Такфири гуноҳон

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи такфири гуноҳон аст. Барои мушоҳидаи корбурдҳои дигари он Такфир (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.

Такфири гуноҳон (форсӣ: تکفیر گناهان) ба маҳв шудани гуноҳон ё асари онҳо дар қиёмат бар асари савоби корҳои нек гуфта мешавад. Дар Қуръон ва аҳодиси исломӣ аз имон, амали солеҳ, тавба, ҷиҳод, садақаи пинҳонӣ ва ибодат ба унвони омилҳои такфири гуноҳон ёд шудааст.

Такфири гуноҳон баҳси каломие аст, ки мутакаллимони мусулмон онро зайли унвонҳое ҳамчун иҳбот, иҳботу такфир, таҳобути аъмол ва ҷавози иҷтимои савобу иқоб баррасӣ мекунанд.

Имомия ва ашоира такфирро фақат дар бораи гуноҳоне мепазиранд, ки дар Қуръону ривоёт аз онҳо ном бурда шудааст, аммо мӯътазила бар ин боваранд, ки такфир, ҳамаи гуноҳонро маҳв мекунад. Мутакаллимони имомия, дидгоҳи мӯътазиларо бар хилофи бархе аз оёти Қуръон медонанд, ки Худованд, подош ва муҷозоти корҳои неку бадро ҷудогона муҳосиба мекунад.

Мафҳумшиносӣ

Такфир ба маънои пӯшондану пинҳон кардан аст;[1] аз ин рӯ, касе ки неъматҳои Илоҳиро инкор мекунад, кофир хонда мешавад.[2] Такфири гуноҳон дар илми калом, ба маънои маҳв шудани муҷозоти гуноҳон дар асари савоби корҳои нек аст. Бар ин асос такфир дар баробар иҳбот аст, ки ба аз байн рафтани аъмоли нек бар асари гуноҳон ишора мекунад.[3]

Такфир ба маънои нисбати куфр додан ба мусулмонон низ ба кор меравад, ки ба он такфири аҳли қибла гуфта мешавад.[4]

Омилҳо

Дар Қуръон ва ривоёт барои такфири гуноҳон, сабабҳое баён шудааст; дар Қуръон аз имон ва амали солеҳ,[5] тавба,[6] дурӣ кардан аз гуноҳони кабира[7] садақаи пинҳонӣ, ҷиҳод[8] ва ибодат[9] ба унвони омилҳое ёд шудааст, ки гуноҳонро аз байн мебаранд. Дар ривоёт низ шафоат,[10] зиёрати Имом Ҳусайн,[11] тиловати Қуръон[12] ва иқомаи намози шаб[13] аз омилҳои такфири гуноҳон дониста шудааст.

Такфир дар илми калом

Такфири гуноҳон баҳс каломӣ аст ва маъмулан аз он ҳамроҳи иҳбот гуфтугӯ мешавад.[14] Мутакаллимони мусулмон такфири гуноҳонро зайли унвонҳое ҳамчун иҳбот,[15] иҳботу такфир,[16] таҳобути аъмол[17] ва ҷавози иҷтимои савобу иқоб[18] баррасӣ мекунанд. Бархе аз олимони шиа ва аҳли суннат аз он дар масъалаи маъод[19] ва мӯътазила дар баҳси ваъду ваъид[20] низ сухан гуфтаанд.

Мутакаллимони мусулмон иттифоқи назар доранд, ки агар кофире мусулмон шавад, азоби куфр ва ҳамчунин ҷазои гуноҳоне, ки дар ҳоли куфр анҷом дода, аз ӯ бардошта мешавад,[21] аммо дар бораи гуноҳоне, ки дар ҳоли мусулмонӣ аз шахс сар мезанад, байнашон ихтилофи назар ҳаст:

  • Мӯътазила такфирро дар бораи ҳама гуноҳон мепазиранд ва бар ин боваранд, ки амали нек метавонад ҳар гуноҳеро пок кунад.[22] Гуфтаанд, иллати эътиқоди онон ба ин назария, он аст, ки мутакаллимони мӯътазила баъд аз он ки истеҳқоқи савобу иқобро барои корҳои нек ва гуноҳ матраҳ карданд, бо ин мушкил мувоҷеҳ шуданд, ки агар амале омехта аз савобу иқоб бошад, лозим меояд мукаллаф дар замони воҳид, ҳам мустаҳаққи савоб бошад ва ҳам мустаҳаққи иқоб ва инро маҳол медонистанд.[23] Аз ин рӯ, назарияи иҳбот ва такфирро матраҳ карданд.[24]
  • Шиаён ва ашоира[25] иҳботи куллиро намепазиранд ва мегӯянд: корҳои хуб, танҳо он даста аз гуноҳонро пок мекунанд, ки дар Қуръон ё ривоёт ба он ишора шудааст.[26] Шиаён дар ин замина бо истинод ба бархе аз оёти Қуръон аз ҷумла оёти 7 ва 8 сураи Зилзол, ки дар онҳо омадааст: «Пас ҳар касе ҳамвазни заррае некӣ кунад, онро хоҳад дид; ва ҳар касе ҳамвазни заррае бадӣ кунад, онро хоҳад дид», мӯътақиданд, Худованд аъмоли хубу бадро ҷудогона муҳосиба мекунад.[27]

Маҳв шудани гуноҳ ё кайфари он?

Дар ин ки оё такфир ба маънои маҳв шудани худи гуноҳ ё бардошта шудани кайфари он аст, ихтилофи назар вуҷуд дорад; Абуалӣ Ҷуббоӣ аз бузургони мӯътазила бар ин бовар аст, ки такфир худи гуноҳро маҳв мекунад, аммо Абуҳошими Ҷуббоӣ фарзандаш мегуфт: муҷозоти онҳоро бармедорад.[28] Ҳамчунин навиштаанд бархе аз файласуфони мусулмон, ки такфирро ба маънои маҳв шудани худи гуноҳ медонанд, чун мӯътақиданд мавҷуд ҳеҷгоҳ нест намешавад, маҳви гуноҳро ба яке аз ду сурати зер тавзеҳ медиҳанд:

  • Ҳар гуноҳе аз он ҷиҳат ки гуноҳ аст, амре адамӣ ва ғайримахлуқ аст.
  • Ҳамонгуна ки ҳастии гуноҳкор бо тавба ба ҳастии дигаре табдил мешавад, афъоли бад низ ба афъоли нек табдил мешаванд.[29]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Роғиб, Муфрадот, 1412ҳ.қ., саҳ.714.
  2. Роғиб, Муфрадот, 1412ҳ.қ., саҳ.714.
  3. Муҳаммадӣ, Шарҳи Кашф-ул-мурод, 1378ҳ.ш., саҳ.553; Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.422.
  4. Маҳмуд Абдураҳмон Абдулмунъим, Мӯъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳия, зайли «такфир», 1999м.
  5. Сураи Муҳаммад, ояти 2.
  6. Сураи Таҳрим, ояти 8.
  7. Сураи Нисо, ояти 4.
  8. Оли Имрон, ояти 195.
  9. Сураи Нӯҳ, оёти 3 - 4.
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.34.
  11. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.126.
  12. Шаъирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, матбаъат Ҳайдария, саҳ.39.
  13. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162.
  14. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.422 - 427.
  15. Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.309.
  16. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.422 - 427.
  17. Ҳимсии Розӣ, ал-Мунқазӣ мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42.
  18. Нигоҳ кунед ба Ибни Майсами Баҳронӣ, Қавоид-ул-маром, 1406ҳ.қ., саҳ.164.
  19. Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.289 - 309.
  20. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.422 - 427.
  21. Нигоҳ кунед ба Шуббар, Ҳаққ-ул-яқин, 1424ҳ.қ., саҳ.551.
  22. Шуббар, Ҳаққ-ул-яқин, 1424ҳ.қ., саҳ.550.
  23. “Иҳбот ва такфир”, саҳ.59.
  24. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.422, 423.
  25. Нигоҳ кунед ба Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.309.
  26. Шуббар, Ҳаққ-ул-яқин, 1424ҳ.қ., саҳ.549.
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.170.
  28. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.425 - 426.
  29. Доиратулмаорифи Қуръони Карим, “Иҳбот ва такфир”.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, тасҳеҳ: Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, алматбаъатулъилмия, 1380ҳ.қ.
  • Гурӯҳи донишномаи каломи исломӣ, “Иҳбот ва такфир”, дар маҷаллаи тахассусии каломи исломӣ, шумораи 39, поизи 1380ҳ.ш.
  • Доиратулмаорифи Қуръони Карим, “Иҳбот ва такфир” бойгонишуда аз нусхаи аслӣ дар шаҳривари 1396ҳ.ш.
  • Ибни Майсами Баҳронӣ, Қавоид-ул-маром фи илм-ил-калом, таҳқиқ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Қуливайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳ: Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дорул-Муртазавия, 1356ҳ.ш.
  • Иҷӣ - Мирсайид Шариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, тасҳеҳ: Бадруддин Нуъсонӣ, Қум, аш-Шариф-ир-Разӣ (офсет Қум), 1325ҳ.қ.
  • Маҳмуд Абдураҳмони Абдулмунъим, Мӯъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳия, Қоҳира, 1999м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Гелонӣ, Такмилату шавориқ-ил-илҳом, Қум, мактабатул эъломил-исломӣ, 1421ҳ.қ.
  • Муҳаммадӣ, Алӣ, Шарҳи Кашф-ул-мурод, Қум, Дорулфикр, 1378ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, таҳқиқ: Сафвон Аднон Довудӣ, Сурия - Лубнон, Дорулъилм - аддорулшомия, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фии тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактабатун нашрил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шаъирӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-ахбор, Наҷаф, матбатат Ҳайдария, бе то.
  • Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Ҳаққ-ул-яқин фи маърифати усул-ид-дин, Қум, Анворулҳудо, 1424ҳ.қ.
  • Қозӣ Абдулҷаббор ва Қивомиддин Монкдим, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, таълиқ: Аҳмад ибни Ҳусайн Абиҳошим, Бейрут, Дору эҳёилъарабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ҳимсии Розӣ, Садидуддин, ал-Мунқазӣ мин-ат-тақлид, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1412ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Ошноӣ бо чанд истилоҳи қуръонӣ, «Мактаби Ислом», шумораи 100, соли 33.