Сиқли асғар
Сиқли асғар/ арабӣ:ثِقْل اصغر, васфи Итрати Пайғамбар (с) дар ҳадиси Сақалайн аст. Сиқл/арабӣ: ثِقْل ба маънои бори сангин[1] ва сақал/ арабӣ:ثَقَل ба маънои ҳар чизи боарзишу гаронбаҳо аст.[2] Ба гуфтаи Фирӯзободӣ (вафот 817ҳ.қ.), дар луғатномаи ал-Қомус-ул-муҳит, вожаи сақалайн дар ҳадиси Сақалайн аз сақал гирифта шуда аст.[3]
Пайғамбар (с) дар ҳадиси Сақалайн, Итраташро сиқли асғар ва Қуръонро сиқли акбар муаррифӣ карда, ки агар мусулмонон ба он ду тамассук кунанд, ҳаргиз гумроҳ нахоҳанд шуд.[4] Пайғамбар (с) ҳамчунин дар хутбаи Ғадир, Қуръонро сиқли акбар, Алӣ (а) ва поконе аз фарзандонашро сиқли асғар муаррифӣ карда аст.[5]
Имом Алӣ (а) низ дар хутбае[6] ва низ дар тавсия ба Кумайл ибни Зиёд худро сиқли асғар ва Қуръонро сиқли акбар муаррифӣ карда аст.[7]
Аз назари Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муффасири Қуръон, Аҳли Байт аз назари олами зоҳир ва дар мадори таълим ва тафҳими маорифи дин, сиқли асғаранд, аммо аз назари мақомҳои маънавӣ ва дар олами ботин аз Қуръон камтар нестанд.[8] Бино бар ривояте, Имом Алӣ (а) аз Қуръон ба китоби сомит ва аз худаш ба китоби нотиқи Худованд ёд карда аст.[9]
Имом Хумайнӣ дар васиятномаи сиёсӣ - Илоҳии худ аз Аҳли Байт (а) бо унвони «сиқли кабир» ёд карда аст.[10]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.85 (зайли калимаи сиқл).
- ↑ Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1426ҳ.қ., саҳ.972 (зайли калимаи сиқл).
- ↑ Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1426ҳ.қ., саҳ.972 (зайли вожаи сақал).
- ↑ Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5.
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дорусодир ҷ.2, саҳ.112/ Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.455-456.
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 87, саҳ.120.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1390ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.375.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.76.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.34.
- ↑ Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.393.
Сарчашма
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1411ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Маркази нашри Исро, 1385ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт, 1409ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, чопхонаи Илмийя, Теҳрон, 1380ҳ.қ.
- Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Қомус-ул-муҳит, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, 1412ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1390ҳ.қ.
- Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, (бе то).