Jump to content

Явм-ул-азифа

Аз wikishia

Явм-ул-азифа (арабӣ: یَومُ الْآزِفَة ба маънии рӯзи наздик),[1] яке аз номҳои қиёмат дар Қуръон аст.[2] Ин ном дар ояти 18 сураи Ғофир омадааст: «وَ أَنْذِرْهُمْ یَوْمَ الْاَزِفَةِ إِذِ الْقُلُوبُ لَدَى الْحَنَاجِرِ کَاظِمِینَ: Ононро аз рӯзи наздик битарсон, рӯзе ки дилҳо аз шиддати ваҳшат ба гулӯгоҳ мерасад дар ҳоле ки вуҷудашон пур аз андӯҳ аст».[3] Вожаи «ал-азифат/الْاَزِفَة» аз решаи «азифа/اَزِفَ» ба маънии «наздик шудан» аст[4] ва дар ояти 57 сураи Наҷм низ ба кор рафтааст.[5]

Қиёмат ба сабаби ҳатмӣ ва қатъӣ буданаш,[6] «явм-ул-азифа» номида шудааст;[7] ҳарчанд одамон онро дур мепиндоранд.[8] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, аз муфассирони шиа, ин таъбир барои таъкид бар наздик будани қиёмат ва радди ин пиндор аст, ки барпо шудани он хеле дур аст ва ниёзе ба омодагӣ барои он вуҷуд надорад.[9] Вай ҳамчунин эътиқод дорад, ки агар умри дунё бо зиндагии ҷовидони охират санҷида шавад, дунё лаҳзае кӯтоҳ ва гузаро хоҳад буд ва аз ин рӯ қиёмат наздик шумурда мешавад.[10] Ба гуфтаи ӯ, замони вуқӯи қиёмат бар ҳеҷ кас, ҳатто пайғамбарон, ошкор нест ва инсон бояд ҳамеша худро барои рӯ ба рӯ шудан бо он омода созад.[11]

Эзоҳ

  1. Имомӣ, Луғот дар тафсири намуна, саҳ.10.
  2. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.8, саҳ.433; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.17, саҳ.319.
  3. Имомӣ, Луғот дар тафсири намуна, саҳ.10.
  4. Имомӣ, Луғот дар тафсири намуна, саҳ.10.
  5. ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.51.
  6. Ибни Ошур, ат-Таҳрир ва-т-танвир, ҷ.27, саҳ.159.
  7. Мароғӣ, Тафсир-ул-Мароғӣ, ҷ.24, саҳ.56.
  8. Хатиб, ат-Тафсир-ул-қуръонӣ ли-л-Қуръон, ҷ.14, саҳ.624.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.20, саҳ.63.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.20, саҳ.63.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.20, саҳ.63.

Сарчашма

  • Ибни Ошур, Муҳаммадтоҳир ибни Муҳаммад, ат-Таҳрир ва-т-танвир, Тунис, ад-Дор-ут-тунисия ли-н-нашр, 1984.
  • Имомӣ, Муҳаммадҷаъфар, Луғот дар тафсири намуна, Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи сию дувум, 1347ҳ.ш.
  • Мароғӣ, Аҳмад Мустафо, Тафсир-ул-Мароғӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, таҳқиқ: Луҷнатун мина-л-уламо ва-л-муҳаққиқин-ал-ахиссоин, Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуот, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Исмоилиён, бетаърих.
  • Хатиб, Абдулкарим, ат-Тафсир-ул-қуръонӣ ли-л-Қуръон, Қоҳира, Дор-ул-фикр-ил-арабӣ, бетаърих.