Истиҷобати дуо
Ин мақола дар бораи истиҷобати дуо аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми дуо, мадхали Дуоро бибинед.
Истиҷобати дуо (форсӣ: استجابت دعا) ҷавоб додан ва қабули дархости бандагон аз ҷониби Худованд аст.
Худованд дар Қуръон ба бандагонаш ваъда додааст, ки дуояшонро мустаҷоб мекунад; ҳарчанд гоҳе бароварда шудани дуо бинобар ҳикматҳое монанди маслиҳат набудани бандагон, ба таъхир меафтад.
Дар номаи Имом Алӣ ба Имом Ҳасан (а) дар "Наҳҷул-балоға" барои таъхири иҷобати дуо се ҳикмат зикр шудааст: 1- гоҳе дар ният ва қасди инсон мушкиле аст, 2 - гоҳе Худованд қасд мекунад, ки ба инсон аҷри бузургтаре ато кунад, 3 – гоҳе ҳам Худованд чизи беҳтареро дар вақти дигаре ба бандааш медиҳад.
Мустаҷобуд-даъва ба касе гуфта мешавад, ки дуоҳояш қабул мешавад.
Дар ҳадисҳо дуои волидайн дар ҳаққи фарзандон, дуои мазлум бар зидди золим, дуои имом ва пешвои солеҳ дар ҳаққи мардуми худ ва дуои муъмин дар ҳаққи бародари муъмини худ аз ҷумлаи дуоҳоест, ки мустаҷоб мешавад.
Оятҳо ва ривоятҳо, мустаҷоб шудани дуоро машрут ба риояти баъзе чизҳо, монанди як кардани нияти қалбӣ ва забон дар дуо, чашмпӯшӣ ва ноумедӣ аз ҳар чизе ғайр аз Худои якто ва шинохти Худо медонанд.
Ҳамчунин бархе аз рафторҳое монанди гуноҳ, ҳаромхурӣ ва тарки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар монеи иҷобати дуо мешаванд.
Иҷобати дуо ба замон ва макони хоссе маҳдуд нашудааст, аммо бино ба ривоятҳо, дуо кардан дар баъзе вақтҳо, монанди Арафа ва шаби Қадр ва ҳамчунин дар баъзе маконҳо, ҳамчун назди Каъба, атрофи қабри Пайғамбар (с) ва дар назди қабрҳои Имомони маъсум ва махсусан зери гумбади Имом Ҳусайн (а) ба иҷобат наздиктар аст.
Ваъдаи Илоҳӣ
Истиҷобати дуо ба маънои ҷавооб додан ва қабул кардани дархост аст.[1] Худованд ба бандагони худ дар чанд ояти Қуръон ваъдаи истиҷобати дуо додааст.[2] «Муҷиб» ба маънои иҷобаткунандаи дархости бандагон аз асмои Илоҳӣ аст.[3]
Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, истиҷобати дуо амре ҳамешагӣ дар зиндагии инсон аст.[4] Аммо ваъдаи истиҷобати дуо набояд ҷойгузини талоши инсон барои расидан ба аҳдоф ва мунҷар ба канор гузоштани асбоби зоҳирӣ ва мухтал шудани масири табиъии зиндагии ӯ шавад.[5]
Асбоб ва шароит
Истиҷобати дуо дар оёту ривоёт машрут ба риояти бархе аз шартҳо ва омода кардани сабабҳои он шудааст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Ҳамсӯии забону қалб дар дуо: дар Қуръон истиҷобати дуои бандагон амри қатъӣ дониста шудааст ба ин шарт, ки бо дуои ҳақиқӣ Худоро бихонанд.[6] Аллома Таботабоӣ дуои ҳақиқиро ба хондани Худо ҳамзамон бо қалбу забон тафсир кардааст.[7] Ҳамчунин аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, Худованд дуое, ки бо ғафлати дил ҳамроҳ бошадро мустаҷоб намекунад.[8]
- Инқитоъ аз ғайри Худо: дил кандан аз асбоби зоҳирӣ ва хиёлӣ ва хондани Худованд аз рӯи ихлос; чароки Худованд дар ояти 186 сураи Бақара талаб кардани бандагонро фақат ба худ мустанад кардааст.[9]
- Дуо ҳамроҳ бо шинохти Худо: бар пояи ривояте Имом Содиқ (а) дар посухи гуруҳе, ки аз мустаҷоб нашудани дуо суол карданд, надоштани шинохту маърифат нисбат ба шахсе, ки хонда мешавадро, далели иҷобат нашудани дуо баён кард.[10]
- Хузуъу хушуъ: ояти 55 сураи Аъроф хондани Худоро бо ҳолати ҳозеона ва хошеона аз муъминон талаб мекунад. Имом Содиқ (а) низ яке аз замонҳои истиҷобати дуоро вақте медонад, ки шахс бо чашмоне ашкбор, бадане ларзон ва қалбе шикаста муқобили Худованд беистад.[11]
- Дуо ҳамроҳ бо амали солеҳ: барои истиҷобати дуо, анҷоми амали солеҳ ва ба хусус додани садақа супориш шудааст.[12] Дар Қуръон Худованд ба касоне ки имон оварда, амали солеҳ анҷом медиҳанд, ваъдаи иҷобати дархости ононро додааст.[13]
- Дуо дар ҷамъи муъминон: дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омадааст, ҳеҷ ҷамоати чиҳил нафаре аз муъминон нестанд, ки ба даргоҳи Худованд дуо кунанд ва Худо дуои ононро рад кунад ва худи эшон низ ҳангоми мушкилот, хонавода ва фарзандони худро ҷамъ карда, дуо мекард ва онҳо омин мегуфтанд.[14]
- Пешӣ гирифтан дар дуо: дуо кардан пеш аз онки гирифторӣ ва сахтие пеш бияёд; яъне дар даврони осоишу саломатӣ; осоре дорад, монанди: истиҷобати дуо, пешгирӣ аз бало, рафъи ҳоҷатмандиҳо ҳангоми сахтӣ. Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) ҳар касе пеш аз гирифтор шудан ба бало дуо кунад, ҳангоми мубтало шудан дуояш мустаҷоб шавад ва фариштагон бо шунидани овози ӯ мегӯянд: овози ошност ва дуояш рад намешавад ва ҳар кас дар дуо пешӣ нагирад (ва фақат ҳангоми гирифторию бало дуо кунад) дуояш мустаҷоб намешавад ва вақте дуо мекунад, фариштагон мегӯянд: ин овоз ноошност ва мо онро намешиносем.[15][Ёддошт 1] дар ривояти дигаре аз Имом Содиқ (а) аст, ки касе ки дар роҳатӣ ва осоиши бисёр аҳл дуо набошад ва танҳо ҳангоми гирифтор шудан ба бало дуо кунад, ба ӯ гуфта мешавад, ки то пеш аз имрӯз куҷо будӣ?! (أَيْنَ كُنْتَ قَبْلَ الْيَوْمِ)[16]
- Фаровон дуо кардан ҳангоми осоиш: Имом Содиқ (а) дар ривояте фармудааст, ҳар касе мехоҳад, ки дар сахтиҳо дуояш мустаҷоб шавад, бояд ки дар роҳатӣ, фаровон дуо кунад.[17]
- Ҳамчунин дуои ҳамроҳ бо истиғфор[18] ва дуои ҳамроҳ бо тавассул ба Аҳли Байт (а)[19] аз дигар шароит ва асбоби истиҷобати дуо муаррифӣ шудааст.
- Хаста нашудан аз дуо кардан. Имом Ризо (а) аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, шоистааст, ки инсони боимон дар рифоҳу осоиш ҳамонанди замони сахтию шиддат дуо кунад. Онгоҳ Имом Ризо (а) фармуд: пас, аз дуо хаста нашавед![20]
- Ростгӯӣ, талаби ҳалол ва силаи раҳим низ аз умуре аст, ки дар ривоёт ба дуокунанда тавсия шудааст. [Ёддошт 2][21]
- Ибодат: Дар дуои Кумайл, ибодати бандагон аз шартҳои истиҷобати тазминии дуои дониста шудааст. Имом Алӣ (а) дар фарозҳои поёнии дуо мегӯяд: فانک قضیت علی عبادک بعبادتک وامرتهم بدعائک وضمنت لهم الاجابة (тарҷума: Худоё, ба ростӣ ки Ту ҳукм кардӣ, ки бандгонат Туро ибодат кунанд ва ононро ба дуо фармон додӣ ва иҷобати дуояшонро барояшон замонат кардӣ!.[22]
Замону макон
Истиҷобати дуо ба замону макони хосе маҳдуд нашудааст, вале бархе аз замонҳову маконҳо барои истиҷобати дуо супориш шудааст; дар ривоёт шаби Қадар, нимаи Шаъбон, 27 Раҷаб, иди Фитр, рӯзи Арафа, иди Қурбон, рӯзи аввали муҳаррам, ҳангоми саҳару азон, шаби ҷумъа, ҳангоми нузули борон, баъд аз намозҳои фарз, лаҳзаи дидани Каъба ва моҳҳои хоссе монанди моҳи раҷаб, моҳи шаъбон ва моҳи Рамазон аз ҷумлаи замонҳое муаррифӣ шудааст, ки дуо бештар дар маърази истиҷобат қарор мегирад.[23]
Ҳамчунин дар матнҳои ривоӣ шаҳри Макка, Масҷидулҳаром, Каъба, канори Ҳаҷарул-асвад, рукни Ямонӣ ва Ҳаҷари Исмоил, дар саҳрои Арафот, атрофи қабри Пайғамбари Ислом (с), Равзатун-Набӣ, ҳарами Имомони шиа ба хусус таҳти қуббаи Имом Ҳусайн (а),[24] Масҷиди Саҳла ва Кӯфа аз ҷумлаи маконҳое аст, ки гуфта шудааст, дуо бештар дар онҷо ба иҷобат мерасад.[25]
Мавонеъ
Дар оёту ривоёт мавонеъе барои истиҷобати дуо зикр шудааст, бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Гуноҳ: дар ривояте аз Имом Боқир (а) гуноҳ аз муҳимтарин авомили маҳрумияти инсон аз истиҷобати дуои муаррифӣ шудааст.[26] Имом Саҷҷод (а) низ нияти бад, бадтинатӣ, нифоқ дар ҳаққи бародарони динӣ, ба таъхир андохтани намозҳои фарз то вақти баъд, носазо гуфтан ва надодани садақаро аз гуноҳоне донистааст, ки монеъи истиҷобати дуо мешаванд.[27] Ҳамчунин бино ба ривоёт зулм кардан,[28] нофармонии падару модар, қатъи раҳим,[29] нақзи аҳд,[30] ва суханчинӣ,[31] аз дигар мавонеъи дуо ҳастанд. Дар дуои Кумайл аз Худованд мағфирати гуноҳоне хоста шудааст, ки боиси ҳабси дуо ва истиҷобат нашудани он шудааст.[32]
- Луқмаи ҳаром: бино бар ривоёт даромади ҳаром ва ҳаромхурӣ то чиҳил рӯз монеъи истиҷобати дуои инсон мешавад.[33] Дар ҳадиси қудсие Худованд иҷобати дуои ҳамаи бандагон ба ғайр аз ҳаромхурро ваъда додааст.[34]
- Дуо фақат дар душвориҳо: бар тибқи ривоёт шахсе ки мехоҳад дуои ӯ дар сахтиҳо мустаҷоб шавад, набояд дар осоишу хушӣ Худо ва дуо карданро фаромӯш кунад.[35]
- Шак дар вилояти Аҳли Байт (а): тибқи як ривоят, касе ки дар қалби ӯ шакке нисбат ба вилояти Аҳли Байт (а) вуҷуд дошта бошад, агар тамоми умр ҳам дар ҳоли дуо бошад, дуои ӯ мавриди иҷобат қарор нахоҳад гирифт.[36]
- Хиёнат ва бевафоӣ: Имом Алӣ (а) дар ҷавоби шахсе, ки аз истиҷобат нашудани дуо суол кард, хиёнат ва бевафоии дилҳои мардум дар ҳашт ҷоро монеъи иҷобати дуо муаррифӣ кард. Шинохти Худо ва адо накардани ҳаққи Ӯ, имон ба Пайғамбари Ислом (с) ва амал накардан ба сираи ӯ, хондани Қуръон ва амал накардан ба он, тарс аз ҷаҳаннам дар гуфтор ва ҳаракат ба самти он дар рафтор, рағбат ба биҳишт дар гуфтор ва дурӣ аз он дар амал, хӯрдани неъматҳои Худо ва носипосии Ӯ, дидани айбҳои мардум ва надидани айбҳои худ ва душманӣ бо шайтон дар забону дӯстӣ бо ӯ дар амал, хиёнатҳои дил аст, ки Имом Алӣ (а) онҳоро монеъи истиҷобати дуо медонад.[37]
Ҳамчунин тарки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар,[38] ва сабук шуморидани намоз[39] аз мавонеъи истиҷобати дуои маҳсуб шудааст.
- Дуо бидуни талошу тавваҷуҳ ба вазифа:
Ҳарчанд дуо ҳам хондани Худо ва ҳам хостан аз Худост, аммо ин ба маънии бетаваҷҷӯҳӣ ба вазифа ва истифода аз абзору васоили муқтазӣ ва лозим барои бароварда шудани хостаҳо нест ва усулан дуо бояд ҳамроҳ бо ҳаракат бошад, вагарна дуо дар сукун ва бетаваҷҷӯҳию гурез аз вазифа ҳечгоҳ наметавон истиҷобатеро аз он интизор дошт. Дар бархе аҳодис аз касоне ки бидуни тавваҷуҳ ба васоиле, ки Худованд қарор додааст, рафъи мушкили худро металабанд, ёд шудааст. Намунаҳое дар ривоёт барои ингуна дуо зикр шудааст, ки иборатанд аз:
- Шахсе ки Худованд моле ба ӯ иноят кардааст, ва ӯ бо исрофу табзир ва масрафи нобаҷо амволашро ба ҳадар медиҳад, вале аз Худо тақозои ризқу рӯзӣ мекунад.
- Марде, ки аз бадрафтории ҳамсари худ ва азиятҳои пай дар пайи ӯ ба танг омадааст ва аз Худо мехоҳад то ӯро аз дасти он зан роҳат кунад, ҳол онки Худо роҳи талоқро дар пеши рӯи ӯ гузоштааст.
- Шахсе ки аз озори мукаррари ҳамсояаш шикоят дорад, ӯро ба хотири он нафрин мекунад, дар ҳоле ки метавонад хонаашро бифурӯшаду дар ҷои муносибе манзил ихтиёр кунад.
- Касе ки дар хона нишастааст, кор намекунад ва аз Худо ризқ талаб мекунад, дар ҳоле ки Худованд роҳҳои ризқу рӯзиро пеши рӯи ӯ қарор додааст.
- Касе ки молеро ба дигаре қарз додаасту қарздор инкор мекунад. Сипас даст ба дуо бардошта ва аз Худо баргашти моли хешро металабад, дар сурате, ки Худованд ба ӯ дастури шоҳид гирифтан додааст.[40] Ду нуктаро бояд тавваҷуҳ кард, 1- инки инҳо фақат намунаҳое аз мавориде аст, ки афрод ба гумони инки дуо ба маънои таътилии кору талошу ҷиддияту барномарезӣ аст, фақат дар пайи он ҳастанд, ки бо дуо умурашон сомон ёбад, 2 - инки ончи дар ин ривоёт матраҳ шудааст, сирфан барои тавваҷуҳ додан ба ин нукта аст, ки ҳар мушкилие роҳи ҳалле дорад на, ин ки ҳар кас бо ҳамсараш мушкил пайдо кард фақат ба гузинаи талоқ фикр кунад, ва ё ин ки ҳар кас бо ҳамсояаш мушкилие пайдо кард фақат дар фикри тағйири ҷои истиқоматаш бошад.
Ҳикматҳои таъхири истиҷобати дуо
Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, истиҷобати дуо бо риояти шароит ва рафъи мавонеъ аз суннатҳои қатъии Илоҳӣ аст.[41] Аммо гоҳе ба хотири масолеҳ ва ҳикматҳое, иҷобати дуо ба таъхир меафтад.[42] Бархе аз ин ҳикматҳо иборатанд аз:
- Маслиҳат набудан барои бандагон: гоҳе шахсе дуое ё талабе аз Худованд мекунад, ки ба маслиҳати ӯ нест, аз ин рӯ, Худованд истиҷобати онро ба таъхир меандозад, ё онро мустаҷоб намекунад. Дар Қуръон хитоб ба мусулмонон омадааст, ки гоҳе чизеро хуш медоред, ки ба зарари шумост ё чизеро макрӯҳ медоред, ки ба фоидаи шумост дар ҳоле ки Худованд беҳтар аз шумо салоҳи шуморо медонад.[43] Имом Алӣ (а) низ хитоб ба фарзандаш Имом Ҳасан (а) мефармояд: чӣ бисёр чизҳое, ки ту толиби он ҳастӣ, вале ҳалоки дину дунёи ту дар он аст![44]
- Дар номаи Имом Алӣ ба Имом Ҳасан (а) ки дар Наҳҷ-ул-балоға омадааст, ҳикматҳои сегонае барои таъхири истиҷобати дуо зикр шудааст: 1- гоҳ мушкиле дар ният ва қасди шахс вуҷуд дорад, 2- гоҳ Худованд қасди додани аҷри бузургтареро ба шахс дорад, 3 - баъзе вақтҳо ҳам Худованд чизи беҳтареро дар вақти дигаре ба бандааш хоҳад дод.[45] Аз Имом Саҷҷод (а) низ нақл шудааст, ки: «дуои муъмин яке аз се фоидаро дорад: 1- ё барои ӯ захира мегардад, 2- ё дар дунё бароварда мешавад 3 - ё балоеро ки мехост ба ӯ бирасад, аз ӯ мегардонад!»[46]
Мустаҷобуд-даъва
Мақолаи аслӣ: Мустаҷобуд-даъва
Мустаҷобуд-даъва ба касе гуфта мешавад, ки дуоҳои ӯ қабул мешавад ё дуои ӯ гиро бошад.[47] Дар ривоёт омадааст, ки дуои волидайн дар ҳаққи фарзандон, дуои мазлум алайҳи золим, дуои умрагузор, дуои рӯзадор, дуои имом ва пешвои одил дар ҳаққи мардуми худ ва дуои муъмин дар ҳаққи муъминони дигар рад нахоҳад шуд.[48]
Ҳамчунин дар ривояте аз Имом Ҳасан (а) омадааст, агар касе дилашро эҳтиёт кунад то умуре, ки мавриди ризои Худо нест дар он хутур накунад, ман зоминам, ки ӯ мустаҷобуд-даъва бошад.[49]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зайли вожаи ҷавоб.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 186; сураи Ғофир, ояти 60; сураи Шуро, ояти 26.
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зайли вожаи ҷаваба.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.31.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.647.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 186.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.33.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.473.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.33; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.262.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.90, саҳ.368.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.73.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.165; Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.111.
- ↑ Сураи Шуро, ояти 26.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.487.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.472.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.472.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.472.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.486.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.91, саҳ.21.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.367.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.367.
- ↑ Мафотиҳ-ул-ҷинон, дуои Кумайл,
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.477 - 478, 522 - 525; ҷ.3, саҳ.414, 416; ҷ.4, саҳ.67, 155; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.671, 354, 701; Тирмизӣ, Сунан, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.223.
- ↑ Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Иддат-уд-доъӣ ва наҷоҳ-ус-соъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.57.
- ↑ Ашъарии Қумӣ, ал-Наводир, 1408ҳ.қ., саҳ.140; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.409, 411, 530 - 532, 551; Қозӣ Нуъмон, Даъоим-ул-Ислом, ҷ.1, саҳ.293; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.684; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.35, 108; Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.194 - 222.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271.
- ↑ Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.271.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.334
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.448; Ҳалвонӣ, Нузҳат-ун-нозир, 1408ҳ.қ., саҳ.37.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.368.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.75, саҳ.268.
- ↑ Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.844.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.90, саҳ.358, 373.
- ↑ Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Иддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.139.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.40.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.401.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.90, саҳ.376 - 377.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.90, саҳ.378.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.83, саҳ.21.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, чопи Дорул-ҳадис.7, ҷ.97, саҳ.514
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.32.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.289.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 216.
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, ба тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.399.
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, ба тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.399.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.280.
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, 1377ҳ.ш., зайли вожаи мустаҷоб.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.510; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.90, саҳ.356; ҷ.93, саҳ.256.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.62.
Ёддошт
Сарчашма
- Ашъарии Қумӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исо, ал-Наводир, Қум, муассисаи Имом Ҳодӣ, 1408ҳ.қ.
- Деҳхудо, Луғатнома, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Муқаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорул-фикр - Дорусодир, 1414ҳ.қ.
- Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Иддат-уд-доъӣ ва наҷоҳ-ус-соъӣ, мусаҳҳеҳ: Аҳмад Муваҳҳидии Қумӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1404.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
- Қозӣ Нуъмон, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даъоим-ул-Ислом ва зикр-ул-ҳалоли ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, чопи Осиф ибни Алиасғари Файзӣ, Қоҳира [1963 - 1965], чопи овест [Қум, бе то].
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, чопи Бикрӣ Ҳаёнӣ ва Сафва Саққо, Бейрут, 1409ҳ.қ./1989м.
- Наҳҷ-ул-балоға, ба тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, нашри муассисаи Беъсат, 1417ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ ва ҳува-л-ҷомеъ-ус-саҳеҳ, ҷ.3 ва 5, чопи Абдурраҳмон Муҳаммад Усмонови, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, 1411ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, чопи Ҳасан Мусавии Хирсон, Бейрут, 1401ҳ.қ./1981м.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1409ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found