Арш
Арш (ба арабӣ: عَرش) истилоҳе, аст қуръонӣ, ба маънои тахт, ки ба Худо нисбат дода шудааст. Дар оятҳое аз Қуръон омадааст, ки Худованд бар арш «истило» ёфт, ки олимони мусулмон дар тафсири онҳо ихтилофи назари бисёр доранд. Бархе аз гурӯҳҳои аҳли суннат, монанди ашоира ва аҳли ҳадис, мегӯянд, набояд дар бораи ин оёт тафаккур кард ва танҳо бояд ба онҳо имон овард.
Ба эътиқоди зоҳиргароён ва ҳашавия, «арш» ҳамон тахти моддӣ аст ва Худованд як тахти бузурге дорад, ки бар он менишинаду ҷаҳонро идора мекунад. Шиа ва муътазила бар ин боваранд, ки ин оятҳо тамсилӣ ва киноӣ ҳастанд. Бархе аз онҳо аршро илми бепоёни Худо тафсир кардаанд.
Аллома Таботабоӣ аршро марҳалаи такомулёфтае аз аволими вуҷуд ва маҳали судури дастурҳои Илоҳӣ дониста ва нишастани Худованд бар аршро киноя аз тадбири ҷаҳон ва илми Ӯ ба тамоми умур тафсир кардааст.
Мафҳумшиносӣ ва корбурди қуръонӣ
Арш дар луғат ба маънои «тахти подшоҳ» ё «чизе ки дорои сақф бошад» аст.[1] Калимаи арш 21 бор дар Қуръон ба Худо нисбат дода шудааст.[2] Ояти 129 сураи Тавба ба азамати арши Илоҳӣ ишора мекунад.[3] Дар чанд оят, истивои Худо бар арш матраҳ шудааст.[4] Дар оёти дигаре, аз фариштагоне ёд шудааст, ки атрофи арш, машғули тасбеҳ гуфтананд[5] ё ҳомилони арш ҳастанд.[6] Дар ояти 7 сураи Ҳуд низ омадааст, ки арши Илоҳӣ бар рӯи об қарор дорад.[7]
Вижагиҳои арш дар ривоёт
Ривоёти гуногуне дар бораи арш вуҷуд дорад; аз ҷумла ин ки фариштагони муқарраби Илоҳӣ аршро ҳамл мекунанд ва тимсоли тамоми мавҷудоти ҷаҳон дар арш вуҷуд дорад[8] ё ин ки ҷумлаи «ло илоҳа аллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ, Алийюн амурулмуъминин»[9] бар рӯи арш навишта шудааст.[10] Дар ҳадисе аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, дар сафари Меъроҷ, ҳангоме, ки ба арш нигоҳ кардам, мушоҳида кардам ҳамаи маъсумон дар тарафи рости арш қарор доранд.[11] Дар баъзе аз ривоёт низ ворид шудааст, ки арш, илми бепоёни Парвардигор аст.[12]
Аз дидгоҳи ривоёт арш бисёр боазамат аст ва тамоми мавҷудот дар муқобили арш монанди ҳалқае дар биёбоне паҳноваранд.[13] Ҳамчунин фосилаи байни ҳар як аз сутунҳои арш ба андозае аст, ки ҳазор сол тӯл мекашад, то парандаи тезпарвозе битавонад аз сутуне ба сутуни дигари он биравад.[14] Арш аз курсӣ бузургтар аст.[15] Худованд аршро аз нур халқ кардааст ва ҳеҷ кадом аз махлуқот наметавонанд ба он нигоҳ кунанд.[16]
Дидгоҳҳои мухталиф дар бораи арш
Оятҳои марбут ба аршу курсӣ, аз муташобеҳоти қуръонӣ ҳастанд ва олимони мусулмон дидгоҳҳои мутафовит ва фаровоне дар бораи онҳо доранд.[17] Бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:
Номаълум будани маънои арш
Аз дид бархе аз гурӯҳҳои аҳли суннат, монанди ашоира ва аҳли ҳадис, ба мафоҳиме монанди аршу курсӣ танҳо бояд имон овард ва аз тафаккур дар бораи онҳо парҳез кард.[18] Инҳо мегӯянд ба гуфтаи Қуръон, Худованд бар арш қарор дорад, вале чигунагии он барои мо мушаххас нест.[19] Барои мисол, Молик ибни Анас дар бораи маънои нишастани Худованд бар арш мегӯяд: «Маънои нишастан мушаххас аст, аммо чигунагии он қобили фаҳм нест ва суол пурсидан дар бораи он бидъат ва имон овардан ба он воҷиб аст!».[20]
Моддӣ ва маконӣ будани арш
Зоҳиргароён ва ҳашавия аз «арш» маънои зоҳириашро фаҳмида ва онро ҳамон тахти моддӣ донистаанд. Онҳо муътақиданд, Худованд тахте бузург дорад, ки бар он менишинад ва ҷаҳонро идора мекунад.[21] Ҳамчунин мегӯянд арш ба андозаи чаҳор ангушт аз чаҳор тараф густарда аст ва дар зери Худованд, садое монанди раҳли оҳан медиҳад.[22]
Иддае аз фалосифаи мусулмон, аз ҷумла Муллоҳодии Сабзаворӣ, низ бо истинод ба «ҳайъати Батламиюсӣ», арши Илоҳиро «фалак-ул-афлок» медонистанд, ки ҳамон фалаки нуҳум дар низоми фалсафии Юнон будааст.[23] Бархе аз ҷисмгароён муътақиданд, аршу курсӣ ду ҷисми васеъ ва бузурги кайҳонианд.[24] Касоне низ гуфтаанд, арш ва курсӣ ҳамон сайёраҳои Зуҳал ва Муштарӣ ҳастанд.[25]
Тамсилӣ будани маънои арш
Муътазила ва гурӯҳе аз муфассирони шиа муътақиданд, чизе ба номи арш дар хориҷ вуҷуд надорад ва арши Илоҳӣ киноя аз умури дигаре аст.[26] Аммо дар ин ки киноя аз чист, дидгоҳҳои мутафовите ҳаст: иддае мегӯянд курсӣ киноя аз дунёи моддӣ ва арш киноя аз ҷаҳони мофавқи мода аст.[27] Шайхи Садуқ аршро ба илми бепоёни Парвардигор тафсир кардааст.[28] Бархеи дигар низ онро киноя аз фармонравоӣ, ҳокимият ва моликияти Худованд медонанд.[29]
Аллома Таботабоӣ муътақид аст, арш марҳалаи такомулёфтае аз аволими вуҷуд ва маркази фармондеҳии ҷаҳон ва маҳали судури дастуроти Илоҳӣ аст ва нишастани Худованд бар арш низ киноя аз тадбири ҷаҳон ва илми Ӯ ба тамоми умур аст.[30]
Арш дар адёни дигар
Арши Илоҳӣ дар адёни дигар низ матраҳ шудааст, масалан дар Китоби Муқаддас омадааст, ба осмон қасам нахӯред; зеро осмон ҳамон арши Худост.[31] Ҳамчунин аз он ба тахте ёд шудааст, ки чархҳое дорад ва Худованд бар он нишаста[32] ва арш ва чархҳои он аз оташ мултаҳибанд.[33] Дар ҷои дигаре аз ин китоб, аз фариштагоне ёд шудааст, ки бар сарир(арш)-и Илоҳӣ нишастаанд.[34] Ҳамин тавр баён шудааст, малоикаи Саррофин дар атрофи тахти Парвардигор, ба тасбеҳи Ӯ машғуланд.[35]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, 1377ҳ.ш., ҷ.10, зайли вожаи «арш»
- ↑ Ҷамъе аз муҳаққиқон, “Оёти аршу курсӣ”, саҳ.91
- ↑ «هُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ; Ӯ Парвардигори арши бузург аст»
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 54; сураи Тоҳо, ояти 5; сураи Юнус, ояти 3
- ↑ Сураи Зумар, ояти 57
- ↑ Сураи Ҳоққа, ояти 17
- ↑ «كانَ عَرْشُهُ عَلَى الْماءِ; Арши Ӯ бар об қарор дорад»
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.170
- ↑ «Худои ҷуз Худои ягона нест. Муҳаммад (а) фиристодаи Худост ва Алӣ (а) Амири муъминон аст»
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.1
- ↑ Маҷлис, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.217
- ↑ Баёт Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.58
- ↑ Рустамӣ ва Оли Бӯя, Сайре дар асрори фариштагон, 1393ҳ.ш., саҳ.198
- ↑ Рустамӣ ва Оли Бӯя, 1393ҳ.ш., Сайре дар асрори фариштагон, саҳ.198
- ↑ Баёти Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.59
- ↑ Ҷаъфарӣ, “Маорифи қуръонии дидгоҳҳо дар бораи арши Худо”, саҳ.41
- ↑ Баёти Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.71
- ↑ Баёти Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.53
- ↑ Хуррамшоҳӣ, “Арш”, саҳ.1446
- ↑ Аҳмадӣ ва дигарон, “Андешаи каломии Саноӣ дар бораи арш”, саҳ.7
- ↑ Баёти Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.68
- ↑ Мӯсавии Мубаллиғ, “Зоҳирнигарӣ дар оёти сифот”, саҳ.8
- ↑ Баёти Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.69
- ↑ Баёти Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.71
- ↑ Баёти Мухторӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, саҳ.69 - 70
- ↑ Ҷамъе аз муҳаққиқон, “Оёти аршу курсӣ”, саҳ.92
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1369ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.38
- ↑ Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1377ҳ.ш., саҳ.67
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.125
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.298
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби Матто, боби 5, ояти 35
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби Ҳизқиёл, боби 1, ояти 26
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби Дониёл, боби 7, ояти 9
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби аввали подшоҳон, боби 22, ояти 19
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби Ашъиёи набӣ, боби 6, ояти 3
Сарчашма
- Аҳмадӣ, Ҷамол ва дигарон, “Андешаи каломии Саноӣ дар бораи арш”, дар нашрияи донишкадаи Боҳунари Кирмон, шумораи 22, зимистони 1386ҳ.ш.
- Баёти Мухторӣ, Маҳдӣ, “Арши Худо ва тафовути он бо курсӣ”, дар маҷаллаи таҳқиқоти улуми Қуръон ва ҳадиси донишгоҳи Аззаҳро, №2, 1390ҳ.ш.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, 1341ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1369ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, ҷ.3, Қум, муассисаи нашри исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Рустамӣ, Муҳаммадзамон ва Тоҳира Оли Бӯя, Сайре дар асрори фариштагон бо рӯйкардии қуръонӣ ва ирфонӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1393ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, тарҷумаи Абдулъалӣ Муҳаммадии Шоҳрудӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1377ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти ҷомеъаи мударрисин, 1417ҳ.қ.
- Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, “Арш” дар донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, нашри дӯстони Ноҳид, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
- Ҷамъе аз муҳаққиқон, “Оёти аршу курсӣ”, дар фарҳангномаи улуми қуръонӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, вобаста ба дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
- Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «Маорифи қуръонии дидгоҳҳо дар бораи арши Худо» дар маҷаллаи дарсҳое аз мактаби Ислом, мурдоди 1391, №615.