Шаҳодати аъзои бадан дар қиёмат
| Худошиносӣ | |
|---|---|
| Исботи Худо • Тавҳид • Асмо ва сифоти Худо • Адли Илоҳӣ • Қазо ва қадар | |
| Нубувват | |
| Исмати пайғамбарон • Хотамият • Нубуввати хосса • Муъҷиза • Қуръон • Ваҳй • Ислом | |
| Имомат | |
| Имомон • Имомати имомон • Бартарии Аҳли Байт (а) • Исмати имомон • Вилоят • Ғайбат • Маҳдавият | |
| Маод | |
| Марг • Барзах • Маоди ҷисмонӣ • Биҳишт • Ҷаҳаннам | |
| Масоили чолишӣ | |
| Амрун байн-ал-амрайн • Ҷабр ва ихтиёр • Тақия • Вилояти фақиҳ • Тавассул • Шафоат • Таҳрифнопазирии Қуръон • Зиёрат • Бадоъ • Раҷъат |
Шаҳодати аъзои бадан дар қиёмат (форсӣ: شهادت اعضای بدن در قیامت) ё шаҳодати аъзо ва ҷавориҳ (форсӣ: شهادت اعضا و جوارح) бахше аз мавоқифи қиёмат аст, ки дар Қуръон ба он ишора шудааст. Муфассирон ин шаҳодатро шомили тамоми аъзои бадан ва ба унвони итмоми ҳуҷҷат барои бандагон матраҳ кардаанд. Тибқи ривояте, ки аз Имом Боқир (с) нақл кардаанд, ин шаҳодат махсуси касоне аст, ки азоби Илоҳӣ барояшон ҳатмӣ аст ва шомили муъминон намешавад. Шаҳодати аъзо пас аз инкори номаи аъмол ва радди шаҳодати фариштагон тавассути муҷримон анҷом мешавад.
Бархе муфассирон шаҳодати пӯстро шомили аъзои бадан донистаанд, дар ҳоле ки бархе дигар онро фақат ба аъзои таносулӣ маҳдуд кардаанд. Дар бораи чигунагии сухан гуфтани аъзои бадан дар қиёмат низ дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад; бархе онро ба маънои анҷоми ҳамон аъмоле донистаанд, ки инсон дар дунё анҷом додааст.
Уламои ахлоқ ёдоварии шаҳодати аъзо дар қиёматро муртабит бо ёди Худо ва муроқибат дар ёди Ӯ зикр кардаанд.
Ҷойгоҳ ва аҳаммият
Шаҳодати аъзои бадан дар қиёмат яке аз манозили охират маҳсуб мешавад.[1] Ин шаҳодат, қатъӣ аст ва маҷозӣ донистани он нодуруст шумурда шудааст.[2] Шаҳодати аъзои бадан муҷиби шигифтӣ ва ваҳшати муҷримон[3] ва сабаби эътироз ва сарзаниши онон нисбат ба пӯсти бадан мешавад.[4]
Муфассирони Қуръон, оятҳои 20 сураи Фуссилат, 24 сураи Нур, 65 сураи Ёсин ва 36 сураи Исроро марбут ба шаҳодати аъзои бадан дар қиёмат донистаанд.[5] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, муфассири шиа, дар Қуръон, аъзое монанди даст, по, чашм, гӯш ва қалби инсон ба унвони шоҳидони аъмол ёд шудааст.[6] Дар ривояте ки Шайх Садуқ аз Имом Содиқ (с) нақл карда, пайваста хондани бархе сураҳои Қуръон сабаб мешавад ҳамаи аъзои бадан шомили гӯшт, хун, муй, аъсоб ва устухон ба нафъи инсон дар қиёмат шаҳодат диҳанд.[7]
Аллома Таботабоӣ, бар ин бовар аст, ки шаҳодати аъзо замоне ҳуҷҷатро бар бандагон тамом мекунад, ки аъзо аз дарку огоҳӣ бархӯрдор бошанд ва битавонанд аъмоли соҳиби худро мушоҳида кунанд.[8] Муфассирон бо истинод ба ривояте аз Имом Боқир (с),[9] баён кардаанд, ки шаҳодати аъзои бадан махсуси касоне аст, ки азоби Илоҳӣ бар онон қатъӣ шуда ва шомили муъминоне ки номаи аъмолашон ба дасти росташон дода мешавад, намегардад.[10]
Уламои ахлоқ ёдоварии шаҳодати аъзо дар қиёматро ба унвони омиле барои иртибот бо Худо ва муроқибат дар ёди Ӯ донистаанд.[11]
Эътирофи ҳар аъзо ба гуноҳонаш
Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ, муфассири шиа, дар тафсири ояи 65 сураи Ёсин баён кардааст, ки ҳар аъзо ба амали хосси худ гувоҳӣ медиҳад;[12] забон барои гуноҳоне монанди ғайбат ва дурӯғ, дастҳо ва поҳо барои аъмоле чун сирқат ва суханчинӣ.[13] Ҳамчунин дар зайли ояти 20 сураи Фуссилат ӯ муътақид шуда, ҳар аъзо ба гуноҳони дигар аъзо низ шаҳодат медиҳад.[14]
Шаҳодати пӯсти бадан
Муфассирон бо истинод ба ояти 20 сураи Фуссилат гуфтаанд, ки шаҳодати пӯст, шомили пӯсти аъзои мухталифи бадан, монанди дасту по низ мешавад.[15] Бархе онро ба аъзои таносулӣ тафсир кардаанд.[16] Аммо бархе муфассирон ин тафсирро носозгор бо бархе оёт[17] ва аз қабили баёни мисдоқ ба шумор овардаанд.[18]
Аллома Таботабоӣ дар тафсири ояти «وَ قَالُوا لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدْتُمْ عَلَیْنَا ва қолу лиҷулудиҳим лима шаҳидтум алайно» баён карда, эътирози гунаҳкорон ба пӯсти баданашон ба ин далел аст, ки пӯст танҳо ба гуноҳоне шаҳодат медиҳад, ки худ дар анҷоми онҳо нақш доштааст; дар ҳоле ки чашмҳо ва гӯшҳо ба аъмоле, ки дигар аъзо анҷом додаанд низ гувоҳӣ медиҳанд.[19] Сайид Абдулҳусайн Таййиб дар китоби Атяб-ул-баён, эътирози гунаҳкорон ба пӯстро аз боби мисол дониста ва муътақид аст эътирози муҷримон бо дигар аъзо низ рух медиҳад.[20]
Марҳалаи шаҳодати аъзои бадан
Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ, ровӣ ва муфассири шиа, ба истинод ба ривояте, шаҳодати аъзои баданро пас аз инкори номаи аъмол ва радди шаҳодати фариштагон медонад; ибтидо бар забон мӯҳр зада мешавад, сипас ба тартиб гӯш, чашм, даст, по ва узви таносулӣ ба унвони шоҳид сухан мегӯянд; сипас забон боз шуда ва бо ҳолати тааҷҷуб ва эътироз, пӯстро ба хотири шаҳодаташ сарзаниш мекунад.[21] Сайид Муҳаммадҳусайн Теҳронӣ дар китоби Маодшиносӣ, баён карда, дар қиёмат ибтидо даҳони инсон мӯҳр мешавад, то ба далели одат ба дурӯғгӯӣ дар дунё, имкони инкор ҳангоми шаҳодати аъзо вуҷуд надошта бошад.[22]
Чигунагии сухан гуфтани аъзо
Дар шеваи сухан гуфтани аъзои бадан дар қиёмат, дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст. Бархе муътақиданд, ки ба далели тафовутҳои дунё ва охират, чигунагии сухан гуфтани аъзо барои инсон қобили дарк нест.[23] Бархе дигар бар ин боваранд, ки Худованд дар қиёмат ба як-яки аъзо қудрати дарк, шуур ва такаллум ҳамонанди забон ва мағз мебахшад.[24] Ҳамчунин гуфта шуда, аъмоли инсон дар тӯли зиндагӣ аз байн намераванд ва осори он бар аъзои бадан ва муҳити атроф боқӣ мемонад; дар қиёмат ин осор бар аъзо зоҳир шуда ва зуҳури ин осор ба манзалаи шаҳодати аъзои бадан аст.[25]
Сайид Муҳаммадҳусайн Теҳронӣ, қуръонпажӯҳи шиа, сухан гуфтани даст дар қиёматро ба маънои анҷоми ҳамон амале дониста, ки дасти инсон дар дунё анҷом додааст.[26]
Эзоҳ
- ↑ Ризоӣ, «Манозили охират», саҳ.36.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1398ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.118.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири нaмуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.431.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.379.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372, ҷ.9, саҳ.12, Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.103 ва 154; Ибни Ошур, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, 1420ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.153.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.103.
- ↑ Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., сaҳ.123.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.378.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.32.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.419; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.433.
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.457.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.103.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, сaҳ.94.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.378.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.249; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.497.
- ↑ Саълабӣ, ал-Кашф ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.290; Майбудӣ, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.516.
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.5, сaҳ.497.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.249.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.379.
- ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.425.
- ↑ Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.264.
- ↑ Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.186.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1398ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.118.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1377ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.431.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1377ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.431.
- ↑ Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.187 - 192.
Сарчашма
- Ибни Ошур, Муҳаммад Тоҳир, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, Бейрут, Муассисат-ут-таърих-ил-арабӣ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ, Алиакбар Ғаффорӣ, Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қумӣ, таҳқиқ: Сайид Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1363ҳ.ш.
- Майбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр (маъруф ба Тафсири Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ), таҳқиқ: Алиасғар Ҳикмат, Теҳрон, Амир Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири нaмуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Ризоӣ, Ғуломризо, Донишномаи каломи исломӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1387ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор-уш-Шариф-ир-Разӣ, 1406ҳ.қ.
- Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашф ва-л-баён ал-маъруф тафсири Саълабӣ, таҳқиқ, Абемуҳаммад Ибни Ошур, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
- Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, Аш-Шариф-ур-Разӣ, 1370ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Нашри Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Муҳаммадҳусайн, Маодшиносӣ, Машҳад, Нури малакути Қуръон, 1427ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Маод дар Қуръон, Қум, Исро, чопи ёздаҳум, 1395ҳ.ш.
- Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, Ҳиҷрат, 1398ҳ.ш.