали мушкилот ва гушоишу раҳоӣ аз ғаму андӯҳ дар партави қудрати Илоҳӣ;
  • Раҳо шудан аз сакароти мавт бо рушди камолоти инсонӣ;
  • Паноҳ бурдан ба Худо аз хашми Илоҳӣ дар рӯзи ҷумъа ва рӯзи иди Қурбон;
  • Худо бузургтарин такягоҳ;
  • Раҳоӣ аз мушкилот бо тазаррӯъ ба даргоҳи Илоҳӣ;
  • Дуо барои эминӣ аз азоби Илоҳӣ;
  • Дуо барои ҳидоят ба сӯи даргоҳи Илоҳӣ;
  • Дуо барои нусрат аз даргоҳи Илоҳӣ;
  • Дархости раҳмату мағфират, кифоят дар ризқу рӯзӣ аз Худо;
  • Истиғфор аз гуноҳон;
  • Дуо барои ҳифз аз шарӯру офот;
  • Дархости саодатмандӣ дар партави иноёти Илоҳӣ;
  • Дархости некӣ ва хӯбӣ дар он чи ки барои худ муқарар шуда;
  • Эътимод ба Худо бартар аз эътимод ба нафас.[3]

Шарҳҳо

Дуои чилу ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои чилу ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.223
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.260
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.223 - 267; شرح فرازهای دعای چهل و هشتم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  4. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.557 - 576
  5. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.215 - 267
  6. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.505 - 516
  7. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.163 - 242
  8. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.611 - 624
  9. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.661 - 680
  10. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.545 - 572
  11. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.98 - 99
  12. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.270 - 277

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای چهلم و هشتم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.