Дуои чилу панҷуми Саҳифаи саҷҷодия
Бо дуои видоъи Имом Содиқ бо моҳи рамазон иштибоҳ нашавад.
Дуои чилу панҷуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهل و پنجم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсури Имом Саҷҷод (а) аст, ки ҳангоми видоъ бо моҳи рамазон онро мехонд. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо зимни ишора ба неъматҳои Худо дар ҳаққи инсонҳо ва бениёзии Ӯ аз бандагон, Худоро ба хотири атоё ва бахшишҳояш шукр мекунад. Ҳазрати Зайналъобидин (а) дар ин дуо фазилатҳои моҳи рамазонро номбар карда, бо он хайру хуш намуда, аз Худованд мехоҳад, ки тавфиқ диҳад рамазони соли ояндаро низ дарк кунад. Зарурати тавба кардан дар иди саиди Фитр ва дуо кардан дар ҳаққи дигарон ва дуруду салавот фиристодан бар Муҳаммаду (с) ва хонадонаш аз мавзӯъҳои дигари ин дуо аст.
Дуои чилу панҷум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия; ҳамчун “Диёри ошиқон”-и Ҳусайни Ансориён ва “Шуҳуд ва шинохт”-и Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби “Риёз-ус-соликин”-и Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ дода шудааст.
Таълимот
Дуои чилу панҷуми Саҳифаи саҷҷодия аз дуоҳое аст, ки Имом Саҷҷод (а) ҳангоми видоъ бо моҳи рамазон онро мехонд. Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо, Имом Саҷҷод (а) дар дуои чилу панҷум бо таъбирҳои эҳсосӣ бо ин моҳ хайрухуш кардааст. Ҳамчунин бархе фазоили ин моҳ ва вазифаҳои муъмин дар онро баён кардааст, то дар рамазони соли баъд роҳнамои амал қарор гирад.[1] Таълимоти ин дуо ба шарҳи зер аст:
- Аҷру подош нахостани Худо дар баробари неъматҳояш ба бандагон;
- Бениёзии мутлақи Худо аз бандагон;
- Пушаймон нашудани Худо аз ато ба бандагон (адами роҳёбии пушаймонӣ ба соҳати Худо);
- Бениҳоят будани Худо ва асмо ва сифоти Ӯ;
- Эътои подош, болотар аз амали анҷомшудаи бандагон аз сӯи Худо;
- Ҷазо додани Худо айни адолати Ӯст (кайфари одилона);
- Бахшиши гуноҳони бандагон аз рӯи тафаззулу иноят тавассути Худо;
- Эътои неъматҳо бидуни миннат ба бандагон тавассути Худо;
- Лутфи Худо дар ҳаққи бандагони шукргузор;
- Пардапӯшӣ аз гуноҳони бандагон;
- Бурдбории Худо нисбат ба мухолифати бандагон;
- Кушода будани дари тавба ба сӯи бахшиши Илоҳӣ барои бандагон;
- Даъвати Худованд аз бандагонаш барои тавбаи насуҳ (холис)
- Узр надоштани касе, ки аз вуруд ба арсаи бахшиш ғафлат кунад;
- Ҳолоти гуноҳкорону муъминон дар рӯзи қиёмат;
- Муомилаи пурсӯд бо Худо (подоши даҳ баробарӣ барои анҷоми некиҳо ва кайфари гуноҳон фақат ба мисли он);
- Рушду таъолӣ дар ихтиёри инсон;
- Ҳамсӯ будани тадбири Илоҳӣ бо фитрати инсон;
- Дуо кардан, навъе ибодат ва тарки дуо такаббурварзӣ аст;
- Шукргузории бандагони воқеӣ нисбат ба неъматҳои Илоҳӣ;
- Сипосгузорӣ аз Худо ба хотири ҳидоят ба дини баргузида;
- Худбузургбинӣ сабаби дурӣ аз дуою ниёиш;
- Забони Қуръон беҳтарин роҳ барои даъват ба сӯи Худо;
- Ваҳй ягона абзори итилоъ аз асрори моварои табиат;
- Эҳсон ва тафаззули Илоҳӣ далели ситоиши Худованд;
- Ҳидояти Худованд ба дини баргузида ва оини мавриди ризояташ;
- Бартарии моҳи рамазон бар ҳамаи вақтҳои сол ба баракати нузули Қуръон ва нури Илоҳӣ;
- Бартарии мусулмонон бар дигар миллатҳо бо моҳи рамазон;
- Бартарин баҳраҳои ҷаҳониён дар моҳи рамазон (моҳи баракат);
- Видоъи сахту ғамангез бо моҳи рамазон;
- Рамазон гиромитарин ҳамнишин (дилнишин будани ҳамнишинӣ бо рамазон);
- Рамазон моҳи бароварда шудани орзуҳою ҳоҷатҳо;
- Рамазон бузургтарин моҳи Худо ва иди авлиёи Илоҳӣ;
- Рамазон ҳамсояе, ки дилҳо дар он нисбат ба ҳамдигар нарм мешавад;
- Таъсири моҳи рамазон дар зудудани осори гуноҳ ва истеҳкоми равобити иҷтимоӣ;
- Рамазон ёваре барои мубориза бо шайтон (рӯза беҳтарин абзори ғалаба бар шайтон);
- Рамазон моҳи бахшида шудани бисёре аз гуноҳон;
- Таъсири моҳи рамазон дар зудудани монеъаҳои сайру сулук;
- Азамати моҳи рамазон дар қалбҳои аҳли имон;
- Андӯҳгин будани инсон аз рафтани моҳи рамазон;
- Шаби Қадр бартар аз ҳазор моҳ;
- Дуо барои баҳрамандӣ аз фазилатҳои моҳи рамазон;
- Дуо барои тавфиқи Илоҳӣ дар шабзиндадории моҳи рамазон;
- Узрхоҳӣ аз Худо ба хотири тақсир ва тафрит дар моҳи рамазон;
- Эътироф ба адои андаке аз ҳуқуқи моҳи рамазон;
- Дуо барои дарки моҳи рамазони соли оянда ва анҷоми ибодате, шоистаи Худо ва итоате, сазовори моҳи рамазон;
- Дуо барои ҷуброни мусибати аз даст рафтани моҳи рамазон;
- Нисбати некиҳо ба Худо ва костиҳо ба инсон;
- Дархост барои қарор гирифтан дар зумраи тавбакунандагони маҳбуби Илоҳӣ;
- Дуо барои қарор гирифтан дар миёни хушбахттарин аҳли моҳи рамазон;
- Зарурати истифода аз сармояи умр барои расидан ба мақоми волои инсонӣ;
- Дуои нек дар ҳаққи касе ки ҳаққи моҳи рамазонро ба ҷо овардааст;
- Тӯлонӣ будани моҳи рамазон барои муҷримон;
- Ҳайбат доштани моҳи рамазон дар синаҳои муъминон;
- Рақиб надоштани моҳи рамазон дар миёни рӯзҳо;
- Маҳбубияти моҳи рамазон пеш аз омадан ва ҳузнофариниаш ҳатто пеш аз тамом шудан;
- Дур шудани бадиҳо ва дарёфти хубиҳо ба баракати моҳи рамазон;
- Дархости подоше ҳамонанди подоши касе, ки ин моҳро рӯза гирифта ва ҳуқуқи ин моҳро адо кардааст;
- Дархости мақоми хавфу раҷо аз даргоҳи Илоҳӣ;
- Дуо барои баҳрамандӣ аз тарс аз азобе, ки ба он таҳдид шуда ва шавқ ба савобе, ки ба он ваъда дода шудаем;
- Дуо барои дарк кардани лаззати ҳар чизе ки аз Худо мехоҳем ва андӯҳи чизе ки аз он ба Ӯ паноҳ мебарем;
- Зарурати тавбае, ки пас аз он бозгаште ба гуноҳ набошад, дар иди Фитр;
- Иди Фитр, рӯзи шодии муъминон;
- Таваккул бар Худо;
- Дуо барои ҳамаи падарону модарон ва аҳли дини Ислом;
- Дархости дуруд бар Пайғамбар (с) ҳамсон бо дуруди фариштагони муқарраб;
- Дархости салавот бар Пайғамбару Олаш ва баҳрамандӣ аз баракоту манофеаш;
- Дархости истиҷобати дуо дар партави салавот бар Пайғамбару Олаш;
- Салавот намунаи қадршиносӣ аз Пайғамбар (с) ва зиндакунандаи таълимоти ӯст.[2]
Шарҳҳо
Дуои чилу панҷум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон навиштаи Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохти Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодияи Сайид Аҳмад Фаҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ дода шудааст.
Ин дуо ба ҳамроҳи дуои вуруд ба моҳи рамазон дар китобҳои Симои рамазон, таълифи Алӣ Каримии Ҷаҳрумӣ[6] ва Суруши рамазон (шарҳе бар ниёиши Имом Саҷҷод дар оғоз ва анҷоми моҳи рамазон) асари Сайид Ризо Боқириёни Муваҳҳид ва Алии Боқирифар шарҳ дода шудааст. Дар ин китобҳо ба баррасии абъоди мухталифи моҳи рамазон ва порае аз фазоили иди Фитр ва одоби хуруҷ аз он моҳ низ пардохта шудааст.[7]
Дуои чилу панҷуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин навиштаи Сайид Алихони Маданӣ,[8] Фи зилол-ис-Саҳифат-ис- саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[9] Риёз-ул-орифин, навиштаи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[10] ва Офоқ-ур-руҳ, навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ[11] ба забони арабӣ шарҳ дода шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ, монанди Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-саҷҷодия, асари Файзи Кошонӣ[12] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[13] тавзеҳ дода шудааст.
Матн ва тарҷума
матни арабии дуо | ||
بِسْمِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ (۱) اللَّهُمَّ يَا مَنْ لَا يَرْغَبُ فِي الْجَزَاءِ(۲) وَ يَا مَنْ لَا يَنْدَمُ عَلَى الْعَطَاءِ(۳) وَ يَا مَنْ لَا يُكَافِئُ عَبْدَهُ عَلَى السَّوَاءِ.(۴) مِنَّتُكَ ابْتِدَاءٌ، وَ عَفْوُكَ تَفَضُّلٌ، وَ عُقُوبَتُكَ عَدْلٌ، وَ قَضَاؤُكَ خِيَرَةٌ(۵) إِنْ أَعْطَيْتَ لَمْ تَشُبْ عَطَاءَكَ بِمَنٍّ، وَ إِنْ مَنَعْتَ لَمْ يَكُنْ مَنْعُكَ تَعَدِّياً.(۶) تَشْكُرُ مَنْ شَكَرَكَ وَ أَنْتَ أَلْهَمْتَهُ شُكْرَكَ.(۷) وَ تُكَافِئُ مَنْ حَمِدَكَ وَ أَنْتَ عَلَّمْتَهُ حَمْدَكَ.(۸) تَسْتُرُ عَلَى مَنْ لَوْ شِئْتَ فَضَحْتَهُ، وَ تَجُودُ عَلَى مَنْ لَوْ شِئْتَ مَنَعْتَهُ، وَ كِلَاهُمَا أَهْلٌ مِنْكَ لِلْفَضِيحَةِ وَ الْمَنْعِ غَيْرَ أَنَّكَ بَنَيْتَ أَفْعَالَكَ عَلَى التَّفَضُّلِ، وَ أَجْرَيْتَ قُدْرَتَكَ عَلَى التَّجَاوُزِ.(۹) وَ تَلَقَّيْتَ مَنْ عَصَاكَ بِالْحِلْمِ، وَ أَمْهَلْتَ مَنْ قَصَدَ لِنَفْسِهِ بِالظُّلْمِ، تَسْتَنْظِرُهُمْ بِأَنَاتِكَ إِلَى الْإِنَابَةِ، وَ تَتْرُكُ مُعَاجَلَتَهُمْ إِلَى التَّوْبَةِ لِكَيْلَا يَهْلِكَ عَلَيْكَ هَالِكُهُمْ، وَ لَا يَشْقَى بِنِعْمَتِكَ شَقِيُّهُمْ إِلَّا عَنْ طُولِ الْإِعْذَارِ إِلَيْهِ، وَ بَعْدَ تَرَادُفِ الْحُجَّةِ عَلَيْهِ، كَرَماً مِنْ عَفْوِكَ يَا كَرِيمُ، وَ عَائِدَةً مِنْ عَطْفِكَ يَا حَلِيمُ.(۱۰) أَنْتَ الَّذِي فَتَحْتَ لِعِبَادِكَ بَاباً إِلَى عَفْوِكَ، وَ سَمَّيْتَهُ التَّوْبَةَ، وَ جَعَلْتَ عَلَى ذَلِكَ الْبَابِ دَلِيلًا مِنْ وَحْيِكَ لِئَلَّا يَضِلُّوا عَنْهُ، فَقُلْتَ- تَبَارَكَ اسْمُكَ-: «تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحاً عَسى رَبُّكُمْ أَنْ يُكَفِّرَ عَنْكُمْ سَيِّئاتِكُمْ وَ يُدْخِلَكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهارُ(۱۱) يَوْمَ لا يُخْزِي اللَّهُ النَّبِيَّ وَ الَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ، نُورُهُمْ يَسْعى بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَ بِأَيْمانِهِمْ، يَقُولُونَ: رَبَّنا أَتْمِمْ لَنا نُورَنا، وَ اغْفِرْ لَنا، إِنَّكَ عَلى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ» فَمَا عُذْرُ مَنْ أَغْفَلَ دُخُولَ ذَلِكَ الْمَنْزِلِ بَعْدَ فَتْحِ الْبَابِ وَ إِقَامَةِ الدَّلِيلِ!(۱۲) وَ أَنْتَ الَّذِي زِدْتَ فِي السَّوْمِ عَلَى نَفْسِكَ لِعِبَادِكَ، تُرِيدُ رِبْحَهُمْ فِي مُتَاجَرَتِهِمْ لَكَ، وَ فَوْزَهُمْ بِالْوِفَادَةِ عَلَيْكَ، وَ الزِّيَادَةِ مِنْكَ، فَقُلْتَ- تَبَارَكَ اسْمُكَ وَ تَعَالَيْتَ-: «مَنْ جاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثالِها، وَ مَنْ جاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَلا يُجْزى إِلَّا مِثْلَها».(۱۳) وَ قُلْتَ: «مَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنْبَتَتْ سَبْعَ سَنابِلَ فِي كُلِّ سُنْبُلَةٍ مِائَةُ حَبَّةٍ، وَ اللَّهُ يُضاعِفُ لِمَنْ يَشاءُ» وَ قُلْتَ: «مَنْ ذَا الَّذِي يُقْرِضُ اللَّهَ قَرْضاً حَسَناً فَيُضاعِفَهُ لَهُ أَضْعافاً كَثِيرَةً» وَ مَا أَنْزَلْتَ مِنْ نَظَائِرِهِنَّ فِي الْقُرْآنِ مِنْ تَضَاعِيفِ الْحَسَنَاتِ.(۱۴) وَ أَنْتَ الَّذِي دَلَلْتَهُمْ بِقَوْلِكَ مِنْ غَيْبِكَ وَ تَرْغِيبِكَ الَّذِي فِيهِ حَظُّهُمْ عَلَى مَا لَوْ سَتَرْتَهُ عَنْهُمْ لَمْ تُدْرِكْهُ أَبْصَارُهُمْ، وَ لَمْ تَعِهِ أَسْمَاعُهُمْ، وَ لَمْ تَلْحَقْهُ أَوْهَامُهُمْ، فَقُلْتَ: «فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ، وَ اشْكُرُوا لِي وَ لا تَكْفُرُونِ»وَ قُلْتَ: «لَئِنْ شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ، وَ لَئِنْ كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذابِي لَشَدِيدٌ».(۱۵) وَ قُلْتَ: «ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ، إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ داخِرِينَ»، فَسَمَّيْتَ دُعَاءَكَ عِبَادَةً، وَ تَرْكَهُ اسْتِكْبَاراً، وَ تَوَعَّدْتَ عَلَى تَرْكِهِ دُخُولَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ.(۱۶) فَذَكَرُوكَ بِمَنِّكَ، وَ شَكَرُوكَ بِفَضْلِكَ، وَ دَعَوْكَ بِأَمْرِكَ، وَ تَصَدَّقُوا لَكَ طَلَباً لِمَزِيدِكَ، وَ فِيهَا كَانَتْ نَجَاتُهُمْ مِنْ غَضَبِكَ، وَ فَوْزُهُمْ بِرِضَاكَ.(۱۷) وَ لَوْ دَلَّ مَخْلُوقٌ مَخْلُوقاً مِنْ نَفْسِهِ عَلَى مِثْلِ الَّذِي دَلَلْتَ عَلَيْهِ عِبَادَكَ مِنْكَ كَانَ مَوْصُوفاً بِالْإِحْسَانِ، وَ مَنْعُوتاً بِالامْتِنَانِ، وَ مَحْمُوداً بِكُلِّ لِسَانٍ، فَلَكَ الْحَمْدُ مَا وُجِدَ فِي حَمْدِكَ مَذْهَبٌ، وَ مَا بَقِيَ لِلْحَمْدِ لَفْظٌ تُحْمَدُ بِهِ، وَ مَعْنًى يَنْصَرِفُ إِلَيْهِ.(۱۸) يَا مَنْ تَحَمَّدَ إِلَى عِبَادِهِ بِالْإِحْسَانِ وَ الْفَضْلِ، وَ غَمَرَهُمْ بِالْمَنِّ وَ الطَّوْلِ، مَا أَفْشَى فِينَا نِعْمَتَكَ، وَ أَسْبَغَ عَلَيْنَا مِنَّتَكَ، وَ أَخَصَّنَا بِبِرِّكَ!(۱۹) هَدَيْتَنَا لِدِينِكَ الَّذِي اصْطَفَيْتَ، وَ مِلَّتِكَ الَّتِي ارْتَضَيْتَ، وَ سَبِيلِكَ الَّذِي سَهَّلْتَ، وَ بَصَّرْتَنَا الزُّلْفَةَ لَدَيْكَ، وَ الْوُصُولَ إِلَى كَرَامَتِكَ(۲۰) اللَّهُمَّ وَ أَنْتَ جَعَلْتَ مِنْ صَفَايَا تِلْكَ الْوَظَائِفِ، وَ خَصَائِصِ تِلْكَ الْفُرُوضِ شَهْرَ رَمَضَانَ الَّذِي اخْتَصَصْتَهُ مِنْ سَائِرِ الشُّهُورِ، وَ تَخَيَّرْتَهُ مِنْ جَمِيعِ الْأَزْمِنَةِ وَ الدُّهُورِ، وَ آثَرْتَهُ عَلَى كُلِّ أَوْقَاتِ السَّنَةِ بِمَا أَنْزَلْتَ فِيهِ مِنَ الْقُرْآنِ وَ النُّورِ، وَ ضَاعَفْتَ فِيهِ مِنَ الْإِيمَانِ، وَ فَرَضْتَ فِيهِ مِنَ الصِّيَامِ، وَ رَغَّبْتَ فِيهِ مِنَ الْقِيَامِ، وَ أَجْلَلْتَ فِيهِ مِنْ لَيْلَةِ الْقَدْرِ الَّتِي هِيَ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ.(۲۱) ثُمَّ آثَرْتَنَا بِهِ عَلَى سَائِرِ الْأُمَمِ، وَ اصْطَفَيْتَنَا بِفَضْلِهِ دُونَ أَهْلِ الْمِلَلِ، فَصُمْنَا بِأَمْرِكَ نَهَارَهُ، وَ قُمْنَا بِعَوْنِكَ لَيْلَهُ، مُتَعَرِّضِينَ بِصِيَامِهِ وَ قِيَامِهِ لِمَا عَرَّضْتَنَا لَهُ مِنْ رَحْمَتِكَ، وَ تَسَبَّبْنَا إِلَيْهِ مِنْ مَثُوبَتِكَ، وَ أَنْتَ الْمَلِيءُ بِمَا رُغِبَ فِيهِ إِلَيْكَ، الْجَوَادُ بِمَا سُئِلْتَ مِنْ فَضْلِكَ، الْقَرِيبُ إِلَى مَنْ حَاوَلَ قُرْبَكَ.(۲۲) وَ قَدْ أَقَامَ فِينَا هَذَا الشَّهْرُ مُقَامَ حَمْدٍ، وَ صَحِبَنَا صُحْبَةَ مَبْرُورٍ، وَ أَرْبَحَنَا أَفْضَلَ أَرْبَاحِ الْعَالَمِينَ، ثُمَّ قَدْ فَارَقَنَا عِنْدَ تَمَامِ وَقْتِهِ، وَ انْقِطَاعِ مُدَّتِهِ، وَ وَفَاءِ عَدَدِهِ.(۲۳) فَنَحْنُ مُوَدِّعُوهُ وِدَاعَ مَنْ عَزَّ فِرَاقُهُ عَلَيْنَا، وَ غَمَّنَا وَ أَوْحَشَنَا انْصِرَافُهُ عَنَّا، وَ لَزِمَنَا لَهُ الذِّمَامُ الْمَحْفُوظُ، وَ الْحُرْمَةُ الْمَرْعِيَّةُ، وَ الْحَقُّ الْمَقْضِيُّ، فَنَحْنُ قَائِلُونَ: السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا شَهْرَ اللَّهِ الْأَكْبَرَ، وَ يَا عِيدَ أَوْلِيَائِهِ.(۲۴) السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا أَكْرَمَ مَصْحُوبٍ مِنَ الْأَوْقَاتِ، وَ يَا خَيْرَ شَهْرٍ فِي الْأَيَّامِ وَ السَّاعَاتِ.(۲۵) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ شَهْرٍ قَرُبَتْ فِيهِ الْآمَالُ، وَ نُشِرَتْ فِيهِ الْأَعْمَالُ.(۲۶) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ قَرِينٍ جَلَّ قَدْرُهُ مَوْجُوداً، وَ أَفْجَعَ فَقْدُهُ مَفْقُوداً، وَ مَرْجُوٍّ آلَمَ فِرَاقُهُ.(۲۷) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ أَلِيفٍ آنَسَ مُقْبِلًا فَسَرَّ، وَ أَوْحَشَ مُنْقَضِياً فَمَضَّ(۲۸) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ مُجَاوِرٍ رَقَّتْ فِيهِ الْقُلُوبُ، وَ قَلَّتْ فِيهِ الذُّنُوبُ.(۲۹) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ نَاصِرٍ أَعَانَ عَلَى الشَّيْطَانِ، وَ صَاحِبٍ سَهَّلَ سُبُلَ الْإِحْسَانِ
(۳۰) السَّلَامُ عَلَيْكَ مَا أَكْثَرَ عُتَقَاءَ اللَّهِ فِيكَ، وَ مَا أَسْعَدَ مَنْ رَعَى حُرْمَتَكَ بِكَ!
(۳۱) السَّلَامُ عَلَيْكَ مَا كَانَ أَمْحَاكَ لِلذُّنُوبِ، وَ أَسْتَرَكَ لِأَنْوَاعِ الْعُيُوبِ!(۳۲) السَّلَامُ عَلَيْكَ مَا كَانَ أَطْوَلَكَ عَلَى الْمُجْرِمِينَ، وَ أَهْيَبَكَ فِي صُدُورِ الْمُؤْمِنِينَ!(۳۳) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ شَهْرٍ لَا تُنَافِسُهُ الْأَيَّامُ.(۳۴) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ شَهْرٍ هُوَ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ سَلَامٌ(۳۵) السَّلَامُ عَلَيْكَ غَيْرَ كَرِيهِ الْمُصَاحَبَةِ، وَ لَا ذَمِيمِ الْمُلَابَسَةِ(۳۶) السَّلَامُ عَلَيْكَ كَمَا وَفَدْتَ عَلَيْنَا بِالْبَرَكَاتِ، وَ غَسَلْتَ عَنَّا دَنَسَ الْخَطِيئَاتِ(۳۷) السَّلَامُ عَلَيْكَ غَيْرَ مُوَدَّعٍ بَرَماً وَ لَا مَتْرُوكٍ صِيَامُهُ سَأَماً.(۳۸) السَّلَامُ عَلَيْكَ مِنْ مَطْلُوبٍ قَبْلَ وَقْتِهِ، وَ مَحْزُونٍ عَلَيْهِ قَبْلَ فَوْتِهِ.(۳۹) السَّلَامُ عَلَيْكَ كَمْ مِنْ سُوءٍ صُرِفَ بِكَ عَنَّا، وَ كَمْ مِنْ خَيْرٍ أُفِيضَ بِكَ عَلَيْنَا(۴۰) السَّلَامُ عَلَيْكَ وَ عَلَى لَيْلَةِ الْقَدْرِ الَّتِي هِيَ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ(۴۱) السَّلَامُ عَلَيْكَ مَا كَانَ أَحْرَصَنَا بِالْأَمْسِ عَلَيْكَ، وَ أَشَدَّ شَوْقَنَا غَداً إِلَيْكَ.(۴۲) السَّلَامُ عَلَيْكَ وَ عَلَى فَضْلِكَ الَّذِي حُرِمْنَاهُ، وَ عَلَى مَاضٍ مِنْ بَرَكَاتِكَ سُلِبْنَاهُ.(۴۳) اللَّهُمَّ إِنَّا أَهْلُ هَذَا الشَّهْرِ الَّذِي شَرَّفْتَنَا بِهِ، وَ وَفَّقْتَنَا بِمَنِّكَ لَهُ حِينَ جَهِلَ الْأَشْقِيَاءُ وَقْتَهُ، وَ حُرِمُوا لِشَقَائِهِمْ فَضْلَهُ.(۴۴) أَنْتَ وَلِيُّ مَا آثَرْتَنَا بِهِ مِنْ مَعْرِفَتِهِ، وَ هَدَيْتَنَا لَهُ مِنْ سُنَّتِهِ، وَ قَدْ تَوَلَّيْنَا بِتَوْفِيقِكَ صِيَامَهُ وَ قِيَامَهُ عَلَى تَقْصِيرٍ، وَ أَدَّيْنَا فِيهِ قَلِيلًا مِنْ كَثِيرٍ.(۴۵) اللَّهُمَّ فَلَكَ الْحَمْدُ إِقْرَاراً بِالْإِسَاءَةِ، وَ اعْتِرَافاً بِالْإِضَاعَةِ، وَ لَكَ مِنْ قُلُوبِنَا عَقْدُ النَّدَمِ، وَ مِنْ أَلْسِنَتِنَا صِدْقُ الِاعْتِذَارِ، فَأْجُرْنَا عَلَى مَا أَصَابَنَا فِيهِ مِنَ التَّفْرِيطِ أَجْراً نَسْتَدْرِكُ بِهِ الْفَضْلَ الْمَرْغُوبَ فِيهِ، وَ نَعْتَاضُ بِهِ مِنْ أَنْوَاعِ الذُّخْرِ الْمَحْرُوصِ عَلَيْهِ.(۴۶) وَ أَوْجِبْ لَنَا عُذْرَكَ عَلَى مَا قَصَّرْنَا فِيهِ مِنْ حَقِّكَ، وَ ابْلُغْ بِأَعْمَارِنَا مَا بَيْنَ أَيْدِينَا مِنْ شَهْرِ رَمَضَانَ الْمُقْبِلِ، فَإِذَا بَلَّغْتَنَاهُ فَأَعِنِّا عَلَى تَنَاوُلِ مَا أَنْتَ أَهْلُهُ مِنَ الْعِبَادَةِ، وَ أَدِّنَا إِلَى الْقِيَامِ بِمَا يَسْتَحِقُّهُ مِنَ الطَّاعَةِ، وَ أَجْرِ لَنَا مِنْ صَالِحِ الْعَمَلِ مَا يَكُونُ دَرَكاً لِحَقِّكَ فِي الشَّهْرَيْنِ مِنْ شُهُورِ الدَّهْرِ.(۴۷) اللَّهُمَّ وَ مَا أَلْمَمْنَا بِهِ فِي شَهْرِنَا هَذَا مِنْ لَمَمٍ أَوْ إِثْمٍ، أَوْ وَاقَعْنَا فِيهِ مِنْ ذَنْبٍ، وَ اكْتَسَبْنَا فِيهِ مِنْ خَطِيئَةٍ عَلَى تَعَمُّدٍ مِنَّا، أَوْ عَلَى نِسْيَانٍ ظَلَمْنَا فِيهِ أَنْفُسَنَا، أَوِ انْتَهَكْنَا بِهِ حُرْمَةً مِنْ غَيْرِنَا، فَصَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ، وَ اسْتُرْنَا بِسِتْرِكَ، وَ اعْفُ عَنَّا بِعَفْوِكَ، وَ لَا تَنْصِبْنَا فِيهِ لِأَعْيُنِ الشَّامِتِينَ، وَ لَا تَبْسُطْ عَلَيْنَا فِيهِ أَلْسُنَ الطَّاعِنِينَ، وَ اسْتَعْمِلْنَا بِمَا يَكُونُ حِطَّةً وَ كَفَّارَةً لِمَا أَنْكَرْتَ مِنَّا فِيهِ بِرَأْفَتِكَ الَّتِي لَا تَنْفَدُ، وَ فَضْلِكَ الَّذِي لَا يَنْقُصُ.(۴۸) اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ، وَ اجْبُرْ مُصِيبَتَنَا بِشَهْرِنَا، وَ بَارِكْ لَنَا فِي يَوْمِ عِيدِنَا وَ فِطْرِنَا، وَ اجْعَلْهُ مِنْ خَيْرِ يَوْمٍ مَرَّ عَلَيْنَا أَجْلَبِهِ لِعَفْوٍ، وَ أَمْحَاهُ لِذَنْبٍ، وَ اغْفِرْ لَنَا مَا خَفِيَ مِنْ ذُنُوبِنَا وَ مَا عَلَنَ.(۴۹) اللَّهُمَّ اسْلَخْنَا بِانْسِلَاخِ هَذَا الشَّهْرِ مِنْ خَطَايَانَا، وَ أَخْرِجْنَا بِخُرُوجِهِ مِنْ سَيِّئَاتِنَا، وَ اجْعَلْنَا مِنْ أَسْعَدِ أَهْلِهِ بِهِ، وَ أَجْزَلِهِمْ قِسْماً فِيهِ، وَ أَوْفَرِهِمْ حَظّاً مِنْهُ.(۵۰) اللَّهُمَّ وَ مَنْ رَعَى هَذَا الشَّهْرَ حَقَّ رِعَايَتِهِ، وَ حَفِظَ حُرْمَتَهُ حَقَّ حِفْظِهَا، وَ قَامَ بِحُدُودِهِ حَقَّ قِيَامِهَا، وَ اتَّقَى ذُنُوبَهُ حَقَّ تُقَاتِهَا، أَوْ تَقَرَّبَ إِلَيْكَ بِقُرْبَةٍ أَوْجَبَتْ رِضَاكَ لَهُ، وَ عَطَفَتْ رَحْمَتَكَ عَلَيْهِ، فَهَبْ لَنَا مِثْلَهُ مِنْ وُجْدِكَ، وَ أَعْطِنَا أَضْعَافَهُ مِنْ فَضْلِكَ، فَإِنَّ فَضْلَكَ لَا يَغِيضُ، وَ إِنَّ خَزَائِنَكَ لَا تَنْقُصُ بَلْ تَفِيضُ، وَ إِنَّ مَعَادِنَ إِحْسَانِكَ لَا تَفْنَى، وَ إِنَّ عَطَاءَكَ لَلْعَطَاءُ الْمُهَنَّا.(۵۱) اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ، وَ اكْتُبْ لَنَا مِثْلَ أُجُورِ مَنْ صَامَهُ، أَوْ تَعَبَّدَ لَكَ فِيهِ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ.(۵۲) اللَّهُمَّ إِنَّا نَتُوبُ إِلَيْكَ فِي يَوْمِ فِطْرِنَا الَّذِي جَعَلْتَهُ لِلْمُؤْمِنِينَ عِيداً وَ سُرُوراً، وَ لِأَهْلِ مِلَّتِكَ مَجْمَعاً وَ مُحْتَشَداً مِنْ كُلِّ ذَنْبٍ أَذْنَبْنَاهُ، أَوْ سُوءٍ أَسْلَفْنَاهُ، أَوْ خَاطِرِ شَرٍّ أَضْمَرْنَاهُ، تَوْبَةَ مَنْ لَا يَنْطَوِي عَلَى رُجُوعٍ إِلَى ذَنْبٍ، وَ لَا يَعُودُ بَعْدَهَا فِي خَطِيئَةٍ، تَوْبَةً نَصُوحاً خَلَصَتْ مِنَ الشَّكِّ وَ الِارْتِيَابِ، فَتَقَبَّلْهَا مِنَّا، وَ ارْضَ عَنَّا، وَ ثَبِّتْنَا عَلَيْهَا.(۵۳) اللَّهُمَّ ارْزُقْنَا خَوْفَ عِقَابِ الْوَعِيدِ، وَ شَوْقَ ثَوَابِ الْمَوْعُودِ حَتَّى نَجِدَ لَذَّةَ مَا نَدْعُوكَ بِهِ، وَ كَأْبَةَ مَا نَسْتَجِيرُكَ مِنْهُ.(۵۴) وَ اجْعَلْنَا عِنْدَكَ مِنَ التَّوَّابِينَ الَّذِينَ أَوْجَبْتَ لَهُمْ مَحَبَّتَكَ، وَ قَبِلْتَ مِنْهُمْ مُرَاجَعَةَ طَاعَتِكَ، يَا أَعْدَلَ الْعَادِلِينَ.(۵۵) اللَّهُمَّ تَجَاوَزْ عَنْ آبَائِنَا وَ أُمَّهَاتِنَا وَ أَهْلِ دِينِنَا جَمِيعاً مَنْ سَلَفَ مِنْهُمْ وَ مَنْ غَبَرَ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ.(۵۶) اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ نَبِيِّنَا وَ آلِهِ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى مَلَائِكَتِكَ الْمُقَرَّبِينَ، وَ صَلِّ عَلَيْهِ وَ آلِهِ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى أَنْبِيَائِكَ الْمُرْسَلِينَ، وَ صَلِّ عَلَيْهِ وَ آلِهِ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى عِبَادِكَ الصَّالِحِينَ، وَ أَفْضَلَ مِنْ ذَلِكَ يَا رَبَّ الْعَالَمِينَ، صَلَاةً تَبْلُغُنَا بَرَكَتُهَا، وَ يَنَالُنَا نَفْعُهَا، وَ يُسْتَجَابُ لَهَا دُعَاؤُنَا، إِنَّكَ أَكْرَمُ مَنْ رُغِبَ إِلَيْهِ، وَ أَكْفَى مَنْ تُوُكِّلَ عَلَيْهِ، وَ أَعْطَى مَنْ سُئِلَ مِنْ فَضْلِهِ، وَ أَنْتَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ.
|
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.435.
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.483 - 496; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.435 - 535; شرح فرازهای دعای چهل و پنجم از سایت عرفان, Сайти Ирфон.
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.471 - 496.
- ↑ Мамдуҳӣ, китоби Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.425 - 535.
- ↑ Фаҳрӣ, Шарҳ ва тафсири Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.301 - 336.
- ↑ معرفی کتاب سیمای رمضان
- ↑ معرفی کتاب سروش رمضان
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.95 - 198.
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-Саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.515 - 538.
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.555 - 574.
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-руҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.389 - 432.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.89 - 91.
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402, саҳ.223 - 234.
- ↑ Тарҷума аз шайх Ҳусайни Ансориён.
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифин фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайидалихон, Риёз-ус-соликин фи шарҳи Саҳифати Сайидуссоҷидин, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бустони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-руҳ, Бейрут, Дорул-Молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқот ала-с-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, муассисатул-буҳус вал-таҳқиқотил-сақофия, 1407ҳ.қ.
- Фаҳрӣ, Сайидаҳмад, Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1402ҳ.қ.
- شرح فرازهای دعای چهل و پنجم از سایت عرفان, Сайти Ирфон, мушоҳида: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.