Сакароти мавт

Аз wikishia

Сакароти мавт ё сакароти марг, ба сахтиҳое гуфта мешавад, ки ҳангоми марг бар инсони дар ҳоли марг ворид мешавад. Дар Қуръон, дар ояти нуздаҳи сураи Қоф, аз ин масъала сухан омадааст. Аз рӯи ҳадисҳо сакароти мавт бисёр сахт аст ва ҳамаи инсонҳо, ҳангоми марг, онро аз сар мегузаронанд.

Тибқи ҳадисҳо, баъзе аз муъминон ба сахтӣ ҷон медиҳанд, ки бо ин кор, гуноҳонашон бахшида мешавад. Дар суханони Пайғамбар (с) ва имомон, роҳҳое барои осон шудани сахтии сакароти мавт баён шудааст, ки бархе ба ин шарҳ аст: рафту омад бо хешу табор, некӣ ба падару модар, ёрдам ба бародарони динӣ, хондани сураҳои Ёсин ва Соффот, муҳаббат ба Имом Алӣ (а) ва зиёд зиёрат кардани қабри Имом Ҳусайн (а).

Мафҳумшиносӣ

«Сакароти мавт»-ро ҳолатҳое монанд ба мастӣ таъриф мекунанд, ки ҳангоми марг, аз шиддати сахтӣ, дар муҳтазар ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат, инсони қувваи ташхисашро аз даст медиҳад.[1] «Сакарот» ҷамъи «сакрат» аст, ки мастӣ, сахтӣ ва саргардонӣ маъно медиҳад.[2] Калимаи «мавт» ҳам ба маънои марг аст.[3]

Дар оёту ривоёт

Дар Қуръон, дар ояти 19 сураи Қоф таъбири «сакрат-ул-мавт/ سَکرَةُالمَوت» ба кор рафта ва омадааст: « وَ جاءَتْ سَكْرَةُ الْمَوْتِ بِالْحَقِّ ذَلِكَ مَا كُنْتَ مِنْهُ تَحِیدُ; ва саранҷом сакароти марг, ба ҳақ, фаро мерасад. Ин ҳамон чизе аст, ки ту аз он мегурехтӣ!».

Дар ривоёт ҳам иборат «сакрат-ул-мавт/ سَکرَةُالمَوت»[4] ва «сакарот-ут-мавт»[5] ба кор рафтааст. Дар китоби ҳадисии Биҳор-ул-анвор, бахше ба мавзӯи сакароти мавт ихтисос ёфта ва 52 ҳадис дар он омадааст.[6] Дар Таҳзиб-ул-аҳкоми Шайх Тусӣ, дуое аз Имом Содиқ (а) ривоят шудааст, ки дар бахше аз он омадааст: «Худоё, дар сакароти мавт, ёриам кун!».[7]

Чигунагии сакарот

Бар пояи ҳадисе, ки Шайх Садуқ аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, шадидтарин лаҳазоти зиндагии инсон се лаҳза аст: 1- лаҳзае ки бо марг мувоҷеҳ мешавад, 2 - лаҳзае ки аз қабр бармехезад, 3 - лаҳзае ки бо Худо рӯбарӯ мешавад.[8] Дар китоби Паёми Қуръон - тафсири мавзӯии Қуръон, бо истинод ба вожаи «сакратул-мавт» дар ояти нуздаҳи сураи Қоф омадааст, марг бо душвориҳо ва даҳшатҳои ҳайратангез ҳамроҳ аст.[9] Ба навиштаи ин китоб, бар асоси ривоёт, ҳатто паёмбарон ва авлиёи Худо низ аз мушкилот ва сахтиҳои сакароти мавт беамон набудаанд.[10]

Фарқи сахтиҳои марги муъмин бо кофир

Дар ривояте, аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки сакароти марг, барои муъмин, бисёр осон аст, аммо барои бархе аз муъминон, ба сабаби пок кардани гуноҳонаш, бо сахтӣ ҳамроҳ мешавад; ҳамин тавр марги кофир бисёр душвор аст, вале сакароти марги бархе кофирон, барои ҷуброни некрафториашон дар дунё, осон аст ва дар охират, фақат азоб мебинанд.[11]

Роҳҳои коҳиши сакарот

Дар бархе аз аҳодис, роҳҳое барои осонтар шудани сакароти марг баён шудааст. Барои намуна, Кулайнӣ - муҳаддиси шиа, дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) овардааст, касе ки либосе бар тани бародари диниаш бипӯшонад, бар Худо фарз мешавад, ки бо либоси биҳиштӣ ӯро бипӯшонад ва сакароти маргро бар ӯ осон кунад.[12]

Баъзеи дигар аз корҳое ки тибқи ривоёт, аз сакароти марг мекоҳад, ба ин шарҳ аст: силаи раҳим,[13] некӣ ба падару модар,[14] рӯзаи моҳи Рамазон,[15] хондани сураи Ёсин,[16] рӯза дар моҳи раҷаб[17] муҳаббат ба Имом Алӣ (а)[18] ва зиёд рафтан ба зиёрати Имом Ҳусайн (а).[19] Ба гуфтаи Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ дар Ҷомеъ-ус-саъодот, бар пояи ривоёт, касе ки модараш аз ӯ норозӣ бошад, сакароти марг ва азоби қабраш шадидтар аст.[20]

Коҳиши сакароти мавт барои муҳтазар

Соҳиби Ҷавоҳир - фақеҳи шиа мегӯяд, тибқи ривоёт мустаҳаб аст муҳтазар ба маконе ки дар он намоз мехондааст, интиқол дода шавад. Ин кор, сакароти маргро барои ӯ осонтар мекунад.[21] Муҳаққиқи Каракӣ низ бо истинод ба ҳадисе аз Имом Козим (а), мустаҳаб дониста барои муҳтазар сураи Соффот хонда шавад.[22] Тибқи ин ҳадис, агар сураи Соффот бар болини муҳтазар хонда шавад, Худованд зӯдтар ӯро роҳат мекунад.[23] Дар ҳадисе аз Пайғамбар (с) ҳам омадааст, хондани сураи Ёсин назди муҳтазар маргро бар ӯ осон мекунад.[24]

Ҷусторҳои вобаста

Азоби қабр

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.348; Варром, Маҷмуъату Варром, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.26.
  2. Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи «сакрат».
  3. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи «мавт».
  4. Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., саҳ.105; Шайх Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411, ҷ.2, саҳ.443.
  5. Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.93.
  6. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.145 - 173.
  7. Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.93.
  8. Шайх Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.119.
  9. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Паёми Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.431.
  10. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Паёми Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.432.
  11. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274 - 275.
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.204.
  13. Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.208.
  14. Шайх Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.432.
  15. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.74.
  16. Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.111 - 112.
  17. Шайх Садуқ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, 1396ҳ.қ., саҳ.12.
  18. Шайх Садуқ, Фазоил-уш-шиъа, Аъламӣ, саҳ.4.
  19. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.150.
  20. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.273.
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.ш., ҷ.4, 18.
  22. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353.
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.126.
  24. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136.

Сарчашма

  • Варром ибни Абифарос, Масъуд ибни Исо, Маҷмуъату Варром, Қум, мактабат Фақиҳ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, 1341ҳ.ш.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, таҳқиқи Абдулҳусайн Аминӣ, Наҷаф, Дорул-Муртазавийя, чопи аввал, 1356ҳ.ш.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Балад-ул-амин ва-д-диръ-ул-ҳасин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва дигарон, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1377ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, таҳқиқи муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Бейрут, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, тасҳеҳи Муҳаммади Калонтар, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол‏, Қум, Дорул-Шариф ал-Разӣ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, таҳқиқи Ғуломризо Ирфониёни Яздӣ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1396ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фазоил-уш-шиъа, Теҳрон, Аъламӣ, чопи аввал, бе то.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, таҳқиқи муассисаи ал-беъсат, Қум, Дорул-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.