Jump to content

Намози ҷумъа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Намози Ҷумъа)

Мақолаи Намози ҷумъа бо мақолаҳои: Ояти намози ҷумъа, Имоми ҷумъа ва Намози ҷумъа дар даврони ғайбат иртибот дорад.

Намози ҷумъаи Қудс
Намози ҷумъаи майдони ат-Таҳрири шаҳри Қоҳира - Миср

Намози ҷумъа (форсӣ: نماز جمعه) намозе дуракаатӣ аст, ки дар рӯзи ҷумъа ба ҷои намози пешин ва бо ҷамоат хонда мешавад. Намози ҷумъа бо ҳузури ҳадди ақал панҷ нафар барпо мегардад, ки яке аз онҳо имоми ҷумъа аст. Имоми ҷумъа бояд пеш аз намоз ду хутба барои намозгузорон қироат кунад, ки даъват ба тақво аз мавзуъҳои он аст.

Ҳукми фиқҳии баргузории ин намоз дар сураи Ҷумъа омадааст. Ривоятҳо, намози ҷумъаро ҳаҷҷи мискинон ва боиси муғфирати гуноҳон шумурдаанд ва баъзе ривоятҳо тарки онро сабаби нифоқ ва фақирӣ донистаанд. Намози ҷумъа дар замони ҳузури имомони маъсум, воҷиб ва дар замони ғайбат бар асоси назари аксари мароҷеи тақлид воҷиби тахйирӣ аст.

Намози ҷумъа яке аз шиорҳои иҷтимоъии муҳими мусулмонон аз садри Ислом буда ва аз намодҳои ҳамбастагии мусулмонон шинохта мешавад. Бо назардошти масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоъии хутбаҳо, намози ҷумъа ба намози ибодӣ-сиёсӣ низ машҳур гардидааст.

Аҳамият ва ҷойгоҳи намози ҷумъа

Намози ҷумъа яке аз ваҷиботи ибодӣ ва муҳимтарин дар дини Ислом аст[1], ки дар рӯзи ҷумъа ва ба сурати ҷамоат баргузор мегардад. Намози ҷумъа дар ҳамроҳии иҷтимоии рӯзона барои намозҳо, иҷтимои солонаи намози иди Қурбон ва Фитр ва иҷтимои ҳаҷ, ки дар ҳамсоягии Хонаи Худо яке аз чор иҷтимои исломӣ аст, ҷойгир мешавад.[2]

Намози ҷумъа яке аз ҷалваҳои мардумӣ будани ҳукумати исломӣ дониста шудааст[3] ва бо унвони «намози ибодӣ-сиёсӣ» аз он ёд мешавад.[4] Аз намози ҷумъа бо унвони намози равшангарӣ ва огоҳсозии ҷомеа ва таъминкунандаи огоҳӣ бо имон[5] ва расонаи васеъ ва бонуфуз[6] ёд шудааст. Ҷанбаҳои сиёсии намози ҷумъа он қадар қавӣ аст, ки дар даврони Умавиён ва Аббосиён ба таври тадриҷӣ ҷанбаҳои ибодии намози ҷумъа заиф ва намози ҷумъа ба як намоди сиёсӣ ва шиори дастгоҳи хилофат табдил ёфта буд.[7]

Аҳамияти намози ҷумъаи дар Қуръон ва аҳодис

Дар Қуръон сурае бо номи сураи Ҷумъа бо мавзуи намози ҷумъа нозил шудааст ва муъминон ошкоро ба тарки корҳои рӯзмарра ва ҳузур дар ин намоз даъват шудаанд. Ва гуфта шудааст, ки ҳудуди 200 ҳадис дар бораи намози ҷумъа аз Пайғамбар ва имомон расидааст.[8] Дар аҳодис низ иштирок дар намози ҷумъа боиси мағфирати гуноҳҳои гузашта,[9] кам кардани сахтиҳои қиёмат,[10] ва мукофотҳои фаровон барои ҳар қадам дар роҳи намози ҷумъа[11] дониста шудааст ва низ гуфта шудааст, ки Худо оташро бар бадани ӯ ҳаром мекунад[12] ва сабук шумурдани он боиси парешонӣ ва бебаракатӣ аст.[13] Ҳамчунин нақл шудааст, ки Алӣ ибни Абитолиб (а) баъзе зиндониёнро ба воситаи иштирок дар намози ҷумъа, озод мекард.[14] Файзи Кошонӣ, муҳаддис ва фақеҳи қарни ёздаҳум, намози ҷумъаро беҳтарин ваҷиб дар Ислом донистааст.[15] Ва дар ҳадиси дигар намози ҷумъа, ҳаҷҷи мискинон шинохта шудааст.[16]

Баргузории намози ҷумъа дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон

Намози ҷумъа аз замони расули Худо (с) дар Мадина ҳамеша барпо мешуд ва пас аз он низ дар даврони халифаҳои гуногун дар маркази хилофат ва шаҳрҳои дигар баргузор мегардид.[17] Гоҳо омилҳое монанди рушду тавсеъаи шаҳрҳо, вуҷуди фирқаҳо ва мазҳабҳои гуногун дар як шаҳр ва мулоҳизаҳои сиёсӣ ва амниятии ҳукмронҳо боиси он мешуд, ки дар як шаҳр чанд намози ҷумъа баргузор гардад.[18] Ба гузориши Ибни Батута дар қарни ҳафтум дар ёздаҳ масҷиди Бағдод намози ҷумъа барпо мешуд.[19] Дар давраи Мамолик ба сабаби афзоиши аҳолӣ, намози ҷумъа дар масҷидҳои маҳаллӣ ва мадрасаҳо низ баргузор мешуд.[20] Иддао шудааст, ки бузургтарин намози ҷумъаи мусулмонон намози ҷумъаест, ки дар Макка ва пеш аз ҳаракати ҳоҷиён ба сарзамини Арафот барпо мешавад ва ҳоҷиёни саросари ҷаҳон дар он ҳозиранд.[21]

Воҷиб будани намози ҷумъа

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِذَا نُودِیَ لِلصَّلَاةِ مِن یَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَیٰ ذِکْرِ اللَّـهِ وَذَرُ‌وا الْبَیْعَ ۚ ذَٰلِکُمْ خَیْرٌ لَّکُمْ إِن کُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед, вақте ки барои намози ҷумъа нидо дода шуд, ба сӯи зикри Худо шитоб кунед ва тиҷоратро тарк кунед. Агар медонистед, ин барои шумо беҳтар аст.

Сураи Ҷумъа, ояти 9


Ҳамаи мусулмонон намози ҷумъаро воҷиб мешуморанд. Фақиҳони шиа ва аҳли суннат барои исботи вуҷуби намози ҷумъа ба ояти 9-уми сураи Ҷумъа ва ҳадисҳои зиёд[22] ва иҷмоъ истинод карда ва тарккунандаи онро сазовори уқубат донистаанд.[23] Намози ҷумъа барои занон, мусофирон, беморон ва нотавонон, ғуломон ва касоне, ки бештар аз ду фарсах аз маҳалли баргузории намози ҷумъа дур ҷойгиранд, воҷиб нест.[24]

Дар манбаъҳои фиқҳии мазҳабҳои исломӣ як фасл аз мавзуи намоз (Китоб-ус-салот) ба намози ҷумъа ихтисос ёфтааст.[25] Инчунин навиштани осори фиқҳӣ ва рисолаҳои мустақил дар бораи намози ҷумъа, ба сабаби мавқеи муҳими ин ибодат, аз қарнҳои аввал маъмул буд.[26] Дар давраи Сафавия ва дар пайи роиҷ шудани баргузории намози ҷумъа дар Эрон рисоланависӣ дар ин бора ҷиддитар шуд.[27] Бисёре аз фақиҳони соҳибном рисолаҳое дар бораи намози ҷумъа ба забони арабӣ ва форсӣ таълиф карданд, ки баъзе аз онҳо дар рад ё дифоъ аз рисолаҳои дигар буданд.[28]

Манъи хариду фурӯш дар ҳангоми намози ҷумъа

Хариду фурӯш ҳангоми намози ҷумъа бар асоси ояти нуҳуми сураи Ҷумъа мамнуъ шудааст ва бар асоси ояти 10 ҳамин сура, пас аз анҷоми намоз хариду фурӯш ва ҳар гуна машғулият ва кор (монанд аёдати бемор, дидор бо бародарони имонӣ ва ғайра) маҳдудият надорад.[29]

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз мароҷии таклид ва муфассири Қуръон бар ин бовар аст, ки мақсади ибораи "ва зару-л-байъ" дар ояти 9-уми сураи Ҷумъа танҳо хариду фурӯш ва байъ нест, балки мақсад он аст, ки ҳар корие, ки роҳи рафтан ба намози ҷумъаро мегирад, ҷоиз нест ва агар касе ин корро анҷом диҳад, маъсият кардааст, ҳарчанд ки хариду фурӯши ӯ дуруст аст. Вай инчунин муътақид аст, ки агар касе ҳангоми роҳ рафтан (саъй) ба сӯи намози ҷумъа хариду фурӯш кунад, айб надорад, зеро ин кор монеи рафтан ба намози ҷумъа нест.[30]

Ҳукми намози ҷумъа дар даврони ғайбат

Навиштори аслӣ: Намози ҷумъа дар даврони ғайбат

Баргузории намози ҷумъа дар давраи ғайбати имоми маъсум аз мавзуъҳои баҳсбарангез дар байни фақиҳони шиа аст, ки гурӯҳе ба ҳурумати он, гурӯҳе ба вуҷуби таъйинии он ва гурӯҳе дигар ба вуҷуби тахйирии он назар додаанд.[31]

  • Баъзе фақиҳони мутақаддими шиа аз ҷумла Саллори Дайламӣ[32] ва Ибни Идриси Ҳиллӣ[33] ва ба пайравии онҳо бисёре аз фақиҳони мутаахиртар аз ҷумла Фозили Ҳиндӣ машруияти намози ҷумъаро машрут ба ҳузури имоми маъсум ё ҳузури шахсе донистаанд, ки аз ҷониби ӯ ба имомати ҷумъа таъйин шуда бошад.[34] Бинобар ин, баргузории намози ҷумъа дар даврони ғайбат ҳаром хоҳад буд.
  • Фатвои вуҷуби таъйинӣ назарияи дигар дар бораи намози ҷумъа дар даврони ғайбат аст,[35] ки бинобар ин назария ҳар вақт шартҳои баргузории намози ҷумъа фароҳам оварда шавад, барпо кардани он воҷиб аст ва ин амр ниёз ба насби умумӣ ё хусусии имоми маъсум надорад.[36] Вале ҳузур ё иҷозати ҳокими одил[37] ё имоми одил[38] лозим аст. Шаҳиди Сонӣ[39] ва наберааш соҳиби "Мадорик" чунин фатвое доранд.[40] Ин назар аз давраи Сафавӣ дар Эрон бо таваҷҷуҳ ба заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мавҷуда роиҷ гардид.[41]
  • Аз тарафи дигар, бисёре аз фақиҳони адвори миёна ва мутааххири шиа аз ҷумла Муҳаққиқи Ҳиллӣ,[42] Алломаи Ҳиллӣ,[43] Ибни Фаҳди Ҳиллӣ,[44] Шаҳиди Аввал,[45] ва Муҳаққиқи Каракӣ[46] ба вуҷуби тахйирӣ қоиланд ва мақсади вуҷуби тахйирии намози ҷумъа ин аст, ки дар зуҳри ҷумъа ё бояд намози ҷумъа хонда шавад ё намози пешин.[47] Назарияи вуҷуби тахйирӣ дар байни фақиҳони мутааххир (аз қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ ба баъд) мақбулият ёфтааст.[48]

Тариқи баргузории намози ҷумъа

Барои баргузории намози ҷумъа дар аввал ду хутба (суханронӣ) хонда мешавад ва пас аз он ду ракаат намози ҷамоат ба нияти намози ҷумъа барпо мегардад. Ин ду ракаат ду қунути мустаҳабӣ дорад; яке пеш аз рукуъи ракаати аввал ва дигаре пас аз рукуъи ракаати дуюм.

Шароити баргузории намози ҷумъа

Аксарияти фақиҳони шиа[49] муътақиданд, ки барои баргузории намози ҷумъа ҳузури ҳадди ақал панҷ нафар лозим аст[50] ва баъзе ҳафт нафарро лозим донистаанд. Ҳанафиён ҳузури ҳадди ақал се нафар илова бар имоми ҷумъа, шофеиён ва ҳанбалиён ҳузури ҳадди ақал чиҳил нафар ва моликиён ҳузури ҳадди ақал дувоздаҳ нафар аз аҳолии шаҳрро лозим донистаанд.[51] Ҳамчунин ба назари фақиҳони имомӣ лозим аст, ки байни ду намози ҷумъа ҳадди ақал як фарсах фосила бошад ва агар ин шарт риоя нашавад, намози ҷумъаи мутааххир ботил хоҳад буд.[52]

Макони баргузории намози ҷумъа

Намози ҷумъаи Ҳинд, масҷиди Фотеҳпур

Намозҳои ҷумъа одатан дар масҷиди ҷомеи ҳар шаҳр баргузор мешаванд, ки гоҳ бо номҳое чун масҷиди Аъзам, масҷиди ҷамоат, масҷиди ҷумъа ва масҷиди Одина низ хонда мешавад.[53] Ҷомеъ хондани ин масҷидҳо ба сабаби баргузор шудани иҷтимоъҳое монанди намози ҷумъа дар он будааст.[54] Дар баъзе шаҳрҳо низ маконе бо номи мусалло сохта шудааст, ки намозҳои ҷумъа дар он баргузор мешаванд; мисли Мусаллои бузурги Теҳрон, Мусаллои Қудс дар Қум ва Мусаллои Шаҳиди Мазорӣ дар Кобул.

Хутбаҳои намози ҷумъа

Намози ҷумъа бо ду хутба оғоз мешавад, ки дар воқеъ ҷонишини ду ракаати аввали намози пешин ҳастанд.[55] Ба назари аксарияти мароҷеи тақлид хутбаҳои ҷумъа бояд пас аз зуҳри шаръӣ эрод шаванд.[56] Ба назари машҳури фақиҳони шиа хутба ҳадди ақал бояд шомили ҳамди Худо, саловат бар Пайғамбар (с), мавъиза ва тавсия ба тақво ва қироати сурае хурд аз Қуръон бошад.[57] Намозгузорон бояд анҷом додани ҳар корие, ки онҳоро аз шунидани хутбаҳо бозмедорад, монанди суҳбат кардан ё намоз хондан, тарк кунанд.[58] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ Қуръон аз ин ду хутба бо ин ки минбар ва суханронӣ аст, монанди намоз таъбир ба "зикриллоҳ" кардааст.[59]

Дар ҳадисе аз Имом Ризо (а) омадааст, ки: Ду хутба қарор дода шуданд, то дар яке ҳамд ва тақдиси илоҳӣ бошад ва дар дигарӣ ниёзҳо, ҳушдорҳо, дуоҳо, амрҳо ва дастурҳое, ки бо солиҳу фасоди ҷомеаи исломӣ дар алоқа аст, ба онҳо эълон намояд.[60]

Шакли намози ҷумъа ва қунутҳои он

Пас аз ду хутба, ду ракаат намози ҷумъа хонда мешавад. Хондани сураи Ҷумъа дар ракаати аввал ва сураи Мунофиқун дар ракаати дуюм ё сураи Аъло дар ракаати аввал ва сураи Ғошия дар ракаати дуюм пас аз сураи Ҳамд мустаҳаб аст. Хондани сураҳо бо садои баланд (ҷаҳр) низ мустаҳаб аст.[61] Ба назари фақиҳони шиа хондани қунут дар ракаати аввал пеш аз рукуъ ва дар ракаати дуюм пас аз он мустаҳаб аст.[62]

Имоми ҷумъа

Мансабҳои шаръӣ
Пайғамбар
Имом
Қозӣ
Ҳокими шаръ
Имоми ҷумъа
Имоми ҷамоат
Валии фақиҳ
Марҷаи тақлид
Амирулҳоҷ
Ноиби хос
Ноиби ом
Мақолаи аслӣ: Имоми ҷумъа

Имоми ҷумъа ғайр аз доштани шартҳои лозим барои имоми ҷамоат,[63] бояд дорои шароити дигар низ бошад. Аз ҷумла соҳиби нутқи равшан, ҷасорат ва рӯшании баён ва бо маслиҳатҳои Ислом ва мусалмонон ошноӣ дошта бошад. Ҳамчунин, беҳтар аст, ки имом-хатиб аз байни донишмандтарин ва шарофатмандтарин афрод интихоб карда шавад.[64]

Муҳаққиқи Ҳиллӣ фақеҳи шиа дар асри ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ дар китоби «Шароъеъ» камоли ақлро дар баробари имон ва адолат аз шартҳои имом-хатиб шумурдааст.[65] Ва аз он ҷо, ки намози ҷумъа бо ҳузури занон ташкил намешавад, дар ҳеҷ шароите барои зан имомати ҷумъа ҷоиз нест.[66]

Шиаён ва аксари фақеҳони мазҳабҳои аҳли суннат барои саҳеҳ будани намози ҷумъа (мисли дигар ибодатҳои баданӣ) ҳузур ё иҷозати ҳокими вақти худро шарт намедонанд ва ба имомати Алӣ (а) дар намози ҷумъа ҳангоми муҳосираи Усмон аз тарафи мухолифон истинод мекунанд.[67] Бо ин ҳама, дар тӯли таърихи Ислом имомати ҷумъа ҳамеша мансаби ҳукуматӣ будааст.[68]

Пешинаи баргузории намози ҷумъа

Намози ҷумъа қабл аз ҳиҷрат ва дар соли 12-уми беъсат дар Макка ташреъ шуд. Дар ҳамин сол, Паёмбари акрам (с), ки имкони баргузории намози ҷумъаро дар Макка надошт, дар номае аз Мусъаб ибни Умайр хост, ки намози ҷумъаро дар Мадина барпо кунад.[69]

Бар асоси гузориши дигар,[70] нахустин намози ҷумъаро Асъад ибни Зурора дар Мадина барпо кард.

Бо вуруди Паёмбар ба Мадина, намози ҷумъа ба имомати эшон баргузор шуд.[71] Пас аз шаҳри Мадина, аввалин маконе, ки дар он намози ҷумъа баргузор шуд, деҳаи Абдулқайс дар Баҳрайн буд.[72]

Баъд аз асри набавӣ, бар асоси гузоришҳои таърихӣ, баргузории намози ҷумъа дар давраи халифаҳои нахустин ва ҳамчунин дар давраи ҳукумати ҳазрати Алӣ (а) (солҳои 35-40 ҳиҷрӣ) ва имом Ҳасан (а) (соли 40 ҳиҷрӣ) роиҷ буд.[73] Баъзе ривоятҳои шиа, монанди хутбаи Шаъбонияи Паёмбари акрам (с) ва бархе аз хутбаҳои «Наҳҷ-ул-балоға» ёдгори ин намозҳо ҳастанд.

Дар даврони Умавиён (солҳои 41-132 ҳиҷрӣ) ва Аббосиён (солҳои 132-656 ҳиҷрӣ) низ намози ҷумъаро халифаҳо ё коргузорони онҳо баргузор мекарданд.[74] Халифаҳо имомони ҷумъаи маркази хилофатро таъйин менамуданд[75] ва интихоби хатибони ҷумъаи дигар шаҳрҳо бар уҳдаи амирон ва волиёни ҳамон ҷой буд.[76]

Ширкати имомон дар намози ҷумъа

Аз дидгоҳи шиа, ҳокимони ҷавр ва имомони ҷумъа ва ҷамоате, ки аз ҷониби онҳо мансуб шудаанд, машруият надоранд ва намоз гузоштан ба имомати онҳо ҷоиз нест. Бо ин ҳол, бар пояи бархе аҳодис, имомони шиа ва пайравони эшон аз рӯи тақия ё ба далелҳои дигар гоҳе дар маросими намози ҷумъа ширкат мекарданд.[77]

Ҳамчунин, гоҳе мухолифони ҳукуматҳо барои изҳори мухолифати худ аз ширкат дар намози ҷумъа худдорӣ менамуданд.[78] Ҳозир нашудан дар намози ҷумъа собиқаи нохушоянд барои афрод ба шумор мерафт.[79]

Иқомаи намози ҷумъаҳои шиа

Гуфта шудааст, ки дар даврони ғайбати кубро фақеҳони шиа, ки қудрат надоштанд, на худ намози ҷумъаро баргузор мекарданд ва на ширкат дар намози ҷумъаи вобаста ба султонҳои ҷаврро салоҳ медонистанд. Бо ин ҳол, мавориди маҳдуде, мисли даврони Оли Буя ё Ҳамдониён, аз баргузории намози ҷумъа аз ҷониби шиаён гузориш шудааст.[80]

Аз ҷумла қадимтарин гузоришҳои мавҷуд дар бораи намози ҷумъа дар ҷамоаҳои шиа, баргузории намози ҷумъа дар масҷиди Баросо (масҷиди шиаён дар Бағдод) дар соли 329 ҳиҷрӣ ба имомати Аҳмад ибни Фазли Ҳошимӣ буд.[81] Ҳатто дар фитнаи соли 349 ҳиҷрӣ, ки намози ҷумъаи Бағдод таътил шуд, таваққуфе дар баргузории намози ҷумъа дар Баросо пеш наомад,[82] вале дар соли 420 ҳиҷрӣ бо таъини хатибе суннимазҳаб аз ҷониби халифа, барои муддате баргузории намоз мутаваққиф шуд.[83] Ҳамчунин, намози ҷумъа дар ҷомеи Ибни Тавлун дар соли 359 ҳиҷрӣ ва ҷомеи Азҳар дар соли 361 ҳиҷрӣ баргузор мешуд.[84] Қароине низ бар баргузории намози ҷумъа дар қарнҳои нахустини ҳиҷрӣ дар ин шаҳрҳо далолат дорад.[85] Равнақи намози ҷумъа дар миёни шиаён аз оғози ҳукумати шиаи Сафавия дар Эрон аст.[86]

Донишномаи намози ҷумъа

Мақолаи аслӣ: Донишномаи намози ҷумъа

Донишномаи намози ҷумъа ба муаррифии мавзуъҳои марбут ба намози ҷумъа бо рӯйкарди донишномавӣ мепардозад. Ин маҷмӯа ба Шӯрои сиёсатгузории аиммаи ҷумъа дар Эрон вобаста буда, мавзуъҳое чун мафоҳим, аҳком, воқеаҳо, афроди таъсиргузор дар намози ҷумъа, биноҳо ва осори марбут ба намози ҷумъаро фаро мегирад.[87]

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Варъи, «Наҳзат эҳёи намози ҷумъа», саҳ.5
  2. Варъи, «Наҳзат эҳёи намози ҷумъа», саҳ.5
  3. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, «Абъоди фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии намози ҷумъа», саҳ.54
  4. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, «Абъоди фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии намози ҷумъа», саҳ.55
  5. Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар нуҳумин гирдоварии имомони ҷумъа. (Сайти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ).
  6. Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар нуҳумин гирдоварии имомони ҷумъа. (Сайти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ).
  7. Рудгар, «Аз намоз то намуна», саҳ.4
  8. Зарвандии Раҳмонӣ, «Ҷойгоҳ ва нақши вилояти фақеҳ дар барпо кардани намози ҷумъа», саҳ.55
  9. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Байрут, ҷ.86, саҳ.197
  10. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.427
  11. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Қум, ҷ.2, саҳ.504
  12. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.247
  13. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Қум, ҷ.5, саҳ.7
  14. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Қум, ҷ.6, саҳ.27
  15. Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.31
  16. Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.237
  17. Варъи, «Наҳзат эҳёи намози ҷумъа», саҳ.5
  18. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазаму фи таърих-ил-мулук ва-л-умам, 1412ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.5 - 6; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Лайпзиг, Зайл калимаи «Ҷумъа»; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1405ҳ.қ., ҷ.5, ҷузъи 10, саҳ.105; ҷ.6, ҷузъи 11, саҳ.332
  19. Ибни Баттута, Реҳлату Ибни Баттута, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233
  20. Қалқашандӣ, Субҳ-ул-ашо фи санъат-ил-иншо, Қоҳира, ҷ.3, саҳ.362
  21. Иброҳимӣ, «Мутолиаи тафсилии сиёсатҳо ва аҳдофи барпо кардани намози ҷумъа...», саҳ.136
  22. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад, 1402ҳ.қ., ҷ. 3, саҳ. 424-425; Насоӣ, Сунани Насоӣ, 1401ҳ.қ., ҷ. 3, саҳ. 85-89; Ҳурри Омили, Васоил-уш-шиа, Қум, ҷ. 7, саҳ. 295-302; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Қум, ҷ.6, саҳ.10
  23. Шавконӣ, Нил-ул-автор, Миср, ҷ.3, саҳ.254-255; Шайх Тӯсӣ, Хилоф, Қум, ҷ.1, саҳ.593; Муҳаққиқи Ҳилӣ, ал-Муътабари фи шарҳ-ил-мухтасар, 1364ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.274
  24. Шайх Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.164; Ҳусайнӣ Омилӣ, Мифтаҳ-ул-Карамат, Қум, ҷ.8, саҳ.463-483; Заҳилӣ, ал-Фиқҳ-ул-Исломӣ ва-адиллaтиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265-268
  25. Малик ибни Анас, ал-Муаттаъ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101-112; Шофеъӣ, ал-Умм, Байрут, ҷ.1, саҳ.188-209; Кулайнӣ, Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.418-428; Шайх Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.144-148; Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.450-544
  26. Бархе аз ин осор иборатанд аз:
    1. Китоб-ул-ҷумъа, навиштаи Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (ваф.204ҳ.қ.);
    2. Китоб-ул-ҷумъа ва-л-идайн, таълиф Аҳмад бин Муҳаммад Ашъарӣ (ваф.300ҳ.қ.);
    3. Китоб-ул-ҷумъа аз Абдулраҳмон Насоии (ваф.303ҳ.қ.);
    4. Китобу салот-ил-ҷумъа, навиштаи Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷуъфӣ маъруфи ба Собунӣ (вафот баъд аз 339ҳ.қ.);
    5. Китобу салоти авм-ил-ҷумъа, навиштаи Муҳаммад ибни Масъуд Айёшӣ (вафот баъд аз 340ҳ.қ.);
    6. Китоб-ул-ҷумъа ва-л-Ҷамаъат навиштаи Абулқосим Ҷаъфар бин Муҳаммад бин Қулвайҳ (вафот: 369ҳ.қ.);
    7. Китоб-ул-ҷумъа ва-л-идайн, таълифи Аҳмад ибни Абӣ-Заҳр
    8. Китоб-ул-ҷумъати ва-л-ҷамоа, навиштаи Шайх Садуқ (ваф.381)
    9. Китобу амал-ил-ҷумъа, навиштаи Аҳмад ибни Абдулвоҳид (ваф.423)
  27. Ҷаъфариён, Намози ҷумъа: заминаҳои таърихӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.37
  28. Ҷаъфариён, Намози ҷумъа: заминаҳои таърихӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.37-38; Ҷаъфариён, Сафавия дар арсаи дин, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.251
  29. Табатабоӣ, Ал-Мизон, Маншурат-и Исмоилиён, ҷ.19, саҳ.274
  30. «تفسیر سوره جمعه آیت‌الله جوادی جلسه 10 (1397/01/2», Бунёди Исро
  31. Барои дидани ақволи дигар нигаред ба Ризонажод, Салот-ул-ҷумъа, 1415ҳ.қ., саҳ.28
  32. Ризонажод, Салот-ул-ҷумъа, 1415ҳ.қ., саҳ.77
  33. Ҳиллӣ, Ас-Сароир, Қум, ҷ.1, саҳ.304
  34. Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, Теҳрон, ҷ.1, саҳ.246-248; Табатабоӣ, Риёз-ул-масоил, Байрут, ҷ.4, саҳ.73-75; Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.60; Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1355ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.524
  35. Ризонажод, Салот-ул-ҷумъа, 1415ҳ.қ., саҳ.29-65
  36. Ниг.: Шаҳид Сонӣ, Ар-Равзат-ул-баҳия, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299-301; Файзи Кошонӣ, Аш-Шиҳоб-ус-соқиб фи вуҷуби салот-ил-ҷумъат-ил-айнӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.47-102; Оқобузурги Теҳронӣ, Аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.63, 67, 73; Ҷобирӣ, Салот-ул-ҷумъа: таърихан ва фиқҳан, 1376ҳ.ш., саҳ.54-55
  37. Шайх Муфид, Ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.676; Сайид Муртазо, Масоил-ун-носириёт, 1417ҳ.қ., саҳ.265; Шайх Тӯсӣ, Ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.143
  38. Сайид Муртазо, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, Қум, ҷ.1, саҳ.272, ҷ.3, саҳ.41
  39. Шаҳид Сонӣ, Расоил, Қум, саҳ.197
  40. Мусавӣ Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.25
  41. Яздӣ, Ал-Ҳуҷҷат фи вуҷуби салот-ил-ҷумъа, чопи Ҷаводи Мадрасӣ, саҳ.53-54
  42. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шарое-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76
  43. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-ул-шиъа, Қум, ҷ.2, саҳ.238-239
  44. Ҳиллӣ, Ал-Муҳаззаб-ул-бореъ, Қум, ҷ.1, саҳ.414
  45. Шаҳиди Аввал, Ад-Дурус-иш-шаръия, Қум, ҷ.1, саҳ.186
  46. Муҳаққиқи Каракӣ, Расоилу ал-Муҳаққиқ-ил-Каракӣ, Қум, ҷ.1, саҳ.158-171
  47. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.59; Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.871-872; Аллома Ҳиллӣ, Тазкари-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.27; Муҳаққиқи Каракӣ, Расоилу ал-Муҳаққиқ-ил-Каракӣ, Қум, саҳ.163; Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-карома, Қум, ҷ.8, саҳ.216
  48. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито ан-мубҳамот-иш-шариа, 1380ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.248; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981м, ҷ.11, саҳ.151; Имам Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Байрут, ҷ.1, саҳ.205
  49. Сайид Муртазо, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, Қум, ҷ.1, саҳ.222; Ҳиллӣ, Ас-Сароир, Қум, ҷ.1, саҳ.290; Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, Теҳрон, ҷ.4, саҳ.215
  50. Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳкам, 1404ҳ.қ., саҳ.103
  51. Косонӣ, Бадое-ус-саноеъ фи тартиб-ил-шароеъ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.266
  52. Ҳусайнӣ Омили, Мифтоҳ-ул-карома, Қум, ҷ.2, саҳ.130-135; Наҷфӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981м, ҷ.11, саҳ.245
  53. Кулайнӣ, Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.176; Мовардӣ, Ал-Аҳкам-ус-султония ва-л-вилоёт-уд-диния, 1409ҳ.қ., саҳ.164
  54. Косонӣ, Бадое-ус-саноеъ фи тартиб-ил-шароеъ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113
  55. Сайид Муртазо, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, Қум, ҷ.3, саҳ.41; Рофеии Қазвинӣ, Фатҳ-ул-азиз шарҳ-ул-ваҷиз, Байрут, ҷ.4, саҳ.576; Нававӣ, Ал-Маҷмуъ, Байрут, ҷ.4, саҳ.513; Ҳурри Омилӣ, Васоил-ул-шиъа, Қум, ҷ.7, саҳ.312-313
  56. Аллома Ҳиллӣ, Тазкари-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.68-69; Ҳоирӣ, Салот-ул-ҷумъа, Қум, 1409ҳ.қ., саҳ.193-199
  57. Саллари Дайламӣ, Ал-Маросим-ул-алавия фи-л-аҳком-ин-набавия, 1414ҳ.қ., саҳ.77; Ҳурри Омилӣ, Васоил-ул-шиъа, Қум, ҷ.7, саҳ.344; Тавзеҳ-ул-Масоили мароҷеъ, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.878-879
  58. Сарахсӣ, Ал-Мабсут, Қоҳира, ҷ.2, саҳ.29 - 30
  59. Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон, 1390ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.88
  60. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Муассисату Оли-л-байти (а) ли эҳё-ит-турос, ҷ.7, саҳ.344
  61. Шайх Муфид, Ал-Муқниа, 1410ҳ.қ., саҳ.141; Косонӣ, Китоби Бадоеъ-ус-саноеъ фи тартиб-иш-шароеъ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981, ҷ.11, саҳ.133-134
  62. Шайх Тӯсӣ, Ал-Хилоф, Қум, ҷ.1, саҳ.631-632; Тавзеҳу-л-масоили мароҷеъ, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.878
  63. Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.872-873
  64. Ибни Аттор, Одоб-ул-хатиб, 1996, саҳ.89-96; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Бейрут, ҷ.1, саҳ.209; Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.879-880
  65. Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76
  66. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.296
  67. Шофеъӣ, Ал-Умм, Бейрут, ҷ.1, саҳ.192; Ибни Қудома, Ал-Муғнӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.173-174; Нававӣ, Ал-Маҷмуъ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.509
  68. Ҷаъфариён, Сафавия дар арсаи дин, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.255
  69. Табронӣ, Ал-Муъҷам-ул-кабир, Бейрут, ҷ.17, саҳ.267; Аҳмадӣ Миёнҷӣ, Китоби Макотиб-ур-расул, 1363ҳ.ш., саҳ.239
  70. Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.344; Насоӣ, Сунани Насоӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.150
  71. Барои намуна, ниг: Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.3, саҳ.19
  72. Ҳалабӣ, Сират-ул-ҳалабия, Бейрут, ҷ.2, саҳ.59
  73. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.3, саҳ.447, 2740; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, ҷ.13, саҳ.251; Ибни Касир, Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1405ҳ.қ., ҷ.4, ҷузъи 7, саҳ.189; Маҳмудӣ, Наҳҷ-ус-саодат фӣ мустадраки Наҳҷ-ул-балоға, Бейрут, ҷ.1, саҳ.427, 499; ҷ.2, саҳ.595, 714; ҷ.3, саҳ.153, 605
  74. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.285, 365; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.8, саҳ.570-579, 594; ҷ.9, саҳ.222
  75. Ибни Ҷавзӣ, Ал-Мунтазаму фӣ таърих-ил-мулук ва-л-умам, 1412ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.383; ҷ.15, саҳ.351
  76. Қалқашандӣ, Субҳ-ул-аъшо фӣ санъати-л-иншо, Қоҳира, ҷ.10, саҳ.15, 19-20
  77. Зурорӣ, Таърихи Оли Зурора, Исфаҳон, ҷ.2, саҳ.27; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Қум, ҷ.6, саҳ.40; Ҷобирӣ, Салот-ул-ҷумъати: таърихиян ва фиқҳиян, 1376ҳ.ш., саҳ.24
  78. Барои намуна, ниг: Ибни Ҷавзӣ, Ал-Мунтазаму фӣ таърих-ил-мулук ва-л-умам, 1412ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.31-32; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, ҷ.44, саҳ.333
  79. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.328
  80. Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, «Абъоди фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъии намози ҷумъа», саҳ.48-49
  81. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.430
  82. Ибни Асир, Ал-Комилу фӣ-т-таърих, Бейрут, ҷ.8, саҳ.533
  83. Ибни Ҷавзӣ, Ал-Мунтазам фӣ таърихи-л-мулук ва-л-умам, 1412ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.198-201
  84. Қумӣ, Ал-Куно ва-л-алқоб, Сайдо, ҷ.2, саҳ.417; Ҷаъфариён, Сафавия дар асоси дин, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.258-259
  85. Ҷаъфариён, Намози ҷумъа: заминаҳои таърихӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.23-25
  86. Варъӣ, «Ҳаракати эҳёи намози ҷумъа», саҳ.6
  87. «معرفی دانشنامه نماز جمعه», Вебгоҳи Донишномаи намози ҷумъа

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъати лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Лубнон.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъати фи аҳком-иш-шприъа, Қум, 1412 - 1420ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, 1414ҳ.қ.
  • Ас-Саҳифат-ус-саҷҷодия, чопи Муҳаммадҷаводи Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, 1380ҳ.ш.
  • Асқалонӣ, Ибни Ҳаҷар, Фатҳ-ул-борӣ шарҳи Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, Бейрут, чопи Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, 1418ҳ.қ./1997м.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Истанбул, 1402ҳ.қ./1982м.
  • Аҳмадии Миёнҷӣ, Алӣ, Макотиб-ур-расул, Теҳрон, 1363ҳ.ш.
  • بیانات آیت‌الله خامنه‌ای در نهمین گردهمایی ائمه جمعه., Сайти дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи боздид: 14 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Юсуф Ибни Аҳмад, Луълуат-ул-баҳрайн, чопи Муҳаммадсодиқи Баҳрулъулум, Қум.
  • Донишпажӯҳ, Муҳаммадтақӣ, Феҳристи китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон, ҷ.14, Теҳрон, 1340ҳ.ш.
  • Ёқӯти Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, чопи Фердинанди вестнфлд, лоипзиг, 1866 - 1873м.
  • Зурорӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Таърихи оли Зурора, Исфаҳон, бе то.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳбату Мустафо, ал-Фиқҳ-ул-исломи ва адиллатиҳ, Димишқ, 1404ҳ.қ./1984м.
  • Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, 1385 - 1386ҳ.қ./ 1965 - 1966м.
  • Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, 1415 - 1421ҳ.қ./ 1995 - 2001м.
  • Ибни Аттор, Китоби адаб-ил-хатиб, Бейрут, чопи Муҳаммади сулаймонӣ, 1996м.
  • Ибни Батута, раҳлаи ибни Батута, Бейрут, чопи Муҳаммади ъбдолмнъми урён, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.4, 1405ҳ.қ./1985м ҷ.5 ва 6, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, Истонбул, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазаму фи таърих-ил-мулуки ва-л-умам, Бейрут, чопи Муҳаммад Абдуқодири Ато ва Мустафо Абдуқодири Ато, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Иброҳимӣ, Маҳдӣ, «Мутолиаи татбиқии сиёсатҳоу аҳдофи баргузарии намози ҷумъа дар Ҷумҳурии исломии Эрон, Арабистону Туркия», фаслномаи мутолиоти улгуии пешрафти исломии эронӣ, №23, пойизи 1401ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Бейрут, 1407ҳ.қ.- 1987м.
  • Карбалоӣ, Абдулмаҳдӣ, «Шаклгирӣ ва идораи тавлияти ҷадиди ҳарами ҳусайнӣ, фаслномаи Фарҳанги зиёрат, №3, фарвардини 1389ҳ.ш.
  • Кишварӣ, Аҳмадризо, Қум, Фарзонагони Хонсор, 1378ҳ.ш.
  • Косоне, Абубакр ибни Масъуд, Китобу бадоеъ-ис-саноеъи фи тартиб-иш-шароеъ, Кувайта, 1409ҳ.қ./ 1989м
  • Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарро, Қум: Бӯстони китоб, 1380ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, чопи Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, 1401ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, чои Шарли пало, Бейрут, 1965 - 1979м.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадбоқир, Наҳҷ-ус-саъодати фи мустадраки Наҳҷулбалоға, ҷ.1, Бейрут.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақи ибни Мақсуд Алӣ, Лавомиъу Соҳибқиронӣ ал-муштаҳари бишарҳ-ил-фақиҳ, ҷ.4, Қум, 1374ҳ.ш.
  • Мовардӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Аҳком-ус-султонияти ва-л-вилоёт-ид-диния, Бағдод, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Молик Ибни Анас, ал-Муваттаъ, Истонбул, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Мубаллиғӣ, Аҳмад, «Аносири таъсиргузор дар вуҷуби таъйинии намози ҷумъа дар равиши ахбориён», маҷаллаи Ҳукумати исломӣ, соли 9, №2, тобистони 1383ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, ал-Бадр-уз-зоҳири фи салот-ил-ҷумъати ва-л-мусофир, Тақрироти дарси Оятуллаҳ Буруҷердӣ, Қум, 1362ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон, Садро, 1390ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ, таҳқиқи Муҳаммадҳасун, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Исломи фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Теҳрон, чопи содиқи Шерозӣ, 1409ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабару фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, 1364ҳ.ш.
  • Мӯсавии Омилӣ, Муҳаммад Ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳкоми фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Қум, 1410ҳ.қ.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Маҷмуъ: шарҳ-ул-муҳаззаб, Бейрут, Дор-ул-фикр.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, равзаи алтолбину умдаи алмфтин, чопи одили Аҳмади ъбдолмўҷўду Алӣ Муҳаммади мъўз, Бейрут.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиъати фи аҳком-иш-шариъа, Қум, ҷ.6, 1415ҳ.қ.
  • Насоӣ, Аҳмад Ибни Алӣ, Сунани Насоӣ, ба шарҳи Ҷалолуддини Суютӣ ва ҳошияи Нуриддин Ибни Абдуллоҳодии Санадӣ, Истонбул, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Наҷафии Козирунӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, «Муқаддамаи ҳампои инқилоб», Ҳампои инқилоб: хутбаҳои намози ҷумъаи ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Мӯсавии Ардабилӣ, Донишгоҳи Муфид, Қум, 1385ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, ҷ.11, Бейрут, чопи Аббоси Қучонӣ, 1981м.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрик-ул-васоили ва мустанбат-ул-масоил, Қум, 1407 - 1408ҳ.қ.
  • Оқобзрги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиъа, Машҳад, 1404ҳ.қ.
  • Оқобзрги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ризонажод, Иззуддин, Салот-ул-ҷумъа: диросатун фиқҳияти ва таърихия, Қум, 1415ҳ.қ.
  • Розии Қазвинӣ, Абдулҷалил, Нақз, Дор-ул-ҳадис, Қум, 1391ҳ.ш.
  • Рофеъии Қазвинӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, Фатҳ-ул-азизи шарҳ-ул-ваҷиз, Бейрут, Дор-ул-фикр.
  • Рӯдгар, Қанбаръалӣ, «Аз намоз то намод: тааммуле дар таърихи намози ҷумъа то поёни хилофати Аббосӣ», дуфаслномаи Таъриху тамаддуни исломӣ, №12, пойизу зимистони 1389ҳ.ш.
  • Рӯзҳо ва рӯйдодҳо, Таҳия ва танзими Дафтари ақидатии сиёсии фармондиҳии муаззами кули қуво, ҷ.2, Теҳрон, нашри Ромин, 1378ҳ.ш., ҷ.3, Теҳрон, зуҳд, 1377ҳ.ш.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Масоил-ун-носириёт, Теҳрон, 1417ҳ.қ./ 1997м.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, Қум, чопи Маҳдии Раҷоӣ, 1405 - 1410ҳ.қ.
  • Саллори Дайламӣ, Ҳамза ибни Абдулазиз, ал-Маросим-ил-алавияти фи-л-аҳком-ин-набавия, Бейрут, чопи Муҳсини Ҳусайнии Аминӣ, 1414ҳ.қ./1994м
  • Сарахсӣ, Муҳаммад Ибни Аҳмад Шамсулаимма, Китоб-ул-мабсут, Қоҳира, 1324 - 1331ҳ.қ., Чопи офсетӣ Истонбул, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, Бейрут
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ: таърих-ул-умами ва-л-мулук, чопи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Бейрут, 1378 - 1382ҳ.қ./1962 - 1967м.
  • Таботабоӣ, Алӣ ибни Муҳаммадалӣ, Риёз-ул-масоили фи баён-ил-аҳкоми би-д-далоил, Бейрут, 1412 - 1414ҳ.қ./1992 - 1993м.
  • Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ: мутобиқ бо фатоваии дувоздаҳ нафар аз мароҷеъ, гирдоварии Муҳаммадҳасан Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Қум: Дафтари интишороти исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзои фи таҳзиб-ил-эҳё, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, аш-Шиҳоб-ус-соқиби фи вуҷуби салот-ил-ҷумъат-ил-ъайнӣ, Қум, 1401ҳ.қ.
  • Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисом, Теҳрон, чопи сангӣ, 1271 - 1274 чопи офсетӣ, Қум, 1405ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад Ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, таърихи Мадинатуссалом, чопи Башшор Авводи Маъруф, Бейрут, 1422ҳ.қ.- 1988м.
  • Хонсорӣ, Аҳмад, Ҷомеъ-ул-мадорики фи шарҳ-ил-мухтасар-ин-нофеъ, таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, ҷ.1, Теҳрон, 1355ҳ.ш.
  • Хушқалб, Муҳаммадмаҳдӣ, Хутбаҳои сабз, Дор-ул-ҳадис, Қум, 1393ҳ.ш.
  • Хўӣ, Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Мадинатулъилм, 1410ҳ.қ.
  • Шавконӣ, Муҳаммад, Найл-ул-автор: шарҳи мунтақа-л-ахбори мин аҳодиси Сайид-ил-ахбор, Миср
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, 1410ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, чопи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, 1404ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, ал-Муқниъ, Қум, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Бейрут, чопи Ҳасан Мӯсавии Хирсон, 1404ҳ.қ./1981м.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, Теҳрон, 1365ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, ҷ.1, чопи Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, 1387ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, 1407 - 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръияти фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, 1412 - 1414ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Расоил-уш-Шаҳид-ус-Сонӣ, Қум, 1379 - 1380ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳияти фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Бейрут, чопи Муҳаммади Калонтар, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, ал-Умм, Бейрут.
  • Шӯрои сиёсатгузории аъиммаи ҷумъа, Ошноӣ бо ташкилоти Теҳрон, 1382ҳ.ш.
  • Яздӣ, Муҳаммад, «Вазоифи рӯҳоният» дар нақши рӯҳоният дар низоми исломӣ, Теҳрон, шӯрои сиёсатгузории аъиммаи ҷумъа, 1375ҳ.ш.
  • Яздӣ, Муҳаммадмуқим ибни Муҳаммадалӣ, ал-Ҳуҷҷату фи вуҷуби салот-ил-ҷумъати фи заман-ил-ғайба, чопи Ҷаводи Мударрисӣ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир
  • Ғаравии Табрезӣ, Алӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо: тақрироти дарси Оятуллоҳи Хуӣ, ҷ.1, Қум, 1418ҳ.қ./1998м.
  • Қазвинӣ, Абдунабӣ ибни Муҳаммадтақӣ, Татмиму амал-ил-омил, Қум, чопи Аҳмади Ҳусайнӣ, 1407ҳ.қ.
  • Қалқашандӣ, Аҳмад Ибни Алӣ, Субҳ-ул-аъшо фи саноъат-ил-иншо, Қоҳира, 1331 - 1338ҳ.қ./ 1913 - 1920м, чопи офсетӣ, 1383ҳ.қ./1963м.
  • Қозӣ Нӯъмон, Нӯъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-Ислом ва зикр-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Бейрут, 1416ҳ.қ./1995м.
  • Қумӣ, Аббос, Китоб-ул-куно ва-л-алқоб, Сайдо, 1357 - 1358 чопи офсетӣ, Қум.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабия, Бейрут.
  • Ҳиллӣ, ибни Идрис, ас-Сароир-ул-ҳови литаҳрир-ил-фатовӣ, Қум, 1410 - 1411ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, ибни Фаҳд, ал-Муҳаззаб-ул-бореъи фи шарҳ-ил-мухтасар-ин-нофеъ, Қум, чопи Муҷтабои Ироқӣ, 1407 - 1413ҳ.қ.
  • Ҳоирӣ, Муртазо, Салот-ул-ҷумъа, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Ҳури Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, 1409 - 1412ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Муҳаммадҷавод ибни Муҳаммад, Мифтоҳ-ул-каромати фи шарҳи қавоид-ил-аллома, Қум, чоп оваст, Муассисату Ол-ил-Байт.
  • Ҷаъфариён, Расул, Намози ҷумъа: заминаҳои таърихӣ ва огоҳиҳои китобшносӣ, Теҳрон, Шӯрои сиёсатгузории аъиммаи ҷумъа, 1372ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Сафавия дар арсаи дин фарҳанг ва сиёсат, Қум, Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1379ҳ.ш.
  • Ҷобирӣ, Козим, Салот-ул-ҷумъа: таърихиян ва фиқҳиян, Қум, 1376ҳ.ш.