Дуои арафаи Имом Саҷҷод (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 47 Саҳифа)

Бо дуои арафаи Имом Ҳусайн (а) иштибоҳ нашавад.

Дуои чиҳилу ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия

Дуои чиҳилу ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия маъруф ба дуои арафаи Имом Саҷҷод (а) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки дар рӯзи Арафа хонда мешавад. Ин дуо тӯлонитарин дуоӣ Саҳифа аст ва дар он ба мавзӯоте ҳамчун баёни асмо ва сифоти Худо, дуо ва салавот дар ҳаққи Пайғамбари Ислом (с) ва Аҳли Байт (а) ва шиаён ва баёни бархе макорими ахлоқ ва бадиҳои нафс пардохта шудааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо, иқрор ба мақоми Аҳли Байт, пайравӣ аз дастуроти онон, тамассук ба вилоят ва интизори ҳукумати Аҳли Байтро аз вижагиҳои шиаён муаррифӣ кардааст.

Омӯзаҳои ин дуо дар чанд меҳвари Худошиносӣ, салавот бар Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт, имомшиносӣ, иқрор ба хато ва дархости ҳоҷатҳо дастабандӣ шудааст.

Дуои чиҳилу ҳафтум дар китобҳои Наҷвои орифон ва Ирфони арафа шарҳ ва тафсир шудааст. Ҳамчунин ин дуо дар шарҳҳои Саҳифаи Саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон, асари Ҳусайни Ансориён ва Шуҳуд ва шинохт, асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин, асари Сайидалихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Масҷиди ҷомеъи Хуррамшаҳр

Омӯзаҳо

Дуои чиҳилу ҳафтум, маъруф ба дуои Арафаи Имом Саҷҷод (а) аз дуоҳои Саҳифаи Саҷҷодия аст, ки дар рӯзи Арафа хонда мешавад. Дар ин дуо Имом Зайнулъобидин (а) ба чанд мавзӯъ пардохтааст: 1 - тавҳид, асмо ва сифот ва ҳамди Худо; 2 - дуо ба ҳазрати Муҳаммад (с); 3 - дуо ба имоми маъсум (а); 4 - дуо ба пайравони маъсум; 5 – гуноҳ ва гуноҳкорӣ; 6 - дархости афву бахшиш аз Худо; 7 - баёни роҳҳои тавба; 8 – шайтон ва иғвогарии ӯ; 9 – марг ва дурнамое аз қиёмат; 10 - макорими ахлоқ ва бадиҳои нафси инсон.[1] Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дуои арафа, баландтарин дуои Имом Саҷҷод (а) дар Саҳифаи Саҷҷодия аст ва бештар ба робитаи орифонаи бандаи солеҳ бо Худо мепардозад.[2]

Омӯзаҳои дуои арафа дар чанд меҳвари аслӣ дастабандӣ шудааст:

Худошиносӣ

  • Ҳамду сипос махсуси Худост, ки молик, мудаббир ва падидоварандаи ҷаҳон аст.
  • Қудрат ва иҳотаи Худо бар тамоми ҳастӣ
  • Иқрор бар ягонагӣ, бузургворӣ ва азамати Худо
  • Сахт ва шадид будани интиқоми Илоҳӣ
  • Таъкид бар меҳрубонӣ, дурусткорӣ ва доноии Худо
  • Шунаво ва бино будани Худо
  • Ҳамешагӣ будани Худо (аввал ва охир будани Худо)
  • Худо соҳиби шукуҳу азамат
  • Худо падидоварандаи ҳамаи махлуқот
  • Хилқати ҷаҳон дар беҳтарин ҳолат
  • Шарик надоштани Худо
  • Муназзаҳ будани Худованд аз доштани зид ва муонид (душман)
  • Хузуъ ва хушуъ ва инқиёд ва таслими ҳама ҳастӣ дар баробари Худованди Мутаол
  • Қазовати Худо бар асоси адлу инсоф
  • Назми эъҷобовари дастгоҳи офариниш
  • Нотавонии ақли инсон аз дарки зоти Худо
  • Иқрор бар беҳамтоии Худо ва набуди қудрате дар муқобили Ӯ
  • Равшании меъёрҳои Илоҳӣ дар ҷудоии ҳақ аз ботил
  • Раъфат ва ҳикмати Илоҳӣ
  • Бахшиши густардаи Худо дар ҳаққи мавҷудот
  • Ихтисоси ҳидояти инсонҳо ба дасти Худо
  • Фурутании ҳамаи махлуқот дар баробари Худо
  • Шикастнопазирии Худо дар баробари ҳамаи мавҷудот
  • Гуфтор ва иродаи устувори Илоҳӣ
  • Ҳатмӣ будани машияти Илоҳӣ
  • Тафовути ҳамд ва сипоси Худо бо ситоиши дигарон
  • Тақарруб ба Худо бо анҷоми шукри Илоҳӣ
  • Ҳамди ҷовидона ва фарогири Худо, ҳамди ҳамсон бо аршу курсӣ, ҳамди ҳамроҳ бо ризову хушнудӣ, ҳамди ҳамроҳ бо неъмат, ҳамди ҳамроҳ бо сидқи ният ва ғ.[3]

Дуо бар Муҳаммад (с) ва хонадонаш

Дар Дуюмин бахш аз дуои арафаи Имом Саҷҷод (а), ба дуо бар Пайғамбар (с) ва салавот ба ӯ пардохта шудааст.

  • Дуруду салавот бар Муҳаммад (с) ва Аҳли Байти ӯ
  • Фалсафаи салавот бар Пайғамбар (с) ва Оли ӯ: сипосгузорӣ ва қадрдонӣ, зиндакунандаи ёд ва номи Пайғамбар (с) ва улгусозӣ
  • Муаррифии мақоми Пайғамбари Ислом (с)
  • Дуруд бар Аҳли Байти Пайғамбар ба унвони ҳофизони дин ва ҷонишинони Худо дар замин ва ҳуҷҷатҳои Илоҳӣ бар бандагонаш
  • Аҳли Байти Пайғамбар (с) василаи расидан ба Худо ва роҳе барои найл ба биҳишт
  • Дархости дуруди беоғозу бепоён бар Пайғамбар ва хонадонаш
  • Салавот бар Пайғамбар (с): дуруди фазоянда, ҳамроҳ бо хушнудӣ, салавоти ҷовидона, салавоти густардаю фарогир, ғайриқобили шумориш.[4]

Имомшиносӣ

Имом Саҷҷод (а) дар бахши сеюми дуои арафа ба тавсифи мақоми Аҳли Байт (а) ва ҳамчунин дуо бар шиаён ва баёни вижагиҳои онон мепардозад.

  • Тавсифи Аҳли Байти Пайғамбар (с): муҷриёни амри Худо, хазонадорони илми Худо, ҳофизони дин, ҷонишинони Худо бар рӯи замин, ҳуҷҷат бар бандагон, василаи ҳидоят ба сӯи Худо ва покизагон аз гуноҳу олудагӣ, паноҳгоҳи мардум ва аҳли имон, масодиқи ҷамоли Илоҳӣ
  • Густараи васеъи илми Аҳли Байт (а)
  • Дуруд ва салавоти бепоён ва ҳамвазни арш бар Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт
  • Муаррифии мақомоти Аҳли Байт (а): машъали фурузон барои ёфтани ҳақ, масири дастёбӣ ба хушнудии Худо ва паноҳи паноҳандагон
  • Вуҷуби фармонбардорӣ аз дастуроти Аҳли Байт (а)[5]
  • Имомон, ғараз ва ҳадафи офариниш
  • Лузуми вуҷуди имоми маъсум дар ҳар замон
  • Таъйиди дини Худованд дар ҳар замоне ба воситаи имом
  • Ҳимоят аз маъсумон бо малоика ва ҷунуди Илоҳӣ
  • Ҳамд ва сипоси Худо ба далели вуҷуди неъмати имоми маъсум (а)
  • Лузуми густариши қудрат ва эҷоди ҳукумат барои имоми маъсум (а)
  • Дархости иқомаи китоб ва ҳудуд ва шароиъи Илоҳӣ ва суннатҳои Пайғамбар ба воситаи имоми маъсум (а)
  • Дархости зинда шудани нишонаҳои дин, ки золимон нобудашон сохтаанд
  • Абзорҳои мутафовити имомон барои ҳидояти мардум ба сӯи Худо
  • Дархости итоат аз имом (а) ва таслим дар баробари ӯ ва талош дар роҳи ризои ӯ
  • Дархости дуруд барои дӯстон ва пайравони имомон (а)
  • Фармонбардорӣ аз маъсум ва ёрии ӯ, роҳи тақарруб ба Худо ва Пайғамбар (с)
  • Дуруд бар дӯстон ва пайравони Аҳли Байт (а)
  • Вижагии шиаёни Аҳли Байт (а): иқроркунанда ба мақоми Аҳли Байт, дунболарави дастуроти онон, тамассук ба вилояти онҳо, мунтазири ҳукумати Аҳли Байт
  • Дуо барои шиаёни Аҳли Байт: будан аз аҳли тақво, пазириши тавбаи онҳо аз сӯи Худо ва қарор гирифтан дар ҷойгоҳи амну амон.[6]

Иқрор ба хато

Имом дар ин бахш аз ноҳанҷориҳои нафси инсон сухан мегӯяд ва аз Худо талаби афву бахшиш мекунад.

  • Ишора ба фазоили рӯзи Арафа (рӯзи бошарофату каромат ва густарда будани суфраи раҳмати Илоҳӣ бар бандагон)
  • Шикоят аз ҳоли хеш барои ҷалби раҳмати Илоҳӣ
  • Дуо барои қарор гирифтани таҳти ҳидоят ва иршоди Илоҳӣ
  • Худшиносӣ аз муҳимтарин арқони низоми маърифатӣ
  • Нофармонӣ ва мухолифати бандагон аз фаромини Илоҳӣ
  • Паноҳанда шудан ба раҳмати Худо аз азоб
  • Дархости афв ва бахшиши Илоҳӣ
  • Дархости подоши азими Илоҳӣ дар рӯзи Арафа
  • Эътироф ба ягонагии Худо барои тақарруб ба Ӯ
  • Хушгумонӣ ва тақаррубҷӯӣ ба Парвардигор
  • Эътироф ба фақри инсон дар муқобили Худо
  • Эҳсон ва гузашти Худо нисбат ба гунаҳкорон ва аҷала накардан дар азоби онон
  • Анвоъи эътироф ба гуноҳ, хато ва лағзиш (гуноҳи пинҳонӣ, гуноҳи амдӣ)
  • Оқибати тавваҷӯҳи мардум ва ғафлат аз ёди Худо: ривоҷи риёкорӣ, ҷаҳл ва суст шудани робита ба Худо
  • Эътироф бар ҷинояти бар нафс
  • Дурӣ аз Худо, натиҷаи сабук шуморидани аҳкоми Илоҳӣ
  • Ҳалокат, натиҷаи қатъии инҳироф аз роҳи Худо
  • Инсон, мавҷуде гирифтор дар балоҳо ва тӯлонӣ будани ранҷу гирифторӣ
  • Хатари вогузории инсон ба ҳоли хеш
  • Нақшаҳои гуногуни шайтон барои гумроҳ кардани инсон.[7]

Дархости ҳоҷат

Имом Саҷҷод (а) дар бахши поёнии дуо, Худоро ба муқаррабонаш қасам медиҳад ва дархостҳояшро баён мекунад. Бахше аз ин дархостҳо чунин аст:

  • Дархости қарор гирифтан дар таҳти вилояти хосси Худованд
  • Дархости муохза нашудан тавассути Худованд ба сабаби кӯтоҳӣ дар анҷоми вазоиф
  • Дархости муохза нашудан бо истидроҷ аз сӯи Худованд
  • Дархости бедорӣ аз хоби ғафлат
  • Муноҷот бо Худо, зиндакунандаи дилҳо
  • Дархост аз Худо аз рӯи биму зорӣ
  • Дархости бахшиш бо восита қарор додани Пайғамбар (с) ва Аҳли Байти ӯ
  • Дархости сарпарастии Худо
  • Дархости аҷри вафокунандагон
  • Дархости раҳоӣ аз асароти таҷовуз аз ҳудуди Илоҳӣ
  • Тақарруб ба Худо аз болотарин лаззатҳо
  • Дархости зиндагии шоиста ва марги саодатмандона
  • Дархости бедорӣ аз хоби бехабарон
  • Дархости паймудани масири хайрот
  • Дархости раҳоӣ аз ҳабти аъмол ва аз даст рафтани баракот
  • Дархости идроки зиштиҳои гуноҳ бо қалб
  • Дархости муноҷот дар шабу рӯз ва зинат ёфтан дар партави он
  • Дархости покӣ аз олудагии гуноҳон
  • Дархости дурӣ аз хашми Илоҳӣ
  • Дархости наҷот аз озмоиш, фитна ва балоҳо
  • Дархости гирифтор нашудан ба қасовати қалб дар сояи умри тӯлонӣ
  • Дархости масуният ёфтан аз сарзаниши душманон
  • Матлубяти дурӣ аз шайтон ва нафси аммора
  • Дархости раҳоӣ аз гирифториҳо
  • Ноумед набудан аз раҳмати Худо
  • Дархости айбпӯшӣ ва расво нашудан
  • Дархости саломатию тандурустӣ
  • Нияти солеҳ, мелоки амали дуруст
  • Дархости ризқу рӯзӣ
  • Дархости решакан шудани ишқи дунё аз қалби одамӣ
  • Дархости мақоми исмат ва розу ниёз бо Худо
  • Дархости баҳрамандӣ аз нияти солеҳ ва гуфтори писандида ва рафтори шоиста
  • Тавфиқи анҷоми корҳои нек
  • Шукри Худо, омили афзоиши неъмат
  • Дархости ҳаёти тайиба
  • Дархости иззат дар миёни мардум ва зиллат дар даргоҳи Илоҳӣ
  • Дуо барои наҷот аз фитна ва бадиҳо
  • Дархости неъмат ва парҳез аз ғафлат
  • Дархости мақоми хавфу раҷо
  • Тавфиқи шабзиндадорӣ
  • Паноҳ бурдан ба Худо аз саркашӣ ва кайфар
  • Тавба, як тиҷорати сӯдманд дар даргоҳи Илоҳӣ
  • Дархости баҳрамандӣ аз бахшиш ва раҳмати Илоҳӣ ва неъматҳои биҳишт
  • Дархости муҷовират бо поктарин авлиёи Илоҳӣ дар биҳишти баргузидагон
  • Лузуми парҳез аз кинатузӣ нисбат ба дигарон
  • Дархости неъмати комил
  • Дархости дурӣ ва масуният аз шакку шубҳа
  • Дархости диле, ором, бидуни шакку шубҳа
  • Дархости покдоманӣ ва оромиш ва саломатии ҳамаҷониба
  • Ҳифзи обрӯ бо набурдани ниёз назди дигарон
  • Дархости ҳамроҳ нашудан бо ситамкорон
  • Анҷоми ҳаҷ ва умра аз авомили хушнудии Худо
  • Паноҳ бурдан ба Худо танҳо роҳи оромиш дар зиндагӣ.[8]

Шарҳҳо

Дуои чиҳилу ҳафтум дар шарҳҳои Саҳифаи Саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон, асари Ҳусайни Ансориён,[9] Шуҳуд ва шинохт, асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[10] ва шарҳу тарҷумаи Саҳифаи Саҷҷодия, асари Сайид Аҳмади Фаҳрӣ[11] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Ин дуо ба сурати такнигорӣ низ дар китобҳои Наҷвои орифона: шарҳе бар дуои чиҳилу ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия (дуои рӯзи Арафа) тавассути Сайид Аҳмади Саҷҷодӣ[12] ва Ирфони арафа: тарҷума ва шарҳ ва тафсири мавзӯии дуои арафаи Имом Ҳусайн (а) ва Имом Саҷҷод (а) тавассути Қодир Фозилӣ[13] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои чиҳилу ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин, асари Сайидалихони Маданӣ,[14] Фи зилол-ис-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, асари Муҳаммадҷаводи Муғния,[15] Риёз-ул-орифин, таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[16] ва Офоқ-ур-рӯҳ, навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ[17] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, асари Файзи Кошонӣ[18] ва шарҳи ас-Саҳифат-ус-Саҷҷодия, навиштаи Иззуддини Ҷазоирӣ[19] тавзеҳ дода шудааст.

Матн ва тарҷума

Дуои чиҳилу ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия

Матни тарҷума[20]

(1) Худоро сипос, ки молик ва мудаббири ҷаҳониён аст. (2) Худоё! Сипос вижаи Ту аст; эй падидоварандаи осмонҳову замин! Эй соҳиби бузургӣ ва раъфату муҳаббат! Эй молики ҳамаи арбобон ва эй маъбуди ҳар маъбуд ва холиқи ҳар махлуқ ва вориси ҳар чиз! Чизе монанди Ӯ нест ва илми чизе аз Ӯ пинҳон намемонад ва Ӯ ба ҳар чиз иҳота дорад ва Ӯ бар ҳар чиз нигаҳбон аст. (3) Туӣ худое, ки ҷуз Ту худое нест ва яктову ягонаӣ, фарду танҳоӣ. (4) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз Ту худое нест, бузургвору арҷмандӣ, бузургу боазаматӣ, кабиру мутакаббирӣ!

(5) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз ту худое нест, баландмартаба ва баландпояӣ, дар интиқомгирӣ сахту шадидӣ! (6) ва Туӣ, худое, ки ҷуз Ту худое нест, бахшандаю меҳрубонӣ, доною дурусткорӣ. (7) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз Ту худое нест, шунавою биноӣ, азалӣ ва огоҳӣ! (8) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз Ту худое нест, бузургвору бузургвортарӣ, ҳамешагӣ ва ҷовидонатарӣ. (9) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз Ту худое нест, аввалӣ пеш аз ҳаркас ва охирӣ баъд аз ҳар адад. (10) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз Ту худое нест, наздик дар айни баландии мақомаш ва баландмақом дар айни наздикиаш.

(11) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз Ту худое нест, соҳиби зебоӣ ва шукуҳу азаматӣ ва кибриёиву ситоишӣ. (12) Ва Туӣ, худое, ки ҷуз ту худое нест, ки ҳамаи чизро бидуни моя ва асл падид овардӣ ва ончиро сурату шакл додӣ, бидуни намунабардорӣ аз чизе шакл додӣ ва офаридаҳоро бидуни иқтибос аз нақшае офаридӣ! (13) Туӣ, ки ҳар чизро дар некӯтарин вазъ, андозагирӣ кардӣ; ва ҳар чизро, аз назари тамоми хусусиёт рӯ ба роҳ фармудӣ; ва умури мосивои худро сомон додӣ. (14) Туӣ, ки дар эҷоди мавҷудот ҳеҷ шарике ёриат надод ва дар корат вазире ба пуштибониат барнахост; ва бароят дар умури офариниш, тамошогар ва ҳамонанде набуд.

Ҷусторҳои вобаста

Дуои арафаи Имом Ҳусайн (а)

Эзоҳ

  1. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.539 - 540.
  2. Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.69.
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.69 - 98; Шарҳи фарозҳои дуои чиҳилу ҳафтум аз сайти Ирфон.
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.98 - 105; Шарҳи фарозҳои дуои чиҳилу ҳафтум аз сайти Ирфон.
  5. Аъробӣ, “Чаро Имом Саҷҷод (а) ба муборизоти сиёсӣ напардохт?”.
  6. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.105 - 121; Шарҳи фарозҳои дуои чиҳилу ҳафтум аз сайти Ирфон.
  7. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.121 - 164; Шарҳи фарозҳои дуои чиҳилу ҳафтум аз сайти Ирфон.
  8. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.164 - 214; Шарҳи фарозҳои дуои чиҳилу ҳафтум аз сайти Ирфон.
  9. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.517 - 555.
  10. Мамдуҳӣ, китоби Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.47 - 216.
  11. Фаҳрӣ, Шарҳ ва тафсири Саҳифаи Саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.399 - 492.
  12. Китобномаи Наҷвои орифона, асари Сайид Аҳмади Саҷҷодӣ
  13. Китобномаи Ирфони арафа, асари Қодири Фозилӣ
  14. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.253 – 422 ва ҷ.7, саҳ.3 - 158.
  15. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.551 - 609.
  16. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.589 - 660.
  17. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-руҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.463 - 544.
  18. Файзи Кошонӣ, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.92 - 98.
  19. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, 1402, саҳ.242 - 269.
  20. Тарҷума аз шайх Ҳусайни Ансориён.

Сарчашма

  • Ардашерии Лоҷимӣ, «Нигоҳе ба дуои арафаи Имом Саҷҷод алайҳиссалом», маҷаллаи Ишорот, шумораи 156, поизи 1393ҳ.қ.
  • Аъробӣ, Ғуломҳусайн, “Чаро Имом Саҷҷод (а) ба муборизоти сиёсӣ напардохт?”, моҳномаи Кавсар, шумораи 34.
  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи Саҳифаи Саҷҷодия, Теҳрон, паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1402ҳ.қ.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифин фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-руҳ, Бейрут, Дорулмолик, 1420ҳ.қ.
  • Фаҳрӣ, Сайидаҳмад, Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи Саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Теҳрон, муассисаи албуҳус ват-таҳқиқотис-сақофия, 1407ҳ.қ.
  • Мадании Шерозӣ, Сайидалихон, Риёз-ус-соликин фи шарҳи Саҳифати Сайидуссоҷидин, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1435ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-Саҳифат-ис-Саҷҷодия, Қум, Дорулкитобил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи Саҷҷодия, муқаддимаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бустони китоб, 1388ҳ.ш.