Масх
Масх (ба арабӣ: مَسْخ) навъе азоб аст, ки дар он, инсон ба сурати ҳайвон медарояд. Дар ҳолати масх, ҳувияти инсон аз даст намеравад, балки танҳо шакли зоҳириаш монанди ҳайвон мешавад. Дар манобеи исломӣ намунаҳои зиёде барои масх зикр шудааст, ки маъруфтарини онҳо достони асҳоби Сабт аст.
Бар пояи оятҳои Қуръон, асҳоби Сабт гурӯҳе аз Банӣ Исроил буданд, ки ба сабаби нофармонии Худо ва сайди моҳӣ дар рӯзи шанбе, ба маймун табдил шуданд. Тибқи ривоёти исломӣ дар рӯзи қиёмат ҳам масх сурат мегирад ва бархе аз гуноҳкорон ба чеҳраи ҳайвоноте чун маймуну хӯк медароянд.
Бархе аз муфассирон муътақиданд, масхе, ки дар Қуръон аз он сухан омада, як таъбири тамсилӣ аст, ба ин маъно ки бархе ба сабаби гуноҳ хислатҳои ҳайвонӣ пайдо мекунанд, аммо бештари муфассирон чунин тафсиреро намепазиранд ва мегӯянд, он инсонҳо чеҳраи зоҳириашон ҳам тағйир кардааст.
Таърифи масх ва фарқи он бо таносух
Масх ба маънои тағйири чеҳраи чизе ба зоҳири баду номуносиб аст.[1] Масх, бо таносух фарқ дорад. Таносух ба маънои он аст, ки рӯҳ баъд аз ҷудоӣ аз бадан, ба бадани дигаре тааллуқ пайдо кунад, вале дар масх рӯҳ аз бадан ҷудо намешавад, балки танҳо шакл ва чеҳраи бадан тағйир мекунад ва ба ҳайвон табдил мешавад.[2]
Ҳифзи ҳувияти инсон дар масх
Ба гуфтаи олимони мусулмон тағйир дар зоҳири инсонии шахс, ба ин маъно нест, ки ҳақиқати инсонии ӯ низ тағйир мекунад.[3] Бинобар ин, масх ба маънои нобудии фарде аз инсон ва эҷоди фарде аз бузина ё ворид кардани рӯҳи инсонӣ дар бадани бузина нест.[4] Балки масх ин аст, ки сурате бар сурат воқеъ шудааст; яъне дар айни ҳол, ки инсон, инсон мондааст, вале сураташ ба шакли бузина даромадааст. Аз ин рӯ бояд ба ӯ инсони бузина гуфта шавад.[5]
Шаҳид Мутаҳҳарӣ ин матлабро чунин тавзеҳ медиҳад: «қиёмат ба ҳар шакле ки бошам, бо ҳамин бадан бошам ё бо бадани дигар, сад дар сад ҳамон ман ҳастам; мунтаҳо мумкин аст шакли ман иваз шуда бошад. Ҳатто агар манро дар қиёмат ба таносуби малакоти рӯҳии ман, масх кунанд ва ба чеҳари ҳайвонӣ маҳшур кунанд, боз ман ҳастам, ки дар онҷо дорои андоми ҳайвонӣ ҳастам».[6]
Вуқуъи масх бар асоси Қуръон
- Ҳамчунин бибинед: Асҳоби Сабт
Дар оёте аз Қуръон аз масхи бархе инсонҳо сухан омадааст. Барои мисол дар ояти 60 сураи Моида аз табдили бархе инсонҳо ба маймуну хӯк сухан омадааст.[7] Ҳамчунин тибқи ояти 65 сураи Бақара, Худо гурӯҳе аз Банӣ Исроилро ба номи Асҳоби Сабт, ба хотири нофармонии Худо ва сайди моҳӣ дар рӯзи шанбе масх ва ба маймун табдил кардааст.[8]
Масхи бархе аз ҳавориюн
Бинобар оёти Қуръон, ҳавориюни ҳазрати Исо (а) аз Худованд суфраи осмонӣ талаб карданд[9] ва Худованд баъд аз хабар аз истиҷобати он дархост, гуфт: агар баъд аз нузули моидаи осмонӣ касе кофир шавад, ӯро ба азобе гирифтор мекунад, ки ҳеҷ касро чунин муҷозот накардааст.[10] Бархе аз муфассирон зери ин оят гуфтаанд, теъдоде аз ҳавориюн бо вуҷуди нузули моидаи осмонӣ, хиёнат карданд ва Худованд онҳоро масх кард,[11] аммо бархеи дигар ҳамчун Аллома Таботабоӣ масх шудани ин гурӯҳро напазируфта ва онро бо оёти Қуръон дар тазод донистаанд.[12]
Чигунагии масх
Дар заминаи чигунагии таҳаққуқи масх дар дунё, назароти мухталифе вуҷуд дорад. Бештари муфассирон муътақиданд, манзури Қуръон аз масх ин аст, ки ҷисми инсон низ тағйир мекунад ва ба ҳайвони дайгаре табдил мешавад, аммо ба бовари гурӯҳи дигар масх танҳо дар ботини инсон сурат мегирад ва чеҳраи инсонӣ ба ҷои худ боқӣ мемонад.
Муҷоҳид ибни Ҷубайр (ваф. 102ҳ.қ.) гуфтааст: масхе, ки дар Қуръон аз он сухан мегӯяд, тамсиле монанди ояти «کمَثَلِ الْحِمارِ یحْمِلُ أَسْفاراً» (монанди дарозгӯше аст, ки китобҳоеро ҳамл мекунад)[13] аст.[14] Аз Абдурраззоқи Кошонӣ ҳам нақл шудааст, ки ин масх танҳо дар ботини инсон будааст. Ба баёни дигар яҳудиёни масхшуда дар чеҳраи зоҳирӣ монанди мардум буданд, вале (дар воқеъ) аз онон набуданд.[15]
Рашид Ризо ва Муҳаммад Абдуҳ[16] аз муфассирони аҳли суннат низ чунин дидгоҳе доштаанд.[17]
Албатта мегӯянд бештари муфассирон бар ин боваранд, ки масх дар Қуръон ба маънои ҳақиқии он ба кор рафтааст. Яъне масх дар ҷисм низ таҳаққуқ меёбад ва зоҳири инсон ҳам тағйир мекунад.[18] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ ривоёти мутавотире бар ин маънои масх далолат мекунанд.[19]
Тарафдорони ин дидгоҳи дар хусуси баъид будани ин навъ аз масх истидлол кардаанд, ки бо пазириши вуқуъи муъҷиза тавассути пайғамбарон, хориқулъода будани як амал наметавонад далеле бар маҳол будани он талаққӣ шавад, балки яке аз шароити муъҷиза ҳамин хориқулъода будан аст.[20]
Масхи инсонҳо дар қиёмат
Бар асоси шуморе аз аҳодиси исломӣ, дар қиёмат гурӯҳҳое масх шуда ва ба сурати ҳайвон маҳшур мешаванд. Барои намуна ривоят шудааст, ки Маоз ибни Ҷабал дар хусуси ояти «یوْمَ ینْفَخُ فِی الصُّورِ فَتَأْتُونَ أَفْواجاً» (рӯзе ки дар «сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ (ба маҳшар) меоед»[21] аз Пайғамбари Ислом суол кард. Паёмбар (с) посух дод: «Бархе аз инҳо ба шакли маймун, бархе ба чеҳраи хӯк... маҳшур мешаванд.»[22]
Дар ривояте аз Имом Боқир (а) омадааст: онон ки қадари Илоҳиро дурӯғ мепиндоранд, дар ҳоле аз гӯрҳояшон ба по хезанд, ки ба маймун ва хӯк табдил шудаанд.[23]
Масхи рӯҳӣ
Дар андешаи бархе аз муҳаққиқони мусулмон мумкин аст инсон аз назари рӯҳӣ ва маънавӣ масх ва ба ҳайвон табдил шавад. Бархе аз муфассирон таъбири қуръонии «أُولئِک کالْأَنْعامِ بَلْ هُمْ أَضَل» (онҳо монанди чаҳорпоёнанд, ҳатто гумроҳтар ҳастанд)-ро[24] ишора ба ҳамин матлаб донистаанд.[25]
Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, инсонияти як инсон ба хусусиёти ахлоқии ӯ вобаста аст ва агар инсоне хулқу хуйи як ҳайвони дарандаро пайдо кунад, дар воқеъ масх шудааст.[26]
Намунаҳое аз масх дар ривоёт
Дар бархе китобҳои шиа ва аҳли суннат гузоришҳое дар бораи масхи фард ё афроди дигаре ба ҷуз он чи дар Қуръон омадааст, дида мешавад. Барои намуна дар ривояте аз китоби Хисол навиштаи Шайхи Садуқ, аз сездаҳ ҳайвон аз ҷумла акраб, кӯршапарак ва хирс ном омадааст, ки ибтидо инсон будаанд ва баъд аз масх ба ин чеҳра даромадаанд.[27] Ҳамчунин Табаронӣ аз олимони аҳли суннат дар қарни сеюм ва чаҳоруми қамарӣ, ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) нақл кардааст, ки тибқи он дар оянда бархе аз мусулмонон масх мешаванд ва ба шакли маймуну хӯк медароянд.[28]
Оқибати инсонҳои масхшуда
Бар пояи ривоёти исломӣ инсонҳое, ки дар Қуръон аз масхашон сухан омадааст, танҳо се рӯз зинда монданд ва аз онон насле боқӣ намонд.[29] Садрулмутааллиҳин навиштааст мусулмонон бар ин масъала иҷмоъ доранд, ки ҳайвоноти имрӯзӣ аз насли Одам нестанд ва афроди масхшуда пас аз се рӯз мурданд, бидуни ин ки аз даврони ҳайвон будани онҳо насле ба вуҷуд ояд.[30]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.55
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.195
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯъаи осор, 1368ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.703; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.148
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.148
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.132
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯъаи осор, 1368ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.703
- ↑ Макорим, Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.443
- ↑ Макорим, Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.297
- ↑ Сураи Моида, ояти 112
- ↑ Сураи Моида, ояти 115
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.342; Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.351
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.239
- ↑ Сураи Ҷумъа, ояти 5
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.264
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.133
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кашшоф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.121
- ↑ Ниг.: Рашид Ризо, ал-Минор, 1990м., ҷ.1, саҳ.285
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кашшоф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.121
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.ш., ҷ.58, саҳ.111
- ↑ Шокир ва Мирӣ, “Моҳияти азоби масх дар омӯзаҳои динӣ”, саҳ.30
- ↑ Сураи Набаъ, ояти 18
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.175
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.212
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 179
- ↑ Мирҷаҳонӣ, Тафсири Умм-ул-китоб, саҳ.270
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯъаи осор, 1368ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.105
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.493
- ↑ Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.245 ва 246
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.271
- ↑ Садрулмутааллиҳин, Тафсири ал-Қуръон-ил-Карим, 1366ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.468
Сарчашма
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, алматбаъатулъилмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мирдомодӣ, Ҷамолиддин, Бейрут, Дорулфикри литтабоъати ваннашри ваттавзи, Дорусодир, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳорул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мирҷаҳонӣ Сайидҳасан, Тафсири Умм-ул-китоб, Теҳрон, Садр, бе то.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кашшоф, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯъаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1368ҳ.ш.
- Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқ: Атиия, Алӣ Абдулборӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Рашид Ризо, ал-Минор, Миср, алҳайъатулмисриятулъома лилкитоб, 1990м.
- Садрулмутааллиҳин, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсири ал-Қуръон-ил-Карим, таҳқиқ: Муҳаммади Хоҷуӣ, интишороти бедор, Қум, чопи дувум, 1366ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1376ҳ.ш.
- Табаронӣ,Абулқосим, ал-Муъҷам-ул-кабир, муҳаққиқ: Ҳамд ибни Абдулмаҷид ассалафӣ, Қоҳира, Ибни Таймия, 1415ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, 1388ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, ал-Хисол, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Доруш Шарифир Разӣ линнашр, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
- Шокир, Муҳаммадкозим, Мирӣ Сайидсаид, Моҳияти азоби масх дар омӯзаҳои динӣ, таҳқиқоти улуми Қуръон ва ҳадис, шумораи 2, 1388ҳ.ш.