Jump to content

Явм-ут-талоқ

Аз wikishia

Явм-ут-талоқ (арабӣ: یَوْمُ التَّلاق ба маънои рӯзи мулоқот) яке аз номҳои рӯзи қиёмат аст, ки дар ояти 15 сураи Ғофир омадааст. Вожаи талоқ ба маънии дидор ва рӯ ба рӯ шудан аст.[1] Дар тафсирҳо барои он чанд маъно зикр шудааст; аз ҷумла дидори аҳли осмон ва замин,[2] дидори рӯҳ ва бадан,[3] иҷтимои ҳамаи одамон аз оғоз то поёни таърих,[4] дидор бо Худо[5] ва низ дидори инсон бо аъмоли худ.[6]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), явм-ут-талоқ рӯзе муаррифӣ шуда, ки аҳли осмон ва замин бо якдигар дидор мекунанд.[7] Ҳамчунин дар Тафсири ал-Мизон, ин рӯз замоне тавсиф шуда, ки ҳақиқати умур ошкор мешавад ва ҳиҷобҳо аз миёни инсон ва олами ғайб бардошта мешавад, ба гунае, ки инсон натиҷаи аъмоли худро ба таври комил мушоҳида мекунад.[8]

Эзоҳ

  1. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, саҳ.745.
  2. Шайхи Садуқ, Маъони-ил-ахбор, саҳ.156.
  3. Шайхи Муфид, ал-Масоъил-ул-укбария, саҳ.42.
  4. Шайхи Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, саҳ.161.
  5. Шайхи Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, саҳ.161.
  6. Шайхи Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, саҳ.161.
  7. Шайхи Садуқ, Маъони-ил-ахбор, саҳ.156.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, саҳ.318.

Сарчашма

  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Доруш-шомия, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, маншуроти Исмоилиён, ал-Матбаъат-ул-Исмоилия, бетаърих, бемакон.
  • Шайхи Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Мифтоҳ-ул-фалоҳ фи амал-ил-явм ва-л-лайла мина-л-воҷибот ва-с-мустаҳаббот, Бейрут, Нашри Дор-ул-азвоъ, 1405ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоъил-ул-укбария, Қум, ал-Муътамар-ул-ъаламий ли алфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъони-ил-ахбор, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеаи мударрисини Қум, 1403ҳ.қ.