Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Ояти буют

Аз wikishia
Ояти буют
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти буют
Воқеъ дар сураи Нур
Шумораи оят36
Ҷузъ18
Дар бораизикр ва тасбеҳ


Ояти буют (форсӣ: آیه بیوت) ояти 36 сураи Нур аст, ки дар он аз хонаҳое ёд шудааст, ки дар онҳо номи Худо ёд ва Ӯ субҳу шом тасбеҳ мешавад ва Худованд ба бузургдошти онҳо изн додааст.

Муфассирон дар бораи мурод аз буют дар ин оят дидгоҳҳои гуногун матраҳ кардаанд. Баъзе онро ба хонаҳое тафсир кардаанд, ки дар онҳо ёду тасбеҳи Худо анҷом мешавад.[1] Гурӯҳе низ буютро ба масҷидҳо тафсир кардаанд.[2] Фахри Розӣ итлоқи ин вожа бар масҷидҳоро муносибтар донистааст; зеро таъбири «Азиналалоҳу ан турфаъ»-ро мутаносиб бо ҷойгоҳи масҷидҳо медонад.[3]

Баъзе аз муфассироне, ки буютро ба масҷидҳо тафсир кардаанд, масҷидҳои муайяне мисли Масҷидулҳаром, Масҷид-ул-ақсо, Масҷид-ун-набӣ ва масҷиди Қуборо мурод донистаанд;[4] баъзе онро шомили ҳамаи масҷидҳо донистаанд.[5] Аллома Таботабоӣ низ буютро масҷидҳое донистааст, ки барои зикри Худо сохта шудаанд.[6]

Катибаи ояти буют бар сардари хонаи Имом Хумайнӣ дар Наҷаф.[7]

Дар сарчашмаҳои ривоии шиа ва аҳли суннат, ривоёте дар бораи намунаи буют нақл шудааст. Дар ривояте, пас аз қироати оят, аз Пайғамбар (с) дар бораи ин хонаҳо пурсида шуд ва ӯ онҳоро хонаҳои пайғамбарон муаррифӣ кард. Дар идома, Абубакр дар бораи хонаи Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) пурсид ва Пайғамбар (с) онро низ аз ин хонаҳо ва бартарини онҳо донист.[8]

Аллома Таботабоӣ бо истинод ба ин ривоят, буютро дорои намунаҳои гуногун дониста ва хонаи Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с)-ро комилтарин намунаи он муаррифӣ кардааст.[9] Табарсӣ низ дар Маҷмаъ-ул-баён, хонаҳои пайғамбарон ва хонаи Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с)-ро аз намунаҳои буют дониста ва ояти татҳирро тасдиқи ин дидгоҳ муаррифӣ карда ва бар ин бовар аст, ки мақсуд аз рафъати буюти анбиё, таъзим ва пок кардани онҳо аз олудагиҳост.[10]

Дар ривоёте, ки Шайхи Садуқ[11] ва Кулайнӣ[12] нақл кардаанд, хонаҳои анбиё, русул, ҳукамо ва имомон (а) ҳастанд ва пайравӣ аз ин хонаҳо муҷиби наҷот аст.

Дар зиёрати Ҷомеаи кабира,[13] хонаҳои Аҳли Байт (а) бо таъбири буют ёд шудааст.[14]

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, ат-Табён, ҷ.7, саҳ.440.
  2. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.19, саҳ.190.
  3. Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.24, саҳ.396.
  4. Олусӣ, Руҳ-ул-маонӣ, ҷ.9, саҳ.367.
  5. Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.24, саҳ.396.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.126.
  7. «گزارشی تصویری از بیت امام خمینی(ره) در نجف اشرف», Сайти хабарии Разавӣ.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.36, саҳ.118; Суюти, Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.203; Олусӣ, Руҳ-ул-маонӣ, ҷ.9, саҳ.367.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.142.
  10. Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ.7, саҳ.253.
  11. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, ҷ.1, саҳ.218.
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.15, саҳ.287.
  13. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.893.
  14. Қироатӣ, Тафсири нур, ҷ.6, саҳ.189.

Сарчашма

  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи аввал, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1404ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Интишороти Оини дониш, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ул-ҷомеъату ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Олусӣ, Шиҳобуддин, Руҳ-ул-маонӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Суюти, Ҷалолуддин, Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Бейрут, Интишороти Дор-ул-фикр, бетаърих.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи севум, 1393ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи севум, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Табён фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • «گزارشی تصویری از بیت امام خمینی(ره) در نجف اشرف» (Гузориши тасвирӣ аз байти Имом Хумайнӣ (р) дар Наҷафи ашраф), Сайти хабарии Разавӣ, дарҷи матлаб: 14 августи 2017, боздид: 10 сентябри 2026.