Азоби абадӣ
Азоби абадӣ (форсӣ: عذاب ابدی) ё хулуд дар ҷаҳаннам (форсӣ: خلود در جهنم) аз таълимоти исломӣ ва бисёре аз адёни илоҳӣ аст. Оятҳои гуногуне дар Қуръон бо таъбири «холидина фиҳо абадан» (то абад дар ҷаҳаннам хоҳанд монд) ва монанди он, ба азоби абадӣ ишора кардааст; чунонки аҳодиси зиёде низ дар мероси ҳадисии шиа бар хулуд дар оташ таъкид доранд.
Дар бораи хулуд дар ҷаҳаннам миёни андешамандон, дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад: афроде чун Муҳйиддин Арабӣ, Муллосадро (албатта дар баъзе аз осораш) ва Имом Хумайнӣ аз ҷумлаи касонеанд, ки хулуд дар ҷаҳаннамро қабул надоранд ва муътақиданд дар ниҳоят азоби ҷаҳаннам тамом хоҳад шуд. Онон хулуд дар ҷаҳаннамро бар хилофи адл, ҳикмат ва раҳмати Илоҳӣ медонанд ва мегӯянд ҳамаи сокинони дӯзах ё аз он хориҷ мешаванд ё агар боқӣ бимонанд, дигар ранҷу дарде нахоҳанд дошт. Заволнопазирии фитрати илоҳии инсон низ аз дигар далелҳои ин гурӯҳ бар вуҷуд надоштани азоби абадӣ аст.
Дар муқобил, мувофиқони азоби абадӣ, онро махсуси кофирони муониде медонанд, ки бар онон итмоми ҳуҷҷат шуда бошад. Инон муътақиданд гунаҳкорон ва мустазъафони фикрӣ дар ҷаҳаннам боқӣ нахоҳанд монд. Олимони шиа муътақиданд, ки бо назарияи таҷассуми аъмол ва ошкор шудани ҳақиқати аъмол дар қиёмат, метавон азоби абадиро табйин кард. Илова бар ин, дар Қуръон тасриҳ шудааст, ки бархе афрод аз ҷаҳаннам хориҷ нахоҳанд шуд. Хавориҷ низ муътақиданд, ки илова бар кофирон, муртакибони гуноҳони кабира ки бидуни тавба аз дунё рафтаанд, дучори азоби абадӣ хоҳанд шуд.
Ҷойгоҳ
Хулуд ва ҷовидонагии рӯҳи одамӣ баъд аз марг, ҷузъи таълимоти дини Ислом ва бисёре аз адёни дигар, аз ҷумла яҳудият ва масеҳият, аст.[1] Ба таври куллӣ, чунин ашхос ё гурӯҳҳо дар Қуръон ба хулуд дар оташи ваид дода шудаанд: кофирон,[2] мушрикон[3] ва мунофиқон.[4]
Ихтилоф дар масъалаи азоби абадӣ ба ҳадде аст, ки иддае онро иҷмоӣ ва зарурии дин медонанд ва бархеи дигар онро ба қадре дур аз ақл талаққӣ мекунанд, ки наметавон онро ба дин нисбат дод.[5] Мувофиқони азоби абадӣ, дар мақоми истидлол, бештар ба матнҳои нақлии динӣ такя кардаанд.[6] Гуфта шудааст 85 ояти Қуръон ба масъалаи хулуд пардохта ва 34 оят ба хулуд дар оташ марбут аст.[7] Дар оятҳои 169 Нисо, 65 Аҳзоб ва 23 Ҷин ки дар бораи кофирон ва золимон ва осиён дар баробари Худо ва Пайғамбари Ӯст, баъд аз «холидина фиҳо» таъбири «абадан» омадааст.[8]
Дар боби хулуд дар ҷаҳаннам, ривоятҳои фаровоне зикр шудааст. Ба таъбири Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, ривоятҳои расида аз Аҳли Байт дар бораи асли хулуди азоб ба ҳадди истифоза расидааст.[9] Дар бархе ривоятҳо, хулуд дар оташ ва азоби доим, махсуси кофирону ва мушрикон дониста шудааст.[10]
Се назария дар бораи азоби абадӣ
Азоби абадӣ барои кофирон ва аҳли кабоир
Аксари мутакаллимони мусалмон аз мазоҳиби мухталиф муътақид ба хулуди кофирон дар ҷаҳаннам ҳастанд.[11] Аммо дар бораи хулуди шахси фосиқ ва ба таъбири дигар, муъмини муртакиби гуноҳи кабира ки бидуни тавба аз дунё рафта, бештарин ихтилоф вуҷуд дорад.[12]
Хавориҷ муътақид буданд муртакиби кабира кофир аст ва ҳамеша дар оташ мемонад.[13] Дар муқобил, муътазила бар он буданд, ки мусалмони фосиқ на кофир аст ва на муъмин, балки ҷойгоҳи ӯ манзилатун байн-ал-манзилатайн аст; гарчи аксари онон монанди хавориҷ муътақид буданд чунин касе то абад дар оташ хоҳад монд.[14]
Махсуси кофирон будани азоби абадӣ
Ҷоҳиз (ваф.255ҳ.қ.) ва Абдуллоҳ ибни Ҳасани Анбарӣ (зиста дар қарни дуюми қамарӣ) муътақид буданд хулуди азоб махсуси кофири муонид аст; аммо агар касе кӯшиш кунад ва далелҳои ҳақ барояш ошкор нашавад ва Ислом наёварад, маъзур аст ва азобаш дар ҷаҳаннам қатъ мешавад.[15]
Мухолифат бо азоби абадӣ
Мухолифат бо азоби абадӣ дар байни оламони мазоҳиби мухталиф вуҷуд дорад, аммо ин мухолифон назари ягона надоранд. Бино бар пажӯҳишҳои анҷомшуда, нигоҳи мухолифони азоби абадиро метавон дар шаш гурӯҳ ҷой дод:[16]
- Хуруҷи дӯзахиён аз ҷаҳаннам ва вуруд ба биҳишт,[17]
- Фанои ҷаҳаннам ва аҳли он,[18]
- Эътои қувваи сабр ба ҷаҳаннамиён ва фаромӯшии азоб,[19]
- Азоби омехта бо неъмат,[20]
- Табдили азоб ба гувороӣ (عذب=азб),[21]
- Хулуди навъӣ.[22]
Гуфта шудааст ки ҷуз Ҷаҳм ибни Сафвон ва бархе аз пайравонаш, ки қоил ба фанои ҷаҳаннам ва биҳишт будаанд ва бинобар ин ба хулуд эътиқод надоштаанд,[23] Муҳйиддин Ибни Арабӣ барҷастатарин мухолифи хулуди дӯзахиён буда[24] навиштааст, ки аҳли оташ пас аз он ки ба қадри аъмолашон азоб чашиданд, дар ҳамон ҷаҳаннам фазлу раҳмати Ҳақ шомили ҳолашон мегарданд ва дигар оташро эҳсос намекунанд.[25] Муллосадрои Шерозӣ, дар бархе осораш, монанди Ибни Арабӣ бар ин бовар аст ки дар ниҳоят азоби ҷаҳаннам тамом хоҳад шуд ва аҳли ҷаҳаннам дигар эҳсоси азобу дард нахоҳанд кард.[26]
Имом Хумайниро низ дар ҳамин дастаи уламо қарор додаанд, ки ба наҷот аз азоб ва баҳрамандии дӯзахиён аз шафоат, бовар дорад[27] ва мегӯянд барои ин муддао, раҳмати оми Илоҳӣ ва заволнопазирии фитрати илоҳии инсонро далел овардааст.[28]
Бовари уламои шиа
Бар асоси гузориши Қадрдони Қаромаликӣ, асли хулуд дар назари олимони шиа ҳамагонӣ ва пазируфташуда аст[29] ва ба эътиқоди мутакаллимони шиа, хулуд дар оташ махсуси кофирон аст.[30]
Махсуси кофирони муонид будани азоби абадӣ
Ба гуфтаи Шайх Муфид, шиа муътақид аст ки азоби абадӣ ба махсуси кофирон аст ва гунаҳкорон ҳатто агар ба дӯзах бираванд, дар он ҷо мондагор нахоҳанд буд.[31] Муллосадро бо таъкиди он ки маншаи хулуд дар ҷаҳаннам фақат куфр аст, хулуди кофирон дар оташро маҳз ба сабаби фасоди эътиқодашон медонад; бар хилофи фасод дар амал ки эҳтимоли рафъ шуданаш вуҷуд дорад.[32]
Ба назари Аллома Таботабоӣ, Қуръон дар бораи хулуд ва ҷовидонагии азоб сареҳ аст. Чунонки ояти 76 сураи Бақара тасриҳ кардааст, ки онон аз оташ хориҷ нахоҳанд шуд. Ривоятҳои бисёре аз Аҳли Байт низ дар ин боб возеҳ аст; аз ин рӯ бархе ривоятҳои ғайришиӣ, ки ҳикоят аз поёнпазирии азоб дорад, ба далели мухолифат бо Қуръон бояд канор гузошта шавад.[33]
Истидлолҳои илоҳидонони шиа
Олимони шиа барои ин назар ки азоби абадӣ ҳамагонӣ нест ва фақат кофирони муонидро шомил мешавад, ба оятҳое аз Қуръон ва ривоятҳо ва низ истидлолҳои ақлӣ истинод кардаанд; аз он ҷумла гуфта шудааст, ки дар ояти 128 сураи Анъом, бо ибораи «إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ», касоне аз ҳукми азоби абадӣ истисно шудаанд ва чун бино бар иҷмоъ, кофир аз оташ берун намеояд, пас манзури оят истисно кардани фосиқи муртакиби кабира аст ки бо хосту машияти Худованд азобаш қатъ мешавад.[34] Маҷлисӣ аз маҷмуи аҳодиси зикршуда дар бораи хулуд ба ин натиҷа расида: касоне ки дар ақлашон костӣ ҳаст ё ҳуҷҷат бар онон тамом нашуда, ба хулуд дар оташ дучор намешаванд.[35]
Ба бовари мутакаллимони шиа, муъмине ки муртакиби кабира шудааст ба сабаби имонаш, мустаҳиққи савоби доим аст; зеро дар ояти 7 сураи Зилзол, ҳатто хурдтарин амали хайр подош дорад ва имон бузургтарин амали хайр аст, ва аз он ҷо ки савоби имон савоби ҷовидон аст, пас бояд чунин шахсе нахуст азоб шавад ва сипас дар биҳишт ба савоби ҷовидон ноил гардад.[36]
Азоби абадӣ ва раҳмати Худованд
Гурӯҳе аз оламони мусалмон ки бештар рӯйкарди фалсафӣ ва ирфонӣ доранд ва бо азоби абадӣ ва хулуд дар оташ мухолифанд,[37] ҷовидонагии азобро бо раҳмати Худованд носозгор донистаанд.[38]
Дар муқобил, ба гуфтаи Таботабоӣ, муфассир ва файласуфи шиа, раҳмати Худо ба маънои дилсӯзӣ нест; зеро ин ҳолатҳо аз вижагиҳои инсонҳои моддӣ аст; балки раҳмат ба маънои бахшидани чизест ки мувофиқи истеъдоди шахс аст.[39]
Ба бовари Ибни Арабӣ, зоти бархе инсонҳо бо раҳмат ва шафқат саришта шудааст ва агар Худованд иҷозаи назорат ва ҳокимият дар умури бандагонашро ба онон медод, ранҷ ва азобро аз олам зоил месохтанд. Ҳол, Худое ки чунин камолеро ба бархе аз бандагонаш дода, мусаллан худаш ба он сазовортар аст ва метавонад азобро тамоман аз байн бибарад. Худованд худро нисбат ба бандагонаш арҳамурроҳимин васф кардааст.[40]
Азоби абадӣ ва адлу ҳикмати Илоҳӣ
Бархе аз олимони мусалмон хулуд дар азобро хилофи адли Илоҳӣ пиндошта ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки чаро касе ки муддати кӯтоҳе дар дунё гуноҳ кардааст, барои ҳамеша дар ҷаҳаннам месӯзад?[41]
Андешамандони дигаре низ аз мунофоти азоби абадӣ бо ҳикмати Худованд сухан гуфта[42] иддао кардаанд офариниши мавҷуде ки биност гирифтори азоби поённопазир шавад, ҳакимона нест.[43]
Табйини азоби абадӣ бо назарияи таҷассуми аъмол
Бархе аз олимони динӣ созгории азоби абадӣ ва адли Илоҳиро танҳо аз тариқи назарияи таҷассуми аъмол мумкин медонанд.[44] Ба назари онон, нигоҳи носозгории азоб бо адл аз бовар ба азобҳои қарордодию эътиборӣ сар мезанад; зеро қарордодӣ донистани азобҳои охиратӣ заминасози пурсишҳое дар боби имкони азоби абадӣ мешавад ва наметавон ангезаи маъқулеро барои азоби абадӣ дар назар гирифт.[45] Ба ҳамин ҷиҳат, гурӯҳе аз онон барои шарҳу баёни азоби абадӣ, ба назарияи таҷассуми аъмол чанг задаанд.[46] Аз сӯи дигар, ишкол кардаанд ки назарияи таҷассуми аъмол ҳам ҳадди аксар метавонад имкони хулуд дар оташро исбот кунад, на таҳаққуқи қатъии онро.[47]
Дар ҳамин росто, Аллома Таботабоӣ хулуди азобро бар мабнои усули фалсафии ҳикмати мутаолия, аз ҷумла ҳаракати ҷавҳарӣ шарҳ медиҳад. Ӯ муътақид аст агар суратҳои зишт бо нафси инсон яке нашуда бошанд, нафс баъд аз муддате азоби маҳдуд раҳо мешавад; вале агар гуноҳон ҷузъи зоти нафси ӯ шуда бошанд ва нафс бидуни фишор, ба маъсият тан диҳад ва бо гуноҳ синхият пайдо кунад, дар азоб ҷовидон хоҳад монд.[48]
Эзоҳ
- ↑ Балониён ва Деҳқонии Маҳмудободӣ, «Хулуд дар азоб», саҳ.177
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояти 116; сураи Байина, ояти 6, сураи Аҳзоб, оятҳои 64-65
- ↑ Сураи Байина, ояти 6; сураи Фурқон, оятҳои 68-69
- ↑ Сураи Тавба, ояти 68; сураи Муҷодила, оятҳои 14-17
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 1», саҳ.130
- ↑ Балониён ва Деҳқонии Маҳмудободӣ, «Хулуд дар азоб», саҳ.178
- ↑ Ризоии Ҳафтодар, «Арзёбии назарияи инқитои азоби ҷаҳаннам», саҳ.34
- ↑ Абдулбоқӣ, ал-Муъҷам-ул-муфҳарас лиалфоз-ил-Қуръон-ил-карим
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412
- ↑ Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1416ҳ.қ., саҳ.407-408; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.34, 351
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1427ҳ.қ., саҳ.561; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.134; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1370ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.307; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1387ҳ.ш., саҳ.441
- ↑ Абдулборӣ, Явм-ул-қиёма, 2004м, саҳ.306
- ↑ Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.474; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, ҷ.1, саҳ.170, 186
- ↑ Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.474; Бағдодӣ, ал-Фарқ байн-ал-фирақ, саҳ.115, 118-119; низ: Қозии Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1408ҳ.қ., саҳ.650
- ↑ Фахри Розӣ, ал-Муҳассал, 1411ҳ.қ., саҳ.566; Тафтозонӣ, 1371ҳ.ш., Шарҳ-ул-мақосид, ҷ.5, саҳ.131; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1370ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.308-309
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.125
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.125
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.125
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.126
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.126
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.127
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1395ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.436; Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.128
- ↑ Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.474
- ↑ Сотиъ ва Рафиъа, «Муқоисаи дидгоҳи Имом Хумайнӣ дар боби хулуд бо соири орои мухолиф ва мувофиқ», саҳ.79
- ↑ Ибни Арабӣ, ал-Футуҳот-ул-маккия, ҷ.1, саҳ.114, 303
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.121
- ↑ Сотиъ ва Рафиъа, «Муқоисаи дидгоҳи Имом Хумайнӣ дар боби хулуд бо соири орои мухолиф ва мувофиқ», саҳ.95
- ↑ Сотиъ ва Рафиъа, «Муқоисаи дидгоҳи Имом Хумайнӣ дар боби хулуд бо соири орои мухолиф ва мувофиқ», саҳ.95
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 2», саҳ.120
- ↑ Шайх Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1330ҳ.ш., саҳ.14; Шайх Муфид, Рисолаи шарҳи ақоиди Садуқ, 1330ҳ.ш., саҳ.55; Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.304, Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1427ҳ.қ., саҳ.561; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1387ҳ.ш., саҳ.441-443
- ↑ Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Муллосадро, Асфор, 1981м, ҷ.4, саҳ.307-310
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417, ҷ.1, саҳ.412-413
- ↑ Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.304; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1427ҳ.қ., саҳ.561-563; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1387ҳ.ш., саҳ.443-445
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.363
- ↑ Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.304; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1427ҳ.қ., саҳ.561-563; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1387ҳ.ш., саҳ.443-445
- ↑ Сотиъ ва Рафиъа, «Муқоисаи дидгоҳи Имом Хумайнӣ дар боби хулуд бо соири орои мухолиф ва мувофиқ», саҳ.79
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1395ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.431; Батҳоӣ, «Раҳмати илоҳӣ ва хулуди дузахиён», саҳ.35
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414
- ↑ Ибни Арабӣ, ал-Футуҳот-ул-маккия, бетаърих, ҷ.3, саҳ.25
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.483
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 3», саҳ.133
- ↑ Балониён ва Деҳқонии Маҳмудободӣ, «Хулуд дар азоб», саҳ.179
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 1», саҳ.138
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 1», саҳ.138
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 1», саҳ.137
- ↑ Қадрдони Қаромаликӣ, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон 1», саҳ.138
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412-414
Сарчашма
- Абдулборӣ, Фарҷуллоҳ, Явм-ул-қиёма байна-л-ислом ва-л-масеҳия ва-л-яҳудия, Қоҳира, 2004м.
- Абдулбоқӣ, Муҳаммад Фуод, ал-Муъҷам-ул-муфҳарас лиалфоз-ил-Қуръон-ил-карим.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фӣ шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, Қум, Дафтари Нашри исломӣ, 1427ҳ.қ.
- Ашъарӣ, Алӣ ибни Исмоил, Китоби Мақолот-ул-исломийин ва ихтилофи мусаллин, таҳқиқи Ҳелмут Ритер, Висбоден, 1400ҳ.қ./1980.
- Балониён, Муҳаммадризо ва Муҳаммадҳусайн Деҳқонии Маҳмудободӣ, «Хулуд дар азоб: бо такя бар тақрири мутафовит аз омӯзиши таҷассуми аъмол», дар маҷаллаи Қабасот, №74, зимистони 1393ҳ.ш.
- Батҳоӣ, Сайид Ҳасан, «Раҳмати Илоҳӣ ва хулуди дӯзахиён», дар маҷаллаи Каломи исломӣ, №76, зимистони 1389ҳ.ш.
- Бағдодӣ, Абдулқоҳир ибни Тоҳир, ал-Фарқ байн-ал-фирақ, чопи Муҳаммад Муҳйиддин Абдулҳамид, Қоҳира.
- Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳот-ул-маккия, Бейрут, Дар Содир, бетаърих.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, 1403ҳ.қ.
- Муллосадрои Шерозӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Асфор (ал-Ҳикмат-ул-мутаолия фи-л-асфор-ил-ақлият-ил-арбаа), Бейрут, 1981м.
- Ризоии Ҳафтодар, Ҳасан; Муҳаммадалӣ Исмоилӣ; Сайфалӣ Зоҳидифар, «Арзёбии назарияи инқитои азоби ҷаҳаннам дар андешаи доктор Содиқии Теҳронӣ», дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои қуръонӣ, №92, поизи 1398ҳ.ш.
- Сақафии Теҳронӣ, Муҳаммад, Равони ҷовид: дар тафсири Қуръони маҷид, Теҳрон, 1376ҳ.ш.
- Сотиъ, Нафиса; Марям Рафиъа, «مقایسه دیدگاه امام خمینی در باب خلود با سایر آرا مخالف و موافق», дар маҷаллаи Пажӯҳишномаи Матин, №62, баҳори 1393ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири ал-Мизон, Қум, Нашри исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Тафтозонӣ, Масъуд ибни Умар, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқи Абдурраҳмон Умейра, Қоҳира 1409/1989, чопи офсет, Қум, 1370–1371ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Насируддини Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Муҳаммадҷаводи Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, 1407ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоби ал-Муҳассал, таҳқиқи Ҳусайн Атоӣ, Қоҳира, 1411ҳ.қ./1911.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия фи-л-мабоҳис-ил-каломия, таҳқиқи Муҳаммадалӣ Қозии Таботабоӣ, Қум, 1387ҳ.ш.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиб ва-л-мухторот ва ялиҳо рисола шарҳу ақоид-ис-Садуқ ав тасҳиҳ-ул-эътиқод, таҳқиқи Аббосқулӣ Вуҷдӣ (Воизи Чарандобӣ), Табрез, 1330ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, таҳқиқи Ҳошим Ҳусайнии Теҳронӣ, Қум, 1357ҳ.ш.
- Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдулкарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Аҳмад Фаҳмӣ Муҳаммад, Қоҳира, 1367–1368/1948–1949, чопи офсет, Бейрут, бетаърих.
- Қадрдони Қаромаликӣ, Муҳаммадҳасан, «Тааммуле дар ҷовидонагии азоби кофирон», дар маҷаллаи Кайҳони андеша, №№72, 73, 74, хурдод то обони 1376ҳ.ш.
- Қозии Абдулҷаббор ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, таҳқиқи Абдулкарим Усмон, Қоҳира, 1408ҳ.қ./1988
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири Тасним, Қум, Исро, солҳои мухталиф.
- Ҷурҷонӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-мавоқиф, таҳқиқи Муҳаммад Бадруддин Наъсонӣ Ҳалабӣ, Миср, 1325ҳ.қ./1907, чопи офсет, Қум, 1370ҳ.ш.