Олуллоҳ

Аз wikishia

Олуллоҳ ба арабӣ: آلُ الله ё хонадони Худо аз авсофи Аҳли Байт (а) дар ривоёт аст, ки суханварон ва шоирони шиа низ барои ишора ба Аҳли Байт (а) аз он истифода мекунанд. Ин корбурд, ба хотири манзалати волои Аҳли Байт (а) назди Худованд аст, на ин ки онҳо ҳақиқатан аз хонадон ва хешовандони Худо бошанд. Ҳамчунин Қурайш ба хотири инки нигаҳбони Каъба буданд, Олуллоҳ номида мешуданд.

Мафҳумшиносӣ

Олуллоҳ ба маънои хонадоне аст, ки ба Худо мунтасаб аст.[1] «Ол» баргирифта аз калимаи «аҳл» ба маънои хонадон, хонавода, пайравон ва вобастагон аст.[2] Ин калима дар Қуръон ба кор рафтааст; монанди Оли Имрон[3] ба маънои хонаводаи Имрон, ки шомили Марям (а) ва Исо (а) аст,[4] Оли Лут[5] ба маънои хонаводаи Лут[6] ва Оли Фиръавн[7] ба маънои пайравон ва лашгари Фиръавн.[8] Албатта, изофаи ол ба Аллоҳ, изофаи ташрифия аст, аз ин рӯ, бар азамат ва бузургии чизе далолат дорад, ки ба Аллоҳ (Худо) изофа шудааст на, нисбати хонаводагии он бо Худо.[9]

Мисдоқшиносӣ

Бар пояи бархе ривоёт, бархӯрдории имомон (а) аз илми вижа ба хотири он аст, ки онҳо «аҳли сирруллоҳ», «Олуллоҳ» ва «варасатул-анбиё» ҳастанд.[10] Бар ҳамин асос, суханварон[11][lower-alpha 1] дар нахустин фароз аз зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар нимаи моҳи Раҷаб таъбири «Олуллоҳ» бакор рафтааст: ассалому алайкум ё Олуллоҳ! Ассалом алайкум ё сафваталлоҳ (السَّلامُ عَلَیْکُمْ یَا آلَ اللهِ السَّلامُ عَلَیْکُمْ یَا صَفْوَةَ اللهِ) ва низ дар дигар зиёратномаҳо таъбири Олуллоҳ зикр шудааст.[12] Ва дар зиёрати Арбаини Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ[13] ва шоирон, аз истилоҳи «Олуллоҳ» барои ишора ба Аҳл-ал-Байт (а) истифода мекунанд :

Шавед эй душманони поки Яздон

Ба дунёи худ, аз озодмардон

Шуморо ҳаст бо ман, разму пайкор

Чӣ меҷӯед аз Олуллоҳи атҳор[14]

Дар бораи интисоби имомони шиа ба Худованд гуфта шудааст, ин корбурд далолат бар азамат ва бузургии онон дорад, на бар нисбати хешовандӣ бо Худо.[15] Онон аз ин ҷиҳат, ки дар болотарин дараҷоти қурби ба Худо қарор доранд, ба Ӯ мунтасаб шудаанд.[16] Ҳамчунон ки қабилаи Қурайш аз он ҷиҳат, ки нигаҳбон ва ҳофизи Каъба буданд, афзун бар ҷиронуллоҳ ва сукконуллоҳ, «Олуллоҳ» низ номида мешуданд.[17] Ба гуфтаи Мансур ибни Ҳусайни Обӣ, олими шиаи қарни панҷум, моҷарои Асҳоби Фил ба Қурайш азамат бахшид ва сабаб шуд, ки ононро аҳлуллоҳ биноманд.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Аҳли Байт (а)

Имомони шиа

Чаҳордаҳ маъсум

Завилқурбо

Эзоҳ

  1. “Чаро ба Аҳли Байт алайҳимуссалом, Олуллоҳ мегӯянд?”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  2. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот, 1412ҳ.қ., саҳ.98.
  3. Сураи Оли Имрон, ояти 33.
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.518.
  5. Сураи Намл, ояти 56; Сураи Ҳиҷр, ояти 61.
  6. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.376.
  7. Сураи Бақара, ояти 50; Сураи Анфол, ояти 54.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.251; Қурашӣ, Тафсиру аҳсан-ил-ҳадис, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.120.
  9. “Чаро ба Аҳли Байт алайҳимуссалом, Олуллоҳ мегӯянд?”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  10. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.592 ва ҷ.44, саҳ.184.
  11. “Посухи Оятуллоҳилъузмо Ваҳид; чаро ба Аҳли Байти Пайғамбар “Олуллоҳ” мегӯянд”, хабаргузории расмии Ҳавза.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.99, саҳ.202.
  13. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.98, саҳ.329.
  14. Ибни Товус, Луҳуф, 1377ҳ.ш., саҳ.97.
  15. “Чаро ба Аҳли Байт алайҳимуссалом, Олуллоҳ мегӯянд?”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  16. “Посухи Оятуллоҳилъузмо Ваҳид; чаро ба Аҳли Байти Пайғамбар “Олуллоҳ” мегӯянд”, хабаргузории расмии Ҳавза.
  17. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, Дорулкутубилъилмия, ҷ.3, саҳ.226; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.258; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.317.
  18. Обӣ, Наср-уд-дурр, 1424ҳ.қ., саҳ.273.

Ёддошт

  1. Масалан дар оғози хутба, аз ин иборат истифода мекунанд: «Алҳамду лиллоҳ вассалоту ало Расулиллоҳ ва Олиҳи Олиллоҳ!»/«الحمدلله و الصلاة علی رسول الله و علی آله آل الله».

Сарчашма

  • Обӣ, Мансур ибни Ҳусайн, Наср-уд-дурри фи-л-муҳозирот, таҳқиқи Маҳфуз Холид Абдулғанӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1424ҳ.қ./2004м.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Луҳуфи манзум, тарҷумаи Алии Маҳаллотӣ, Дафтари нашри навиди Ислом, 1377ҳ.ш.
  • Ибни Абдураббиҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Иқд-ул-фарид, таҳқиқи Абдулмаҷиди Тарҳинӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия.
  • “Посухи Оятуллоҳилъузмо Ваҳид; чаро ба Аҳли Байти Пайғамбар “Олуллоҳ” мегӯянд”, хабаргузории Ҳавза, дарҷи матлаб 30 меҳри 1393ҳ.ш., мушоҳида 10 озари 1399ҳ.ш.
  • “Чаро ба Аҳли Байт алайҳимуссалом, Олуллоҳ мегӯянд?”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, дарҷи матлаб 8 исфанди 1391ҳ.ш., мушоҳида 10 озари 1399ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Дорулқалам, 1412ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, муассисаи албеъсат, 1417ҳ.қ.
  • Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, дафтари интишороти Исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳоруланвор, Бейрут, интишороти муассисаи ал-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Қурашӣ, Алиакбар, Тафсиру аҳсан-ил-ҳадис, дафтари нашри навиди Ислом, 1391ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Дорулкутубил-исломия, Теҳрон, 1374ҳ.ш.