Jump to content

Явм-ул-ҳасра

Аз wikishia

Явм-ул-ҳасра (арабӣ: یوم الحسرة) аз номҳои рӯзи қиёмат[1] ва ба маънои рӯзи андӯҳ, афсӯс ва пушаймонӣ аст.[2] Ин ном дар ояти 39-уми сураи Марям омадааст.

Муфассирон бар ин боваранд, ки сабаби номгузории қиёмат ба рӯзи ҳасрат он аст, ки инсонҳо дар он рӯз, пас аз ошкор шудани натиҷаи аъмоли худ, ба кӯтоҳиҳо ва ғафлатҳояшон дар зиндагии дунё пай мебаранд.[3] Аз даст додани фурсати анҷоми корҳои нек ва дастёбӣ ба подошҳои Илоҳӣ низ аз омилҳои ҳасрат ва пушаймонии онон аст.[4] Ба гуфтаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар китоби Маҷмаъ-ул-баён ҳасрат дар рӯзи қиёмат махсуси гуноҳкорон набуда, балки некукорон низ аз он ки аъмоли неки бештаре анҷом надодаанд, эҳсоси ҳасрат мекунанд.[5]

Дар Қуръон, омилҳое мисли истикбор, истеҳзо[6] сарфи мол дар роҳи мухолифи дин,[7] инкори маод ё ғафлат аз он[8] ва тарки имон ва амали солеҳ[9] аз асбоби ҳасрат дар рӯзи қиёмат муаррифӣ шудаанд. Ҳамчунин, дар баъзе ривоёт, умуре мисли ҳузур дар маҷолисе, ки зикри Худо ё аҳли байт (а) ёд намешавад,[10] касби мол бидуни итоат аз Худо,[11] ситоиши адолат бидуни амал ба он,[12] бартарӣ додани манфиатҳои дунявии дигарон бар саодати ухравии худ[13] аз омилҳои пушаймонӣ ва андӯҳ дар рӯзи қиёмат шумурда шудаанд.

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.13, саҳ.86.
  2. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, зери вожаи «ҳасра حسرة».
  3. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.127; Алломма Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.51.
  4. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.408.
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.795.
  6. Сураи Замар, оятҳои 56 то 59.
  7. Сураи Анфол, ояти 36.
  8. Сураи Анъом, оятҳои 29 то 31; Сураи Анбиё, ояти 97.
  9. Сураи Анъом, ояти 27; Сураи Аҳзоб, ояти 66.
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.75, саҳ.468.
  11. Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
  12. Файзи Кошонӣ, ат-Тафсир-ус-Софӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.430.
  13. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.186.

Сарчашма

  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурӯшии исломия, 1336ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадот алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-уш-шомия, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1406ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳсин, ат-Тафсир-ус-Софӣ, Қум, Муассисат-ул-ҳодӣ, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасири Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Матбаъат-ул-илмия, 1383ҳ.қ.