Шафоат
Шафоат (арабӣ: الشفاعة) аз боварҳои муштараки мусулмонон аст, ки ба воситагарӣ назди Худо барои бахшиши дигарон ишора дорад. Албата олимони мусулмон дар маънои шафоату ҳадду ҳудуди он ихтилофи назар доранд. Имомия, мурҷиа ва ашоира бар ин боваранд, ки шафоат шомили ҳоли муртакибони кабира мешавад. Албата аз назари имомия фақат касонеи шафоат мешаванд ки Худо аз динашон розӣ бошад. Дар муқобил, гуруҳҳое ҳамчун муътазила ва зайдия бар ин боваранд ки шафоат ба маънои зиёдии савоб ва ҷалби манфиат аст ва фақат маъсуси тавбакунандагону итоаткунандагон аст.
Олимони мусулмон иттифоқи назар доранд, ки Пайғамбар (с) аз шафоаткунандагон аст. Имомия, имомони маъсум (а)-ро низ аз шафоаткунандагон медонанд. Олимони мусулмон ҳамчунин бо истинод ба ривоёте, ки дар сарчашмаҳои ҳадисии шиа ва аҳли суннат нақл шуда, пайғамбарон, олимони дин, шаҳидон, муъминону ҳофизони Қуръонро аз шафоаткунандагон баршумурдаанд. Бархе аз ваҳҳобиён шафоати Пайғамбарро фақат ба замони ҳаёти вай маҳдуд кардаанд. Ин дидгоҳ мавриди эътирози олимони мусулмони қарор гирифтааст
Олимони мусулмони иттифоқи назар доранд, ки шафоати шафоаткунандагон шомили кофар ва мушрик намешавад. Ҳамчунин дар бархе ривоёт аз имомони шиа омадааст касе ки намозро сабук бишуморад, ғулувкунандагон дар дин ва подшоҳони ситамгар аз шафоати шафоаткунандагон маҳруманд.
Вожаи шафоати ҳудуди 30 бор дар Қуръон ба кор рафтааст. Дар бархе оёт, шафоат фақат фвқат аз они Худо дониста шуда ва бар асоси оёти дигар Худо онро ба Паёмбар ва дигарон низ додааст. Осоре дар мавзуи шафоат навишта шудааст китоби «аш-Шафоату фи-л-Китоби ва-с-сунна» аз Ҷаъфари Субҳонӣ ва китоби «аш-Шафоъа» аз Сайид Камоли Ҳайдарӣ аз ҷумла ин осоранд.
Аз боварҳои муштараки мусулмонон
Ҳамаи мусулмонон дар асли шафоат иттифоқ назар доранд.[1] Алломаи Маҷлисӣ дар китоби Ҳаққ-ул-яқин эътиқод ба онро аз заруриёти дин донистааст.[2] Ибни Таймия, асли шафоатро аз боварҳое дониста, ки мавриди пазириши ҳама мусулмонон аст ва бар ин назар аст, ки ривоёти марбут ба он, мутавотир буда ва дар китобҳои саҳиҳу муътабари ҳадисӣ нақл шудааст.[3] Бар асоси ривояте, ки Шайхи Садуқ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, агар касе шафоатро инкор кунад аз шиаён нест.[4]
Албата дар маъно ва осори шафоат байни фирқаҳо ва олимони мусулмон ихтилофи назар аст.[5] Аз назари имомия, ашоира ва мурҷиа, шафоат ба маънои дафъи зарар ва рафъи азобу уқоб аз гунаҳкорон аст.[6] Бархе ҳамчун мӯътазила онро ба зиёдии савобу ҷалби манфиат барои итоаткунандагону тавбакунандагон маъно кардаанд.[7]
Гуфта мешавад вожаи «шафоат» бо ҳамхонаводаҳояш ҳудуди 30 бор дар Қуръон ба кор рафтааст.[8] Ҳамчунин дар манобеи ривоии шиа[9] ва аҳли суннат[10] ривоёте аз Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) дар мавзӯи шафоат омадааст. Ҳамчунин ин масаъла аз сӯи мутакаллимону муфассирони мусулмон мавриди баҳс воқеъ шудааст.[11] Эътиқод ба шафоат дар яҳӯдият ва масеҳият низ вуҷуд дорад.[12]
Мафҳумшиносӣ
Шафоат ба маънои талаби бардоштани азобу иқоб аз касе ё касоне аст, ки сазовори азоб ва иқобанд[13] ва ё ба иборате навъе миёнҷигарӣ дар афву бахшидани гуноҳон аст.[14]
Фарқи маънои динӣ ва урфии шафоат
Носир Макорими Шерозӣ – муфассири шиа, байни маънои динии шафоат бо маънои урфии он фарқ гузошта бар ин назар аст, ки дар маънои урфии он, шафоаткунанда аз мавқеъият, шахсият ва нуфузи худ истифода кардаву назари шахси соҳиби қудратро дар мавриди муҷозоти зердастони худ иваз мекунад; бидуни он ки тағйире дар рӯҳиёти шафоатшавандагон сурат гирад, аммо шафоате ки дар Қуръон ва ривоёт аз он сухан ба миён омада, бар меҳвари дигаргунӣ ва тағйир дар худи шафоатшаванда давр мезанад; яъне дар шафоатшаванда муҷиботе фароҳам меояд, ки аз вазъи номатлуб ва дархӯри кайфар берун омада ва ба василаи иртибот бо шафоаткунанда, худро дар вазъияти матлубе қарор медиҳад, ки шоиставу сазовори бахшудагӣ аст.[15]
Шафоат ба маънои ҳидояту раҳбарӣ
Бархе низ шафоатро ба маънои ҳидояту раҳбарӣ дар назар гирифта ва бар ин боваранд, ки ҷилваи шафоати шафоаткунандагон дар ин олам ҳидояти онон аст. Бинобар ин, касе ки дар ин олам аз ҳидоят бебаҳра буда дар охират аз шафоат бебаҳра аст.[16] Олимоне ҳамчун Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Ҷаъфари Субҳонӣ, шафоати Пайғамбар (с) ва дигар паёмбарон нисбат ба умматашон, шафоати Қуръон ва ҳатто шафоати уламо аз касоне ки мавриди таълиму ҳидояти онон будаандро аз ҳамин қисм донистаанд.[17]
Робитаи шафоат бо тавассулу мағфират
Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, тавассул ақсоме дорад, ки яке аз онҳо дархости шафоат аз касоне аст ки Худованд ба онҳо изни шафоат додааст; аз ҳамин рӯ тавассул, кори шахси ниёзмандест, ки аз шахсе ки назди Худованд манзалати болое дорад, талаби шафоат мекунад ва шафоат, кори он шахсест, ки аз Худованд барои он ниёзманд, талаби бахшиш мекунад.[18] Дар дуои тавассул ки аз дуоҳои машҳур аст, ду вожаи «шафоат» ва «тавассул» бо ҳам омада ва дар канори тавассул ҷустан ба чордаҳ маъсум аз ҳар кадоми онон низ дархости шафоат шудааст.[19]
Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, шафоат ҳамон мағфирати Илоҳӣ аст, ки вақте ба Худованд ки манбаи хайр ва раҳмат аст нисбат дода мешавад «мағфират» хонда мешавад ва ҳангоме ки ба воситаҳои раҳмат нисбат дода мешавад, номи «шафоат» ба худаш мегирад.[20]
Шафоаткунандагон
Олимони мусулмони иттифоқи назар доранд, ки Пайғамбар (с) аз шафоаткунандагон аст.[21] Аз назари онони манзур аз мақоми маҳмуд дар ояти «وَمِنَ اللَّیْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِ نَافِلَةً لَکَ عَسَیٰ أَنْ یَبْعَثَکَ رَبُّکَ مَقَامًا مَحْمُودًا»,[22] ҳамон «мақоми шафоат» аст, ки Худованд ба Пайғамбар (с) ваъда додааст.[23] Шайхи Муфид дар китоби Авоил-ул-мақолот гуфтааст, ки имомия иҷмоъ доранд бар ин ки ғайр аз Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а) ва дигар имомони маъсум (а), шиаёни худро шафоат мекунанд.[24] Онон ба ривоёте истинод мекунанд, ки бар шафиъ будани Имом Алӣ (а) ва дигар имомони шиа далолат мекунанд.[25]
Бо тавваҷуҳ ба ояти «لا یَمْلِکُونَ الشَّفاعَةَ إِلاَّ مَنِ اتَّخَذَ عِنْدَ الرَّحْمنِ عَهْداً[26] касоне қодир ба шафоат ҳастанд, ки назди Худованд, аҳд баста бошанд.[27] Муфассирон назароти мухталифе дар бораи маънои «аҳд» баён кардаанд.[28] Муфассироне ҳамчун Табарсӣ ва Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ бар ин назаранд, ки манзур аз аҳд, имон ба Худо ва тасдиқи анбёи Ӯст.[29] Бархе низ ба амали солеҳ[30] ва бархе ба тавҳид ва Ислом[31] маъно кардаанд. Гурӯҳе аз муфассирони шиа бо истинод ба бархе ривоёт,[32] аҳдро ба вилояти Имом Алӣ (а) ва имомони маъсуми пас аз вай, маъно кардаанд.[33]
Бархе бо истинод ба ояти 26 сураи Наҷм, малоикаро аз шафоаткунандагон донистаанд.[34] Бино ба ривояте аз Имом Алӣ (а) дар Наҳҷулбалоға, Қуръон аз ҷумлаи шафоаткунандагон аст.[35] Дар бархе ривоёте ки дар манобеи ривоии шиа ва аҳли суннат нақл шудааст: паёмбарон, олимони дин, шаҳидон,[36] муъминон[37] ва ҳофизони Қуръон,[38] аз шафоаткунандагон муаррифӣ шудаанд. Ҳамчунин бар асоси бархе ривоёти нақлшуда дар манобеи ривоии шиа, ҳамсоя метавонад ҳамсояи худ ва хешованд, хешованди худро шафоат кунад.[39] Дар ривоёте тавба низ ба унвони яке аз шафоаткунандагон муаррифӣ шудааст.[40]
Шафоатшавандагон
Шафоати ман барои муртакибони гуноҳи кабира аст ва ба мушрикон ва ситамгарон намерасад.
Дар ин ки чӣ касонеи мавриди шафоати шафоаткунандагон қарор мегиранд, миёни олимони мусулмони ихтилофи назар аст.[41] Имомия бо истинод ба ояти 28 сураи Анбиё[42] ва ривоёте аз имомони маъсум (а),[43] бар ин боваранд, ки шафоат фақат ба касе таъаллуқ мегирад ки Худо аз дини вай розӣ бошад; ҳол чи гуноҳи кабира муртакиб шуда бошад ё гуноҳи сағира.[44] Онон ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба бархе ривоёти нақлшуда аз имомони маъсум,[45] тавбакунандагонро бениёз аз шафоат донистаанд.[46] Ашоира ва мурҷиа низ ҳамонанди имомия, бар ин боваранд ки муртакибони кабира аз уммати Пайғамбар (с) низ метавонанд мавриди шафоат қарор гиранд.[47] Дар муқобил, мӯътазила, хавориҷ ва зайдия бар ин назаранд, ки шафоат фақат шомили ҳоли муъминоне мешавад, ки аз гуноҳони худ тавба кардаанд[48] ва бо тамассук ба оёте аз Қуръон ҳамчун ояти 48 сураи Бақара ва ояти 18 сураи Ғофир, муртакиби кабирае, ки тавба накардаастро мавриди шафоати Пайғамбар (с) надонистаанд.[49]
Имомия ва дигар фирқаҳои мусулмон бо тамассук ба оёте ҳамчун ояти 18 сураи Ғофир[50] ва ривоёте аз Пайғамбар (с)[51] ва имомони шиа (а)[52] иттифоқи назар доранд, ки мушрикон ва кофарон мавриди шафоат қарор намегиранд.[53]
Имом Содиқ (а) ривояте аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки бар асоси он, касе ки намозро сабук шуморад аз шафоати онон маҳрум мемонад.[54] Ҳамчунин бар асоси бархе ривоёти шиа, носибӣ, подшоҳи золим ва ғолиён дар дин, мавриди шафоат қарор намегиранд.[55]
Шафоат ба изни Худо
Олимони мусулмон иттифоқ назар доранд, ки шафоати шафоаткунандагон ва ҳамчунин пазириши шафоат барои шафоатшавандагон, ҳама ба изни Худованд аст. Онон ба оёте ҳамчун ояти 255 сураи Бақара,[56] ояти 3 сураи Юнус,[57] ояти 109 сураи Тоҳо,[58] ояти 26 сураи Наҷм[59] ки дар онҳо ба таҳаққуқи шафоат ба изни Худованд тасреҳ шуда, чанг задаанд.
Бархе бо истинод ба оёте ҳамчун ояти «قُلْ لِلَّهِ الشَّفَاعَةُ جَمِیعًا;[60] Бигӯ шафоати ҳамаи халқон бо Худост.»[61] ва ояти «مَا لَکُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِیٍّ وَلَا شَفِیعٍ; Ғайр аз Ӯ барои шумо ёвар ва шафиъе нест.»,[62] шафоатро фақат аз они Худо донистаанд.[63] Дар посух ба онон гуфта шуда ки шафоат барои Худованд аст; вале муфассирон иттифоқи назар доранд, ки бо тавваҷуҳ ба ояти 79 сураи Исро ва ривоёти зайли он,[64] Худованд ин мақомро, ки дар оят аз он бо унвони мақоми маҳмуд ёд шуда, ба Пайғамбар (с) ато кардааст.[65] Бархе низ ба оёте ки дар онҳо ба пазириши шафоат ба изни Худованд ишора шуда, истинод карда гуфтаанд дуруст аст, ки шафоат барои Худованд аст, вале Худованд бо тавваҷуҳ ба ин оёт, онро ба бархе аз бандагони муқаррабаш изн додааст.[66]
Мухолифати ваҳҳобият бо талаби шафоат аз майит
Ибни Таймия ва ба пайравӣ аз вай бархе аз ваҳҳобиҳо, талаби шафоат аз Пайғамбар (с) ва дигар шафиъон пас аз вафот ё дар ғиёби онон ва ба таври куллӣ талаби шафоат аз ғайри Худовандро бидъат ва кори ширкомезе медонанд.[67] Ибни Таймия гуфтааст ки ҳеҷ як аз саҳоба, пас аз вафоти Пайғамбар (с) аз вай талаби шафоат накардаанд ва ҳеҷ кадом аз фуқаҳои чоргона ба истиҳбоб ё вуҷуби он фатво надодаанд ва лизо ин кор, амали бидуни далел ва мухолифат бо машияти саҳоба ва фақиҳон аст.[68] Абдулазиз бен Боз (муфтии ваҳҳобии аҳли Арабистон) дар посух ба истифтое гуфтааст, ки шафоат милки Худованд аст ва Пайғамбар (с) ва дигар шафиъон пас аз вафоташон наметавонанд дар ин милк тасарруф кунанд. Бинобар ин талаби шафоат аз касе ки вафот карда ва қодир бар анҷоми коре нест, ширк аст ва ҷоиз нест.[69]
Шафоати мо ба касоне, ки намозро сабук бишуморанд, намерасад.
Сайид Алии Милонӣ, каломпажӯҳи шиа, ба ривояте аз манобеи аҳли суннат истинод карда ва гуфтааст, ки саҳоба дар бархе мавқеъиятҳо, аз Пайғамбар (с) пас аз реҳлати вай, талаби шафоат мекардаанд.[70] Бар асоси ин ривоят, дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб, қаҳтӣ пеш омад ва Билол ибни Ҳорис, аз саҳобаи Пайғамбар (с), ба зиёрати қабри вай рафт ва ба ӯ мутавассил шуд ки аз Худованд талаби борон кунад, то ба воситаи он, уммат аз қаҳтӣ наҷот ёбанд.[71]
Ба гуфта Ҷаъфари Субҳонӣ дар китоби Оини ваҳҳобият, дархости шафоат аз шафоаткунандагоне ки аз дунё рафтаанд, аз ҷасадҳои наҳуфта дар қабрҳо нест; балки аз арвоҳи поку зиндаест, ки бо аҷсоди барзахӣ дар ҷаҳони барзах ба сар мебаранд ва ба тасреҳи Қуръон зиндаанд.[72]
Инкори шафоат ва посухи он
Иддае машруияти шафоатро инкор карда ва далелҳое овардаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:
- Омӯзаи шафоат, бо асли адолат мухолиф ва бо дастгоҳи зулму ҷаҳл созгор буда ва бар ин асос, эътиқод ба он тавҳин ба Худованд аст.[73] Албатта ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, муҷозоти гунаҳкор айни адолат аст ва пазириши шафоат навъе фазл ва эҳсон мебошад; эҳсоне, ки аз як сӯ ба хотири заминаҳои муносиб дар худи шафоатшаванда ва аз сӯии дигар ба хотири обрӯву эҳтирому аъмоли солеҳи шафоаткунанда аст.[74]
- Ваъдаи шафоат додан ба мардум, ононро бар анҷоми гуноҳ бепарво мекунад.[75] Гуфтаанд ки ин эрод бар оёте, ки дар бораи бахшиши гуноҳон аз сӯи Худованд нозил шуда, низ ворид аст, дар ҳоле ки касе тардид надорад дар ин ки оёти мағфират, муҷиби бепарвоии мардум дар ҳатки ҳурмати Илоҳӣ намешаванд.[76] Ҳамчунин оёти шафоат машрут ба машийяти Илоҳист ва касе наметавонад мутмаин бошад, ки шафоати шафоаткунандагон шомили ҳолаш мешавад ва лизо бепарвоӣ дар анҷоми гуноҳ эҷод намекунад; балки танҳо асари ваъдаи шафоат ин аст, ки мардумро умедвор мекунад ва ононро аз ноумедӣ аз раҳмати Илоҳӣ мераҳонад.[77]
- Шафоати боиси дигаргунӣ ва тағйир дар илму иродаи Худованд аст; бад-ин баён ки шафоаткунанда муҷиб мешавад ки Худо бар хилофи он чи дар аввал ирода карда ва ба он ҳукм намуда, коре анҷом диҳад, аммо тағйир дар илму иродаи Худованд, боиси тағйири зот буда ва маҳол аст, бинобарин шафоат низ маҳол аст.[78] Дар посух гуфтаанд, ки қабули шафоат аз сӯи Худованд ба маънои тағйир дар иродаи Ӯ ва ё дигаргунии илми Ӯ нест; балки Худованд илм дорад, ки масалан фалон инсон дар оянда ҳолатҳои мухталифе ба худ мегирад ва ин илм ба тағйир, ба маънои тағйир дар илм нест ва лизо иродаи Худованд ба он ҳолатҳо таъаллуқ мегирад, бад-ин маъно ки он инсон дар як замон бо тавваҷуҳ ба асбобу шароите як ҳолат дорад ва дар он ҳол, Худованд дар бораи ӯ ирода мекунад ва дар замони дайгаре бо тавваҷуҳ ба асбобу шароити дигар, ҳолати дигаре ба худ мегираду Худо низ иродаи дигаре дар бораи ӯ мекунад ва ин умур боиси тағйир дар илму иродаи Худованд нест.[79]
Инкори шафоат дар қиёмат
Бархе бо истинод ба ояти «یَوْمٌ لَا بَیْعٌ فِیهِ وَ لَا خُلَّةٌ وَ لَا شَفَاعَةٌ...;[80] Рӯзӣ ки дар он, на хариду фурӯше ҳаст ва на дӯстӣ сӯде дорад ва на шафоате шомили ҳолатон мешавад...»[81] ва бархе дигар аз оёти Қуръон,[82] шафоатро фақат дар олами дунё дониста ва онро дар қиёмат инкор кардаанд.[83] Албатта ба гуфтаи Оятуллоҳ Субҳонӣ ин оят, мутлақи шафоат дар қиёматро инкор намекунад; балки бо тавваҷуҳ ба ҷумлаи «لَا خُلَّةٌ», танҳо шафоати ботилро рад мекунад.[84] Дар шафоати ботил, дархосткунандаи шафоат, бидуни он ки ба вазиф ва аъмоли динии худ амал карда бошад, ба сирфи дӯстӣ ва нисбаташ бо шафоаткунанда, монанди он чи дар дунё иттифоқ меафтад, аз ӯ талаби шафоат мекунад.[85] Бархе муфассирон низ бар ин назаранд ки ин оят мутлақи шафоат дар қиёматро инкор накарда; балки шафоат барои ғайримуъминонро рад мекунад.[86] Дар бархе манобеи ривоии шиа ва аҳли суннат низ ривоёте нақл шуда ки шафоати шафоаткунандагонро дар қиёмат баён кардааст.[87]
Китобшиносӣ
Бархе аз осоре ки дар бораи шафоат ба риштаи таҳрир даромада иборатанд аз:
- Аш-Шафоату фи-л-китоби ва-с-сунна: навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ. Ин китоб шомили ҳашт фасл аст. Фасли аввал дар бораи дидгоҳи олимони мусулмон дар бораи шафоат аст. Фасли дувум ба мабҳаси шафоат дар Қуръон ва фасли сеюм ба таърифи шафоат ва ақсоми он бахшида шудааст. Фасли чаҳорум дар бораи тавҷеҳоти шафоат ва фасли панҷум дар бораи осори он аст. Фасли шашуми китоб дар бораи талаби шафоат аз касоне аст ки Худованд ба онон изн дода ва фасли ҳафтум марбут ба баёни масоиле дар бораи талаби шафоат аст. Нависанда дар охирин фасли китоб низ аҳодисе дар манобеи ривоии шиа ва аҳли суннат, ки дар бораи шафоат нақл шуда, гирдоварӣ кардааст.[88]
- Аш-Шафоат: навиштаи Сайид Камоли Ҳайдарӣ. Ин китоби шомили як муқаддама ва шаш фасл аст. Фасли аввал дар бораи таърифи луғавӣ ва истилоҳии шафоат ва ақсоми он аст. Фасли дувум марбут ба осори шафоат аст ва фасли сеюм ба баррасии эродҳои масаълаи шафоат пардохтааст. Фасли чоруми баҳс дар бораи шароити шафоатшавандагон ва фасли панҷум дар бораи шафоаткунандагонаст. Фасли шашуми китоб низ баррасии масъалаи ҷоиз будани талаби шафоат аз шафоаткунандагон аст.[89]
- Аш-Шафоат-ул-узмо фи явм-ил-қиёмат: таълифи Фахри Розӣ. Ӯ дар ин китоб пас аз таърифи шафоат ва баёни маҳдудаи он ба баррасӣ ва нақди дидгоҳи хавориҷ ва муътазила дар бораи шафоат ва ҳамчунин дидгоҳи аҳли китоб дар мавзуи шафоат пардохтааст.[90]
- Исбот-уш-шафоат: навиштаи Шамсиддини Заҳабӣ, муаррих ва риҷолии аҳли суннат дар қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ. Нависанда дар ин асар ба ҷамъоварии бархе ривоёте, ки аз саҳоба дар мавзуи шафоат нақл шуда, пардохтааст.[91]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.416; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.312
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, Интишороти исломия, ҷ.2, саҳ.445
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмуат-ул-фатово, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.313 - 314
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.370
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983, ҷ.8, саҳ.29
- ↑ Барои намуна ниг.: Сайид Муртазо, Шарҳу ҷумал-ил-илми ва-л-амал, 1419ҳ.қ., саҳ.157; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983м, ҷ.8, саҳ.29; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.496
- ↑ Барои намуна ниг.: Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ул-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.463
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, ҷ.1, саҳ.273
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.101; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.574
- ↑ Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.139; Насоӣ, Сунан-ун-Насоӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.229
- ↑ Фанниасл, «Шафоат аз дидгоҳи Садрулмутааллиҳин», саҳ.110
- ↑ Фахри Розӣ, аш-Шафоат-ул-узмо фи явм-ил-қиёмат, 1988, саҳ.7 - 10
- ↑ Сайид Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ир-Разӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150; Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.213
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.254
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, ҷ.1, саҳ.271 - 272
- ↑ Хумайнӣ, Шарҳи чилҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.150; Мутаҳҳарӣ, Адли Илоҳӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.226 - 230; Субҳонӣ, аш-Шафоату фи-л-китоби ва-с-сунна, Қум, саҳ.29 - 30
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Адли Илоҳӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.226 - 230; Субҳонӣ, аш-Шафоату фи-л-китоби ва-с-сунна, Қум, саҳ.29 - 30
- ↑ Субҳонӣ, Истифтоот, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.15
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983, ҷ.102, саҳ.247 - 249
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Адли Илоҳӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.235
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.79; Сайид Муртазо, Шарҳу ҷумал-ил-илми ва-л-амал, 1419ҳ.қ., саҳ.156; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.312
- ↑ Сураи Исро, ояти 79
- ↑ Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.284; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.97; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.387
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.79 - 80
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.79 - 80; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983м, ҷ.8, саҳ.41 - 42
- ↑ Сураи Марям, ояти 87
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.7, саҳ.150
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.7, саҳ.150; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.452; Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.14, саҳ.111
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.452; Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.14, саҳ.111
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.7, саҳ.150
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.499
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.361
- ↑ Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.296; Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.19, саҳ.40; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.256
- ↑ Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 176, саҳ.252
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.156; Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.90
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.101
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.169; Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.171
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.101
- ↑ Барои намуна ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, ҳикмати 371, саҳ.540
- ↑ Беҳбаҳонӣ, Шафоат, 1392ҳ.ш., саҳ.33
- ↑ Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.14, саҳ.277
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983, ҷ.8, саҳ.34
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.66
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.574
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.574; Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.66
- ↑ Сайид Муртазо, Шарҳу ҷумал-ил-илми ва-л-амал, 1419ҳ.қ., саҳ.157; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.496–497
- ↑ Барои намуна ниг.: Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ул-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.463; Сайид Муртазо, Шарҳу ҷумал-ил-илми ва-л-амал, 1419ҳ.қ., саҳ.156; Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, ҷ.3, саҳ.206
- ↑ Барои намуна ниг.: Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ул-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.464; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.313
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.496
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Моҷа, Сунану Ибни Моҷа, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, ҷ.2, саҳ.1440
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.355
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.66; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.496
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.400
- ↑ Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983, ҷ.25, саҳ.268–269
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ4, саҳ.60; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.11
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.56; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, ҷ.17, саҳ.127
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.101
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.429 - 430
- ↑ Сураи Зумар, ояти 44
- ↑ Илоҳии Қумшаӣ, Тарҷумаи Қуръони карим, нашри Фотимаи Заҳро (с), саҳ.207
- ↑ Сураи Саҷда, ояти 4
- ↑ Субҳонӣ, аш-Шафоату фи-л-китоби ва-с-сунна, Қум, саҳ.19 ва 58
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983м, ҷ.8, саҳ.48; Бухорӣ, Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, с86; Суютӣ, Дурр-ул-мансур, Дор-ул-фикр, ҷ.5, саҳ.377
- ↑ Барои намуна ниг.: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.97; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.284; Қуртубӣ, Тафсири Қуртубӣ, 1384ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.309
- ↑ Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.1, саҳ.156 ва ҷ.17, саҳ.270
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Таймия, Маҷмуат-ул-фатово, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159; Ибни Абдулваҳҳоб, ар-Расоил-уш-шахсийя, Ҷомеату ал-имом Муҳаммад ибни Сауд, саҳ.154; Мунҷид, Мавқеъ-ул-Исломи саволун ва ҷавоб, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.938
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмуат-ул-фатово, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161 - 162
- ↑ Мунҷид, Мавқеъ-ул-Исломи саволун ва ҷавоб, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.938
- ↑ Ҳусайнии Милонӣ, ар-Радду ало Ибни Таймияти фи-ш-шафоати ва-з-зиёрати ва-л-истиғоса, 1435ҳ.қ., саҳ.65 - 66
- ↑ Барои намуна ниг.: Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.495
- ↑ Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, саҳ.283 - 284
- ↑ Касравӣ, Худо бо мост; бихонанд ва доварӣ кунанд, 1323ҳ.ш., саҳ.32 - 33
- ↑ Макорими Шерозӣ, паёми қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.533
- ↑ Барои намуна ниг.: Қаламдорон, Роҳи наҷот аз шарри ғулот, саҳ.286
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.1, саҳ.165; Мутаҳҳарӣ, Адли Илоҳӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.241
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.1, саҳ.165; Мутаҳҳарӣ, Адли Илоҳӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.241
- ↑ Барои намуна ниг.: Рашидризо, Тафсир-ул-манор, 1990, ҷ.1, саҳ.255; Қаламдорон, Роҳи наҷот аз шарри ғулот, саҳ.362
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, Интишороти Исмоилиён, ҷ.1, саҳ.164 - 165; Ҳайдарӣ, аш-Шафоа, 1425ҳ.қ., саҳ.161 - 162
- ↑ Сураи Бақара, ояти 254
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тарҷумаи Қуръони карим, 1380ҳ.ш., саҳ.42
- ↑ Сураи Духон, ояти 41
- ↑ Барои намуна ниг.: Қаламдорон, Роҳи наҷот аз шарри ғулот, саҳ.294 - 295; Рашидризо, Тафсир-ул-манор, 1990м, ҷ.1, саҳ.255
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1388ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.210
- ↑ Мударрисӣ, Тафсири ҳидоят, 1377ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.91
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.306; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.156
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983, ҷ.8, саҳ.34 - 37; Муслим, Саҳиҳи Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.188 - 191
- ↑ Субҳонӣ, аш-Шафоату фи-л-китоби ва-с-сунна, Қум, саҳ.93
- ↑ Ҳайдарӣ, аш-Шафоа, 1425ҳ.қ., саҳ.433 - 439
- ↑ Фахри Розӣ, аш-Шафоат-ул-узмо фи явм-ил-қиёмат, 1988, саҳ.4 - 5 ва 7 - 10
- ↑ Заҳабӣ, Исбот-уш-шафоа, 1420ҳ.қ., саҳ.69 - 70
Сарчашма
- Қуръон.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, 1983.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаққ-ул-яқин, Теҳрон, Интишороти исломия, бе то.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-муроди фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, Қум, 1413ҳ.қ.
- Асқалонӣ, Аҳмад ибни алӣ, Фатҳ-ул-борӣ, Бейрут, 1379ҳ.қ.
- Аҳмад ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснади Аҳмад, беҷо, Муассисат-ур-рисола, 1421ҳ.қ.
- Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, Қум, чопи дувум, 1371ҳ.қ.
- Беҳбаҳонӣ, Абдуллоҳ, Шафоат, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1392ҳ.ш.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир, Димишқ, 1422ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Шамсиддин, Исбот-уш-шафоа, Риёз, 1420ҳ.қ.
- Ибни Абдулваҳҳоб, Муҳаммад, ар-Расоил-уш-шахсийя, риёз, Ҷомеату ал-имом Муҳаммад ибни Сауд, бе то.
- Ибни Моҷа, Муҳаммад ибни Язид, Сунану Ибни Моҷа, Бейрут, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, бе то.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Маҷмуат-ул-фатово, Мадина, 1416ҳ.қ.
- Илоҳии Қумшаӣ, Маҳдӣ, Тарҷумаи Қуръони карим, Қум, нашри Фотимаи Заҳро (с), бе то.
- Касравӣ, Аҳмад, Худо бо мост; бихонанд ва доварӣ кунанд, Теҳрон, бе но, 1323ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қаламдорон, Ҳайдаралӣ, Роҳи наҷот аз шарри ғулот, бе ҷо, бе но, бе то.
- Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-усул-ул-хамса, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Шамсиддин, Тафсири Қуртубӣ, Қоҳира, 1384ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, бе то.
- Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Тафсири ҳидоят, Машҳад, Остони қудси разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
- Мунҷид, Муҳаммадсолеҳ, Мавқеъ-ул-Исломи саволун ва ҷавоб, бе ҷо, бе но, 1430ҳ.қ.
- Муслим, Ибни Ҳаҷҷоҷи Нишобурӣ, Саҳиҳи Муслим, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Адли Илоҳӣ, Қум, интишороти Садро, 1391ҳ.ш.
- Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, Сунан-ун-Насоӣ, Ҳалаб, Мактаб-ул-матбуот-ил-исломия, 1406ҳ.қ.
- Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Марказ-ул-буҳус-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Рашидризо, Муҳаммад, Тафсир-ул-манор, бе ҷо, ал-Ҳайат-ул-мисрият-ул-ъоммати ли-л-китоб, 1990.
- Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил-уш-Шариф-ир-Разӣ, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1405ҳ.қ.
- Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Шарҳу ҷумал-ил-илми ва-л-амал, Теҳрон, Дор-ул-усва, 1419ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, аш-Шафоату фи-л-китоби ва-с-сунна, Қум, бено, бе то.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бе то.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Истифтоот, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1389ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1388ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Оини ваҳҳобият, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, бе то.
- Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе то.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷрир, Ҷомеъ-ул-баён, Бейрут, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, 1415ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Интишороти Исмоилиён, бе то.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Миср, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
- Фанниасл, Аббос, «Шафоат аз дидгоҳи Садрулмутааллиҳин», андешаи динӣ, № 33, соли 1388ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, аш-Шафоат-ул-узмо фи явм-ил-қиёмат, Қоҳира, 1988.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Шарҳи чилҳадис, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1380ҳ.ш.
- Ҳайдарӣ, Сайид Камол, аш-Шафоа, Қум, 1425ҳ.қ.
- Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Нур-ус-сақалайн, таҳқиқи Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Қум, Исмоилён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, 1416ҳ.қ.
- Ҳусайнии Милонӣ, Сайид Алӣ, ар-Радду ало Ибни Таймияти фи-ш-шафоати ва-з-зиёрати ва-л-истиғоса, Қум, 1435ҳ.қ.
- Ҷурҷонӣ, Мир Саидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, 1325ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот, Қум, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, Муассисат-ул-беъсат, 1417ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёну фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.